
Дар даҳ рӯзи ахир дамои ҳаво дар Душанбе зери чиҳил дараҷа гарм аст
Масъулони Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯянд, ки гармии баҳори имсол "наздик ба фаъвқуллода" аст.
Ҷамила Байдуллоева, раиси ин марказ ба Би-би-сӣ гуфт, ки адами боришот ва гармии имсол нигаронкунанда ва ба монанди баҳори соли 2001 аст, ки он замон Тоҷикистон бо хушксолии шадид рӯбарӯ шуда буд.
Такрибан тӯли даҳ рӯзи ахир дар бештаре аз манотиқи Тоҷикистон боридани борон мушоҳида нашуда ва дамои ҳаво зери чиҳил дараҷа гарм аст, ки хоси ин фасли сол нест.
Ҷамила Байдуллоева мегӯяд, ки гармии ҳаво дар ин рӯзҳо то ҳафт дараҷа бештар аз гармои мутавассити солҳои қаблӣ дар ин фасли сол буда ва набудани боришот низ хоси ин фасли сол дар Тоҷикистон нест.
Вай афзуд: Солҳои пеш маъмулан дар ин рӯзҳо боридани борони зиёд мушоҳида мешуд, вале имсол ҳаво хушк ва гарм аст. Танҳо рӯзҳои 28 ва 29 апрел боридани борон дар назар аст, вале сипас норӯшан аст, ки чӣ замоне борон хоҳад борид.
Тибқи мушоҳидоти ҳавошиносон, ҳамасола дар Тоҷикистон аз 7 то 25-уми май бориши боронҳои сел сурат мегирифт, вале, ҳоло ҳавошиносон чунин эҳтимолро баъйид медонанд.
Хонум Байдуллоева афзуд, ки нишонаҳои баҳори имсол мушобеҳи баҳори соли 2001 аст, ки дар моҳи май як қатра борон ҳам наборида буд. Дар пайи хушксолии он замон иқтисоди Тоҷикистон садҳо милюн дулор хисорот бардошта буд.
Ин дар ҳолест, ки бархе аз кишоварзон мегӯянд, онҳо ба далели адами боришот бештаре аз ҳосили мазореъи лалмиро аз даст додаанд.
Зимнан, раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ дар ҳафтаи гузашта изҳор дошт, ки кишоварзон набояд дигар ба умеди ҳосили заминҳои лалмӣ бошанд. Вай пешниҳод кард, ки аз мазореъи обӣ ба сурати муассир истифода карда ва бояд талош кард, ки чанд ҳосил бигирем.
Вале, вай ҳамзамон таъкид кард, ки захоири барф дар кӯҳистони Тоҷикистон, ки манбаъи аслии маҷрои рӯдхонаҳо мебошад, дар соли ҷорӣ дар муқоиса бо соле қабл то чиҳил дарсад камтар аст.
Ба гуфтаи Президент Раҳмон, вай ба ниҳодҳои зирабт дар бораи сарфаи об дастур додааст, то дар обанбори нерӯгоҳи Норак, тавлидкунандаи аслии барқ дар Тоҷикистон, миқдори зарурии об барои тавлиди барқ дар фасли зимистон захира шавад.
Ин дар ҳолест, ки гармии шадиди баҳори имсол метавонад ба хисороти кишоварзон мунҷар шуда ва дар канори болоравии қимати ғизо дар бозорҳои кишвар ба далоили хориҷӣ ба қиммати сабзиҷот таъсири манфӣ расонад. Ҳарчанд арзиши гиёҳҳои худрӯй, ки мардум аз онҳо ба унвони ғизо истифода мекунанд, пеш аз ин ба далели ҳосили кам бамаротиб боло рафтааст.
Гузашта аз ин, кишоварзон мегӯянд, ки на ҳама минтақаҳои кишвар дорои марокизи обёрӣ тавассути пумпҳои обкашӣ ҳастанд ва ба мазореъи ин манотиқ хатари нобудшавии ҳосил дар сурати камоб будани баҳор таҳдид мекунад.
Дар ҳамин ҳол, гузориш шудааст, ки умдатан дар вилояти Хатлон, дар ҷануби кишвар беш аз даҳ ҳазор мазореъи кишоварзӣ мавриди ҳамлаи малах қарор гирифтааст.
Коршиносон мегӯянд, ки адами боришот ва дар натиҷа набуди наботот дар талу теппаҳо ба густариши ҳамлаи малах ба мазореъи кишоварзие мунҷар мешавад, ки ба сурати маснуъӣ обёрӣ мешаванд.
Тамос бо мо
* Бахшҳои ситорадор бояд пур шаванд















