
Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд барои корхонаҳои миллишуда пайдо кардани соҳибони нав душвор нест
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ки дастур додааст корхонаҳои хусусишудае, ки аз фаъолият бозмондаанд, дубора давлатӣ ё миллӣ карда шаванд.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора рӯзи душанбеи 8 август зимни мулоқот бо сокинони шаҳри Кӯлоб хабар дод.
Вай гуфт ба ниҳодҳои зирабт дастур додааст, ки феҳрасти корхонаҳоеро таҳия кунанд, ки дар гузашта хусусӣ шуда буданд, вале то ҳол фаъолият надоранд.
Ба гуфтаи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, бисёре аз корхонаҳои хусусишуда феълан фаъолият надоранд ва таҷҳизоти онҳо ба сирқат рафтааст.
Оқои Раҳмон гуфт давлат қасд дорад чунин корхонаҳоро дубора давлатӣ ва сипас муҷаддадан ба фурӯш гузорад.
Вай афзуд: Соҳибкороне (тоҷироне) пайдо мешаванд, ки ин корхонаҳоро фаъол сохта ва барои мардум ҷойҳои корӣ фароҳам месозанд.
Ба унвони мисол, раиси ҷумҳур аз корхонаи коркарди панбаи шаҳри Кӯлоб ном бурд.
Оқои Раҳмон хитоб ба Муродалӣ Алимардонов, муъовини нахуствазири Тоҷикистон, гуфт: Агар дар тӯли як сол фаъолияти ин корхона муассир нашавад ва дар канораш як корхонаи нави ресандагӣ сохта нашавад, ин заводи (корхонаи) пахтаро давлатӣ карда, боз аз тариқи ауксион (музояда) ба фурӯш мегузорем.
Эмомалӣ Раҳмон ҷузъиёти дигари ин иқдомро эълом накард.
Ба гуфтаи Абдуқаюм Юсуфов, ҳуқуқдони мустақил, дар Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқӣ барои давлатӣ сохтани корхонаҳои қаблан хусусишуда фароҳам аст.

Оқои Юсуфов мӯътақид аст, ки дубора миллӣ сохтани корхонаҳои хусусишуда фоидае надорад
Аз ҷумла, қонун дар бораи хусусисозии корхонаҳои давлатӣ чунин муқаррароте дар бар дорад.
Вай гуфт: Тибқи ин қонун, корхонаҳои хусусишуда бояд 60 дарсад аз навъи фаъолияти собиқи худро ҳифз кунанд. Дар сурати риъоят нашудани ин меъёр, давлат ҳақ дорад ин корхонаҳоро дубора миллӣ созад.
Вале ба эътиқоди оқои Юсуфов, давлатӣ сохтани ин корхонаҳо ва дубора ба фурӯш гузоштани онҳо чандон фоидае надорад, зеро шароити иқтисодии Тоҷикистон ба рушди тавлидот мусоъидат намекунад.
Ба унвони мисол, оқои Юсуфов аз корхонаи коркарди гӯшти шаҳри Душанбе ном бурд. Ин корхона дар даҳаи 1990 аз сӯйи Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи вақти Горди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусӣ шуда буд ва зоҳиран фаъолияти муассире надошт.
Баъд аз он ки додгоҳ оқои Мирзоевро ба ҳукми абад маҳкум кард, ин корхона давлатӣ шуд ва дубора ба фурӯш гузошта шуд.
Ба гуфтаи Абдуқаюм Юсуфов, ки вакили мудофеъи Ғаффор Мирзоев буд, дар музояда ин корхонаро Ҳабибулло Табаров, аз чеҳраҳои саршиноси сиёсии вақт, харидорӣ кардааст.
Вале оқои Юсупов мегӯяд, ки ин корхона ба гунаи солҳои пешин ҳоло низ фаъолияти муассире надорад. Бисёре аз муассисоти вобаста ба ин корхона ба ширкатҳои дигар иҷора дода шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, Фирӯз Саидов, иқтисоддони мустақил, мегӯяд, ки муассир шудани фаъолияти корхонаҳо пас аз миллӣ кардан ва дубора ба фурӯш гузоштани онҳо танҳо ба вазъи иқтисодӣ бастагӣ дорад.
Вай мӯътақид аст, ки дар шароити имрӯз низ фаъолияти ин корхонаҳо ҳатто бо соҳибони ҷадидашон чандон муассир нахоҳад буд: Ин корхонаҳо умдатан моли замони шӯравӣ ҳастанд ва бозгӯйи ниёзҳои иқтисоди бозаргонӣ нестанд.
Оқои Саидов мегӯяд, ки қавонини Тоҷикистон дар бораи хусусисозӣ бояд ислоҳ шавад, зеро дар шароити феълӣ ҳифзи 60 дарсад аз навъи фаъолияти қаблии ин корхонаҳо ғайримумкин шудааст.
Вай афзуд: Ин корхонаҳо бояд сад дарсад навъ ва шеваи фаъолияти худро иваз кунанд, вагарна тавлидоти онҳо рақобатпазир нахоҳад буд. Замон ва ниёзҳо тағйир ёфтаанд.

Оқои Саидов мегӯяд, ки қонуни хусусисозӣ дар Тоҷикистон бояд ислоҳ шавад
Аз сӯйи дигар, оқои Саидов бар ин назар аст, ки давлати Тоҷикистон аз роҳи миллисозии корхонаҳои хусусӣ ва фурӯши дубораи онҳо мехоҳад буҷети кишварро ғанӣ созад.
Ба эътиқоди соҳибназарон, ин амр нигарониҳоеро дар миёни соҳибкорон ва сармоягузорони хориҷӣ ба дунбол хоҳад дошт. Фирӯз Саидов мегӯяд, ки миллисозии корхонаҳои хусусӣ як таҷрубаи маъмулӣ дар кишварҳои дорои иқтисоди бозорӣ аст.
Вале барои рафъи нигарониҳо ин раванд бояд "то ҳадди имкон шаффоф ва шароити хусусигардонии дубора бо наҳваи хусусисозии даҳаи 1990 бояд бакуллӣ тафовут дошта бошад.
Гуфта мешавад он замон бисёре аз корхонаҳои давлатӣ аз сӯйи гурӯҳҳое хусусӣ шуда буданд, ки бо мақомоти вақт иртибот доштанд ё аз ҷумлаи фармондеҳони собиқ буданд.
Раҳматулло Зойиров, раҳбари ҳизби сусиёл-демукрот, мегӯяд: Ҳудуди ду дарсади ҷамъияти Тоҷикистон тақрибан куллияи дороиҳоро бо арзиши ночиз харидорӣ карда ва милюнҳо сомонӣ суд мегиранд.
Зимнан, аз соли 1991 то соли 2010 дар Тоҷикистон 11 ҳазору 230 корхонаи давлатӣ хусусӣ шудаанд.
Дар гузашта бархе аз аҳзоби мухолифи давлати Тоҷикистон низ зимни интиқод аз наҳваи хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ дар ин кишвар хостори бозрасии мавориди хусусисозӣ шуда буданд.















