
Миёни Ожонси назорат бар маводди мухаддири Тоҷикистон ва Вазорати умури дохилаи Қазоқистон дар заминаи мубориза бо маводди мухаддир созишномае имзо шуд
Дар соли ҷорӣ дар ҳудуди Тоҷикистон аз қочоқбарон 3,5 тун маводди мухаддир мусодира шудааст, ки ҳудуди 500 килуграмми онро ҳеруин ташкил медиҳад.
Тибқи иттилоъи манобеъи Ожонси назорат бар маводди мухаддири Тоҷикистон, дар давраи мушобеҳи соли гузашта мизони кашфу мусодираи ҳеруин аз ин рақам ду баробар бештар будааст.
Саъдулло Раҳматуллоев, сухангӯйи ин ожонс, аз қавли коршиносони Идораи мубориза бо маводди мухаддир ва ҷароими СММ далели коҳиши мизони қочоқи ҳеруин аз Афғонистон ба Тоҷикистонро ба коҳиши майдони кишти хашхош дар манотиқи шимоли Афғонистон ва душвор шудани интиқоли ҳеруин аз ҷануби ин кишвар ба сӯйи марзҳои Тоҷикистон унвон кард.
Ба гуфтаи оқои Раҳматуллоев, интиқоли ҳеруин аз вилоёти ҷанубии Афғонистон ба Покистон ё Эрон осонтар будааст.
Дар ҳамин ҳол, Рустам Назаров, раиси Ожонси назорат бар маводди мухаддири Тоҷикистон, рӯзи сешанбеи 4 октябр дар маросими имзои як созишномаи ҳамкорӣ бо Вазорати умури дохилаи Қазоқистон, гуфт, ки дар соли ҷорӣ бахши аъзами ҳашише, ки дар озмоишгоҳҳои Афғонистон коркард шуда, бо мӯҳри тавлидгар дар шакли китобча ба Тоҷикистон ворид шудааст.
Ба гуфтаи женерол Назаров, дар солҳои қаблӣ мизони қочоқи ин навъи маводди мухаддир камтар буд ва умдатан қочоқбарон онро ба гунаи қалам таҳия мекарданд. Ҳамакнун ҳашиш ба гунаи дигар ва бо кайфияти болотар таҳия ва мунтақил мешавад.
Анатолий Виборов, раиси Кумитаи мубориза бо қочоқи маводди мухаддири Вазорати умури дохилаи Қазоқистон, мегӯяд, ки ҳоло бозори маводди мухаддири минтақаи Осиёи Марказиро маводди бештар ҳашиш гарм мекунад.

Женерол Виборов гуфт, ки ҳоло бозори маводди мухаддири минтақаи Осиёи Марказиро бештар ҳашиш гарм мекунад"
Женерол Виборов гуфт, ки дар соли ҷорӣ дар водии Чуйи Қазоқистон 138 ҳазор ҳектор майдони кишти хашхош кашф ва нобуд шудааст, ки дар он ҷо умдатан ҳашиш ва шоҳдона тавлид мешуд.
Мизони мусодираи ҳеруин, ки аз Афғонистон тавассути Тоҷикистону Қирғизистон ба Қазоқистон ворид мешавад, ночиз буда ва дар соли ҷорӣ танҳо 20 килуграмро ташкил додааст.
Зимнан, дар чорчӯби Созишномаи миёни Ожонси назорат бар маводди мухаддири Тоҷикистон ва Вазорати умури дохилаи Қазоқистон дар бораи мубориза бо маводди мухаддир ва маводди шимиёӣ барои тавлиди ҳеруин дар канори баргузории амалиёти муштарак алайҳи қочоқбарон табодули таҷруба дар мавриди усули ҷадиди мубориза бо маводди мухаддир ва мутобиқ сохтани асноди ҳуқуқии ин ду кишвар дар ин замина пешбинӣ шудааст.
Женерол Рустам Назаров гуфт, ки қаблан низ Тоҷикистон бо Қазоқистон дар заминаи мубориза бо маводди мухаддир ҳамкориҳои ҳасана дошта ва имзои созишнома заминаи ҳуқуқиро барои роҳандозии амалиёти мухталифи сиррӣ алайҳи гурӯҳҳои мофиёӣ ва қочоқбар фароҳам хоҳад кард.
Ҳамчунин, ҷонибҳо аз пешниҳоди давлати Омрико барои таъсиси ниҳоди вижаи мубориза алайҳи маводди мухаддир дар Осиёи Марказӣ пуштибонӣ карда ва гуфтанд, ки ин иқдом метавонад талошҳои муштарак барои муқобала бо маводди мухаддирро ба таври қобили мулоҳизае муассир кунад.
Дар ҳамин ҳол, ин суол матраҳ аст, ки хурӯҷи нерӯҳои НОТУ ва Омрико аз Афғонистон дар соли 2014 ба вазъияти мубориза бо маводди мухаддир дар Осиёи Марказӣ чи асаре хоҳад гузошт?
Анатолий Виборов, раиси Кумитаи мубориза бо қочоқи маводди мухаддири Вазорати умури дохилаи Қазоқистон, гуфт, ки дар шароити кунунӣ пешбинии вазъи маводди мухаддир дар ду соли оянда душвор аст.
Ҳамзамон, женерол Виборов таъкид кард, ки дар сурати боло рафтани сатҳи ҳамкориҳо миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия дар заминаи мубориза бо маводди мухаддир ва муҷаҳҳаз шудани ниҳодҳои зирабт бо таҷҳизоти мудерн ва усули ҷадиди ҷилавгирӣ аз маводди мухаддир имкони муқобала бо ҳама гуна таҳдидҳои эҳтимолии афзоиши қочоқи маводди мухаддир осонтар хоҳад шуд.















