Шаш шаҳрванди бритониёии сокини шаҳри Бармингом, ки ба иттиҳоми талош барои иқдомоти теруристӣ боздошт шуда буданд, рӯзи душанбеи 26 сентябр дар додгоҳе дар ин шаҳр ҳузур меёбанд ва расман тафҳими иттиҳом мешаванд.
Ин шаш нафар, ки ҳафтаи пеш ва дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои амниятии Бритониё боздошт шуданд, муттаҳам ҳастанд, ки барои даст задан ба як ришта бумбгузорӣ дар ин кишвар баномарезӣ карда ва се тан аз онон худро барои иҷрои амалиёти интиҳорӣ омода мекарданд.
Манобеъи пулис гуфтаанд, ки ду тан аз боздоштшудагон дар Покистон омӯзиши чирикӣ дида ва ду нафари дигар низ ба таъмини манобеъи молӣ барои амалиёти мавриди назар мубодират карда буданд.
Дар моҳи июли 2005 мелодӣ чаҳор шаҳрванди бритониёӣ, ки аз ақоиди исломгароёни ифротӣ тарафдорӣ мекарданд, дар як ришта бумбгузории интиҳорӣ дар шабакаи ҳамлу нақли шаҳрии Ландан панҷоҳу ду нафарро куштанд ва беш аз ҳафтод тани дигарро захмӣ карданд.















