
Раҳбарони кишварҳои ҳамсуд мегӯянд, ки барои таъсиси як минтақаи озоди тиҷоратӣ беш аз даҳ сол талош кардаанд
Раҳбарони ҳукуматҳои ҳашт кишвари ҳамсуд дар шаҳри Сан-Питербург созишномаи таъсиси як минтақаи озоди тиҷоратиро имзо карданд.
Гуфта мешавад, ки кишварҳои ҳамсуд барои имзои ин санад даҳ сол талош кардаанд. Созишномаи нахустини мушобеҳ дар соли 1994 аз сӯйи ҷамоҳири собиқи шӯравӣ имзо шуда буд, вале дар ниҳоят тасвиб нашуд.
Бо ин вуҷуд, Озарбойҷон, Туркманистон ва Ӯзбакистон аз имзои ин санад худдорӣ карда ва барои баррасии он то моҳи декабри соли ҷорӣ мӯҳлат хостаанд. Интизор меравад, раҳбарони кишварҳои ҳамсуд ин созишномаро дар ҳамоише ғайринавбатӣ дар поёни соли ҷорӣ имзо кунанд.
Ба гуфтаи Владимир Путин, нахуствазири Русия, ин санад шароит барои рушди бамаротиби тиҷорат миёни ҷамоҳири собиқи шӯравиро фароҳам хоҳад кард. Вай хабар дод, ки аз авоили соли ҷорӣ мизони тиҷорат миёни кишварҳои ҳамсуд 48 дарсад афзоиш ёфта ва ба 134 милёрд дулор расидааст.

Оқои Путин ҳафтае қабл дар мақолае аз ҳадафҳояш барои эҳёи равобити иқтисодӣ дар қаламрави ҷамоҳири собиқи шӯравӣ изҳори назар кард
Ба гуфтаи оқои Путин, дар сурати тасвиби ин санад аз сӯйи кишварҳои ҳамсуд, бештари таъруфаҳои гумрукӣ ва молиёт барои ҳамлу нақли тавлидот лағв шуда ва дар бозорҳои кишварҳои ҳамсуд нархи коло ва мавод ба таври қобили мулоҳизае пойин хоҳад рафт.
Николай Азаров, нахуствазири Укройн, аз имзои ин созишнома истиқбол карда ва гуфтааст, ки ин амр имкон медиҳад, ки тавлидоти кишвараш ба бозорҳои кишварҳои ҳамсуд бештар ворид шавад.
Бо ин вуҷуд, вай таъкид кард, ки муфодди ин созишнома аз камбудиҳо орӣ нест, вале дар ин санад замони ҳалли ин масоил мушаххас карда шудааст.
Михаил Мясникович, нахуствазири Белорус, гуфтааст, ки имзои ин созишнома иқдомест барои иҷрои ҳадафҳое, ки ахиран Владимир Путин дар як матлаби худ дар робита бо эҷоди як фазои воҳиди иқтисодӣ дар қаламрави ҷамоҳири шӯравии собиқ изҳор дошта буд.
Бархе аз коршиносон ин матлаби оқои Путинро талоше барои эҳёи Иттиҳоди Шӯравӣ унвон кардаанд.

Николай Азаров: "Ин созишнома аз камбудиҳо орӣ нест"
Вале Вафо Ниятбеков, сиёсатшинос аз Тоҷикистон, мегӯяд, ки имзои созишномаи таъсиси минтақаи озоди тиҷоратӣ идомаи раванди ҳамгироӣ дар чорчӯби Иттиҳодияи гумрукии Русия, Белорус ва Қазоқистон аст.
Вай мӯътақид аст, ки ин раванд ба хотири эҳёи равобити иқтисодӣ миёни ҷамоҳири собиқи шӯравӣ сурат гирифта ва дар ниҳоят метавонад ба таъсиси пули воҳид дар кишварҳои ҳамсуд анҷомад.
Дар ҳамин ҳол, Додарҷон Зоҳиров, раиси бахши равобити иқтисодӣ бо кишварҳои ҳамсуд дар Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, гуфт, ки беш аз 40 дарсади равобити иқтисодии хориҷии Тоҷикистонро равобит бо кишварҳои ҳамсуд ташкил медиҳад.
Дар робита бо имзои созишномаи таъсиси минтақаи озоди тиҷоратӣ дар қаламрави кишварҳои ҳамсуд, оқои Зоҳиров гуфт, ки дар ин санад мавқеъи Тоҷикистон низ мушаххас шудааст.
Вай афзуд: Мо шарт гузоштаем, ки дар сурате ки агар кишваре дар қиболи Тоҷикистон таъруфаҳо ё молиёти берун аз муфодди ин шартномаро роҳандозӣ кунад, мо низ тадобири мушобеҳе анҷом хоҳем дод.

Оқои Ниятбеков бар ин назар аст, ки ҳамгироии иқтисодӣ миёни кишварҳои ҳамсуд метавонад ба таъсиси пуле воҳид анҷомад
Дар посух ба ин суол, ки оё имзои ин созишнома шароит барои лағви таъруфаҳои изофӣ барои маводди сӯхти содиротии Русия ба Тоҷикистонро фароҳам хоҳад кард ё хайр, оқои Зоҳиров гуфт, ки тасвиби ин санад ба ин мавзӯъ рабте надорад.
Вай гуфт: Муқаррароти таъруфаҳои гумрукӣ барои маводди сӯхти Русия танҳо дар чорчӯби Иттиҳодияи гумрукӣ аст. Вале баъд аз дидори ахири Президент Дмитрий Медведев аз Тоҷикистон, ҳалли ин мушкил имконпазир шудааст. Ҳоло мақомоти ду кишвар музокирот дар ин заминаро оғоз кардаанд. Ҳоло наметавонам ҷузъиёти онро эълом кунам, вале пешниҳодҳое аз ҷониби Русия низ ироа шуда буд ва ҷониби Тоҷикистон ба онҳо посух додааст.
Дар ҳамин ҳол, бархе аз коршиносони тоҷик аз таъсиси як минтақаи озоди тиҷоратӣ дар қаламрави кишварҳои ҳамсуд истиқбол мекунанд. Ҳарчанд, гуфта мешавад, ки пайвастани Тоҷикистон ба ин минтақаи озоди тиҷоратӣ метавонад ба коҳиши воридоти маблағ ба буҷети кишвар мунҷар шавад. Зеро то 80 дарсади буҷети ин кишвар аз пардохти молиёт ва таъруфаҳо фароҳам мешавад.

Масъуд Собиров: "Тоҷикистон чорае ҷуз пайвастан ба иттиҳодияҳое, ки Русия мубтакири онҳост, надорад"
Ба гуфтаи Георгий Кошлаков, иқтисоддон, ҳар талоше барои ҳамгироии бештари иқтисодӣ "худ алакай судовар" аст.
Вай мегӯяд: Иҷрои ин созишномаҳо ба рушди тиҷорат ва, дар маҷмӯъ, ба рушди иқтисоди Тоҷикистон мусоъидат хоҳад кард. Фикр намекунам, ки Тоҷикистон аз иҷрои ин созишнома хисорот бинад.
Вале дуктур Ҳоҷимуҳаммад Умаров мегӯяд ҳанӯз рӯшан нест, ки чи молиёту таъруфаҳои гумрукӣ лағв карда мешаванд.
Вай меафзояд: Ин нукта, ки буҷети кишвар осеб хоҳад дид, аз эҳтимол дур нест. Давлати Тоҷикистонро зарурист, ки роҳҳои ғанисозии буҷетро ба ҳисоби пардохтҳои дохилӣ, яъне дар пайи афзоиши тавлидот, пайдо кунад.
Аз сӯйи дигар, оқои Умаров мегӯяд, ки лағви бархе аз таъруфаҳои гумрукӣ ва молиёт дар кишварҳои ҳамсуд имкон медиҳад, ки тавлидоти кишоварзии Тоҷикистон дар бозорҳои ин кишварҳо муштариёни бештар пайдо кунад ва аз ин роҳ тоҷирони тоҷик суди бештаре ба даст хоҳанд овард.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров: "Пайвастани Тоҷикистон ба минтақаи озоди тиҷоратӣ ба туҷҷори тоҷик сабукиҳо хоҳад овард"
Мӯсо Асозода, таҳлилгари масоили сиёсӣ, бар ин назар аст, ки дар оғози иҷрои созишномаи таъсиси минтақаи озоди тиҷоратӣ дар қаламрави кишварҳои ҳамсуд, Тоҷикистон то андозае бо хисороти молӣ дар буҷет рӯбарӯ хоҳад шуд.
Вале ба эътиқоди оқои Асозода, дар ниҳоят ин амр боъиси рушди иқтисоди Тоҷикистон мешавад, зеро содироти тавлидоти кишоварзии Тоҷикистон ба бозорҳои ҷамоҳири собиқи шӯравӣ афзоиш хоҳад ёфт.
Масъуд Собиров, раҳбари Ҳизби демукроти Тоҷикистон, мегӯяд, ки аз талошҳои Владимир Путин, нахуствазири Русия, барои таъсиси Иттиҳодияи иқтисодиии Уруосиё пуштибонӣ мекунад.
Вай мегӯяд, ки омили аслии рушди иқтисоди Тоҷикистон маболиғи муҳоҷирони корист, ки умдатан дар Русия фаъолият доранд.
Оқои Собиров афзуд: Ба ин далел, мо маҷбур ҳастем ба ҳар гуна иттиҳодияҳое, ки аз ҷониби Русия пешниҳод мешаванд, шомил шавем. Ин раванд ногузир аст ва ба давлати Тоҷикистон ҳам бастагӣ надорад.















