
Забони форсӣ дар даврае тӯлонӣ забони расмии дарбори салотини Усмонӣ будааст. Дидоре кӯтоҳ ва гузаро аз музейҳои Туркия ва ҳатто гузаре аз манотиқи қадимӣ ва осори таърихии шаҳрҳои ин кишвар, ки мамлу аз хатту забони форсӣ аст, нишон медиҳад, ки ин забон то чи поя дар ин кишвр мутадовил будааст.
Ин мавзӯъро бо Рафъат Ёлчин Болота, фориғуттаҳсили адабиёти форсӣ ва устоди бознишастаи дарсҳои Усмонӣ дар миён гузоштем. Ин гуфтугӯи Ёлчин дар донишкадаи адабиёти Донишгоҳи Ижаи Измир анҷом шудааст.
Агар бихоҳем ҳамсоягиро яке аз далоили таъсири забони форсӣ дар дарбори Усмонӣ қаламдод кунем, ин суол пеш меояд, ки чаро забони форсӣ? Туркия бо кишварҳои дигар ҳам ҳамсоя аст, ки таъсирашон бар забони туркӣ бисёр кам аст.
Алоқаи бисёре аз туркҳо ба адабиёти форсӣ ва арабӣ яке аз далоили вуруди забони форсӣ ба Туркия буд ва таъсири бисёре дар ин сарзамин гузошт. Аз он ҷое, ки Туркия ҳам як сарзамини мусулмон буд, дин боъиси вуруди забони арабӣ ба Туркия шуд. Аммо дар муқоиса бо забони форсӣ, таъсири забони арабӣ маҳдуд аст. Бисёре аз вожаҳое, ки дар навиштани шеър ва насри туркӣ ба кор бурда мешаванд, аз форсӣ гирифта шудааст. Он ҳам шояд ба далели осонии забони форсӣ буд. Арабӣ ба нисбати форсӣ, забоне душвортаре аст.
ّМо арабиро фақат аз ҷанбаи динии он гирифтем. Форсиро ҳам аз ҷиҳати адабиёти ин забон. Насли қадим беш аз мо ба адабиёт алоқа дошт. Онҳо ҳангоми навиштан аз авзони арӯзӣ истифода мекарданд ва ба ҳамин далел дар девони адабиёти мо каламоти форсӣ бисёр зиёд аст. Форсӣ таъсири мустақим бар забони мо дорад ва арабӣ тақрибан дар умури динӣ хулоса мешавад.
Забони форсӣ дар дарбори Усмонӣ дар даврае ба забоне девонӣ бадал шуда, иллати он чист?
Маншаъи онро метавон дар давлати турктабори салҷуқӣ донист, ки дар Эрон таъсис шуд. Онҳо ҳам форсӣ ҳарф мезаданд. Дар даврони онҳо ҳам забони гуфтугӯ форсӣ будааст.

Рафъат Ёлчин дар донишгоҳи Ижа дар бораи забони форсӣ сухан гуфт
Пас натиҷа мегирем имперотурии Усмонӣ худашро ба Эрон ва забони форсӣ наздиктар медида, то дигар кишварҳои ҳамсоя?
Бале, чун забони форсӣ роҳаттар ва оҳангин аст, мардум забони худашонро ба каламоти форсӣ наздиктар дидаанд ва аз он таъсир пазируфтаанд. Эрони гузашта аслан рабте ба Эрони имрӯз надорад. Сарчашмаи озодӣ дар он хок будааст. Шеърҳои Рӯдакиро чи касе метавонад бисарояд. Шеърҳои Ҳофизу Саъдӣ нишондиҳандаи зарфиятҳои иҷтимоъӣ дар он мамлакат будааст. Осори онҳо фавқулода аст. Ин ҳама озодӣ дар куҷои дунё вуҷуд дошт? Фақат дар сарзамини шумо.
Шумо забони форсиро дар Туркия ёд гирифтаед?Ман форсиро дар арзи як моҳ дар Туркия омӯхтам. Дар Истонбул як мактаби эронӣ вуҷуд дошт, ки ба сурати ройгон клос баргузор мекард. Дар ибтидо як клоси синафара будем, ки дар арзи чанд рӯз фақат ман мондам. баъд аз муддате ман дар ҳамон макон клосҳои забони форсӣ баргузор кардам.
Ман забони форсиро бо тамоми фарҳанги эронӣ омӯхтам. Мехоҳам бигӯям мо бештар аз ин ки ба арабҳо наздик бошем, худамонро ба фарҳанги эронӣ ва кишвари шумо наздик мебинем. Фарҳангҳоямон бисёр ба ҳам наздик аст.
Оқибати забони форсӣ дар Усмонӣ пас аз ташкили ҷумҳурӣ дар ин кишвар чи шуд? Бо доманаи нуфузи боло билохира чаро ба якбора дар Туркия аз байн рафт ва канор гузошта шуд?
"Мо ба ин забон ниёз дорем чун бисёре аз нусхаҳои қадимии мо ба ин хатту забон аст. Тақрибан дар даҳ донишгоҳи давлатӣ ин ришта таъсис шудааст ва худи ман ҳам аз донишкадаи адабиёти форсӣ фориғуттаҳсил шудаам. Мо барои муносиботи иқтисодӣ ва тиҷоримон ҳам ба ин забон эҳтиёҷ дорем. "
Рафъат Ёлчин
Баъд аз эъломи ҷумҳурият дар Туркия забон дар ин кишвар тағйироти зиёде кард ва ҳатто хатту алифбо ҳам иваз шуд ва алифбои лотин ҷойгузини алифбои қадимӣ шуд.
Дар ин шароит бо ташвиқи давлат ором-ором аз бакоргирии калимот ва решаи форсӣ ҳам худдорӣ шуд. Албатта фақат хости давлат нест ин иртиботи мустақим ба мардумони як кишвар дорад. Мардум агар бихоҳанд калимаеро ба кор бибаранд, касе ҷилавдори онҳо нест. Бисёре аз каламот бо далоили мутаъаддиде дар тӯли замон фаромӯш мешаванд ва ё ҷойгузини дигар пайдо мекунанд.
Бисёре аз каламот ҳам бино ба шароит эҷод ва халқ мешавад. Сабки мардумони Туркия баъд аз Усмонӣ тағйироти зиёде доштааст. Онҳо ҳатто забони шеъришонро ҳам иваз карданд. Гуфтанд, ки чаро забони туркӣ ба кор набарем. Тамоюл ба каламоти туркӣ зиёд шуд ва албатта таҳсилоти қадимӣ ҳам таъсири зиёде дошт. Дар он замон мадорис таҳти ҳукумати Усмонӣ буд ва шеваи дарсии худашонро доштанд. Фикр мекунам онҳо бахти инро надоштанд, ки мо дигар каламоти гузаштаро ба кор намебарем. Каламоти забони туркӣ ҳам баъд аз эъломи ҷумҳурият эълом шуд.
Аз он ҷое, ки бахши аъзам аз таърихи Туркия ба забони Усмонӣ навишта шуда ва ба он забон бармегардад, чаро дар мадорис як воҳиди дарсии хос ба ин забон ихтисос намедиҳанд? Ба ҳар ҳол Туркия ҳудуди 80 сол аст, ки аз ҳуруфи лотин истифода мекунад ва 80 сол барои як таърих бисёр замони кӯтоҳе аст?
Дарсҳои Усмонӣ, ки дар риштаҳои таърих дар донишкада тадрис мешавад барои ҳамин мавзӯъ аст. Ман ба донишҷӯён мегӯям, ки агар гузаштаатонро надонед, чи тавр метавонед дар мавриди таърихи худ ҳарф бизанед? Касе ки мегӯяд фақат як дарси Усмонӣ барои тамоми мадорис бигзорем, як мутаъассиб аст.
Ин таъассуб ба забони форсӣ ҳам вуҷуд дорад на?
Замоне ман ба шаҳрдории Бурнуво (Bornova), минтақае дар Измир, муроҷеъа кардам ва дархости эҷоди давраҳои форсӣ кардам, ки онро хеле муфид медонам. Вале шаҳрдории минтақа, ки аз ҳизби Ҷумҳурии Халқ аст, ҷавоби рад ба ман дод ва баҳонаҳое овард ва дар ниҳоят ин ки гуфтанд, ки ба ин забон эҳтиёҷ надорем.
Инро хиёнат ва иҳонат ба Ототурк талаққӣ мекунанд?
Албатта. Албатта. Ҳизби Ҷумҳурии Халқ ҳизбе аст, ки Ототурк ба вуҷуд овардааст. Хеле ҳайф аст, ки ин афрод ин тавр бо мавзӯъ бархӯрд мекунанд. Ототурк худаш касе буд, ки забони форсӣ, арабӣ ва урупоиро балад буд.
Форсӣ ҳам медониста?
Бале. Оё ман, ки ҳам форсӣ ва ҳам арабӣ балад ҳастам эроде дорад? Донистани забони форсӣ ва арабӣ дар даврае зиддиарзиш талаққӣ мешудааст.
Дар ҳоли ҳозир вазъияти забони форсӣ дар донишгоҳҳо ба чи сурат аст? Оё нигаронӣ бобати густариши ин забон вучҷуд дорад?

Мо ба ин забон ниёз дорем, чун бисёре аз нусхаҳои қадимии мо ба ин хатту забон аст. Тақрибан дар 10 донишгоҳи давлатӣ ин ришта таъсис шудааст ва худи ман ҳам аз донишкадаи адабиёти форсӣ фориғуттаҳсил шудам. Мо барои муносиботи иқтисодӣ ва тиҷоримон ҳам ба ин забон эҳтиёҷ дорем.
Оё давлат аз фарогирии ин забон ҳимоят намекунад?
Ба ин қазия каме бо мантиқи ҳизбӣ рӯбарӯ аст. Ба ин сурат, ки алъон аз ин давлат дархости кумак кунем, ёрӣ мекунад. Дар Онкоро ва Истонбул клосҳои забони форсӣ барқарор аст. Аммо ҳамон тавр, ки гуфтам дар Измир бо мушкил мувоҷеҳ шудем. Дар Истонбул клосҳои зиёде таъсис шудааст, аммо дар шаҳрҳои дигар вазъият ба гунае дигар аст.
Тағйироти забонӣ аз кай ва чи гуна шурӯъ шуд?
Ҳамон тавр ки гуфтам, дар гузашта мардум форсӣ ва арабӣ ба кор мебуранд. қишре, ки инҳоро ба кор мебурд, қишри таҳсилкарда буд. Мардуми оддӣ туркӣ ба кор мебаранд. Вақте як силсила тағйирот эҷод шуд ва забоне марсум шуд, ки мардуми оддӣ ҳам дар фаҳмидани он дучори мушкил нашаванд.
Барои ин ки дарк ва фаҳми заминасозиҳое лозим буд. Ин заминасозӣ ҳам каме дурӣ аз забони форсӣ ва арабӣ буд. Ба ҳамин далел кам-кам калимоти форсӣ ва арабӣ дар забони туркӣ камранг шуд; вале ба рағми ин камрангӣ мебинем, ки ҳанӯз бисёр калима аз форсӣ дар забони мо вуҷуд дорад.















