bbc.co.uk navigation

Халабонҳои рус дар Қурғонтеппа худро бегуноҳ медонанд

Ба рӯз шуда:  Чаҳоршанбе, 26 Октябр соли 2011 - 09:08
Халабонҳои рус

Ин халабонҳо ба қочоқ муттаҳам шудаанд

Ду халабони як ширкати ҳавопаймоии Русия, ки дар курсии муттаҳамони додгоҳи шаҳри Қурғонтеппа нишастаанд, дар як мурофиъаи додгоҳӣ итиҳомот алайҳи худро рад карда ва мегӯянд, ки гуноҳе надоранд.

Владимир Садовничий, шаҳрванди Русия, ва Алексей Руденко, шаҳрванди Эстония, боздошти худро дар моҳи марти соли равон дар фурӯдгоҳи шаҳри Қурғонтеппа ғайриқонунӣ хондаанд.

Ҳоло ин халабонҳо мутобиқи се моддаи қонуни кайфарии (кодекси ҷиноии) Тоҷикистон ба убури ғайриқонунӣ аз марз, қоҷоқ ва риъоят накардани меъёрҳои байналмилалии ҳавонавардӣ муттаҳам шудаанд.

Файзулло Холов, намояндаи додситонӣ, гуфт, ки дар моҳи марти соли равон оқоён Садовничий ва Руденко ҳавопаймоҳои навъи АН-72-и мутаъаллиқ ба ширкати «Ролкан Инвестмент ЛТД»-ро бидуни огоҳии пешакӣ дар фурӯдгоҳи шаҳри Қурғонтеппа нишондаанд.

Оқои Холов дар мурофиъаи додгоҳӣ гуфт ин ду ҳавопаймо, ки ҳоло дар фурӯдгоҳи шаҳри Қурғонтеппа нигоҳ дошта мешаванд, аз Афғонистон ба парвоз даромада ва аз марзи Тоҷикистон ба таври ғайриқонунӣ убур кардаанд.

Гуфта мешавад халабонҳо қасд доштаанд, ки як адад мутур ё муҳаррики ҳавопайморо, ки қиматаш як милюну 88 ҳазор сомонӣ мебошад, бо роҳи қочоқ ба Русия баранд.

Дар ҳамин ҳол, Ғулом Бобоев, вакили мудофеъи халабонҳо Садовничий ва Руденко, мегӯяд муваккилони ӯ марзшиканӣ накардаанд ва мутур ё муҳаррике, ки гӯё қочоқ шудааст, ба унвони ядакӣ (ё қисми эҳтиётӣ) барои яке аз ҳавопаймоҳое, ки онон фармонашро дар даст доштанд, хидмат мекард.

Оқои Бобоев афзуд: "Мо кӯшиш дорем исбот кунем, ки ҳамаи санадҳои лозимиро барои фурӯд омадан дар мурофиъаи навбатӣ нишон диҳем ва бегуноҳии халабонҳоро исбот кунем."

Владимир Садовничий, яке аз халабонҳои боздоштшуда, мегӯяд ба хотири пешгирӣ аз суқути ҳавопаймоҳо ва камбуди сӯзишворӣ онҳо водор ба фурӯд дар фурӯдгоҳи шаҳри Қурғонтеппа шудаанд.

Халабонҳои рус

Оқоён Садовничий ва Руденко худро бегуноҳ медонанд

Вай афзуд: "Мо қонуншиканӣ накардаем ва маҷбур будем, ки дар ин фурӯдгоҳ пойин шавем, чун барои дубора ба Афғонистон рафтан мо бо камбуди сӯзишворӣ рӯбарӯ будем."

"Аз ин рӯ, аз додгоҳ хоҳиш дорам, ки парвандаи моро нағз дида барояд ва мурофиъа бояд одилона бошад. Муҳаррике, ки дар ҳавопаймо буд, танҳо ба хотири эҳтиёт буд, на ба хотири тиҷорат."

Владимир Садовничий ва Алексей Руденко халабонҳои ҳавопаймоҳои ширкати «Ролкан Инвестмент ЛТД» будаанд, ки аз моҳи марти соли ҷорӣ дар боздоштгоҳ ё маҳкамаи тафтишотии шаҳри Қурғонтеппа нигоҳ дошта мешаванд.

Валерий Пфефер, намояндаи ширкати ҳавопаймоии «Ролкан Инвестмент ЛТД», ба хабарнигорон гуфт, ки оқоён Садовничий ва Руденко тибқи қарордод дар Афғонистон ба ҳамлу нақли маводди ғизоӣ машғул буданд.

Вай афзуд: "Онҳо ба интиқоли маводди ғизоӣ машғул буданд ва ягон ҳадафи низомӣ надоштанд ва ё ба интиқоли маводди мамнӯъа машғул набуданд. Мақомоти гумруки Тоҷикистон дар бозрасиҳояшон низ ин нуктаро тасдиқ карданд. Ва ин халабонҳо ягон банди қонуни Тоҷикистонро помол накардаанд."

Оқои Пфефер аз сафорати Русия дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ намуда ва гуфт, ки масъулони сафорат қазияи ин ду халабони русро нодида мегиранд ва то ҳол бо ин халабонҳо дидоре баргузор накардаанд.

Парвандаи халабонҳо Садовничий ва Руденко аз сӯйи додгоҳи шаҳри Қурғонтеппа баррасӣ мешавад.

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.