Таъхири ду парвози ширкати "Тоҷик Эйр" ва эътирози мусофирон

  • 15 Сентябр, 2011
фурӯдгоҳ Image copyright BBC World Service
Image caption Ҳудуди 200 нафар аз мусофирони парвози Душанбе - Маскав бо шумули кӯдакон, шабро дар фурӯдгоҳ рӯз карданд

"Тоҷик Эйр" парвоз дар масири Душанбе - Маскав ва Душанбе - Урумчиро тавассути ҳавопаймои "Боинг"-и ин ширкат ба сабабҳои фаннӣ ба таъхир андохт.

Ин ҳавопаймо аввал натавонист шоми 14-уми сентябр парвози Душанбе - Маскав ва субҳи рӯзи 15-уми сентябр, парвози Душанбе - Урумчиро анҷом бидиҳад.

Ба ин хотир субҳи панҷшанбе гурӯҳе аз мусофирон дар назди дафтари ширкати давлатии ҳавопаймоии “Тоҷик-эйр” таҷаммӯъ ва аз фаъолияти ин ширкат ибрози норозигӣ карданд.

Ин гурӯҳи мусофирони парвози рақами 627 дар масири Душанбе-Маскав буданд, ки парвозашон шоми дирӯз ба Маскав анҷом нашуд.

Мусофирони ин парвоз пас аз таслими богожи худ вориди ҳавопаймо шудаанд, вале ин ҳавопаймо ба гуфтаи онҳо пас аз таваққуфи тӯлонӣ парвоз накард ва мусофирон дубора ба толори “интизории” фурӯдгоҳ баргаштанд.

Ба гуфтаи мусофирон ҳамаи онҳо - занон, мардҳо ва кӯдаконро дар инҷо шаби дароз нигоҳ доштанд ва ба ҳама "об ва яктогӣ ҳотдог" тавзеъ кардаанд.

Масъулони ширкати давлатии Тоҷикэйр субҳи рӯзи панҷшанбе ба мусофирони мӯътариз гуфтанд, ки соъати 16:00 –и ҳамин рӯз иттилоъи дақиқ дар бораи замони парвози батаъхируфтода эълом хоҳад шуд ва то он замон мусофирон бояд ба хонаҳояшон баргарданд.

Вале аксари мусофирон, ки аз навоҳии дурдаст омада ва озими Русия барои дарёфти кор ҳастанд, дар саҳни фурӯдгоҳи Душанбе мунтазири парвоз боқӣ мондаанд.

Ду нафар аз онҳо, ки сокинони вилояти Бадахшони Тоҷикистон ҳастанд бо Би-би-сӣ ҳамсӯҳбат шуданд, вале аз бурдани номи худ худдорӣ карданд.

Яке аз онҳо мегӯяд: “Аз чашмони мо мебинед, ки шаб хоб набудем. Мо 13 соъат дар ҳамин ҷо ҳастем... аз соъати ҳашти дирӯз. Аввал ду соъат моро дар ҳавопаймо нигоҳ доштанд, баъд то соъати 05:20 дар толори интизорӣ будем. Аз ду тараф дарҳоро қулф карданд рафтанд, кӯдакҳо дар рӯйи замин хобиданд.”

Image copyright BBC World Service
Image caption Ин хонум мегӯяд, ки касе аз мусофирон умеди дарёфти ҷубронпулӣ барои тахири парвозро надорад

Меҳринисо, модари яке аз мусофирони ин парвоз мегӯяд, вақте мусофирон субҳ боғожи худро бозпас гирифтанд, бархеҳо аз нопадид шудани либосҳо ва ашёҳои худ аз дохили боғож шикоят карданд. Вай гуфт: “Яке аз ҳамроҳонам гуфт, курткаашро гирифтанд, дигарӣ гуфт ангурашро дуздиданд.”

Лола Кенҷаева, сухангӯи ширкати “Тоҷик Эйр” гуфт, ки ин ширкат ба мусофирон парвози ба таъхируфтода се маротиба ғизои гарм додааст. Ширкати “Тоҷикэйр” ба мусофирон дар ошхонаи худ хӯрок пешниҳод кардааст, вале на ҳама ба ин ошпазхона рафтаанд.

Меҳриниссо мегӯяд: “Ман инҷо бо боғож нишастам ва писарамро ба хона равон кардам, ки ғизо бихурад, чунки дар ошпазхонаи “Тоҷикэйр” ба мусофирон йундукоба медиҳанд.”

Сухангӯйи ширкати "Тоҷик Эйр" гуфт, ки таъхири парвоз ба далоили фаннӣ рух дода ва то замоне, ки "масъулон сад дар сад ба амнияти парвози ин ҳавопаймои “Боинг 757-200 мутмаъин нашаванд, ба парвоз иҷоза нахоҳад шуд.”

Вай афзуд: “Мушкил начандон ҷиддӣ аст, аммо ширкати мо наметавонад, зиндагии одамонро таҳти хатари кучак бимонад, ҳатто агар ин кор ба имиджи мо латмаи сахт ворид мекунад.”

Ба хотири таъхири парвози Душанбе - Маскав, субҳи рӯзи панҷшанбе парвози ҳамин ҳавопаймо дар масири Душанбе - Урумчӣ низ сурат нагирифт. Нисфи мусофирони ин парвоз бо ҳавопаймои кучактари Ту-154 ба Урумчӣ парвоз карда, вале боқӣ маҷбур шуданд, билетҳои худро баргардонанд.

Ин дар ҳолест, ки гуфта мешавад “Тоҷикэйр”, танҳо ширкати давлатии ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон, аз имтиёзҳое аз давлат бархӯрдор аст. Бо ин вуҷуд муштариён ва созмонҳои хориҷӣ мукарраран аз мувофиқат накардани сервиси поин бо қиматҳои болои билетҳои ин ширкат шикоятҳо мекунанд.

Мушкили фаннии ҳавопаймои "Тоҷик Эйр" дар ҳоле сурат гирифт, ки масъулони ин ширкат ахиран хабар дода буд, ки ҳавопаймоҳояш аз бозрасии фаннӣ гузаштаанд.

“Тоҷикэйр” се фарванд ҳавопаймои Ту-154 –ро дошта, вале аз се сол қабл бад-ин сӯ аз истифодаи ҳавопаймоҳои Ту-134, ки гуфта мешавад мизони сарфи маводди сӯхтиаш хеле зиёд аст, худдорӣ мекунад.

Ин ширкат барои анҷоми парвозҳои худ маъмулан аз ҳавопаймоҳои “Боинг” ва “Эйрбас” истифода мекунад, ки аз ширкатҳои хориҷӣ ба иҷора гирифта шудаанд.

Аммо дар авохири моҳи гузашта раҳбарият бо ҷониби Русия дар бораи харидории чаҳор фарванд ҳавопаймои “Сухой Суперҷет-100”–и (SSJ-100) тавлиди ин кишвар қарордоде имзо кардааст.

Тибқи иттилоъи дафтари матбуъотии ин ширкат, ин қарордод дар ҷараёни намоишгоҳи ҳавопаймоии “Макс-2011”, ки ахиран дар ҳаволии шаҳри Маскав баргузор шуд, имзо шудааст.

Ин ҳавопаймоҳо ба сурати эътибороти қистӣ ё лизинг харидорӣ мешаванд. Ба ин тартиб, “Тоҷик Эйр” зимни истифода аз онҳо тӯли чанд сол қимати онҳоро пардохт хоҳад кард.

Матолиби муртабит