
Ахиран давлати Эрон ба ҷавонони тоҷик барои таҳсил дар донишгоҳҳои ин кишвар 250 бурсияи таҳсилӣ ихтисос додааст
Мақомҳои омӯзишу парвариши Эрон ва Тоҷикистон кумисиюни муштараке барои интихоби довталабони тоҷик барои таҳсил дар донишгоҳҳои Эрон таъсис додаанд.
Гуфта мешавад, ки дар гузашта бархе аз донишҷӯёни тоҷик дар ҷараёни таҳсил дар Эрон бо мушкилоте, аз ҷумла ба далели сатҳи поёни донишашон, рӯбарӯ шудаанд ва ҷониби эронӣ хостори интихоби довталабоне шудааст, ки аз донишҳои кофӣ барои таҳсил дар Эрон бархӯрдор бошанд.
Ноилшо Нуралиев, сухангӯйи Вазорати маъорифи Тоҷикистон, рӯзи чаҳоршанбеи 25 май ба Би-би-сӣ гуфт, ки кумисиюни муштарак дар ҷараёни дидори ҳайъате аз вазорати улум, таҳқиқот ва фанноварии Эрон бо мақомоти тоҷик дар шаҳри Душанбе таъсис шудааст.
Дар ҷараёни дидори мақомоти тоҷику эронӣ, ки ахиран доир шуд, ҷониби Эрон эълом карда буд, ки омода аст ҳамасола барои омӯзиши ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои ин кишвар 250 бурсияи таҳсилӣ ихтисос диҳад. Дар гузашта ин рақам муъодили 50 бурсия буд.
Президент Раҳмон дар ҷараёни дидори ахири худ аз Эрон дар моҳи март аз мақомоти ин кишвар дархост карда буд, ки барои таҳсили ройгони ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои фаннӣ, муҳандисӣ ва пизишкӣ саҳмияҳои бештаре ихтисос диҳанд.
Ба гуфтаи Ноилшо Нуралиев, ҷониби Эрон дар садад аст раванди интихоби довталабон барои таҳсил дар донишгоҳҳои эронӣ зудтар анҷом шавад, то ҷавонони тоҷик тавонанд бамавқеъ ба ин кившар сафар кунанд.
Як манбаъ аз сафорати Эрон дар Тоҷикистон, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, ки дар гузашта бархе аз ҷавонони тоҷик, ки аз сӯйи Вазорати маъорифи Тоҷикистон барои омӯзиш дар Эрон интихоб мешуданд, дониши кофӣ ва шоистагии таҳсил дар Эронро надоштанд.
Вай афзуд: Ҳатто бархе аз онҳо натавонистанд дар бахшҳои подкурсӣ (давраи омодагӣ) барои омӯзиши забони форсӣ таҳсил кунанд. Ин нуктаро Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маъорифи Тоҷикистон, низ дар гузашта таъйид карда буд.
Бино бар ин, ҳайъати Вазорати улум, таҳқиқот ва фанноварии Эрон аз ҷониби Тоҷикистон хостааст, ки коршиносони эронӣ дар интихоби довталабон барои таҳсил дар донишгоҳҳои ин кишвар мушорикат кунанд.

Манобеъи сафорати Эрон дар Тоҷикистон иддаъо доранд, ки на ҳамаи ҷавонони тоҷик шоистагии таҳсил дар донишгоҳҳои Эронро доранд
Аз сӯйи дигар, ин мавзӯъ низ матраҳ аст, ки бархе аз ҷавонони тоҷик зимни таҳсил дар Эрон ба рағми хоҳиши худ ба омӯзишҳои мазҳабӣ водошта мешаванд.
Як ҷавони тоҷик, ки ҳоло дар Донишгоҳи пизишкии Тоҷикистон таҳсили худро идома медиҳад, гуфт, ки тӯли чаҳор соли таҳсил дар як донишгоҳи пизишкии Эрон вай ночор будааст ҳамзамон таҳсилоти мазҳабиро низ анҷом диҳад. Вале дар ниҳоят, аз идомаи таҳсил дар Эрон даст кашидааст.
Зимнан, мавзӯъи интихоби довталабон барои таҳсил дар хориҷ аз Тоҷикистон, ки тибқи бурсияҳои таҳсилии кишварҳои хориҷӣ сурат мегирад, дар ҷомеъа ба мавзӯъи доғе табдил шуда ва бархеҳо аз вуҷуди фасод ва воситабозӣ дар ин замина изҳори нигаронӣ мекунанд.
Ба ин далел, бархе аз кишварҳо, назири Туркия, Русия, Чин ва Жопун тасмим гирифтаанд, ки дар интихоби ҷавонони тоҷик барои таҳсил дар донишгоҳҳои кишварҳои худ саҳим бошанд.
Дар ҳамин ҳол, намояндаи сафорати Эрон дар Тоҷикистон хабар дод, ки дар дидори ҳайъати Вазорати улум, таҳқиқот ва фанноварии Эрон бо мақомоти тоҷик мавзӯъи таҳсили донишҷӯёни эронӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон низ матраҳ шудааст.
Тибқи иттилоъи сафорати Эрон дар Тоҷикистон, ҳоло дар ин кишвар ҳудуди як ҳазору дусад нафар аз донишҷӯёни эронӣ машғули таҳсил ҳастанд, ки беш аз 90 дарсади онҳо барои дарёфти мадраки дуктуро ба Тоҷикистон омадаанд. Вале манобеъи ғайрирасмӣ теъдоди донишҷӯёни эронӣ дар Тоҷикистонро бештар арзёбӣ мекунанд.
Ахиран давлати Эрон эълом кардааст, ки мадраки дуктурии он идда аз донишҷӯёни эрониро, ки ба сурати ғайриҳузурӣ дар хориҷ аз кишвар омӯзиш дидаанд, мавриди таъйид ва эътимод дар Эрон нахоҳад буд.
Ба гуфтаи намояндаи диплумотии Эрон, маъмулан руасои ширкатҳо ва муассисоти эронӣ талош мекунанд, ки ба сурати ғайриҳузурӣ мадраки дуктуроро дарёфт кунанд, зеро ин мадрак дар Эрон ба дарёфти имтиёзоти мухталиф мусоъидат мекунад.

Оқои Нуралиев мегӯяд, ки ҷониби Эрон мехоҳад дар интихоби довталабони тоҷик барои таҳсил дар донишгоҳҳои Эрон мушорикат дошта бошад
Вале ин манбаъ афзуд: Мусаллам аст, ки ба сурати ғайриҳузурӣ анҷоми таҳқиқот ё пажӯҳише боъиси эътимод нест. Чунин наҳваи таҳсил на барои Тоҷикистон ва на барои Эрон судманд нахоҳад буд.
Бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ки роҳандозии чуин маҳдудият метавонад боъиси коҳиши теъдоди алоқамандони эронии мадорки дуктуро дар Тоҷикистон гардад.
Дар ин сурат, бархе аз донишгоҳҳо ва пажӯҳишгоҳҳои Тоҷикистон зиёни молӣ хоҳанд дид. Зеро гуфта мешавад бештари ин муассисот соли гузашта қимати таҳсили яксола дар бахши ба истилоҳ аспирантура ва докторантура-ро то ба се ҳазор дулор боло бурда буданд.
Чунин қимат боъиси он шуд, ки теъдоде зиёде аз ҷавонони тоҷик, ки қасди таҳсил дар ин бахшҳоро доштанд, ба далели мушкилоти иқтисодӣ натавонанд ин маблағро фароҳам созанд.
Вале гуфта меашвад, ки барои атбоъи хориҷӣ, аз ҷумла, эрониён, ин маблағ зиёд нест, зеро махориҷи дарёфти мадраки дуктуро дар Эрон бамаротиб бештар аз ин аст.
Аз сӯйи дигар, мадорики дуктуро, ки муассисоти омӯзишии Тоҷикистон медиҳанд, аз сӯйи ниҳодҳои омӯзишу парвариши Русия таъйид мешаванд ва ин амр бар эътибори чунин мадорик меафзояд.
Тамос бо мо
* Бахшҳои ситорадор бояд пур шаванд















