bbc.co.uk navigation

Фирдавсӣ ва достонҳои "Шоҳнома" дар гуфтори тоҷикон

Ба рӯз шуда:  Шанбе, 13 Август соли 2011 - 11:20
Шоҳнома

Пруфессур Равшани Раҳмонӣ бо Равшан Камол, аз шоҳномахонҳои маъруф дар Бойсун

Маълум аст, ки «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ пас аз даргузашти ин адиби беҳамтои форсизабонони дунё вирди забони маҳфилу анҷуманҳо гардид.

Дар қаламрави ҳавзаи фарҳанги мардуми эронитабор «Шоҳнома» ба минтақаҳои гуногун роҳ ёфт ва бар адабиёти ҷаҳон таъсир гузошт. Ҳамчунин, дар миёни он қавму милатҳое, ки ғайриэронӣ ҳастанд, низ густариш пайдо намуда, дар гуфтори онҳо низ бархе аз достонҳои «Шоҳнома» нақл гардид. Масалан, дар миёни қавмҳои турктабор, аромана ва гурҷиҳо.

Пас аз он ки илми фулклуршиносӣ вориди кишварҳои эронитабор гардид, адибон ва пажӯҳандагони онҳо бояд ба гирдоварии гуфтаҳои мардум дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома» низ мепардохтанд. Аммо ин кор ба таври бояду шояд анҷом напазируфт.

Ҳанӯз ҳам яке аз масъалаҳои муҳим дар илми адабиётшиносӣ ва фулклуршиносии кишварҳои форсизабон ва қавмҳои дигари эронӣ, ба монанди курдҳо, паштунҳо, балучҳо, усетинҳо ҳамоно он аст, ки пажӯҳандагон бояд аз миёни мардум матнҳои гуфтории «Шоҳнома»-ро гирд оваранд, бо гӯиши мардумӣ нашр намоянд ва баъдан мавриди баррасии илмӣ қарор бидиҳанд.

Ин кор дар ҳар се кишвари форсизабон (Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон) ва қавмҳои дигари эронитабор, ки берун аз ин кишварҳо зиндагӣ мекунанд, бояд ба таври ҷудогона сурат бигирад ва баъд аз он ки мавод дастрас гардид, ба таври муқоиса ва типулужӣ таҳлил намудани он осон хоҳад шуд.

То ба имрӯз дар кишварҳои форсизабон (Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон) роҷеъ ба шахсияти Фирдавсӣ ва «Шоҳнома» дар гуфтори мардум чӣ корҳое шуда? Дар кишвари Эрон маводди фаровоне ба талоши зиндаёд устод Абулқосими Анҷавии Шерозӣ дар се ҷилд гуфтаҳои мардум гирдоварӣ ва нашр гардидааст [Анҷавӣ 1369а, 1369б, 1369в].

Ҷӯра Камол

Агар ҳангоми нақли афсонаҳо қаҳрамон рақибашро бар замин занад, Ҷӯра Камол “Ё Рустами Достон!!!” ва ё “Ё Алӣ мадад!!!”-гӯён, нидо дармекашид ва ҳолати ба замин чаппа кардани ҳарифро бо ишорати дастонаш ба шунавандагон нишон медод.

Агарчӣ «Шоҳнома» дар миёни мардуми Афғонистон шӯҳрати зиёд дорад, аз пурсишҳои мо маълум шуд, ки баъзе аз матнҳои гуфтории «Шоҳнома» дар бархе аз китобҳо ва нашрияҳои Афғонистон нашр шудааст [Рустами Достон 1358; Рустам ва Зол 1367; Рустам ва Зол 1367].

Дар миёни тоҷикони Осиёи Миёна то нимаи аввали садаи бист «Шоҳнома» яке аз машҳуртарин китобҳое буд, ки дар шабнишиниҳо хонда ва нақл карда мешуд. Ҳатто маҳфилҳои шоҳномахонӣ вуҷуд дошт. Аммо пажӯҳандагони тоҷик низ ба гирдоварии он камтар даст задаанд [ниг.: Раҳмонӣ 1994; Қиссаҳо 1994; Қиссаҳо 1996; Раҳмонӣ 1998].

Дар садаи Х1Х ва аввалҳои садаи ХХ дар байни мардуми тоҷик «Шоҳнома» шӯҳрати зиёд дошт. Афроди мушаххасе буданд, ки дар шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Кӯлоб, Истаравшан, Ҳисор ва манотиқи дигар шоҳномахонӣ ва шоҳномагӯӣ мекарданд.

Ҳатто дар хонаводаҳо ва дар маҳфилҳои хусусӣ дар канори китобҳои дигар ба «Шоҳнома» рӯ меоварданд. Аммо ин ҳолат баробари дигаргуниҳои сиёсӣ, иҷтимоъӣ, иқтисодӣ, ки пас аз инқилоби октябри Русия ба вуҷуд омад, тағйир ёфт.

Ин инқилоб ба кишварҳои дигари Осиёи Миёна, аз ҷумла аморати Бухоро, низ расид ва дар натиҷа кишвари Шӯравӣ ба вуҷуд омад. Бозсозиҳо ва муборизаҳои зиддидинии Шӯравӣ дар солҳои 20 ва 30, аз байн бурдани аҳли фарҳанг ва баъдан воқеъаҳои Ҷанги Ҷаҳони Дуюм боъиси он гардид, ки мардум баъзе аз суннатҳои худро то ҳадде фаромӯш кунанд, ё ба он камтар таваҷҷӯҳ кунанд.

"Дар хонаводаҳои тоҷик дар канори китобҳои дигар ба «Шоҳнома» рӯ меоварданд. Аммо ин ҳолат пас аз инқилоби октябри Русия тағйир ёфт. Бозсозиҳо ва муборизаҳои зиддидинии Шӯравӣ дар солҳои 20 ва 30, аз байн бурдани аҳли фарҳанг ва воқеъаҳои Ҷанги Ҷаҳони Дуюм боъис гардид, ки мардум баъзе аз суннатҳои худро то ҳадде фаромӯш кунанд"

Ҳамчунин, аз алифбои ниёгони арабиасос (алифбои форсӣ), ки «Шоҳнома» низ ба он таълиф гардидааст, канда шудан ва аз байн бурдани китобҳои зиёди бо ин алифбо таълифшуда дар солҳои сии садаи бист низ, бар шоҳомахонӣ ва шоҳномадонӣ таъсири манфӣ расонд.

Дар миёни тоҷикони Осиёи Миёна шоҳномахонӣ ва нақли достонҳои «Шоҳнома» хеле зиёд роиҷ буд. Ҳатто инро дар миёни қавму миллатҳои дигар, ки дар ин минтақа зиндагӣ мекунанд ва бар онҳо таъсири фарҳанги форсии тоҷикӣ зиёд аст, метавон мушоҳида кард.

Аз солҳои 30-уми садаи ХХ дар кишвари Тоҷикистон ба гирдоварии фарҳанги мардуми тоҷик таваҷҷӯҳ шуд. Аммо пажӯҳандагон он осореро, ки муаллифи онҳо адибе ба монанди Фирдавсӣ аст, аз миёни мардум гирд намеоварданд, ё хеле кам гирд меоварданд. Чунки гирдоварандаҳо медонистанд, ки достонҳои «Шоҳнома» дар миёни мардум машҳур аст, вале ба он ҳамчун осори навишторӣ менигаристанд.

«Шоҳнома»-и гуфтории мардумро сабту забт намекарданд. Аз ин рӯ, он маводде, ки пажӯҳандагони тоҷик, дар мавридҳои муносиб, дар канори осори фарҳанги мардум, дар бораи Фирдавсӣ ва қаҳрамонҳои «Шоҳнома» гирд овардаанд, хеле кам аст.

Дар соли 1994 дар Тоҷикистон ҷашни ҳазораи бузургдошти «Шоҳнома» баргузор шуд. Ба ин муносибат пажӯҳандагон Баҳром Шермуҳаммадиён ва Додоҷон Обидзода бойгонии шӯъбаи фулклури Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти тоҷики ба номи Рӯдакии Фарҳангистони улуми Тоҷикистонро аз аввал то охир варақ заданд. Маълум шуд, ки мавод дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома» хеле кам гирдоварӣ шудааст. Онҳо он маводи ба даст расидаро дар ҳаҷми 56 сафҳа ба алифбои сириллик ба нашр расонданд [нигар: Қиссаҳо 1994].

Қаҳҳор Раҳмон

То солҳои наздик Қаҳҳор Раҳмон (1931-2005) дар масҷиди деҳаи Пасурхӣ бештар достонҳои «Шоҳнома»-ро ҳикоят мекард

Пас аз ду сол, дар соли 1996 ҳамон маҷмӯъаро андаке такмил доданд ва бар он ашъори шуъаро, гуфтаҳои донишмандонро дар бораи Фирдавсӣ илова намуда, зери унвони "Қиссаҳо пиромуни Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»" ба алифбои форсӣ ба нашр расонданд.

Ин маҷмӯъа ҳамагӣ 34 матнро дар бар мегирад, ки дар он ҳам дар бораи шахсияти Фирдавсӣ, ҳам бархе аз намунаҳои достонҳои «Шоҳнома» дар гуфтори мардум, ҳам баъзе ривоятҳое, ки роҷеъ ба макон ва шахсиятҳое, ки аз кадом ҷиҳате бо «Шоҳнома» иртибот доранд, оварда шудааст.

Матни аслии ин мавод аз саҳфаи 13 то 63 аст, ки ҳудуди 50 сафҳаро дар бар мегирад, вале дар ин маҷмӯъа дар бораи Сиёвуш, ки дар миёни тоҷикон машҳур аст, чизе нест [Қиссаҳо 1996].

Ривоятҳоеро, ки роҷеъ ба қаҳрамонони «Шоҳнома» сабт кардем, аз ҷиҳати шакл хеле кӯтоҳанд. Ин матнҳо дар бораи Фирдавсӣ, ин ё он рафтори қаҳрамони «Шоҳнома», лаҳзаҳои шоҳномахонӣ иттилоъ медиҳанд.

Масалан, “Рустами Достон ва Искандар”, “Рӯҳонияти Рустам ва ҳазрати Алӣ”, “Косаи Рустам”, “Пиёлаи Рустам ва охури аспи Рустам”, “Қамчини Рустам”, “Арки Бухороро Сиёвуш сохтааст”, “Сиёвуши Валӣ”, «Шоҳномахонӣ» ва монади ин. Агар ҳар кадоми онҳоро аз нигоҳи матншиносии илми фулклуршиносӣ аз назар гузаронем вижагиҳои хоссеро мебинем, ки ин вижагиҳо ҳамоно меҳри мардумро нисбат ба қаҳрамони дӯстдоштаи худ аз «Шоҳнома» ҷилвагар месозанд.

Бештари матнҳои сабткардаи мо аз деҳаи Пасурхии ноҳияи Бойсуни кишври Ӯзбакистон аст, ки ҳамаи мардумонаш тоҷик ҳастанд. Дар деҳаи Пасурхӣ ҳикояти достонҳои “Шоҳнома”-и безаволи ҳаким Фирдавсӣ ба ҳукми суннат даромада буд. Дар панҷоҳ соли аввали садаи ХХ пирамардоне буданд, ки на танҳо достонҳои “Шоҳнома”-ро баён мекарданд, балки пораҳое аз онро ҳифз карда буданд.

"Замоне ки Ҷӯра Камол матнеро аз “Шоҳнома” ҳикоят мекард, аз ҷояш нимхез мешуд, бо садои баланд сухан мегуфт, дар мавридҳои зарурӣ ба таври худ ба садои Рустам, Сӯҳроб, Ифандиёр, Сиёвуш, Барзу ва дигарон тақлид менамуд. Хусусан ҳангоми ривояти “Рустаму Сӯҳроб” дар охири достон баробари Рустам бар сӯги фарзанди дилбандаш гиря мекард."

Аз ин деҳкада шахсоне ба монанди Мулло Қосим (1882-1966), Мулло Шариф (1888-1972), Ҷӯра Камол (1921-1997), Қаҳҳори Раҳмон (1931-2005), Раҳим Шариф (мутавалиди 1925), Халил Қосим (мутавалиди 1929), Ато Ҷаббор (мутавлиди 1930), Ҳомид Шариф (мутавалиди 1936), Воҳид Шариф (мутавалди 1941), Равшан Камол (мутавалиди 1956) то солҳои наздик достонҳои “Шоҳнома”-ро нақл мекарданд ва ба ин васила ишқу алоқаи мардумро нисбат ба он бедор менамуданд.

Аз Мулло Қосим чизе сабт нашудааст. Писари эшон Халил Қосим баъзе достонҳои «Шоҳнома»-ро дар ёд дорад. Аз Мулло Шариф соли 1966 пажӯҳандагон чанд матне забт кардаанд, ки ҳамагӣ ҳудудан 35-40 дақиқа аст. Мо дар тӯли 30 сол дар фурсатҳои муносиб аз Ҷӯра Камол, Қаҳҳор Раҳмон, Раҳим Шариф, Халил Қосим, Ато Ҷаббор, Ҳомид Шариф, Воҳид Шариф, Равшан Камол дар канори матнҳои гуногуни фулклурӣ, гуфтаҳои ононро дар бораи Фирдавсӣ, шоҳномахонӣ, намунаҳое аз достонҳои «Шоҳнома»-ро тавассути забти савт ва дурбини видию забт кардаем.

Ҳамаи ин ашхос достони «Сиёвуш»-ро медонистанд ва ё медонанд. Аммо ҳоло нақл кардани достонҳои «Шоҳнома» тақрибан дар ҳолати аз байн рафтан аст. Масалан, то солҳои наздик Қаҳҳор Раҳмон (1931-2005) дар масҷиди деҳаи Пасурхӣ бештар достонҳои «Шоҳнома»-ро ҳикоят мекард.

Пас аз даргузашти эшон дигар нақл кардани достонҳои «Шоҳнома» ба назар намерасад. Фақат дар он ҳоле, ки агар аз донандагони достонҳои «Шоҳнома», пажӯҳандае дар ин маврид чизе бипурсад, он гоҳ ровӣ баъзе матнҳои дар ёд доштаашро ба таври кӯтоҳ баён мекунад.

Тарзи гуфтори достонҳои «Шоҳнома» бисёр дилнишин буд. Банда дар хурдсолиам баёни Мулло Шарифро дидаам, ки эшон бештар бо овози нарму гуворо ва ҳаракати дастон бо маҳорати баланд нақл мекард.

Раҳим Шариф

Раҳим Шариф (мутаваллиди 1925) ва бародаронаш суннати шоҳномахонӣ ва нақли достонҳои онро аз падарашон Мулло Шариф омӯхта буданд

Ҳангоми нақли эшон ҳама ором мешнишастанд. Бо диққат гӯш мекарданд. Ровӣ гоҳе тавсифҳо, муболиғаҳо, иғроқҳоеро ба кор мебурд, ки шунавонадагонаш механдиданд ва боз ором мешуданду гӯш мекарданд.

Замоне ки Ҷӯра Камол матнеро аз “Шоҳнома” ҳикоят мекард, аз ҷояш нимхез мешуд, бо садои баланд сухан мегуфт, дар мавридҳои зарурӣ ба таври худ ба садои Рустам, Сӯҳроб, Ифандиёр, Сиёвуш, Барзу ва дигарон тақлид менамуд. Хусусан ҳангоми ривояти “Рустаму Сӯҳроб” дар охири достон баробари Рустам бар сӯги фарзанди дилбандаш гиря мекард.

Агар ҳангоми нақли афсонаҳо қаҳрамон рақибашро бар замин занад, Ҷӯра Камол “Ё Рустами Достон!!!” ва ё “Ё Алӣ мадад!!!”-гӯён, нидо дармекашид ва ҳолати ба замин чаппа кардани ҳарифро бо ишорати дастонаш ба шунавандагон нишон медод. Ҳатто ба овози асп тақлид мекарду “шиҳа” мекашид. Ҳангоми баёни матн фарёд, нидо, хитоб, доду бедод, “қаҳ-қаҳ” ханда задан, ба ҳолати гиря даромадан ва амсоли ин яке аз хусусиятҳои хосси Ҷӯра Камол буд, ки ҳамон ровиёни касбии суннатии пешинро ба ёд меовард.

Ӯ барои ҷалби таваҷҷӯҳи шунаванда ва ё боз ҳам нишонрас намудани нақли худ, гоҳе оҳанги гуфторашро тағйир медод, чанд сонияе ба шунавандае нигариста, сокит мемонд ва баъдан дафъатан: “ҳа!”, “оре!” - гӯён нақлашро идома медод. Сад афсӯс, ки ҳамаи ривоятҳои ин пирмарди закиро саривақт сабту забт карда натавонистем.

Ҳамин суннати шоҳномахонӣ ва нақли достонҳои онро фарзандони Мулло Шариф — Раҳим Шариф (мутаваллиди 1925), Ҳомид Шариф (мутаваллиди 1936) Воҳид Шариф (мутаваллиди 1941) ва наваи эшон Қаҳҳор Раҳмон (1931-2005) идома медоданд.

Моҳи августи соли 2002 инҷониб бо мардумшиноси омрикоӣ, пруфессур Вилём Биман барои муддате кӯтоҳ (10 рӯз) ба минтақаи Бойсун ва шаҳрҳои Бухоро ва Самарқанд сафар кардем. Вақте ки ӯ дар Бойсун шабе дар сӯҳбати ин афрод буд, хеле дар ҳайрат монд ва барои ман бо ҳаяҷон таъкид кард, ки ҳар чӣ онҳо медонанд, бояд сабту забт шавад ва агар имкон бошад, нашр гардад. Шахсан Вилём Биман низ чандин соъат аз гуфтори ононро дар бораи шоҳномахонӣ забт намуд.

Яке аз он матнҳое, ки банда аз Ҷӯра Камол, Қаҳҳор Раҳмон ва Воҳид Шариф забт намудам, дар бораи Сиёвуш аст.

Воҳид Шариф

Воҳид Шариф мисли падар ва бародаронаш аз шоҳномахонҳои мумтоз дар Бойсун маҳсуб мешавад

Ба ҳамин тариқ, аз матнҳои дар дасти мо буда, ки дар забти савт ва дар тасвири видию аст, дар оянда метавон ба бисёр масъалаҳои ҳунарӣ ва иҷроии илми фулклуршиносӣ низ ҷавоб пайдо кард. Аз ин рӯ, чанд нуктаро, тибқи мушоҳидаҳо аз рӯйи тасвири видию, ба таваҷҷӯҳи аҳли назар мерасонем:

1. Дар забти савт ва дар тасвири видию гӯянда ва шунаванда то ҳадде ҳунари наққолиро ба ёд меоваранд. Ҳангоми нақл ҳамаи ҳаракоти гӯянда ҷиҳатҳои этнупуэтикии (маҳорати иҷрои) матнро комилтар менамояд ва таъсири он бар шунаванда чӣ гуна аст, метавон мушоҳида кард. Ҳамин шунидан ва дидан ба олами маънавии бинанда таъсир мерасонад.

2. Тибқи мушоҳида, маълум аст, ки шунавандагон гӯё дар иҷрои ин теотри наққолӣ иштирок доранд. Онҳо гоҳо савол медиҳанд ва ҳамчунин зери таъсири сухани гӯянда қарор мегиранд, ки ҳамаи инро бинанда дар тасвири видию мебинад.

3. Ҳунари иҷро ва таъсири сухани гӯяндаро дар ҳар ду ровӣ бевосита дар баланд гап задан, дар мавридҳои мувофиқ аз ҳаракоту ишорот истифода кардан, ҳолатҳои рӯҳии қаҳрамонро бо қиёфабозиҳо ифода намудан ва амсоли ин мушоҳида намудем.

4. Дар гузашта «шоҳномахонӣ» хеле роиҷ буд. Мехонданд ва шарҳ медоданд, ки порае аз хониши «Шоҳнома»-ро бо садои Воҳид Шариф ба навор гирифтем.

Аз тасвири видию ба назар мерасад, ки шунидани достони Сиёвуш дар хониши Воҳид Шариф барои шунавандагон ҷолиб аст. Чунки чунин тарзи хондан ва шарҳ додан дар гузашта хеле маъмул будааст. Ин тарзи шоҳномахонӣ дар 20-25 соли охир қариб тамоман аз байн рафтааст.

5. Ҳарчанд телевизиюн, синемо, видию вориди зиндагии мардум гаштааст, аммо мардум ҳанӯз ҳам чун одати гузаштагон ба нақлҳои ҷолиб гӯш медиҳанд. Чунки суннати шунидани фарҳанги мардум то ҳол дар деҳот нисбат ба шаҳр устувортар аст. Нақли «Достони Сиёвуш» ва бо садо хондани он давоми суннати чандҳазорсола аст.

Ҳамин тавр, гузориши мо хусусияти иттилоъӣ дошта, бо ин гуфтанӣ ҳастем, ки дар миёни тоҷикон, ба монанди «Достони Сиёвуш», мардум дар бораи достонҳои дигари «Шоҳнома» ҳанӯз ҳам иттилоъ доранд, ки онҳо бояд ҳарчӣ зудтар гирдоварӣ ва нашр шаванд, то ки ҳангоми баррасии «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ мавриди истифода қарор бигиранд.

Сиёвуш

Гузари Сиёвуш аз оташ яке аз достонҳои ҷаззоби Шоҳнома аст

Тибқи пурсуҷӯҳои мо ҳоло дер нашудааст, ки ба гирдоварии мавод боз ҳам машғул бишавем, чунки сол то сол ҷавонҳо зери таъсири васоили текникӣ қарор гирифта, ба суннатҳои гузашта, монанди наққолӣ, шоҳномахонӣ ва ё дар маҳфилҳо баён намудани достонҳои «Шоҳнома» чандон таваҷҷӯҳ намекунанд.

Бо вуҷуди ин ҳама, ҳоло ҳам бузургсолоне ҳастанд, ки матнҳоеро аз «Шоҳнома» дар ёд доранд ё ки чун одат ба он бо эҳтиром менигаранд, ки ҳарчӣ зудтар онҳоро бояд гирд оварем.

Дар охир аз пажӯҳандагон таманно мекунам, ки ба чанд нуктаи муҳимми шоҳномашиносӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд:

1. Барои боз ҳам ба таври густардатар омӯхтани “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ китобномае дар сатҳи ҷаҳонӣ бояд мураттаб сохт, ки ҳамаи осори дар бораи “Шоҳнома” то ба имрӯз нашршударо (чи дар рӯзнома, чи маҷалла, чи китоб) дар бар бигирад.

2. Ба санадҳои асотирӣ ва таърихии «Шоҳнома» диққати махсус дода, ба ҷиҳатҳои мардумнигории он бояд бештар таваҷҷӯҳ намуд ва дар ин бора машғули пажӯҳиши ҷудогонае шуд, то ҳудуди густариши «Шоҳнома» дар кишварҳои гуногун муъайян шавад. Албатта, мо медонем, ки пажӯҳандагони «Шоҳнома» дар асарҳояшон перомуни суннатҳои мардумӣ ишораҳои зиёд кардаанд, аммо хуб мебуд, ки ин масъала ба таври ҷудогона баррасӣ гардад.

3. Таъсири “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ бар тамаддуну фарҳанги кишварҳои дигар мавриди омӯзиш қарор бигирад. Чунки имрӯзҳо достонҳо ва номҳои “Шоҳнома” дар миёни мардумони зиёди олам паҳн шудааст, зери таъсири онҳо асарҳои зиёде ба вуҷуд омадааст.

4. Ин ки “Шоҳнома” баъд аз даргузашти Фирдавсӣ чӣ роҳеро тай намудааст, ҳам дар маъхазҳо ва ҳам дар миёни мардум омӯхта шавад. Аз ин рӯ, яке аз масъалаҳои ниҳоят муҳим ва ҳамеша муфид, густариши “Шоҳнома” дар миёни мардум аст. Чунки асар қабл аз ҳама барои хондан ва ба мардум таъсир расондан эҷод мешавад. Пас, аз миёни мардум сабту забт намудани гуфтаҳои мардум дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома» бисёр муҳим аст.

Равшани Раҳмонӣ бо Равшан Камол

Пруфессур Раҳмонӣ бо Равшан Камол

Ба гирдоварии гуфтаҳои мардум аз Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Эрон зудтар бояд машғул шуд. Ҳар қадар мо аз миёни мардум мадорики зиёдеро гирд оварем, ҳамон қадар шукӯҳи "Шоҳнома"-ро бештар дарк мекунем ва барои баррасии ҷиҳатҳои тозаи он санадҳои нав ба даст меорем. Агар дар тайи чанд соли оянда, тибқи тарҳи махсусе барои гирд овардани иттилоъот дар байни мардуми Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, ки роҷеъ ба «Шоҳнома» мавҷуд аст, талош накунем, баъдан дер мешавад.

Чунки сол то сол насли ҷавон нисбат ба шунидан бештар рӯ ба дидан (-и воситаҳои текникӣ) меорад. Бузургсолоне, ки чизҳое дар зеҳн доранд, пас аз чанд сол табиъӣ аст, ки онро бо худ ба дунёи фонӣ мебаранд.

5. Қавмҳои ғайриэронӣ, ки дар домани ин фарҳанг парвариш ёфтаанд, низ аз «Шоҳнома» баҳрманд ҳастанд. Хуб мебуд, ки дар оянда ба ин нукта низ таваҷҷӯҳ шавад. Аз байни онҳо низ маводди фулклурӣ то ҳадди имкон ҷамъ гардад.

Хулоса ин аст, ки пас аз гирдоварии маводди фаровон аз миёни мардум дар оянда метавон дар бораи ҳар достони «Шоҳнома», аз ҷумла «Достони Сиёвуш», асарҳои тоза ба тозаи илмӣ таълиф намуда, ҳазорон розҳои ниҳони ин ҳамосаи безаволи мардуми эронитаборро ошкор намуд.



Китобнома:

Анҷавӣ 1369а — Анҷавии Шерозӣ. Фирдавсинома. Мардум ва Фирдавсӣ. Ҷилди 1. Теҳрон: Интишороти илм, 1369.

Анҷавӣ 1369б — Анҷавии Шерозӣ. Фирдавсинома. Мардум ва Шоҳнома. Ҷилди 2. Теҳрон: Интишороти илм, 1369.

Анҷавӣ 1369в — Анҷавии Шерозӣ. Фирдавсинома. Мардум ва қаҳрамонҳои Шоҳнома. Ҷилди 3. Теҳрон: Интишороти илм, 1369.

Балъамӣ 1992 — Балъамӣ Абӯалӣ. Таърихи Табарӣ. Ҷ.1. Душанбе: “Ирфон”, 1992.

Баҳор 1374 — Баҳор Меҳрдод. Пажӯҳише дар асотири Эрон. Теҳрон: Гоҳ, 1375.

Ғафуров 1983 — Ғафуров Б. Тоҷикон: Таърихи қадимтарин, қадим ва асрҳои миёна. Китоби якум. Душанбе: Ирфон, 1983. (Ба алифбои тоҷикӣ).

Ёҳақӣ 1386 — Ёҳақӣ Муҳаммадҷаъфар. Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ. Теҳрон: Фарҳанги муосир, 1386.

Қиссаҳо 1994 — Қиссаҳо аз рӯзгори Фирдавсӣ. Душанбе: Адиб, 1994. (Ба алифбои тоҷикӣ).

Қиссаҳо 1996 — Қиссаҳо пиромуни Фирдавсӣ ва қаҳрамонҳои “Шоҳнома”. (Таҳияи Б. Шермуҳаммадиён ва Д. Обидзода). Душанбе: Пайванд, 1996. (Ба алифбои тоҷикӣ).

Надушан 1350 — Надушан, Муҳаммад Алӣ Исломӣ. Зиндагӣ ва марги паҳлавонон “дар Шоҳнома”. Теҳрон: Тӯс, 1350.

Наршахӣ 1979 — Наршахӣ Абӯбакр. Таърихи Бухоро. Душанбе: Дониш, 1979. (Ба алифбои тоҷикӣ).

Раҳмонӣ 1994 — Раҳмонӣ Р. Арки Бухороро Сиёвуш сохтааст // Маҷала: Мардумгиёҳ, Душанбе, 1994. (Ба алифбои тоҷикӣ).

Раҳмонӣ 1998 — Раҳмонӣ Р. Шоҳнома дар фулклур тоҷикон // Proceedings Sekond International Studies Confrence “From Avesta to Shahnameh”. The University of Sydney, NSW, Australia. Fedruary 6 to 16, 1998.

Раҳмонӣ 2007 — Раҳмонӣ Р. «Достони Барзу» дар гуфтори Ҷӯра Камол. Душанбе, 2007. (Ба алифбои тоҷикӣ).

Рустами Достон 1358 – Рустами Достон. Таҳияи Аҳмадалии Кӯҳзод // Маҷала: Фарҳанги халқ. Кобул, 1358, №1-2.

Рустам ва Зол 1367 – Рустам ва Зол. Таҳияи Муҳаммадазим Систонӣ // Мардумшиносии Систон. Кобул, 1367.

Симурғи сапед 1358 – Симурғи сапед. Таҳияи Аҳмадалии Кӯҳзод // Маҷалла: Фарҳанги халқ. Кобул, 1358, №1-2.

Фирдавсӣ 1988 — Фирдавсӣ Абулқосим. Шоҳнома. Иборат аз 9 ҷилд. Ҷилди 3. Душанбе: Адиб, 1988. (Ба алифбои тоҷикӣ).

Boys 1988 — Boys M. Zoroastriysi. Veri i obichai / Perevod s ahngliskogo I.M.Steblin-Kamenskogo. Moscow, 1988.

Braginskiy 1956 — Braginskiy I.S. Iz istorii tadzhikskoy narodnoy poezii . Moscow, 1956.

Rak 1998 — Rak N.V.Zoroastriyskaya mifologiya. Mifi drevnogo i rannesrednevekovogo Irana. Sankt-Peterburg-Moscow, 1998.

Дар ҳамин замина

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.