bbc.co.uk navigation

Дархости FAO аз кившарҳои Осиёи Марказӣ

Ба рӯз шуда:  Чаҳоршанбе, 04 Май соли 2011 - 08:16

Раиси Созмони Маводди Ғизоӣ ва Кишоварзии СММ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват ба амал овардааст, ки дар заминаи тиҷорати озоди маводди ғизоӣ ва кишоварзӣ ҳамкории худро тақвият бахшанд.

Жак Диуф, ин мавзӯъро дар нишасти иқтисодӣ дар Остона матраҳ карда ва аз мушкилоти марбут ба таъмини амнияти ғизоӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбакистон ибрози нигаронӣ кард.

Вай гуфт, ки агар давлатҳои кишварҳои минтақа дар заминаи доду гирифти маҳсулоти кишварзӣ, ба вижа гандум ҳамкорӣ накунанд, чунин амр метавонад, мушкилоти сангини иҷтимоъӣ ба бор орад.

Вай таъкид кард, ки масъалан "тасмимоти ҳамоҳангношудаи бархе аз кишварҳои минтақа барои кунтрули қиммати маводди ғизоӣ дар замони бӯҳрони иқтисодии солҳои 2007 то 2008, вазъро дар минтақа бадтар" карда буд.

Аз сӯйи дигар оқои Диуф гуфт, кишварҳои минтақа барои пешгӯии тағйири қимати маводди ғизоӣ ба эҷоди системи ягонаи ҳушдор дар бораи ҳаводиси табиъӣ ва назорат ба тағйири иқлим ниёз доранд.

Ин мақоми Созмони Маводди Ғизоӣ ва Кишоварзии СММ гуфтааст, ки Қазоқистон, ки содиркунандаи аслии гандум дар минтақа аст, зарфияти хубе барои афзоиши тавлидоти кишварзии худ дорад, ки метавонад дар беҳбуди амнияти ғизоии минтақа ва ҷаҳон таъсири мусбат дошта бошад.

Ин даъвати созмони байналмилалӣ дар ҳоле матраҳ мешавад, ки кишварҳои минтақа бо афзоиши бошиддати қимати маводди ғизоӣ ба далоили мухталиф, аз ҷумла боло рафтани баҳои маводди сӯхт дар ҷаҳон рӯбарӯ ҳастанд.

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.