bbc.co.uk navigation

Ханда бар ҳар дарди бедармон давост

Ба рӯз шуда:  Ҷумъа, 16 Сентябр соли 2011 - 08:50

Бар асоси охирин таҳқиқоти анҷомшуда хандаи аз таҳи дил остонаи таҳаммули дардро боло мебарад

Бар асоси таҳқиқоти анҷомшуда дар донишгоҳи Оксфурд вақте афрод механданд, дарди камтаре ҳис мекунанд. Ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки як модаи шимиёӣ, ки бар асари ин ханда дар бадан тарашшуҳ мешавад, монанди як мусакини табиъӣ амал мекунад.

Ҳамчунин бар асоси ин таҳқиқ, тасаввур мешавад инсонҳои авалия бар хилофи дигар ҷонварон, аз таҳи дил механдиданд. Ин масъала сабаб шуд аҷдоди мо битавонанд дар гурӯҳҳои қабилаии бузургтаре зиндагӣ кунанд, дар ҳоле ки гунаҳои ҷонварии дигар қодир бар ташкили чунин иҷтимоъоти бузурге набудаанд.

Дар ин таҳқиқ, ки дар маҷмуъаи мақолоти Анҷумани салтанатии бритониёӣ мунташир шудааст, барои нахустин бор остонаи дарди довталабон мавриди озмоиш қарор гирифтааст.

Афроди ин таҳқиқ ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд, барои як гурӯҳ ба муддати 15 дақиқа филми кумедӣ намоиш дода шуд, дар айни ҳол барои гурӯҳи дигар барномаи хастакунандае назири барномаҳои гулф ба намоиш гузошта шуд.

Ин таҳқиқ нишон дод афроде, ки таҷрибаи хандаи аз таҳи дил доштаанд, даҳ дарсад беш аз бақия қодир ба муқовимат дар муқобили дард буданд.

Ҳамчунин муҳаққиқон дарёфтанд, ки он гурӯҳе, ки 15 дақиқа як барномаи хастакунандаро дида буданд, қудрати таҳаммули дардашон камтар шуда буд.

Мавқеъияти кумедӣ

Навъи ханда низ бисёр аҳамият дорад. Хандаи зери лаб ва ором асари физиулужикӣ надорад ва танҳо хандаи "қоҳ-қоҳ" аст, ки метавонад ин таъсирро дошта бошад.

Пруфессур Робин Донбор аз донишгоҳи Оксфурд, ки машғули ин таҳқиқ аст, мӯътақид аст хандаҳои ғайриқобили кунтрул як модаи шимиёии мавсум ба эндурфинро дар бадан озод мекунад, ки боъиси шодӣ ва сархӯшӣ ва коҳиши дард мешавад.

Ӯ ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин хандаҳо боъиси тахлияи рияҳо (шушҳо) мешавад ва вақте ки мегӯем аз ханда дилам дард гирифт, ин ҳамон дарде аст, ки тавлиди эндурфин мекунад.

Ковиш дар моеъи нахоъӣ (ҳароммағз)

Ин таҳқиқ имкони санҷиши мустақими миқдолри эндурфинро надорад, ба ин далел, ки бояд сӯзиши баланде ба дохили нахоъи афроди мавриди таҳқиқ дар ҳини ханда ворид мешавад, ки ин амр боъис мешавад ханда аз сурати афрод биравад ва натиҷаи таҳқиқро низ таҳти таъсир қарор медод.

Дар иваз муҳаққиқон остонаи дарди ҳар кадом аз афроди ин таҳқиқро ба шеваи дигаре андозагирӣ карданд. Ба таври намуна як баста яхро ба оринҷҳои ин афрод қарор медоданд ва мунтазир мешуданд то бубинанд, ки фард то кай метавонад сардии ин яхро таҳаммул кунад.

Бо афзоиши остонаи таҳаммули дард, миқдори бештаре эндурфин тавлид мешавад.

Ҳадафи пруфессур Донбор аз ин таҳқиқ эҷоди як равиши дармонии ҷадид набудааст, аммо ин таҳқиқ кашф кард, ки ханда дар истиқрори ҷавомеъи инсонӣ дар ду милюн сол пеш чи нақше доштааст.

Тамоми гунаҳои ҷонварӣ тавоноии хандидан доранд, аммо танҳо инсон аст, ки бо ханда аз таҳи дил эндрурфин дар баданаш озод мешавад.

Назарияи пруфессур Донбор ин аст, ки тарашшуҳи эндурфинҳо илова бар таскини дард, мардумро ба иҷтимоъӣ шудан савқ медиҳад.

Ин назария сенориюеро халқ мекунад, ки эҳтимолан авалин далқакҳо (масхарабозҳо) дар замоне ки аҷдоди мо ба шакли дастаҷамъӣ даври оташ механдиданд, шакл гирифтанд,

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.