bbc.co.uk navigation

Таҷлил аз Рӯзи пулис ва нигарониҳо аз мавориди шиканҷаву озор

Ба рӯз шуда:  Панҷшанбе, 10 Ноябр соли 2011 - 11:42
Пулиси тоҷик

Қаблан кормандони умури дохила 6 феврал аз рӯзи ҳирфаии пулисро таҷлил мекарданд

Давлати Тоҷикистон тасмим гирифт, ки аз имсол ба баъд, рӯзи пулиси Тоҷикистонро 10 ноябр таҷлил кунанд. Аз соли 1993 то ҳоло дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони интизомӣ 6 феврал ҷашн гирифта мешуд.

Масъулони Вазорати дохилаи Тоҷикистон гуфтанд, ки кормандони ин ниҳод бо баргузории ҷаласае ҷашни ҳирфаии худро расман таҷлил кардаанд.

Ба гуфтаи Маҳмудулло Асадуллоев, сухангӯйи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Рӯзи пулис ба ин хотир дар 10-уми ноябр таҷлил мешавад, ки мушаххас шудааст милитсияи тоҷик дар Тоҷикистони Шӯравӣ дар ин рӯз эълом шудааст.

Гуфта мешавад, нахустин гурӯҳҳои милитсияи тоҷик дар шимоли Тоҷикистон ва вилояти Бадахшони кӯҳӣ дар соли 1917 таъсис ёфтаанд.

Кормандони интизомӣ дар ҳоле Рӯзи касбии худро таҷлил мекунанд, ки созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар аз гузоришҳои мабнӣ бар шиканҷа ва озори боздоштшудагон аз сӯйи пулиси тоҷик ибрози нигарониҳо карда ва аз мақомоти зидахл тақозои таҳқиқи ҷиддии ҳаводиси даргузашти боздоштшудагонро кардааст.

Дар ҳамин ҳол вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар авоили соли ҷорӣ раванди таъйиди салоҳият ва поксозии суфуфи пулис кормандонашро оғоз карда буд. Сухангӯи Вазорати кишвари Тоҷикистон мегӯяд н амр ба хотири сабукдуш кардани афроди "ғайриҳирфаӣ" аз кор сурат гирифт.

Оқои Ассадуллоев гуфт, ки омор дар бораи теъдоди кормандоне, ки аз кор сабукдуш шудаанд дар авохири сол мунташир хоҳад шуд.

Маҳмудулло Асадуллоев

Оқои Ассадуллоев гуфт, ки пулиси тоҷик дар таъмини амнияти сокинон нақши созандае дорад

Вале вай афзуд, ки танҳо дар соли 2010 ҳудуди 100 нафар аз пулис "ба сабаби надоштани дониши кофӣ аз сафи пулис ихроҷ шудаанд ва ба гуфтаи ӯ баъд аз моҳи марти соли равон ин раванд дучанд шудааст."

Афзун бар ин соли ҷорӣ гузоришҳои зиёде дар бораи мавориди шиканҷа ва озори боздоштшудагон аз сӯйи кормандони интизомӣ дар боздоштгоҳҳо ва зиндонҳо мунташир шуда буд. Дар аксари маворид таҳқиқи шикоятҳо дар ин бора собит нашудааст.

Ба ҳар сурат ҳаводиси пурсарусадои кушта шудани ду фарди боздоштшуда дар мавориди мухталиф ва як мавриди кушта шудани як маҳбус дар зиндон дар тӯли соли ҷорӣ ба обрӯи пулис латмаи назаррасе ворид кардааст.

Ришва ва фасод аз мавзӯъоти дигарест, ки марбут ба фаъолияти пулиси Тоҷикистон матраҳ мешавад. Аз ҷумла тибқи таҳқиқоте, ки маркази мутолеъоти истротежик ахиран анҷом дода, дар дасти кормандони бахши беҳдошт, маориф ва пулиси Тоҷикистон милиордҳо сомонӣ дар шакли ришва қарор гирифтааст.

Дар моҳи гузашта марги Баҳриддин Шодиев дар бемористон пас аз он, ки вай аз боздоштгоҳ ба онҷо мунтақил шуд, ва ба додгоҳ кашидаи шудани ду маъмури пулис барои мавриди лату кӯб қарор додани Сафаралӣ Сангов дар баҳори солӣ 2011, ки ӯ ҳам дар бемористон ҷон дод, мавориди банудтаре аз ошкор шудани чунин қазияҳо маҳсуб мешавад.

Бо ин вуҷуд кормандони умури дохила мегӯянд, ки нақши онҳо дар ду соли ахир дар поксозии қаламрави Тоҷикистон аз афроди ба гуфтаи онҳо терурист муҳимм будааст. Ҳамчунин масъулони вазорати умури дохила мегӯянд, ки кормандони ин ниҳод дар таҳкими сулҳ дар ин кишвар ва ҳифзи давлати қонунии он хизматҳои арзандае кардаанд.

Ба ин тартиб ба гуфтаи Вазорати умури дохила ё кишвар , дар бист соли ахир беш аз 1700 нафар аз кормандони ин ниҳод ба ҳангоми иҷрои вазифа дар манотиқи мухатлифи ин кишвар кушта шудаанд.

Ин омор рӯзи дар моҳи сентябр аз сӯйи Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири умури дохилаи Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи муҷассамаи гиромидошти хотири маъмурони фавткардаи пулис дар назди сохтмони ин вазоратхона эълом шуда буд.

Дар ҳамин замина

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.