Омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон гуфтааст, ки ба қазияи марги Баҳриддин Шодиев, сокини шаҳри Душанбе расидагии ҷиддӣ шавад.
Суҳайлӣ Қодиров, сухангӯйи дафтари мутбуъотии Ваколатдори ҳуқуқи башар гуфт ки Зариф Ализода бо масъулони зиддахле, ки баррасии ин қазияро бар ӯҳда доранд, дар зудтарин фурсат мулоқот анҷом хоҳад дод.
Оқои Ализода афзудааст, ки ҳоло ниҳоди онҳо машғули омода кардани тағйирот ба қонун дар мавриди Ваколатҳои омбудсмани дар Тоҷикистон ҳастанд, ки ба ӯ ҳаққи ошно шудан бо парвандаҳои ҷиноӣ ва шаҳрвандиро ба ҳангоми таҳқиқи ин парвандаҳо хоҳад дод.
Вай бо ёдоварӣ аз парвандаи ҷиноии Сафаралӣ Сангов, ки низ ба ҳангоми бозрасӣ ҷони худро аз даст додааст, гуфтааст, ки ниҳоди онҳо он замон ба парванда дастарсӣ надоштааст.
Баҳриддин Шодиев ба гуфтаи пайвандони ӯ дар асари лату кӯби кормандони интизомӣ ҷон додааст. Ин қазия аз авоили моҳи ҷорӣ дар расонаҳо бозтоб меёбад, зеро оқои Шодиевро пас аз боздошташ аз бинои бахши вазорати дохилаи ноҳияи Шоҳмансур ба бемористон бо ҷароҳатҳо мунтақил карданд ва ӯ дар инҷо ҷон додааст.
Аммо Вазорати кишвари Тоҷикистон эълом карда, ки таҳқиқоти дохилии кормандони ин вазорат мавриди шиканҷаи пулис қарор гирифтани Шодиеваро собит накардааст.
Ин дар ҳолест, ки Тоҷиддин Шодиев, бародари Баҳриддин тақозо кардаст, ки ҷасади бародараш мавриди ташхис қарор бигирад. Зеро вай мегӯяд, нишонаҳои захмҳои бародарашро дида ва аз Баҳриддин акксоӣ кардааст ва ҷароҳоти бадани бародараш ҳокӣ аз он буд, ки вайро шадидан лату кӯб кардаанд.
Созмонҳои ҳуқуқи башари Тоҷикистон низ бо интишори баёнияе аз марги Шодиев ибрози нигаронӣ ва аз мақомоти кишвар хостанд ин қазия, таҳқиқ шавад.
Ҳамчунин масъулони ин созмонҳо зимни интиқод аз вуҷуди шиканҷа дар ҳабсхонаҳо ва боздошгоҳҳои ин кишвар аз масъулони давлатӣ тақозо мекунанд, ки барои хотима додан ба ин падидаи номатлуб тадобири заруриро иттихоз кунанд.















