bbc.co.uk navigation

Пешниҳоди тозаи давлати Тоҷикистон барои коҳиши қиматҳо

Ба рӯз шуда:  Душанбе, 13 Июн соли 2011 - 11:28
Бозор

Дар як моҳи ахир қимати мавод ва колоҳо дар бозорҳои Тоҷикистон ба сурати бесобиқа боло рафтааст

Дар Тоҷикистон тарҳи муқаррароте барои коҳиши қимати маводд ва ғизои ниёзи аввалия таҳия шудааст.

Идораи зиддиинҳисороти Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки мизони арзиши изофӣ дар фурӯши чакана ба ин мавод маҳдуд карда шавад.

Яъне, фурӯшандагон наметавонанд ба маводе, ки аз бозори яклухт гирифтаанд, дар фурӯши чакана қимати зиёдеро изофа кунанд.

Акбар Хоҷаев, як масъули Идораи зиддиинҳисороти Тоҷикистон рӯзи душанбеи 13 июн ба Би-би-сӣ гуфт, ки тарҳи чунин муқарарот таҳия ва барои баррасӣ ба ниҳодҳои дигари давлатӣ ироа шудааст.

Ба гуфтаи вай, дар сурати тасвиби ин санад, муқаррароти ҷадид танҳо ба фаъолияти фурӯши чаканаи коло ва мавод, яъне дар дӯконҳо ва фурӯшгоҳҳо рабт хоҳад дошт.

Оқои Хоҷаев афзуд: “Дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон аз таҷрубаи маҳдуд кардани мизони арзиши изофӣ истифода мебаранд ва ин василаест барои коҳиши қимати коло ва мавод. Дуруст аст, ки дар Тоҷикистон низоми иқтисоди бозор аст, вале соҳибони дӯконҳо ва фурӯшгоҳҳо бояд танҳо махориҷи воқеъии худро ба арзиши изофӣ ворид созанд.”

Ин масъули Идораи зиддиниҳисорот тавзеo дод, ки дар оянда агар соҳиби дӯконе аз бозори яклухт маводеро, ки вориди феҳрасти маводи ниёзи аввалия мешаванд, бар ивази сад сомони харидорӣ кунад, вай ҳаққ надорад ин маводро бо арзиши беш аз 20 дарсад ё рақами дигаре ба фурӯш гузорад.

Фирӯз Саидов

Фирӯз Саидов бар ин бовар аст, ки афзоиши молиёт барои фурӯши маводд ва коло бо нархи гарон дар дӯконҳо ва фурӯшгоҳҳо гоми муассире барои коҳиши қимати маводи ниёзи аввалия хоҳад буд

Бо ин вуҷуд, то ҳол феҳрасти коло ва мавод ё сервисе, ки арзиши изофӣ бар онҳо маҳдуд карда мешаванд, мушшхас нест ва ин амр аз салоҳияти Ҳукумати Тоҷикистон дониста мешавад.

Ин дар ҳолест, ки Фирӯз Саидов, коршиноси масоили иҷтимоӣ дар Маркази мутолеъоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки тибқи як пажӯҳише, ки ин ниҳод анҷом додааст, фарқи қимати коло ва мавод дар бозори яклухт ва фурӯши чакана маъмулан то 50-60 дарсад ва гоҳе бештар аз ин рақам будааст.

Оқои Саидов бар ин назар аст, ки маҳдуд сохтани мизони арзиши изофӣ роҳи муассири коҳиши қимати коло ва маводд дар Тоҷикистон нест. Вай афзуд: “Бояд молиёт барои фурӯши чаканаро афзоиш дод ва агар тоҷир маводеро бо нархи гаронтар ба фурӯш гузорад, молиёти бештар пардохт хоҳад кард. Ин роҳи беҳтарин аст.”

Аз сӯйи дигар, оқои Саидов бо иқрор мегӯяд, ки бахше аз қимати арзиши изофӣ дар фурӯши чаканаро “пардохтҳои ғайрирасмӣ”, яъне маблағи ришваҳо ба нозирони мухталиф ташкил медиҳанд, ки гоҳо муъодили то 30-40 дарсади арзиши изофӣ аст.

Вале Акбар Хоҷаев, як масъули Идораи зиддиинҳисороти Тоҷикистон бар ин назар аст, ки ришва ҷурм маҳсуб мешавад ва маблағи онҳо набояд ба арзиши изофӣ ворид шавад. “Аслан, ин муқаррарот имкон медиҳад, ки мубориза бо чунин зуҳурот низ тақвият ёбад.”

Ҳоҷимуҳаммад Умаров

Оқои Умаров аз тасмими тозаи давлат пуштибонкӣ карда ва мегӯяд, ки набояд ба интиқодоти созмонҳои байналмиллалӣ дар ин замина таваҷҷӯҳи зиёде кард

Фирӯз Саидов ҳамчунин иҷрои муассири ин муқарраротро баъйид медонад, зеро, ба гуфтаи вай, бояд ҳамаи нархҳо ҳам дар бозорҳои яклухт ва фурӯши чакана таҳти назорат гирифта шаванд. Оқои Саидов мегӯяд, ки ҳоло рӯшан нест, ки Идораи зиддинҳисороти Тоҷикистон зарфияти иҷрои ин муқарраротро дошта бошад ё хайр.

Вале Акбар Хоҷаев муътақид аст, ки меконисмҳои иҷрои ин муқаррарот мушаххас шудаанд ва назорат бар иҷрои он танҳо дар салоҳияти Идораи зиддинҳисорот нест.

Дар ҳамин ҳол, дуктур Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддон, аз ин ибтикори Идораи зиддинҳисрот пуштибонӣ кард ва гуфт, ки бояд барои маводи ниёзи аввалия чунин мизони арзише изофие интихоб шавад, ки тоҷирон зимни фурӯши онҳо мутаҳаммили хисорот нашаванд.

Дар посух ба ин суол, ки оё чунин муқаррарот мухолифи наҳваи иқтисоди бозор нест, оқои Умаров гуфт, ки то ҷое чунин иддаъо дуруст аст, вале “дар шароити феълӣ барои коҳиши қиматҳо ин амр ногузир мебошад.”

Вай афзуд, ки масъулони Бонки Ҷаҳонӣ ё Сандуқи Байналмиллалии Пул аз ин иқдоми давлати Тоҷикистон ҳатман интиқод хоҳанд кард, вале тасмими давлат дар ин замина дуруст аст.

Ин дар ҳолест, ки бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ки иҷрои ин муқаррарот дар роҳи дарёфти узвияти Созмони Ҷаҳонии Тиҷҷорат барои Тоҷикистон мушкил пеш хоҳад овард.

Вале Ҳоҷимуҳаммад Умаров бар ин назар аст, ки ҳоло Тоҷикистон барои узвият дар ин созмон омода нест ва “набояд ба шитобкорӣ роҳ дод.”

Дар ҳамин ҳол ҳоло мушаххас нест афроди чаканафурӯш, ки як қишри бузурги иқтисодиро дар ҷомеъаи Тоҷикистон ташкил медиҳанд, дар сурати тасвиби ин пешниҳод чӣ вокунише аз худ нишон хоҳанд дод.

Зимнан, аз авоили соли ҷорӣ дар Тоҷикистон болоравии бесобиқаи қимати коло ва маводд мушоҳида мешавад. Илали аслии ин амр ба афзоиши арзиши маводи сӯхтӣ марбут дониста шудааст.

Бо ин вуҷуд, Бонки Миллии Тоҷикистон гузориш медиҳад, ки мизони таваррум аз авоили солӣ ҷорӣ ҳудуди 6,1 дарсад аст, вале дар як соли ахир ин рақам муъодили 16,1 дарсад мебошад.

Тамос бо мо

* Бахшҳои ситорадор бояд пур шаванд

0-(Ҳадди аксари хуруфи маҷоз: 500)

Дар ҳамин замина

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.