
Бисёриҳо шаҳри Ушро бо Тахти Сулаймон мешиносанд, ки солҳост яке аз ҷозибаҳои гардишгарии Қирғизистон шуда
Пас аз як рӯзи интихоботи раёсати ҷумҳурии Қирғизистон дар 31 октябр озими вилояти Уш шудам.
Ҳадафи ин сафар ошноӣ бо шароити зиндагии сокинони минтақае буд, ки дар тобистони соли 2010 дастхуши хушунатҳои қавмӣ миёни аксарияти қирғиз ва ақаллияти узбак шуда буд.
Уш - шаҳре куҳан
Уш яке аз куҳантарин шаҳрҳои Осиёи Миёна аст ва дар ҷануби шарқи водии Фарғона воқеъ аст. Беш аз 35 дарсади ҷамъияти ин шаҳрро узбакҳо ва тақрибан 65 дарсади боқимондаро қирғизҳо ташкил медиҳанд.
Дар чанд рӯзи хушунатҳои қавмии соли 2010 миёни қирғизҳо ва узбакҳо садҳо нафар дар ин ҷо куштаю захмӣ ва ҳазорҳо хона хароб шуд.
Бисёриҳо шаҳри Ушро ба хотири кӯҳи Тахти Сулаймон мешиносанд, ки солҳост яке аз ҷозибаҳои гардишгарии Қирғизистон шуда. Ин кӯҳ дар дили шаҳр воқеъ буда ва ба бовари мардуми маҳаллӣ, муқаддас аст.
Кӯҳи Тахти Сулаймон аз соли 2009 дар феҳристи мероси ягонаи ҷаҳонии ЮНЕСКО ҳам шомил шуд. Аммо ҳаводиси хунини тобистони соли 2010 ин маконро аз гардишгарони хориҷӣ ва ҳатто дохилӣ холӣ кардааст.
Дар Черёмушкин чӣ гузашт?

Дар ноҳияи узбакнишини Черёмушкин 286 хона ба коми оташ рафта ва 46 нафар кушта шуданд
Аз болои ин кӯҳ маҳаллаҳои осебдидаи атрофи он ба хубӣ дида мешавад. Дар ноҳияи узбакнишини Черёмушкини шаҳри Уш, ки дар фосилае наздик бо Тахти Сулаймон воқеъ аст, 286 хона ба коми оташ рафта ва 46 нафар кушта шуданд.
Ин ҷо сари ҳар қадам тӯдаи гилу хишт ва дару деворҳои харобшуда ба назар мерасад. Бо гузашти 18 моҳ бозсозии бисёре аз хонаҳо ба поён нарасидааст. Се рӯзе, ки дар Уш будам, ҳаво боронӣ ва сард буд. Бо фарорасии сармо осори ташвишу изтироб дар чеҳраи мардум бештар шуда.
Дар ҳаводиси хунини моҳи июни соли 2010 хонаҳои бисёре аз узбакҳо ва баъзе аз қирғизҳо ба коми оташ рафта ва мардум амволу дороиҳои худро аз даст доданд.
Дар ноҳияи Черёмушкин ба дидори Зуҳро Ҳакимова рафтам. Ин зани узбак гуфт, ки дар моҳи июни соли 2010 ба сабаби баста будани роҳҳои мунтаҳӣ ба ин маҳалла се рӯз натавонистааст ба хонааш баргардад. Вақте пас аз фурӯ нишастани шиддати хушунатҳо баргашта, хонааш комилан дар оташ сӯхта будааст.

Ба гуфтаи ин зан, ҳафт узви хонаводааш, аз ҷумла модари пиру бародари бузургаш, ду писари ӯ ва арӯси хонавода бо ду тифлаш кушта шудаанд
Ба гуфтаи ин зан, дар ин оташсӯзӣ ҳафт узви хонаводааш, аз ҷумла модари пиру бародари бузургаш, ду писари ӯ ва арӯси хонавода бо ду тифлаш кушта шудаанд.
Ба гуфтаи Зуҳро онҳо танҳо тикаҳое аз аҷсоди онҳоро аз таҳхона (зерзамин) пайдо кардаанд. Маълум нест онҳо худашон аз тарс ба он ҷо паноҳ бурда буданд ё онҳоро ба зӯр ба он ҷо даровардаанд.
Таъхир дар бозсозии хонаҳо
Дар Уш сари ҳар қадам ҳузури кишварҳо ва созмонҳои ёригарро метавон мушоҳида кард. Бо кумаки онҳо қабл аз зимистони порсол барои ҳар хонаводаи осебдида дар хушунатҳои қавмӣ 28 метри мураббаъ маҳалли зиндагии муваққат сохта шуда буданд.

Садҳо воҳиди маскунӣ дар Уш ба коми оташ рафтанд ва бозсозии манозили нав то ҳоло ба поён нарасидааст
Аммо ба гуфтаи бисёре аз афроди осебдида, мақомҳои маҳаллӣ ба бунёди манозили бузургтаре барои онҳо таваҷҷҷӯҳи кофӣ намекунанд.
Назира Ҳасанова, раиси кумитаи маҳаллае узбакнишин дар шаҳри Уш, гуфт: Сохтмони 100 метри мураббаъ манзили зист барои ҳар хонаводаи осебдида бо дуюним моҳ таъхир сурат мегирад.
Ба гуфтаи вай, мақомоти маҳаллӣ иҷозаи сохтмони хонаҳоро ба узбакҳо дер додаанд ва бештар ба бунёди хонаҳои баландошёна барои қирғизҳо алоқаманд ҳастанд.
Достони Ҷахшибой ва Насиба
Дар хушунатҳои соли 2010 дар шаҳри Уш фақат узбакҳо осеб надидаанд. Дар шаҳри Уш бо марди қирғизе низ ошно шудам, ки хонумаш узбак аст.
Ҷахшибой Ҷураев мегӯяд онҳо ду писару ду духтар доранд. Дар замони нооромиҳои тобистони соли гузашта онҳо фарзандону наваҳояшонро ба назди пайвандонашон ба русто фиристодаанд.
Ба гуфтаи ин марди қирғиз, дар он рӯзҳо гурӯҳе аз афрод хонаҳоро оташ мезаданд, панҷараҳоро мешикастанд ва ба дохили хонаҳо зарфҳои бензин парт мекарданд.
Ин ҷавонони муътариз хонаи Ҷахшибой ва Насибаро ҳам, ки 27 сол дар он зиндагӣ карда буданд, оташ заданд.

Дар шаҳри Уш бо марди қирғизе ошно шудам, ки хонумаш узбак аст
Аз Насиба Абдупатахова пурсидам оё ҳеҷ вақт аз издивоҷи худ бо як қирғиз пушаймон нашуда?
Вай гуфт, ки баъди хушунатҳои қавмии соли гузашта борҳо дар ин бора фикр кардааст. Ӯ бо лабханд афзуд, шояд беҳтар буд бо марде қирғиз издивоҷ намекардам?
Ба ин суолаш натавонистам посух бидиҳам. Худи ин зан ҳам гуфт, ки ҳоло ду писараш дар дуроҳа қарор доранд ва намедонанд бо духтарони қирғиз издивоҷ кунанд ё узбак.
Писари бузурги ин хонавода барои кор ба Русия рафта, то ба волидайнаш кумаки молӣ кунад.
Созмонҳои байналмилалӣ ироаи кумакҳои молӣ ва ғизоӣ ба хонаводаҳои осебдидаи Ушро қатъ кардаанд.
Бисёре аз хонаводаҳо дар ин ҷо даромади ночизе доранд, ки ҳатто барои таъмини маводди ғизоияшон кофӣ нест.
Харобаҳои Қир-ариқ
Дар маҳаллаи Қир-ариқи шаҳри Уш 160 хонаводаи узбак осеб дидааст. Шиддати осебҳоро ин ҷо метавон мушоҳида кард: дару деворҳои харобшуда, кӯчаҳои гилолуд, тудаи масолеҳи сохтмонӣ ва сохтмонҳои нотамом.

Ин танҳо мадрасае аст, ки дар маҳаллоти осебдида бунёд шуда
Ду моҳ пеш дар оғози соли нави таҳсилӣ давлати Қирғизистон барои фарзандони сокинони ин маҳалла як мадрасаи нав бунёд кард. Ин танҳо мадрасае аст, ки дар маҳаллоти осебдида бунёд шуда.
Дар ҷараёни хушунатҳои қавмӣ ба ҷуз аз воҳидҳои маскунӣ мадорису қаҳвахонаҳо ва дуконҳову марокизи тиҷоратӣ ҳам ба коми оташ рафта буданд.
Бисёре аз дуконҳо ва нонпазхонаҳо дубора фаъол шудаанд. Зиндагӣ ба маҷрои қаблиаш бармегардад. Албатта, барои рафъи комили авоқиби сангини хушунатҳои қавмӣ дар ҷануби Қирғизистон вақти бештаре лозим аст.
Аммо талафоти ҷонӣ ва осеби равонии ин ҳаводис ҳам барои қирғизҳо ва ҳам барои узбакҳо сангинтар аз талафоти иқтисодии он аст ва солҳое тулонӣ мардумро ранҷ хоҳад дод.
Мусолиҳа ё нигаронӣ аз ихтилофи тоза
Чунин ба назар мерасад, ки беэътимодӣ миёни мардуми ин шаҳр ҳамчунон побарҷост. Ҳарчанд ҳеҷ кас ҷонибдори бурузи ихтилофи тоза нест, аммо мусолиҳаи комиле ҳам ба назар намерасад.

Дафтари яке аз марказҳои мушовараи ҳуқуқӣ барои осебдидагони хушунатҳо
Пас аз бурузи ихтилофҳои қавмӣ миёни қирғизҳо ва узбакҳо, дар маҳаллаҳои узбакнишини шаҳри Уш марказҳои мушовараи ҳуқуқӣ фаъол шудааст. То ҳоло ҳазорон нафар ба ин марказҳо муроҷеъа карда ва мушкилоти зиндагиашонро бо ҳуқуқдонҳо дар миён гузоштаанд.
Надоштани сарпаноҳи муносиб мушкили аслии мардуми осебдида аст. Аз тарафи дигар, ҳарчанд дар шаш моҳи аввали пас аз хушунатҳои қавмӣ узбакҳо ба далели ноамнӣ дар хонаҳояшон зиндагӣ накардаанд, аммо идораи барқи шаҳри Уш ҳар хонаводаро барои масрафи барқ барои ҳамон муддат аз 40 то 100 дулор қарздор (бидеҳкор) кардааст.
Ба гуфтаи Иззатулло Раҳматуллоев, ҳамоҳангсози як маркази мушовараи ҳуқуқӣ дар ноҳияи Черёмушкин, ҳоло 99 дарсади сокинони узбакнишини ин ноҳия бекор ҳастанд.
Соли гузашта созмонҳои хайрия ба хонаводаҳои осебдидаи ин ҷо кумакҳои ғизоӣ фиристода ва дар зимистон ҳам барояшон зуғолсанг фароҳам карда буданд. Аммо имсол ба мардум кумаке накардаанд ва зимистон онҳо бо вазъияти душворе рубарӯ хоҳанд шуд.
Узбакҳо – қурбониёни аслии хушунатҳо
Ба гуфтаи масъулони Анҷумани созмонҳои ғайридавлатӣ дар шаҳри Уш, агар дар рӯзҳои аввали пас аз хушунатҳо афроди бештаре барои дарёфти кумакҳои ғизоӣ ва пизишкӣ ба созмонҳои ғайридавлатӣ меомаданд, бо оғози бозҷуйии манозил ва боздоштҳо дар маҳаллаҳои узбакнишин вазъият тағйир кардааст.

Ба гуфтаи оқои Тороев, дар ҳафтаҳо ва моҳҳои аввали пас аз хушунатҳо одамҳоро боздошт мекарданд, вале иллати боздоштро ба онҳо намегуфтанд
Ба гуфтаи Жениш Тороев, раиси Анҷумани созмонҳои ғайридавлатии шаҳри Уш, дар ҳафтаҳо ва моҳҳои аввали пас аз хушунатҳо одамҳоро боздошт мекарданд, вале иллати боздошт ва иттиҳомоти воридаро ба онҳо намегуфтанд.
Афроди боздошткунанда худро муъаррифӣ намекарданд. Мушаххас набуда, ки онҳо нерӯҳои амниятию интизомӣ ҳастанд ё гурӯҳҳои табаҳкор. Ба гуфтаи оқои Тороев, борҳо шуда, ки вакилони мудофеъ пас аз ду-се рӯз маҳалли нигаҳдории муваккилонашонро пайдо кардаанд.
Вакилони мудофеъи ин анҷуман 35 фарди боздоштшударо озод кардаанд. Аз онҳо бо зӯр ва таҳдиду зарб мехостанд эътироф бигиранд.
Бар асоси гузориши Дидбони Ҳуқуқи Башар, бештари қурбониёни хушунатҳои қавмии соли гузашта дар ҷануби Қирғизистон узбакҳо будаанд.
Тибқи гузориши ин созмон, 85 дарсади афроде, ки ба иттиҳоми даст доштан дар ин хушунатҳо боздошт шудаанд, узбакҳоянд ва 83 дарсади маҳкумшудаҳоро ҳам онҳо ташкил медиҳанд.
Ҳоло дигар бозрасии манозил ва боздошти афроди мазнун дар хушунатҳои қавмии соли гузашта тақрибан вуҷуд надорад. Аммо бисёре аз узбакҳо нигарони таъхир дар бозсозии хонаҳои харобшудаашон ҳастанд.
Онҳо зоҳиран ночор хоҳанд буд, ки як зимистони дигарро дар утоқҳои кӯчаке, ки Салиби Сурх сохтааст, бигзаронанд.
Мақомот: "Зиндагӣ дар Уш оддӣ аст"

Ба гуфтаи оқои Хоҷаев, имсол ҳудуди 200 мавриди издивоҷ байни узбакҳо ва қирғизҳо сабт шуда ва шаҳрдории Уш чунин издивоҷҳоро ташвиқ мекунад
Мақомоти маҳаллӣ зиндагӣ дар Ушро оддӣ тавсиф мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, ҳоло ҳусни тафоҳум миёни 300 ҳазор қирғиз ва узбаки сокини ин шаҳр вуҷуд дорад.
Достон Хоҷаев, муъовини шаҳрдори Уш, дар ин бора гуфт: Ҳоло раванди мусолиҳа ба поён расида, бояд аз бурузи ҳар гуна иқдоми қавмгароёнаи дигар ҷилавгирӣ кард. Мо аз кӯдакистону мадорис шурӯъ карда ва бо шӯроҳои маҳаллӣ ҳамкорӣ мекунем, то ҳаводиси ногувори соли 2010 такрор нашавад.
Ба гуфтаи оқои Хоҷаев, имсол ҳудуди 200 мавриди издивоҷ байни узбакҳо ва қирғизҳо сабт шуда ва шаҳрдории Уш чунин издивоҷҳоро ташвиқ мекунад ва ба ҳар хонавода навбунёд ё завҷҳои омехта аз ақвоми мухталиф ҳудуди 2200 дулор кумаки молӣ медиҳад.
Нигаронӣ аз идомаи танишҳо
Бисёре аз коршиносон сабаби аслии хушунатҳои қавмии соли гузашта дар ҷануби Қирғизистонро ба мушкилоти иҷтимоъӣ марбут медонанд.
Онҳо мегӯянд, бекорӣ, надоштани манзили зист ва ҳаққи иқомат дар шаҳрҳое мисли Уш, бахусус барои қирғизҳое, ки аз манотиқи рустоӣ ба умеди зиндагии беҳтаре ба шаҳрҳо сарозер шудаанд, боъиси бурузи ихтилофот миёни онҳо ва узбакҳо шудааст.

Аннете Клейнборд, намояндаи Шӯрои паноҳандагони Донморк дар Қирғизистон, гуфт, ки онҳо барои мардуми осебдида кор мекунанд ва байни узбакҳо ва қирғизҳо тафовуте намегузоранд
Сатҳи зиндагии узбакҳо дар ҷануби Қирғизистон нисбат ба қирғизҳо ҳамеша беҳтар буда ва онҳо бештар дар тиҷорату иқтисод муваффақ будаанд.
Ҳоло бисёре аз ақаллиятҳои қавмӣ, бахусус узбакҳо, аз имкони бурузи ихтилофҳои тоза нигаронанд. Зоҳиран ин нигаронӣ боъис шуда, то даҳҳо созмони байналмилалӣ дар ҷануби Қирғизистон ҳузури фаъъоле дошта бошанд.
Шӯрои паноҳандагони Донморк яке аз ин созмонҳост, ки бо бозсозии манозил, баргардондани мадорики замину дороии афроди осебдида ва сабти номи аъзои чунин хонаводаҳое дар хонаҳои нав, барои бозгашти суботи комил дар ҷануби Қирғизистон талош дорад.
Аннете Клейнброд, намояндаи Шӯрои паноҳандагони Донморк дар Қирғизистон, гуфт, ки онҳо барои мардуми осебдида кор мекунанд ва байни узбакҳо ва қирғизҳо тафовуте намегузоранд.
Албатта, ба гуфтаи хонуми Клейнборд, дар хушунатҳои соли 2010 дар Уш бештар узбакҳо осеб дидаанд, аммо дар миёни осебдидаҳо қирғизҳо ҳам ҳастанд.
Раиси ҷумҳурии нав: Умед ба зиндагии ором
Ба гуфтаи бисёре аз коршиносон, узбакҳо ва дигар ақаллиятҳои қавмии сокини Қирғизистон аз натоиҷи интихоботи ахири раёсати ҷумҳурӣ дар ин кишвар розӣ ҳастанд.
Ҳарчанд мизони мушорикати онҳо дар ин интихобот боло набуда, аммо интихоби Алмосбек Отамбоев ба раёсати ҷумҳурии Қирғизистон умеди онҳоро ба доштани зиндагии ором ва бидуни хушунат бештар кардааст.
Зимнан, яке аз чолишҳои ҷиддие, ки раиси ҷумҳури ҷадиди Қирғизистон бо он рубарӯст, танишҳои қавмӣ миёни узбакҳо ва қирғизҳост.
Коршиносон мегӯянд бо таваҷҷӯҳ ба авоқиби талху сангини хушунатҳои қавмии тобистони соли 2010 дар вилоятҳои ҷанубии Уш ва Ҷалолобод давлатмардони қирғиз бояд барои ҷилавгирӣ аз бурузи ҳар гуна ихтилофи тоза талош кунанд.















