
Урунбой Усмонов ҳукми додгоҳро "беадолатӣ" унвон кард
Додгоҳи вилояти Суғд хабарнигори Би-би-сиро барои се сол маҳкум ба зиндон карда ва ӯ тибқи қонуни афв аз иҷрои ҷазо маъоф шудааст.
Қаблан додситонӣ хостори панҷ сол маҳкумияти Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ дар шимоли Тоҷикистон ва афви вай дар чорчӯби қонуни тозаи афв шуда буд.
Урунбой Усмонов ҳукми додгоҳро "беадолатӣ" унвон карда ва вакилони мудофеъи вай гуфтанд, ки барои табраъа шудани комили муваккилашон ба додгоҳи истинофӣ муроҷеъат хоҳанд кард,
Вакилони мудофеъи оқои Усмонов қаблан низ куллияи иттиҳомоти матрӯҳа алайҳи муваккилашонро бепоя ва ғайриқонунӣ хонда ва хостори табраъаи оқои Усмонов шуда буданд.
Тиббқи қонун Урунбой Усмонов метавонад дар тӯли даҳ рӯзи оянда ба додгоҳи истинофӣ шикоят бибарад.
Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ дар бораи ҳукми додгоҳ чунин ибрози назар кард: "Ин ҳукм дар нисбати ман беадолатӣ аст ва се рӯз пеш худи қозӣ маро даъват карда ва аз ман хост, ки ман дархости афв нависам. Вай гуфт ки ҳамааш баъд ҳал мешавад, аммо ман рад кардам. Зеро гуфтам, ки ман айбдор нестам ва мехоҳам додгоҳ маро комилан табраъа кунад."
Додгоҳи вилояти Хуҷанд оқои Усмоновро дар "мушорикат дар фаъолияти созмонҳо ва аҳзобе, ки дар Тоҷикистон бар асоси ҳукми додгоҳ мамнуъ шудаанд" ва "мусоъидат ба иртикоби ҷурм" дар иртибот бо гурӯҳи Ҳизби таҳрир муҷрим шинохтааст, чизе ки ин хабарнигори Би-би-сӣ пайваста радд карда ва гуфтааст, ки ин қазия ба хотири фаъолияти журналистиаш иртибот дорад.
Дар ҳамин ҳол қозии парванда аз ибрози назар ба хабарнигорон худдорӣ кард ва гуфт, танҳо пас аз ба ҳукми қонун даромадани ҳалномаи додгоҳ метавонад дар бораи қазия ибрози назар кунад.
Урунбой Усмонов 13 июни соли ҷорӣ аз сӯйи маъмурони амниятӣ дар шимоли Тоҷикистон боздошт шуд. Мақомоти амниятӣ ӯро дар иртибот бо Ҳизби Таҳрир муттаҳам карда буданд. Вай рӯзи 14 июл пас аз як моҳи боздошт ва фишорҳои байналмилалӣ таҳти шароити "берун нарафтан аз маҳалли зист" озод шуда буд.
Дар ҳамин ҳол Файзиниссо Воҳидова гуфтааст, ки тамоми далоиле, ки бозрасон ҷамъовари кардаанд, эътибори қонунӣ надоранд." Зеро ба гуфтаи вай, ин далоил бо истифода аз шиканҷа ва бо нақзи муқаррароти тафтишу таҳқиқ ба даст оварда шудаанд ва тибқи қавонин, додгоҳ наметавонад ба онҳо эътимод дошта бошад.
Ба ин далел вай хост, ки Эраҷ Давлатов, масъули бахши амниятии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ки Урунбой Усмоновро боздошт карда буд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавад.
Абдуқаюм Юсупов, вакили мудофеъи дигари оқои Усмонов, дар ҷаласаи додгоҳ ҳамчунин хост, ки алайҳи Хуршед Досов, раҳбари гурӯҳи бозрасони бахши кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Саидмуҳиддин Саймудинов, бозраси ин парванда, таъйиноти махсус бароварда шавад.
Зеро ба эътиқои оқои Юсупов, ин ду маъмури амниятӣ аз нақзи ҳуқуқи Урунбой Усмонов ҷилавгирӣ накардаанд.
Зимнан, худи Урунбой Усмонов пештар дар ҷаласаи додгоҳ эълом карда буд, ки дар нахустин рӯзи боздошташ мавриди шиканҷа қарор гирифта ва ночор шудааст алайҳи худ баёнот диҳад.
Додгоҳи вилояти Хуҷанд рӯзи 14-уми октябр ҳамчунин ба чаҳор нафари дигарро, ки дар чаҳорчӯби ҳамин парванда муҳокима шуданд ба солҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон кард.
Додгоҳ Абдунаби Абдуқодировро барои 20 сол, Яҳёхон Раҳмонхуҷаевро барои 20 сол, Талъат Мавлоновро ба 22 сол ва Иброҳимбек Маҳмудовро барои 22 сол равонаи зиндон кард.
Додгоҳ гуфтааст, ки дар нисбати ин афрод низ қонуни афв ба иҷро хоҳад даромад ва аз ин мӯҳлатҳо ду соли коста хоҳад шуд.















