bbc.co.uk navigation

Медведев Путинро бонуфузтарин сиёсатмадори кишвараш хонд

Ба рӯз шуда:  Ҷумъа, 30 Сентябр соли 2011 - 10:17
Дмитрий Медведев

Дмитрий Медведев хостааст, тасмимоти эъломшуда дар ҳамоиши ҳизби ҳокими “Единая Россия”-ро дар мусоҳибаи ҷудогона шарҳ бидиҳад

Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия гуфт, ки барои он аз ширкат дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ худдорӣ мекунад, ки Влодимир Путин, нахуствазир бонуфузтарин сиёсатмадор дар кишвар аст ва маҳбубияташ “каме бештар” будааст.

Ин суханонро оқои Медведев дар мусоҳибаи ғайринавбатии худ ба се коноли бузургтарини телевизиюни Русия – “Шабакаи аввал”, “Россия” ва “НТВ” гуфтааст.

Вай гуфтааст: “Ӯ (Путин) дар ҳоли ҳозир дорои маҳбубияти кофӣ дар миёни интихобкунандагон аст. Аз сӯйи дигар ман ба ин таваҷҷӯҳ мекунам, ки ҳоло нахуствазир Путин, бидуни шак яке аз бонуфузтарин сиёсатмадорони кишвар аст ва маҳбубияташ каме бештар аст.”

Оқои Медведев дар робита ба маҳбубияти бештари Путин гуфт: “ин аз масоили амалӣ ва дар айни ҳол муҳиммест, ки ҳар сиёсатмадор бояд дар назар бигирад – агар ҳадафаш беҳбуди кишвар аст, на ин ки пештозии худи ӯ.”

Ин мусоҳибаи 25 дақиқаӣ, ки дар манзили берун аз шаҳри Маскави Дмитрий Медведев забт шудааст, рӯзи ҷумъаи 30-юми сентябр соъати 20:30 ба вақти Маскав дар се конори умдаи Русия пахш хоҳад шуд.

Ҳамчунин матни ин мусоҳиба дар вебсойти расмии Кремлин аз субҳи рӯзи ҷумъа мунташир шудааст.

Наталия Тимакова, сухангӯйи раиси ҷумҳурии Русия гуфт, ки ин мусоҳиба ба ин хотир сурат гирифтааст, ки президент Медведев салоҳ донист, ки тасмимоти эъломшуда дар ҳамоиши ҳизби “Единая Россия” бояд шарҳ дода шаванд.

Вай дар мусоҳибааш бо раҳбарони се коноли умдатарини Русия дар ин бора мегӯяд, ки чаро тасмим гирифт дар интихоботи президентӣ ширкат накунад.

Оқои Медведев ҳамчунин эълом кард, ки наметавон дар бораи натоиҷи интихоботи порлумонӣ ва раёсати ҷумҳурӣ аз қабл мутмаин буд.

Вай дар ин мусоҳиба, ки порчае аз он тавассути шабакаи аввали Русия пахш шудааст, мегӯяд: “Мардум интихобкунанда аст ва ин ҳарфҳои пуч нестанд, балки воқеъияти холис. Ҳар сиёсатмадоре ва қувваи сиёсие метавонад дар интихобот мағлуб шавад. Чунин таҷрубаро мо ҳам дар таърихи кишвари худ ва ҳам дар таърихи кишварҳои хориҷӣ дидаем.”

Ба гуфтаи Наталия Тимакова мусоҳиба аз қабл пешбини нашуда буд ва ба ин маъно нест, ки барномаи “Натоиҷи сол бо Дмитрий Медведев” дар моҳи декабр сурат нахоҳад гирифт.

Дмитрий М едведев, рӯзи 24-уми сентябр дар ҳамоиши ҳизби “Единая Россия” дар бораи пешбурди номзадии Влодимир Путин, нахуствазири Русия барои ширкат дар интихобтои раёсати ҷумҳурии ин кишвар дар моҳи марти соли 2012 эъолм кард.

Дар навбаи худ оқои Путин ба Медведев пешниҳод кард, ки симати нахуствазириро бар ӯҳда бигирад.

Дуруст пас аз ин Алексей Кудрин, вазири молиёти Русия эълом кард, ки ба далоили тафовути назарҳо дар кобинаи давлатие, ки тавассути Медведев раҳбарӣ мешавад, кор нахоҳад кард. Ин ибрози назари оқои Кудрин боис шуд, ки раиси ҷумҳур аз ӯ тақозои истеъфо кунад.

Дар ҳамин замина

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.