
Убомо сиёсатҳои иқтисодии Чинро ноумедкунанда тавсиф кард
Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико ба Ҳу Ҷинтоу, раиси ҷумҳури Чин гуфтааст, ки сиёсатҳои иқтисодии он кишвар Иёлоти Муттаҳидаро беқарор ва бисёр ноумед кардааст.
Оқои Убомо ин суханонро дар ҳошияи иҷлоси сарони кишварҳои Осиё - Уқёнусия, ки дар ҳоли ҳозир дар Ҳовойӣ дар ҷараён аст, баён кард.
Ба гуфтаи хабарнигори Би-би-сӣ дар Пекан чунин изҳори назарҳое дар сатҳи раҳбарони аршад амре камсобиқа аст ва зоҳиран дидгоҳи оқои Убоморо дар мавриди сиёсатҳои иқтисодии Чин ба вузуҳ нишон медиҳад.
Дар ҳамин ҳол Ҳу Ҷинтоу дар вокуниш ба суҳбатҳои оқои Убомо гуфтааст, ки ҳатто агар арзиши юон афзоиш пайдо кунад, ин масъала мушкилотеро, ки Омрико бо он рӯбарӯ аст, ҳал нахоҳад кард.
Раиси ҷумҳури Чин ҳамчунин гуфтааст коҳиши касрии тиҷории Омрико ва афзоиши бекорӣ дар он кишвар иртиботе ба нархи табодулоти тиҷории Чин надорад.
Оқои Ҷинтоу таъкид карда, ки Пекан ба ислоҳоти иқтисодӣ идома хоҳад дод.
Омрико муддатҳо аст чунин истидлол мекунад, ки Чин арзиши юон, воҳиди пулии худро ба таври маснуъӣ пойин нигоҳ дошта ва ин масъала дар равнақи тиҷории Чин нақши муҳиме доштааст.
Пойин нигаҳ доштани арзиши юон боъиси арзонтар шудани содироти Чин дар бозорҳои байналмилалӣ шудааст.
Гуфта шуда ин мавзуъ боъиси эҷоди адами тавозуни тиҷорӣ миёни Чин ва сойири шуракои тиҷориаш, аз ҷумла Омрико шудааст.
Аммо дар муқобил Чин зимни дифоъ аз сиёсатҳои иқтисодиаш мегӯяд сиёсати Омрико ин аст, ки Пеканро ба далели касрии тиҷории бузурги худ муқассир бишносад.















