bbc.co.uk navigation

Музокирот миёни мақомоти Омрико ва Чин

Ба рӯз шуда:  Душанбе, 09 Май соли 2011 - 14:04

Гуфтугӯҳои мақомоти баландпояи Омрико ва Чин бо ҳадафи беҳбудӣ бахшидан ба равобити миёни ду кишвар дар Вошингтун оғоз шудааст.

Ҳилорӣ Клинтун, вазиои умури хориҷаи Омрико гуфтааст Иёлоти Муттаҳида рушди иқтисодии Чинро таҳдид барои худ намешуморад, аммо ҳар ду тараф занну ҳаросҳое доранд.

Ӯ аз вазъи ҳуқуқи башар ва нопадид шудани мунтақидони давлат дар ин авохир дар Чин изҳори нигаронӣ кард.

Ҳайати Чинро дар ин музокирот Вонг Кишан, муъовини нахуствазир раҳбарӣ мекунад ва барои нахустин бор мақомоти низомии ду кишвар шомили ҳайатҳои музокиракунанда ҳастанд.

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.