
Нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" бо сармоя давлати Эрон сохта мешавад ва тӯли 12,5 сол моли ин кишвар маҳсуб хоҳад шуд
Руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Эрон дар маросими роҳандозии турбини нахустини нерӯгоҳи Сангтӯда-2 бо зарфияти 110 меговот нерӯи барқ ширкат карданд.
Таъкид шуд, ки то охири соли ҷорӣ ҳар ду турбини ин нерӯгоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Сохтмони ин нерӯгоҳ соли 2006 оғоз шуда ва тибқи тавофуқ қарор буд дар моҳи феврали соли 2012 анҷом ёбад. Садди обанбори ин нерӯгоҳ 31,5 метр аст.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар маросими роҳандозии турбини нахустини "Сангтӯда-2" гуфт, ки ин амр дар роҳи дастёбии ин кишвар ба истиқлоли энержӣ муҳим аст. Президент Раҳмон аз нақши ширкатҳои эронӣ дар сохтмони "Сангтӯда-2" арзи сипос кард.
Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон, дар ин маросим нахуст мардуми Тоҷикистонро бо бистумин солгарди истиқлол шодбош гуфт ва афзуд, ки "Эрону Тоҷикистон ду бародар ва ду порае аз як тани воҳид аст. Тоҷикстону Эрон наметавонанд аз ҳам ҷудо бошанд ва бояд ҳамеша якҷо бошанд."
Вай афзуд: "Эрон ҳамеша дар канори Тоҷикистон хоҳад буд ва аз истиқлоли Тоҷикистон дифоъ хоҳад кард." Раиси ҷумҳури Эрон таъкид кард, ки пешрафти Эрон ва Тоҷикистон хилофи манофеъи ҳеҷ кишваре нест ва тарҳи "Сангтӯда-2" намунаест аз ҳамкориҳои миёни ин ду кишвар.
Оқои Аҳмадинажод гуфт: "Пешрафти Тоҷикистон пешрафт ва иззати Эрон аст. Амнияти Тоҷикистон амнияти Эрон аст. Давлат ва миллати Эрон дар канори шумост."

Аҳмадинажод ба мардуми Тоҷикистон гуфт: "Давлат ва миллати Эрон дар канори шумост"
Дар гузашта низ бархе аз соҳибназарон аз эҳтимоли таъсиси як паймони низомӣ миёни Эрон ва Тоҷикистон изҳори назар мекарданд. Вале то ҳол ҳамкориҳои низомии ду кишвар танҳо аз ироаи кӯмакҳои молии Эрон ба Тоҷикистон иборат ҳастанд.
Ин дар ҳолест, ки созмонҳои ҳуқуқи башар ва кишварҳои хроиҷӣ аз Тоҷикистон ва Эрон ба унвони кишварҳое, ки мухолифони худро саркӯб мекунанд, пайваста интиқод мекунанд ва бархе аз созмонҳо давлатҳои ин ду кишварро худкома медонанд.
Дар гузашта эълом шуда буд, ки нерӯгоҳи Сангтӯда-2 бо сармояи 180-милюндулории давлати Эрон сохта мешавад ва баъд аз баҳрабардорӣ дар тӯли 12,5 сол ин нерӯгоҳ моли давлати Эрон маҳсуб хоҳад буд. Сипас, баъди сипарӣ шудани мӯҳлати мазкур ин нерӯгоҳ дар ихтиёри Тоҷикистон вогузор мешавад.
Саҳми давлати Тоҷикистон дар ин тарҳ 40 милюн дулор унвон шуда буд. Ҳамакнун масъулони ширкати Фароб- и Эрон, ки машғули сохтмони ин нерӯгоҳ аст, эълом карданд, ки ҳазинаи тарҳ 36 милюн дулор афзоиш ёфтааст.
Дар гузашта як манбаъ аз сафорати Эрон дар Тоҷикистон гуфта буд, ки арзиши аввалияи ин тарҳ аз 65 то ба 70 милюн дулор афзоиш ёфтааст. Ба эътиқоди вай, давлати Тоҷикистон бояд чунин афзоиши ҳазинаи ин тарҳро бипазирад.
Ин манбаъ гуфта буд: Эътирофи афзоиши арзиши ин тарҳ ба ин хотир зарур аст, ки дар оянда ҷониби Эрон тавонад махориҷи худро бозпас бигирад ва барои ин амр ба ислоҳи бархе аз нуқоти тавофуқоти қаблӣ ниёз вуҷуд дорад.

Оқоён Раҳмон ва Аҳмадинажод, дар маросими роҳандозии нахустин турбини нерӯгоҳи Сангтӯда-2 ширкат карданд
Интизор мерафт, ин мавзӯъ дар дидори дирӯзи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Маҳмуди Аҳмадинажод, ҳамтои эронияш дар Душанбе матраҳ шавад.
Вале гуфта шуд, ки дар дидори дирӯзи руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Эрон ин мавзӯъ матраҳ набудааст. Аммо Эрон ва Тоҷикистон тавофуқ карданд, ки дар рӯдхонаи Зарафшон, дар шимоли Тоҷикистон нерӯгоҳе мавсум ба Айнӣ бо зарфияти 130 меговот нерӯи барқ эҳдос кунанд.
Сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда-2 дар ҷануби Тоҷикистон бо мушкилоте рӯбарӯ шуда буд. Соли гузашта Ӯзбакистон ба далели азсаргирии умури сохтмонӣ дар нерӯгоҳи Роғун дар тронзити вогунҳои тоҷикистонӣ маҳдудиятҳое роҳандозӣ кард. Талошҳои давлати Тоҷикистон барои раҳоии вогунҳо натиҷаи ҷиддие дар пай надоштанд.
Он замон роҳи оҳани Эрон бо ирсоли номае унвони ширкати Ӯзбекистон темир йуллари ҳушдор дода буд, ки дар сурати идомаи таъвиқи вогунҳои Тоҷикистон, ин кишвар ночор мешавад алайҳи вогунҳои ӯзбакистонӣ маҳдудиятҳои мушобеҳе рӯйи даст бигирад.
Ба гуфтаи соҳибназарон, баъд аз ирсоли ин нома мавқеъи Ӯзбакистон дар қиболи вогунҳои Тоҷикистон нармтар шуд ва шиддати муҳосираи иқтисодии Тоҷикистон коҳиш ёфт.
Ҳарчанд, баъд аз ин қазия вогунҳои эронӣ барои нерӯгоҳи Сангтӯда-2 вориди Тоҷикистон шуданд, вале масъулони ширкати Фароб тасмим гирифтанд, ки таҷҳизоти мавриди ниёзи худро тавассути ҳавопаймо ё аз тариқи қаламрави Афғонистон вориди Тоҷикистон созанд.
Дар ҳамин ҳол, масъулони ширкати Фароб гуфтанд, ки баъд аз анҷоми умури сохтмонӣ дар Сангтӯда-2, коршиносони эронӣ ба сохтмони нерӯгоҳи Айнӣ дар шимоли Тоҷикистон оғоз хоҳанд кард. Маҳмуди Аҳмадинажод дар маросими ифтитоҳи турбини нахустини "Сангтӯда-2" таъкид дошт, ки обанбори нерӯгоҳи "Айнӣ" обро захира намекунад ва танҳо барои тавлиди нерӯи барқ истифода мешавад.















