bbc.co.uk navigation

Боздошти як табаъаи қирғиз дар вилояти Суғд

Ба рӯз шуда:  Сешанбе, 19 Апрел соли 2011 - 12:47
марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Як табаъаи қирғиз дар шимоли Тоҷикистон боздошт шудааст

Мақомоти пулиси вилояти Суғд аз боздошти як табаъаи қирғиз хабар доданд.

Женерол Шариф Назаров, раиси пулиси Суғд, дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Хуҷанд, рӯзи сешанбеи 19 апрел гуфт, ки рӯзи ду рӯз қабл дар як амалиёти вижа дар ҳудуди шаҳри Исфара Марасул Бурҳонови 35-сола, як сокини вилояти Ботканди Қирғизистон, боздошт шудааст.

Оқои Назаров гуфт, ки аз дохили худрави шахсии оқои Бурҳонов як адад зарфи шишагӣ бо маводди моеъи ҷилоранг кашф ва мусодира карда шудааст.

Женерол Назаров гуфт, ки бар асоси озмоиш, ин мавод симоб будааст, ки маводди заҳрогин маҳсуб мешавад. Вазни ин миқдор симоб 3 килуграму 240 грам арзёбӣ шудааст.

Вай хабар дод, ки дар ин замина парвандаи ҷиноӣ боз гардида, таҳқиқоти ҳодиса идома дорад.

Вале, хабаргузории СА-News-и Қирғизистон навиштааст, ки пулиси вилояти Суғд Расулбек Бурҳоновро ба пулиси ин кишвар таҳвил додааст.

Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, ҳудуди 100 тан аз сокинони Қаробоғ, як рустои вилояти Ботканд, дар марз бо Тоҷикистон, рӯзи 18 апрел дар назди сохтмони ҳукумати вилояти Ботканд ҷамъ омада, хостори озодии Расулбек Бурҳонов шудаанд.

Гуфта мешавад, пас аз он ки пулиси Тоҷикистон ӯро ба пулиси Қирғизистон таҳвил додааст, гирдиҳамомадагон пароканда шудаанд.

CA-News навиштааст, ки шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исфара барои тафтишоти баъдӣ ин табаъаи Қирғизистонро ба Раёсати корҳои дохилии вилояти Ботканд супоридааст.

Қаблан хабаргузориҳои Қирғизистон иттилоъ дода буданд, ки Расулбек Бурҳонов дар ҳудуди Қирғизистон аз сӯйи пулиси Тоҷикистон боздошт шудааст ва пайвандони ӯ хостори интиқоли вай ба Қирғизистон шудаанд.

Зимнан, имтидоди марзи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон 911 килуметрро ташкил медиҳад.

Дар бархе аз қисматҳои марзи миёни шаҳри Исфараи Тоҷикистон ва вилояти Ботканди Қирғизистон маҳаллоти мавриди баҳс вуҷуд доранд, ки сокинон барои истифода аз об ва замин бо мушкил мувоҷеҳ шудаанд ва ахиран гузоришҳо ҳокист, ки ихтилофоте ҳам байни онҳо буруз кардааст.

Низомиддин Зоҳидов, муъовини вазири хориҷаи Тоҷикистон, рӯзи душанбеи 18 апрел дар як нишасти матбуъотӣ изҳор дошт, ки таъйиди хутути марзӣ бо Қирғизистон мушкилоте ба ҳамроҳ дорад.

Бозгашт ба сафҳаи аслӣ: Клик www.bbctajik.com

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.