
Бар асоси асноди мунташиршуда тавассути Викиликс аксари зиндониёни Гуонтоному хатарнок тавсиф шуда буданд
Сойти интернетии Викиликс маҷмӯъаи гузоришҳои маҳрамонаеро дар мавриди арзёбии амниятии зиндониёни боздоштгоҳи Гуонтоному мунташир карда, ки бо интиқоди шадиди давлати Омрико мувоҷеҳ шудааст.
Маҷмӯъаи гузоришҳои ифшошуда тавассути Викиликс, ки дар чанд нашрияи омрикоӣ интишор ёфта, шомили асноди маҳрамонаи артиши Омрико дар мавриди арзёбии амниятии тақрибан тамомии ҳафтсаду ҳафтоду нуҳ нафаре аст, ки аз замони эҷоди боздоштгоҳе дар пойгоҳи нерӯи дарёии Иёлоти Муттаҳида дар халиҷи Гуонтоному, Кубо, дар ин маҳал зиндонӣ будаанд.
Боздоштгоҳи Гуонтоному дар соли 2001 ва ба манзури нигаҳдории касоне эҷод шуд, ки аз замони ҳамлаи низомии эътилоф ба раҳбарии Омрико ба Афғонистон ба занни даст доштан дар иқдомоти теруристӣ тавассути нерӯҳои омрикоӣ дар он кишвар ва соири нуқоти ҷаҳон боздошт шуданд.
Дар солҳои ахир, аксари зиндониёни ин боздоштгоҳ озод шудаанд, аммо мадорики Викиликс нишон медиҳад, ки ба эътиқоди ташкилоти низомии Омрико, аксари яксаду ҳафтоду ду зиндонии боқимонда дар ин маҳал афроде маҳсуб мешаванд, ки дар сурати озодӣ "риски қобили таваҷҷуҳе"-ро мутаваҷҷеҳи амнияти Иёлоти Муттаҳида мекунанд.
Дар айни ҳол, ин гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки дар мавриди бештари касоне ҳам, ки дар солҳои гузашта аз зиндон озод ё ба кишварҳои дигар таҳвил шудаанд низ ҳамин навъ арзёбӣ вуҷуд дошт, ки зоҳиран баъд таъдил шуд.
Гузоришҳои мунташиршуда тавассути Викиликс, ки дар замони раёсати ҷумҳурии Ҷурҷ Буш, раиси ҷумҳури собиқи Омрико, таҳия шуда, ҳамчунин ҳокӣ аз он аст, ки гирдоварии ғайримунсаҷим ва ғайрифаннии иттилоъот дар манотиқи ҷангӣ боъис шуд, то бархе ашхоси бегуноҳ ба Гуонтоному интиқол ёбанд ва чанд солро бидуни далел дар ин маҳал зиндонӣ шаванд.
Мавориди иштибоҳ дар ташхиси ҳувияти афрод, ки мунҷар ба боздошти онон шуда, ҳам дар бархе аз гузоришҳо мавриди ишора қарор гирифтааст.
Дар айни ҳол, асноди фошшуда тавассути Викиликс ҳовии иттилоъоти ҷадиде дар мавриди чанд тан аз боздоштшудагони хатарноктари Гуонтоному ҳам ҳаст.
Интиқоди мақомоти омрикоӣ
Аз ҷумла дар ин гузоришҳо омадааст, ки Холид Шайх Муҳаммад, ки аз ӯ бо унвони тарроҳи аслии ҳамалоти ёздаҳуми сентябр дар Омрико ном бурда мешавад, дар як маврид ба яке аз зердастони худ дастур дода буд, то раиси собиқи ҷумҳурии собиқи Покистонро терур кунад.

Асноди мунташиршуда ҳовии иттилоъоте дар мавриди иқдомоти касоне монанди Холид Шайх Муҳаммад ҳам ҳаст
Дар гузориши дигаре маъмурони амниятии Омрико гуфтаанд, ки раҳбари яке аз селулҳои Алқоъида дар мавриди таваҷҷуҳи аъзои таҳти раҳбарии худ ба занон ҳушдор дода ва аз онон хоста буд, то бо истифода аз дору, бо тамоюлоти ҷинсии худ мубориза кунанд ва ба ин тартиб, тамомии тавони худро ба фаъолиятҳои ҷиҳодӣ ихтисос диҳанд.
Иқдоми Викиликс дар интишори асноди маҳрамонаи марбут ба боздоштгоҳи Гуонтоному бо интиқоди шадиди мақомоти омрикоӣ мувоҷеҳ шудааст.
Онон гуфтаанд, ки мумкин аст дар бархе маворид ин аснод мунъакискунандаи арзёбиҳои ҷадидтар дар мавриди зиндониёни Гуонтоному набошад ва расонаҳои умумиро ба хотири интишори ин иттилоъот мавриди сарзаниш қарор додаанд.
Дар айни ҳол, ин мақомот таъкид доштаанд, ки интишори ин гузоришҳо бар фаъолияти "ҳайъати вижаи бознигарии вазъияти зиндониёни Гуонтоному" таъсире надорад.
Ин ҳайъат ду сол пеш тавассути давлати Борок Убомо барои арзёбии амниятӣ ва тасмимгирӣ дар мавриди вазъияти зиндониёни боқимонда дар Гуонтоному ташкил шуд.
Бо ин ҳама созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар, ки дар солҳои гузашта ҳамвора давлати Омрикоро ба хотири эҷод ва истифода аз боздошгоҳи Гуонтоному мавриди интиқод қарор додаанд, эҳтимолан аз гузоришҳои мунташиршуда ба унвони мадорике дар ин замина истифода хоҳанд кард.
Викиликс то кунун чандсад ҳазор нусха асноди маҳрамонаи давлати Омрикоро бахусус дар заминаи равобити хориҷӣ ва дидгоҳҳои мақомоти ин кишвар дар мавриди масоили мухталифи байналмилалӣ мунташир кардааст.
Ба гузориши хабаргузории Руйтер, як низомии ҷавони омрикоӣ, ки гуфта мешавад асноди маҳрамонаи марбут ба Гуонтономуро дар ихтиёри Викиликс қарор дода ба иттиҳоми тахаллуф аз муқаррароти низомӣ, аз моҳи майи соли гузашта дар боздошт ба сар бурдааст.
Тамос бо мо
* Бахшҳои ситорадор бояд пур шаванд















