
Давлати Тоҷикистон дар изҳороти худ бархе аз матолиби расонаҳои минтақавиро дар бораи тарҳи Роғун "таҳрифомез" ва "муболиғаомез" хондааст
"Ховар", хабаргузории давлатии Тоҷикистон изҳороти интиқодии давлати ин кишвар мабнӣ бар пахши "маълумоти таҳрифомез" дар бораи тарҳи нерӯгоҳи "Роғун"-ро мунташир кардааст.
Дар ин изҳорот омадааст: "Вақтҳои охир дар васоити ахбори оммаи баъзе кишварҳои минтақа маълумоти таҳрифомез дар мавриди тарҳи Роғун паҳн карда мешавад."
Ҳарчанд дар ин изҳорот ба расонаи мушаххасе ишора намешавад, бархе аз вебсойтҳои минтақавӣ дар рӯзҳои ахир, бавижа ба дунболи сафари Ҳилори Клинтун ба Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ва матраҳ шудани тарҳи Роғун дар сӯҳбатҳои вай бо рӯзноманигорон матолибе дар ин замина чоп кардаанд.
Аз ҷумла, мақолаи мавсум ба "Инак оби Роғун пур аз хун шуд...", ки дар вебсойти Centrasia.ru чоп шудааст, давлати Тоҷикистонро дар ситонидани бераҳмонаи пул аз мардуми фақираш барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун муттаҳам мекунад ва мегӯяд, ки давлат ҳар хонаводаро маҷбур кардааст, ки ба маблағи 700 дулор саҳмияи ин нерӯгоҳро харидорӣ кунанд.
Дар ҳоле, ки тибқи иттилоъи расмӣ, дар соли 2009 ҳудуди ду милюн саҳмияи нерӯгоҳи Роғун ба шаҳрвандони ин кишвар ба фурӯш расидааст ва мақомоти давлатӣ дар оғози соли ҷорӣ дар бораи нахустин даромад аз ин саҳмияҳо иттилоъ дода буд.
Ба гуфтаи мақомоти вазорати молияи Тоҷикистон, дар соли 2010 саҳҳоми нерӯгоҳи Роғун панҷ милюн сомонӣ, муъодили беш аз як милюн дулор суд оварданд, вале тавзеҳ надоданд, ки ин суд дар миёни саҳмиядорон чи гуна тақсим мешавад.
Мақолаи Сентразия.ру ҳамчунин дар бораи "мавориди фаровони дуздии масолеҳи сохтмонӣ" аз маҳалли сохтмони нерӯгоҳ ва ҳушдорҳо дар бораи натоиҷи риққатбори чунин амр дар таъмини амнияти нерӯгоҳи воқеъ дар маҳалли сейсмикӣ менависад.
"Узметроном" вебсойти дигари кишвари ҳамсоя, иқтибосеро аз Ҳилори Клинтун овардааст, ки дар заминаи тарҳи Роғун дар Тоҷикистон гуфта буд.
Аз ҷумла, ин вебсойт аз қавли хонум Клинтун навиштааст: "Ин тарҳ набояд танҳо ба хотири ин, ки кишвари ҳамсоя муқолиби он аст, барқасд иҷро шавад."
Аммо, дар изҳороти давлати Тоҷикистон таъкид шудааст, ки давлати ин кишвар ҳангоми пайгирии тарҳи Роғун пайваста манофеъи умумимиллӣ ва минтақавиро дар назар доштааст ва омода аст "ба таври зичтарин бо ҳамсояҳояш ҳамкорӣ намояд."
Дар изҳорот ҳамчунин ба ин нукта, ки бунёди нерӯгоҳи Роғун, бо дарназардошти куллия ҷанбаъҳои фаннӣ, иқлимӣ ва иқтисодӣ анҷом мешавад, таъкид мешавад.
Давлати Тоҷикистон дар ин изҳорот ҳамчунин бори дигар ба "иродаи нек ва саъю кушиш барои анҷоми гуфтугӯи ошкоро ва шаффоф бо ҳамаи ҷонибҳои манфиъатдор" тишора шудааст.
Давлати Тоҷикистон ҳамчунин дар бораи эмании тарҳи Роғун исрор мекунад: "Имконияти техникӣ, судмандии иқтисодӣ, амнияти экологии НОБ Роғунро борҳо санҷиданд ва ин лоиҳа ягон маротиба баҳои манфӣ нагирифта буд, вале Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иродаи нек ва саъю кӯшишҳо барои анҷом додани гуфтугӯи ошкорову шаффоф бо ҳамаи ҷонибҳои манфиатдорро нишон дода, аз Бонки Умумумиҷаҳонӣ, ки ба ҳайси сохтори ваколатдори СММ пешниҳод гардидааст, хоҳиш намуд, ки боз як таҳқиқи мустақили байналмилалии лоиҳаи анҷоми бунёди НОБ – ро гузаронад."
Изҳорот гузоришҳои бархе аз расонаҳои минтақаро "муболиғаомез" мехонад ва меафзояд: "тадқиқоти зикршуда доираи васеъи масъалаҳо, аз ҷумла, масоили бехатарӣ, талофият, мӯҳлати бо об пур кардани обанбор, идораи захираҳои об, таъсири иҷтимоию экологиро фаро гирифта, биноан муболиғаҳои паҳнкардаи баъзе ҷонибҳо набояд хавферо ба миён оранд."
Дар ҳамин ҳол Сайфулло Сафаров, муъовини раиси маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон гуфт, ки ба чунин як изҳорот аз сӯйи давлати ин кишвар муддатҳо қабл зарурат вуҷуд дошт, зеро "душтанони тарҳи Роғун аз муддатҳо қабл дар расонаҳо идеҳои нодуруст ва иттилоъоти беасосро дар бораи ин тарҳ паҳн мекунанд."
Ба бовари оқои Сафаров ҳарчанд гузоришҳои беасос дар раванди сохтмони нерӯгоҳи Роғун таъсири ҷиддӣ нахоҳад гузошт, аммо пахши изҳороти расмӣ дар ин бора аз сӯйи давлати Тоҷикистон дар роҳи равшанӣ андохтан ба ин масъала муҳим будааст.















