Тамрини рафтори дуруст ба ҳангоми зилзила барои омӯзгорон

  • 8 Июн, 2011
зилзила Image copyright BBC World Service
Image caption Тоҷикистон кишваре кӯҳистонӣ буда ва дар як минтақаи зилзилахез воқеъ аст, ки дар инҷо заминларзаҳое ба шиддати то 9 дараҷаи Риштер рух медиҳанд

Теъдоди 25 омӯзгори тоҷик барои бори нахуст дар давраҳои омӯзишии вижа дар заминаи рафтори дуруст ба ҳангоми вуқӯъи зилзила фаро гирифта шудаанд.

Ин давраҳо “Тамриноти эманӣ ба ҳангоми зилзила” ном дошта ва авоили ин ҳафта шурӯъ шудааст. Ин давраҳоро созмони Омӯзгорони Бидуни Марз дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои давлатии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Душанбе ва Хоруғ роҳандозӣ кардааст.

Ин барномаи сесола барои кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон пешбинӣ шудааст, чун ҳарсеи ин кишварҳо дар манотиқи зилзилахез ҷойгир шудаанд.

Ба хотири роҳандозии ин барнома дар кишварҳои форсизабон номи он “Порскуейк” интихоб шудааст.

Раҳбари ин барнома Сулмоз Муҳоҷир, зилзилашиноси эронитабор, мегӯяд, ки “Порскуейк” як барномаи сесола аст, ки нахуст кори худро дар Тоҷикистон оғоз кардааст.

Сипас, давраҳои мушобеҳе дар Афғонистон баргузор мешаванд ва дертар ҳамкориҳое дар ин замина бо кишвари Эрон сурат мегирад.

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон кишваре кӯҳистонӣ буда ва дар як минтақаи зилзилахез воқеъ аст, ки дар инҷо заминларзаҳое ба шиддати то 9 дараҷаи Риштер рух медиҳанд.

Сулмоз Муҳоҷир чанд сол қабл дар Тоҷикистон дар заминаи вуқӯъи зилзилаҳо таҳқиқоте анҷом дода буд.

Ӯ зарурати баргузори тамринот дар заминаи рафтори дуруст ба ҳангоми вуқӯъи зилзиларо барои мактабҳои Тоҷикистон ҳанӯз дар он замон эҳсос карда ва ин мавзӯъро пас аз фориғ шудан аз Донишгоҳи Мунтонои Омрико пайгирӣ кардааст.

Вай мегӯяд: “Тоҷикистон як кишвари зилзилахез аст ва гусалҳо ё кафидаҳое, ки дар манотиқи наздик ба Душанбе ва ё дар атрофи ин шаҳр мушоҳида мешаванд, бисёр фаъол буда ва имкони вуқӯъи зилзилаҳои шадиде дар ин ҷо ҳаст."

Обҳои зерзаминии шаҳри Душанбе, ба гуфтаи ин зилзилашинос, камумқ ҳастанд, яъне заминро нарм ва мартуб мекунанд, ки ин амр дар минтақае зилзилахез вазъияти хатарнокеро ба вуҷуд меорад.

Хонуми Муҳоҷир акнун ба унвони корманди созмони Омӯзгорони Бидуни Марз ба Тоҷикистон баргашта ва масъули тарҳи “Тамриноти эманӣ ба вуқӯъи ҳангоми вуқӯъи зилзила” аст.

Image copyright BBC World Service
Image caption "Тоҷикистон як кишвари зилзилахез аст ва гусалҳо ё кафидаҳои замин дар маҳаллоти наздик ба Душанбе ва атрофи он эҳтимоли вуқӯъи зилзиларо боло бурдааст

Дар ин тамринот омӯзгорон ва мураббиёни мактабҳо ва кӯдакистонҳои манотиқи мухталифи Тоҷикистон шеваҳои рафтори дуруст ба ҳангоми вуқӯъи зилзила дар мактаб ва кӯдакистонро меомӯзанд.

Ба гуфтаи масъулони барнома, пас аз поёни ин давраҳои омӯзишӣ омӯзгорон ва мураббиён метавонанд дар мактаб ва кӯдакистонҳое, ки дар он ҷоҳо кор мекунанд, барои кӯдакон ин гуна тамринотро баргузор кунанд.

Сулмоз Муҳоҷир мегӯяд барномаи “Порскуейк” дар Тоҷикистон бо бархе мушкилот рӯбарӯ шудааст, ки ҳалли онҳо замони иҷрои барномаро дар ин кишвар тӯлонитар мекунад.

Вай мегӯяд: “Рафтори дуруст ба ҳангоми рух додани зилзилаҳо ба шароити гуногун вобаста аст. Бисёр муҳим аст, ки мо бидонем сохтмоне, ки кӯдакон дар он ҳастанд, то чи андоза фарсуда ва ё ҷавобгӯйи меъёрҳои эманӣ ба ҳангоми зилзила ҳастанд.”

Ба ин хотир, масъулони тарҳи “Порскуейк” дар ҳамкорӣ бо муассисоти зирабти Тоҷикистон мехоҳанд барои мактабҳои дорои шароити мухталиф барномаҳои гуногуне барои тамрин таҳия кунанд.

Ба гуфтаи онҳо, барои мисол, тамриноти мушобеҳе дар мактабҳои Покистон барои кӯдакон ба ҳангоми вуқӯъи зилзила баргузор шудааст.

Мураббиён ба онҳо омӯхтаанд, ки бояд дар сохтмон бимонанд ва зери миз пинҳон шаванд. Вале чунин рафтор барои кӯдакони бархе аз мактабҳо фоҷеъабор буда, зеро сохтмонҳои мактабҳои онҳо фарсуда будаанд ва рафтори дуруст дар шароити онҳо берун шудан аз сохтмон аст.

Пруфессур Собит Неъматуллоев, зилзилашиноси маъруф, мегӯяд, ки дар шароити Тоҷикистон тасмимгирӣ дар бораи рафтори дуруст ба ҳангоми вуқӯъи зилзила кори мушкиле нест.

Вай аз мусоҳиба бо Би-би-сӣ дар ин замина худдорӣ кард, вале гуфт: “Ҳама медонанд, ки биноҳои мо базӯр истодаанд ва рафтори дуруст барои мо дар вақти зилзила берун баромадан аст, агар сохтмон бисёртабақа набошад.”

Мавзӯъи эмании сохтмонҳо ва одамон ба ҳангоми вуқӯъи заминларза дар Тоҷикистон чандон мавзӯъи доғе нест, вале барномаи “Порскуейк” дар замоне ба иҷрои тарҳи худ пардохта, ки арсаи сохтмон ва меъморӣ дар ин кишвар дар ҳоли тавсеъа аст.

Ин дар ҳолест, ки зилзилашиносон борҳо таъкид мекунанд, ки бархе аз сохтмонҳои баландошёна, ки дар кишвар сохта мешаванд, барои минтақаҳои зилзилахезе чун Тоҷикистон созгор нестанд.

Матолиби муртабит