BBCTajik.com | Сафҳаи аслӣ
Таъсиси системи воҳиди энержии Тоҷикистон
Бо роҳандозии хутути интиқоли барқи “Ҷануб-шимол” системи воҳиди энержии Тоҷикистон тасис шуд.
Ҳамакнун системи нерӯи барқи куллияи манотиқи Тоҷикистон ба ҳам пайваст аст.
Ин дар ҳолест, ки интизор меравад аз фардо, якуми декабр, Ӯзбакистон аз системи воҳиди энержии Осиёи Марказӣ хориҷ шавад.
Маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани хутути интиқоли нерӯи барқи “Ҷануб-шимол” рӯзи якшанбе дар ноҳияи Ғончии вилояти Суғд бо ширкати Президент Раҳмон баргузор шуд.
Ин хутути барқи  500-килувотӣ ва се хатти 220–килувотӣ дар дохили вилояти Суғд бо сармояи 420-милюндулории давлати Чин ва аз сӯйи ширкати ТВЕА-и ин кишвар як сол қабл аз мӯҳлат сохта шуд.
Коршиносон бо ишора ба зарурати ин хутути барқ мегӯянд, ки ҳамакнун вилояти Суғд, ки пешрафтатарин минтақаи санъатии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, таввасути ин хутут аз ҷануби кишвар, ки дар  он ҷо нерӯгоҳҳои бузурге фаъоланд, барқ дарёфт мекунад.
Дар гузашта нерӯи барқ аз ҷануби Тоҷикистон ба шимоли ин кишвар тавассути қаламрави Ӯзбакистон сурат мегирифт. Ба гуфтаи Президент Раҳмон, ин хутути барқ бо таҷҳизоти муъосир муҷаҳҳаз аст ва имкон дорад то 14 дарсад аз талафоти барқ ба ҳангоми интиқолро коҳиш бидиҳад.
Вале бархе аз коршиносон мегӯянд, ки интиқоли нерӯи барқ тавассути ин  хутут, ки 325 килуметр аст, ба масрафи бештари барқ мунҷар хоҳад шуд. Зеро, фосилаи ин хутут зиёд аст ва ин амр аз лиҳози фаннӣ мӯҷиби афзоиши талафоти барқ мешавад.
Дар гузашта барқи мавриди ниёзи вилояти Суғд аз ноҳияи Турсунзода, дар ҷанубу ғарби Тоҷикистон, ки бо Ӯзбакистон ҳаммарз аст, ба ин кишвари ҳамсоя интиқол меёфт ва вилояти Суғд бо талафоти андаке онро дубора дарёфт мекард.
Вале акнун ба назар мерасад, ки тасмими Ӯзбакистон ба хориҷ шудан аз системи воҳиди энержии Осиёи Марказӣ давлати Тоҷикистонро водор сохтааст, ки хутути “Ҷануб-шимол”-ро қабл аз мӯҳлат мавриди истифода қарор бидиҳад.
Мақомоти Тоҷикистон ин тасмими Ӯзбакистонро аз ангезаҳои сиёсӣ орӣ намедонанд. Ҳарчанд ҷониби Ӯзбакистон ин иддаъоро такзиб мекунад.
Зимнан, бархе аз коршиносон изҳор медоранд, ки тасмими Ӯзбакистон ба хориҷ шудан аз системи воҳиди энержии Осиёи Марказӣ ба суди ин кишвар нахоҳад буд. Зеро барқи мавриди ниёзи ин кишвар умдатан дар нерӯгоҳҳои ҳароратӣ тавлид мешавад ва барои таъмини кайфияти он ин кишвар ниёз дорад, ки системи барқи худро бо системҳои барқи ҳамсоягонаш, ки умдатан энержии обӣ доранд, пайванд диҳад.
Ба эътиқоди бархе аз соҳибназарон, тасмими Ӯзбакистон ба хориҷ шудан аз системи воҳиди энержии Осиёи Марказӣ ба идомаи умури сохтмонӣ дар нерӯгоҳи Роғун, дар шарқи Тоҷикистон, рабт дорад.
Ӯзбакистон пайваста бо иҷрои ин тарҳ мухолифат карда ва иддаъо дорад, ки сохтмони ин нерӯгоҳ дар таъмини об барои кишварҳои поёноби минтақа мушкилоте эҷод мекунад.
Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи хутути “Ҷануб-шимол” бо ишора ба ин иддаъо гуфт, ки “ягон лоиҳаи мо бар зидди ҳамсояҳоямон нигаронида нашудааст. Баръакс, мо ҳангоми амалӣ кардани лоиҳаҳои худ манфиъати онҳоро ҳатман ба инобат мегирем.”
Президенти Тоҷикистон ҳамчунин гуфт: "Мардуми ин кишвар дилпур бошанд ва бовар дошта бошанд, ки мо бо ҷалби маблағу имкониятҳои молиявии давлатӣ ва пеш аз ҳама бо такия ба азму ирода ва дастгириву пуштибонии халқи сарбаланд ва баъору номуси тоҷик, инчунин ҷалби сармояи хориҷӣ, нерӯгоҳи Роғунро, ки дар раҳоӣ аз мушкилоти имрӯза наҷотбахши ягонаи халқи тоҷик аст, ҳатман бунёд менамоем.”
Оқои Раҳмон дирӯз ҳамчунин бо Асхат Каримбой, узви Кумитаи марказии Ҳизби кумунисти Чин ва Раиси Шӯрои сиёсӣ-машваратии ноҳияи Шинҷони ин кишвар дидор ва гуфтугӯ дошт.
Тибқи иттилоъи маркази матбуъотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин дидор масоили вобаста ба ҳамкориҳои ояндаи ин ду кишвар, бавижа дар бахши энержӣ, матраҳ шудааст.
Гуфта мешавад ҷонибҳо мавзӯъи сохтмони муштараки нерӯгоҳи обии Нуробод-1, нерӯгоҳи ҳароратии шаҳри Душанбе, зеристгоҳи 500-килувотии Роғун ва хутути баландшиддати интиқоли нерӯи барқи Роғун-Душанбе ва Хуҷанд-Айнӣ-ро мавриди баррасӣ қарор додаанд.
Свисиҳо ба мамнуъияти сохтани манора раъй доданд
Ожонси хабарии Свис эълон карда, ки натоиҷи расмии ҳамапурсии имрӯз, якшанбе, 29 ноябр нишон медиҳад, ки аксари свисиҳо мувофиқ бо мамнуъияти эҳдоси манораи масоҷид дар ин кишваранд.
Ҳудуди 57 дарсади ширкаткунандагон дар ҳамапурсӣ ба мамнуъияти эҳдоси манора дар Свис раъйи мусбат додаанд.
Як намояндаи аршади мусалмонони Свис гуфт, мусалмонони ин кишвар акнун нигарони афзоиши ҳамалот ва маҳдуд шудани ҳуқуқашон ҳастанд.
Пешниҳоди ҳамапурсӣ тавассути ҳизби ҳокими Мардуми Свис, ки ростгаро аст матраҳ шуда буд, вале давлат мардумро тарғиб карда буд, алайҳи мамнуъияти сохти манораҳо раъй диҳанд.
Барои ин ки ин пешниҳод ба сурати қонун дарояд бояд аксари устонҳои Свис (контунҳо) онро таъйид кунанд.
Ҳизби Мардуми Свис бузургтарин ҳизб дар порлумони Свис аст ва гурӯҳҳои масеҳӣ низ аз ин тарҳ ҳимоят карда буданд.
Ба гуфтаи онҳо манораҳо нахустин намод аз исломӣ шудани Свис хоҳад буд.
Қариб ба чаҳору ним дарсади ҷамъияти Свис мусалмонанд.
Бисёре аз ин мусалмонон паноҳандагоне ҳастанд, ки аз Югославии собиқ ба Свис омадаанд.
Агарчи беш аз сад масҷид ва намозхонаи махсуси мусалмонон дар Свис вуҷуд дорад, танҳо чаҳор масҷид дорои манора аст.
Давлати Свис нигарон аст, ки ҳимоят аз мамнуъияти сохтани манора ба эҷоди таниш миёни мусалмонони ин кишвар ва тира шудани равобит бо кишварҳои исломӣ бианҷомад
"Фурсати дастгирии Бен Лодан дар соли 2001 вуҷуд дошт"
Банобар гузорише, ки ба маҷлиси Сенои Омрико дода шуда дар авохири соли 2001 имкони дастгирии Усома Бен Лодан тавассути нерӯҳои омрикоӣ дар Афғонистон вуҷуд дошт, вале раҳбарони низомии Омрико аз эъзоми нерӯи тақвиятӣ барои таъқиби вай худдорӣ карданд.
Дар ин гузориш, ки тавассути ҳизби демукроти Омрико барои ироа ба кумитаи равобити хориҷии ин кишвар таҳия шуда, омадааст, ки Усома Бен Лодан ва нафароти вай дар кӯҳҳои Туробуро, дар Афғонистон гир карда буданд, вале давлати Ҷурҷ Буш, раиси ҷумҳури вақти Омрико нерӯи тақвиятии лозим барои дастгирии вайро эъзом накард ва ба дунболи он раҳбари Алқоъида ва нафароташ бидуни музоҳимат вориди манотиқи қабоилии шимоли ғарби Покистон шуданд.
Тасаввур меравад Бен Лодан ҳанӯз дар ин манотиқ махфӣ шуда бошад.
Ба назари таҳиякунандагони гузориш кӯтоҳӣ дар куштан ё дастгирии Усома Бен Лодан имкони шӯриши афғонҳо ва афзоиши тарафдорӣ аз Алқоъида дар ҷаҳони исломро фароҳам овард.
Ин мавзуъ ҳамчунин муноқишоти дохилӣ дар Покистонро доман зад.
Дар ин гузориш аз мақомоти давлати Ҷурҷ Буш ва фармондеҳони низомии вай ба шиддат интиқод шуда ва гуфта шудааст дар ҳоле ки қудрати низомии фавқулъоддаи Омрико дар ҳошия нигоҳ дошта шуда буд, фармондеҳони низомии Омрико тасмим гирифтанд барои таъқиби Бен Лодан дар Туробуро, ки як минтақаи кӯҳистонӣ ва дорои ғорҳои мутаъаддиде аст, ба ҳамалоти ҳавоӣ ва "милишаҳои омӯзишнадидаи афғон" иттако кунанд.
Нависандагони гузориш изъон доранд, ки ҳазфи Усома Бен Лодан хатари террурисми ҷаҳониро аз байн намебарад, вале муътақиданд, ки тасмими гушудани дарҳо барои фарори вай ба Покистон сабаб шуд, ки ӯ ба сурати мазҳари намодини пурқудрате даромада ва ба ҷазби пул ва низ илҳом бахшидан ба ифротиҳо дар саросари ҷаҳон идома диҳад.
Дар гузориш иддаъоҳои мақомоти давлати Ҷурҷ Буш мабнӣ бар ин ки дар он ҳангом иттилоъот дар бораи махфигоҳи Бен Лодан қонеъкунанда набуда, рад шудааст.
Ин гузориш ҳангоме интишор ёфта, ки қарор аст Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико тасмими худ дар бораи афзоиши теъдоди нерӯҳои омрикоӣ дар Афғонистонро эълом кунад.
Таваллуди дубора барои марде, ки 23 сол ба иштибоҳ дар кома буд
Марде белжикӣ, ки пизишкон ташхис дода буданд ӯ ба ҳоли иғмо (беҳушӣ) рафта пас аз аз 23 сол мушаххас шуд, ке беҳуш будааст.
Вазъияти Ром  Ҳуберн пас аз тасодуфе дар соли 1983 аз сӯйи пизишкон ин гуна ташхис дода шуд, ки ба кома фурӯ рафтааст, то ин ки пизишке аз донишгоҳи Лиж дар Белжик дар соли 2006 ташхис дод, ки оқои Ҳуберн ҳеҷгоҳ дар ин муддат дар кома набудааст.
Ҳафтаномаи олмонии “Шпигел” навиштааст, ки оқои Ҳуберн акнун метавонад аз тариқи саҳфакалиди махсусе иртибот барқарор кунад.
Бино ба гузориши “Шпигел” оқои Ҳуберн акнун 46 сол дорад, аз вазъити худ пас аз тасодуф гуфтааст ва ин ки чигуна дигар баданаш ба чизе вокуниш намедодааст.
Ӯ гуфт: “Фарёд мекашидам, вале касе садоямро намешунид.”
Ӯ ҳамчунин гуфтааст, ки барои посух додан ба пизишкон ва парастороне, ки талош мекарданд бо ӯ суҳбат кунанд, комилан нотавон буда, то ин ки билохира аз беҳбуди вазъияти ӯ қатъи умед карданд.
Билохира дар соли 2006 дар пайи скане, ки аз мағзи ӯ гирифта шуд, мушаххас шуд, ки ӯ фалаҷ шудааст ва мағзи ӯ комилан солим аст.
“Шпигел” ба нақл аз ӯ навиштааст: “Ҳаргиз рӯзеро, ки вазъияти манро ташхис доданд, фаромӯш намекунам. Мисли ин ки дубора таваллуд шудам.”
Саргузашти оқои Ҳуберн замоне ошкор шуд, ки Стивен Лурей аз донишгоҳи Лиж мақолае дар бораи ӯ мунташир кард.
Дар ин мақола омадааст, ки бо муъоинае дақиқтар мушаххас мешавад, ки нишонаҳое аз ҳушёрӣ дар ҳудуди 40 дар сад аз касоне, ки зоҳиран ба кома рафатаанд, вуҷуд дорад.
Телевизиюни форсии Би-би-сӣ “беҳтарин коноли хабарии сол”
Телевизиюни форсии Би-би-сӣ ҷоизаи моҳвораи Ҳотбурдро аз они худ кард ва беҳтарин конол(шабака)-и хабарии соли 2009 шинохта шуд.
Беш аз 150 коноли телевизиюнӣ аз саросари ҷаҳон дар ин рақобат ширкат доштанд ва як гурӯҳ аз коршиносони мустақил беҳтарин конолҳоро дар бахшҳои мухталифе ҳамчун хабар, мустанад, синамоӣ, кӯдакон ва варзишӣ интихоб карданд.
Дар бахши хабар телевизиюни форсии Би-би-сӣ, Блумберг, Фронс 24, Си-Эн-Би-Си ва Ускои Итолиё ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфтанд, ки аз байни онҳо Би-би-сии форсӣ интихоб шуд.
Содиқи Сабо, раиси бахши форсии Би-би-сӣ дар ин маросим, ки шомгоҳи ҷумъа дар шаҳри Венез (Венетсия)-и Итолиё баргузор шуд, ҳузур ёфт ва ин ҷоизаро дарёфт кард.
Вай дар гуфтугӯ бо Би-би-сӣ гуфт: “Ин ҷоиза нишон медиҳад, ки Би-би-сии форсӣ ба чӣ ҷойгоҳи муҳиме дар расонаҳои ҷаҳонӣ даст пайдо карда ва чӣ қадар ахбори Би-би-сӣ дақиқ, мутмаъин, бетараф, ҳирфаӣ ва орӣ аз ғараз аст. Дунёи хабарии расонаҳои ҷаҳонӣ ин нуктаро ҳарчи бештар ба расмият мешиносад.”
Содиқи Сабо гуфт дар ҳангоми дарёфти ин ҷоиза “барои бахши форсии Би-би-сӣ дар телевизиюн, родию ва онлайн ва ҳамаи касоне, ки талош мекунанд бахши форсӣ инчунин дар сатҳи ҷаҳонӣ ба унвони як шабакаи хабарии мустақил ва муътабар шинохта шавад”, хушнуд будааст.
Ӯ гуфт, ки ин ҷоизаро тақдим мекунад ба “ҳамаи ҳамкорони сахткӯш дар телевизиюн, родию ва онлайн, ки боъиси ифтихори бахши форсии Би-би-сӣ мешаванд ва ҳамин тавр тақдим ба садҳо ва ҳазорон шаҳрвандони маъмулӣ, ки бахусус дар Эрон дар рӯзҳое, ки иттифоқоти муҳиме дар кишвар дар ҷараён аст, аз тариқи мухталифе, аз ҷумла мубойлҳои худ барои Би-би-сӣ гузориш ва филми хабарӣ мефиристанд”
Ин дувумин ҷоизаи ҷаҳонӣ аст, ки Би-би-сии форсӣ  ахиран дарёфт мекунад.
Иттиҳодияи родию ва телевизиюнҳои байналмилалӣ низ чанде пеш ҷоизаи солонаи беҳтарин пӯшиши ҳаводиси хабариро ба Би-би-сии форсӣ эъто кард.
Ин ҷоиза ба хотири гузориши сидақиқаии телевизиюни форсии Би-би-сӣ ба номи “Интихоботе, ки Эронро ларзонд” дар бораи ҳаводиси пас аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ эҳдо шуд.
Ба гуфтаи Содиқи Сабо ин ду ҷоиза нишон медиҳад, ки дар тайи даҳ моҳе, ки аз умри телевизиюни форсии Би-би-ӣ мегузарад ин шабака тавониста ҷои худро дар Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон ва соири нуқоте, ки форсизабонон зиндагӣ мекунанд боз кунад, ва ҷомеъаи хабарии ҷаҳон низ аз он огоҳ буда ва ба расмият шинохта аст.
Вай афзуд: “Дар маросими Венез масъули Ютел сет ва Ҳотбурд бидуни ном бурдан аз касе гилояҳое дар бораи давлатҳое, ки рӯйи коноли телевизиюни форсии Би-би-сӣ порозит меандозанд, матраҳ кард, ки равшан буд манзури вай давлати Эрон аст, ки гоҳе порозит меандозад ва ихлол эҷод мекунад.”
Раиси бахши форсии Би-би-сӣ гуфт дар суҳбатҳое, ки дар ҳошияи ин маросим дошта, масъулини Ютел сет ва Ҳотбурд гуфтаанд ин бар хилофи муқаррароти байналмилалӣ аст, ки як давлате бар рӯйи конолҳои моҳвораӣ, ки аз як кишвари дигар меояд, порозит биандозад, дар ҳоле ки худи давлати Эрон аз моҳвора истифода мекунад  ва ба саросари дунё ба забони форсӣ, инглисӣ ва арабӣ барнома пахш мекунад.
Вай афзуд: “Ин ҷузъи муқаррароти байналмилалӣ аст, ки ҳам Эрон ва ҳам кишварҳои дигар бояд риъоят кунанд. Масъулони Ютел сет ва Ҳотбурд аз ин вазъият нороҳат буданд ва гуфтанд ҳамаи талошҳои худро мекунанд, то давлати Эрон ва ё ҳеҷ давлати дигаре дар дунё усулан натавонад бар рӯйи барномаҳои кишварҳои дигар порозит биандозад.”
Панҷоҳ милюн дулор, достонҳои афғонӣ ба забони инглисӣ
Ризо Муҳаммадӣ,
Шоир ва нависандаи афғон дар Лондон
“Панҷоҳ милюн дулор” номи китобе аст аз Абдулвакил Cуламал Шинворӣ, ки батозагӣ ба забони англисӣ мунташир шудааст. Шинворӣ нависандаи афғон аст, ки дар байни насле аз афғонҳо шуҳрати зиёде дорад.
Дар ин маҷмуъаи достонӣ  нависанда саъй карда дағдағаҳои иҷтимоъии мардуми Афғонистонро ба таҳрир бикашад ва ба хурофотҳо ва ҷанбаҳои суннатҳо ва русуми афғонӣ таваҷҷуҳ кунад.
Чопи ин китоб дар бозори адабиёти инглисӣ аз ду ҷиҳат ҷоизи аҳамият аст. Аввал ба ин ҷиҳат,  ки ин китоб аввалин маҷмуъаи достони мустақил аз як нависандаи афғон аст, ки ба инглисӣ тарҷума мешавад ва дувум ин ки ин китоб тавассути як мутарҷими афғон ба инглисӣ тарҷума шудааст.
Ин ду омил нишон медиҳад, ки ҳам адибони Афғонистон қобилиятҳои ҷаҳонӣ шудан ва ворид шудан ба адабиёти ҷаҳонро доранд ва ҳам ин ки афғонҳое, ки тасаллут ба забонҳои хориҷӣ доранд то чи андоза метавонанд дар муъаррифии фарҳанг ва адабиёти кишвари худашон муассир бошанд.
Ин маҷмуъа достонӣ ойинае аст аз зиндагии хеле оддии мардуми Афғонистон. Онҳое, ки дар Афғонистон ҳастанд ё дар беруни Афғонистон дар ҷой-ҷойи дунё пароканда шудаанд, аммо ҳанӯз ҳам шадидан афғонанд.
Достонҳои Вакил  моро шаҳр ба шаҳр, хона ба хона ва чеҳра ба чеҳра ба дохили ҳофизаи ҷамъии Афғонистон ва мардуми он мебарад. Достонҳои Вакил бо мо нафас мекашад, бо мо дар хиёбон роҳ меравад ва бо мо сари суфра менишинад, ғизо мехӯрад ва ба ин шакл хонандаро ба тамоми зовияҳои махфии зиндагии афғонӣ мебарад. Зовияҳое, ки маъмулан афғонҳо аз бозгӯ карданашон дар муқобили дигарон сар бозмезананд.
Абдулвакил Шинворӣ дар риштаи достонҳои худ моро дар мусалласи худамон бо хотираи ҷамъии худамон ва тамошои мардуми дунё ба сурате бараҳна танҳо мегузорад.
Ва дар ин урёнӣ ҳам аз мо чеҳрае росттар ба чашми олам нишон медиҳад ва аз мо низ ба худамон чеҳраеро нишон медиҳад, ки ҳамвора мехостаем махфӣ бидоремаш.
Достони панҷоҳ милюн дулор ривояти ҷоизае аст, ки барои сари Бин Лоден гузоштаанд ва марде ба тамаъи ин маблағ худро ба обу оташ мезанад, то ӯро биёбад ва чун аз ёфтани ӯ дар ҷустуҷӯйи мухотираомез ноумед мешавад, ногаҳон фикри шайтонӣ ба сараш мезанад.
Бародарашро мебинад, ки ҳамчеҳраи Бин ЛОден аст. Бародаре, ки сари буридаи ӯ метавонад маблағи зиёде ба ӯ ба армуғон оварад ва ҳеҷ касе низ натавонад ба мавзӯъ шак кунад.
Ин гуна нависанда бо танзе талх вориди равони шигифти одамӣ мешавад, ки дар дуроҳии шарофат ва ашрофият асир мондааст.
Достони баъдӣ достони марде аст, ки дар оғӯши маъшуқааш дар Ғарб  хабари кушта шудани занашро мешунавад ва вақте ки мутаваҷҷеҳ мешавад писари худаш ба хотири ғайрат ва масоили номусӣ модарашро куштааст. Наметавонад хушҳолиашро пинҳон кунад ва тақобули ин масаррат бо ҳайрати маъшуқаи ғарбиаш тақобуле аз рӯёрӯии шигифти суннати афғонӣ бо ҷаҳони берун аст.
Дар достони баъд фармондеҳи пулис аст, ки дар ҷустуҷӯи дуздон ба фарзандони худаш бармехурад ва дубора бо навъе тақобул мувоҷеҳ мешавем, ки дар зиндагии афғонӣ фаровон иттифоқ меафтад.
Достони “Ҷаҳони мудерн”, достони мардоне суннатӣ аст дар ҳақиқати фармондеҳони ҷиҳодӣ, ки аз Афғонистон барои ширкат дар семиноре ба Ғарб омадаанд ва шаб дар ҳотеле  бо васоили ҷаҳони ҷадид завқзада мешаванд ва субҳ бо чеҳраҳои нахобида ташти расвоиашон аз бом меафтад.
Достони “Киф”ривояти марде аст, ки дар кифи дастиаш ҷасади мурдаи кӯдакеро чун ганҷе гаронбаҳо ҳамл мекунад ва сарбозони тамаъкор ва роҳзанро ҳайратзада мекунад.
Боқӣ достонҳо ҳам ба ҳамин шакл ривояти тақобулҳои шигифту ҷодуии зиндагии афғонӣ аст.
Музоҳими телефоние, ки ба хонаи худаш ба иштибоҳ музоҳимати телефонӣ эҷод мекунад ва ё хонаводае, ки аз бумборон мегурезанд, аммо сармои ҳаво бе ҳеҷ ҳамлае онҳоро мекушад.
Тақобули баъдӣ ё дар ҳақиқат достони баъдӣ ривояти марде аст, ки дар муҳоҷират ошиқи духтаре мешавад, ки баъдҳо дармеёбад духтари худи ӯст.
Достонҳои Абдулвакил Шинворӣ ҳамаи ривояти тақобулҳои беҳуда ва аз ҷонибе музҳики зиндагии шигифти афғонӣ аст.
Ин достонҳо қиссаҳои ҷаҳонии ҷодуӣ аст. Достонҳо ҳама дар шеваи воқеъгароӣ навишта шудаанд. Аммо бо ин ҳама навъе реолисми ҷодуиро надоранд. Ин дар ҳақиқат ҷодуи зиндагии афғонҳост. Зиндагии саршор аз ҷину парӣ ва шайтон. Зиндагии асроромези ғарқ дар шайтон, ки шаётин ва аҷинаву девҳо аз ҳар ҷои ин зиндагӣ сар баланд мекунанд.
Муҳимтарин шигарди оқои Шинворӣ низ ҳамин тавсифоти ривоӣ аст. Агарчи тавсифҳои ӯ умуман куллианд ва банудрат вориди ҷузъиёт мешаванд. Нависанда ба таври кул ба ҷузъиёт аҳамият намедиҳад. Ӯ ҳеҷ вақт ба шакли маъмул шахсиятсозӣ намекунад.
Шахсиятҳои ӯ ҳама одамҳои бечеҳраанд ё дарҳақиқат одамҳои ҳамчеҳра. Ингор ҳама шахсиятҳои достонҳо ҳама як нафаранд, ки дар ҳар ҷое ба шакле тоза сар берун оварда ва маъмурияти нав ёфтаанд.
Одаме, ки ҳолатҳо ва тафаккуроташ тағйир намекунад, танҳо дар мавқеъиятҳои мухталиф ниқобҳои мутафовит ба чеҳра мезанад. Ба ин тартиб метавон достонҳои Вакил Шинвориро намунае аз ривояти мутафовити достоннависони Афғонистон аз вақоеъ ба ҳисоб овард ва шояд ҳамин масъала низ будааст, ки ношири омрикоӣ Дуронсро мутақоъид кардааст то тарҷумаи инглисии ин китобро бо тарҷумаи зебои Рашид Хатак мунташир кунад.
Бидуни шак ин иқдом метавонад оғозе тоза бошад аз ба ҷараён афтодани адабиёти имрӯзи Афғонистон дар ҷомеъаи адабии мағрибзамин.
Пирӯзии куштигирони тоҷик дар Юнон
Эраҷ Раҳимов ва Набимуҳаммад Хоркашев ду куштигири самбо аз Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷаҳонии куштии самбо дар Юнон медоли тилло ва нуқраро соҳиб шуданд.
Ин мусобиқот аз шашум то ҳаштуми ноябр дар шаҳри Солонинкаи Юнон доир шуд ва дар он варзишгарони аз 54 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд. Аз Тоҷикистон дар мусобиқоти Юнон панҷ куштигир ширкат карданд.
Ин дувумин медоли тилло дар навъи варзиши самбо аст, ки варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳонӣ дар даҳсолаи ахир ба даст меоранд.
Қаблан Сайриддин Икромов дар соли 2006 дар мусобиқоти ҷаҳонии самбо дар кишвари Чек, медоли тилло дар ин навъи варзишро дарёфт карда буд.
Эраҷ Раҳимов мегӯяд, ки аз ҳашт солагӣ ба машқи самбо оғоз кард ва аз пирӯзӣ дар мусобиқоти Юнон хушнуд аст.
Оқои Раҳимов афзуд: “ Ман дар навъи “самбои ҷангӣ” соҳиби медол шудам. Ман ва Набимуҳаммад аз он шодем ки пирӯзии мо дар ин мусобиқот имкон дод, то парчами Тоҷикистон ва суруди миллии кишварамон ду бор дар толори мусобиқот садо диҳад.”
Эраҷ Раҳимов ҳоло дар Русия дар донишгоҳи пизишкӣ таҳсил мекунад ва имрӯзҳо барои анҷоми машқҳои варзишӣ ба Тоҷикистон омадааст.
Набимуҳаммад Хоркашов, ки чаҳор бор қаҳрамони мусобиқоти барои дарёфти ҷоми Осиёӣ буд, медоли нуқраро ба худ ихтисос дод.
Толорҳо барои машқ
Дар ҳоли ҳозир ин варзишгарон бо шумули даҳ нафари дигар аз куштигирони самбо дар толори варзишии мадрасаи шумори 18-уми шаҳри Душанбе машқ мекунанд, то барои ширкат дар мусобиқоти оянда омода бошанд.
Зоҳиран ин толор хеле сард буд ва машқ дар он ба вижа дар фасли зимистон бо либосҳои варзишӣ душвор менамуд.
Бо ин вуҷуд Давлатхуҷа Раҳимов, муррабии ин варзишгарон дар ин толор машғули машқ бо ду гурӯҳи куштигирони самбо буд.
Оқои Раҳимов меафзояд, ки ҳарчанд толори варзишӣ барои гузаронидани машқҳои варзишгарон то андозае бо таҷҳизоти фаннӣ барои машқ таъмин шудааст, аммо вай муътақид аст, ки макони беҳтаре барои гузаронидани машқҳо ба теъдоди куштигирон меафзуд ва кайфияти машқҳо низ беҳтар мешуд.
Ба гуфтаи Оқои Раҳимов мушкилоти иқтисодӣ бархе аз шогирдони вайро водор ба муҳоҷират ба Русия ва кишварҳои дигар кардааст.
Давлатхуҷа Раҳимов гуфт: “Ҳоло чанде аз варзишгарон аз ҷумла Одинаев ва Давлатҷон Оминов, ки дар мусобиқоти самбо дар Тоҷикистон пирӯзиро ба даст оварда буданд, дар шаҳрҳои мухталифи Русия машғули  кор ҳастанд. Агар вазъи иқтисодии онҳо хуб мебуд, ҳоло дар Тоҷикистон фаъолият ва машқ мекарданд.”
Аммо вай мегӯяд, ки онҳо дар Русия низ ба ҷуз аз корҳҳои мухталиф, машқи куштиро низ фаромӯш накарда ва бо фароҳам шудани фурсати муносиб дар мусобиқоти самбо дар Русия ширкат мекунанд.
Ширкати “Нур” сармоя барои сафари куштигирони самбо барои ширкат дар мусобиқоти Юнонро фароҳам кардааст.
Эраҷ ва куштигирони дигар мегӯянд, ки баъд аз ширкат дар мусобиқоти ҷаҳонии куштии самбо дар Юнон, бархе аз кишварҳои Урупо онҳоро барои ширкат дар мусобиқоти самбо даъват кардаанд.
Вале дар вазъияти феълӣ, набуди сармоя ба онҳо имкони сафар ба кишварҳои хориҷиро намедиҳад.
Таъсири колоҳои плостикӣ бар рафтори писарбачаҳо
Муҳаққиқони омрикоӣ мегӯянд маводди шимиёии мавҷуд дар плостик бар мағзи писарбачаҳо таъсир гузошта ва рафтори онҳоро "занона" мекунад.
Тибқи ин мақола ҷанинҳое, ки аз тариқи раҳми модар дар маърази мизони бештаре аз ин гуна маводд қарор мегиранд, тамоюли камтаре ба бозӣ бо асбобҳое монанди мошин, қатор, туфанг ва ба таври куллӣ бозиҳои "хашинтар" монанди ҷангидан, нишон медиҳанд.
Дар ин мақола, ки дар маҷаллаи байналмилалии "Ондрулужӣ" ба чоп расидааст, нисбат ба зиёнрасонҳои фаъолиятҳои мавҷуд дар кафпӯшҳои винил ва линолеумҳо ва истифодашуда дар пардаҳои ҳамом, ибрози нигаронӣ шудааст.
Аз он ҷое ки ин фаъолиятҳо метавонанд ихтилолоти ҳурмунӣ (гормонӣ) эҷод кунанд, чандин сол аст, ки истифода аз онҳо дар бозичаҳое, ки дар Иттиҳодияи Урупо ба фурӯш мерасад, мамнӯъ шудааст. Ҳарчанд ки ҳанӯз дар бисёре аз лавозими хонагӣ, аз ҷумла лавозими плостикӣ ва зарфҳои бастабандӣ зиёд истифода мешавад.
Фаталатҳо, ки анвоъи мухталиф доранд, метавонанд вижагиҳои ҳурмуни эстружени занонро тақлид кунанд.
Ин гурӯҳи муҳаққиқон, ки аз донишгоҳи Рочестер ҳастанд, исбот кардаанд ҷанинҳое, ки аз тариқи модар дар маърази ин мавод қарор мегиранд, дар ҳангоми таваллуд ноҳинҷориҳое дар аъзои таносулиашон дида мешавад. Онҳо ҳамчунин гуфтаанд, ки бархе аз фаталатҳо бо суст кардани амалкарди ҳурмуни тестостерон, бар мағз ҳам таъсир мегузоранд.
Дуктур Шана Сван ва гурӯҳи таҳқиқотии ӯ, аз тариқи озмоиши пешоби модарон дар авосити давраи бордорӣ , мизони фаталати мавҷуд дар бадани онҳоро андозагирӣ кардаанд.
Дар ин озмоиш, 145 модар ба ҳамроҳи кӯдаконашон мавриди озмоиш қарор гирифтанд, ки аз ин теъдод 74 кӯдак писар ва 71 кӯдак духтар буданд. Ин кӯдакон пас аз таваллуд дар синни 4 то 7-солагӣ дар мавриди интихоби бозичаҳо ва ҳамчунин бозиҳои мавриди алоқаашон мавриди мутолеъа қарор гирифтанд.
Шана Сван изъон кард, ки писарбачаҳои мавриди мутолеъа хурдсол будаанд, аммо гуфт алоқаи камтари онҳо ба бозиҳои писарона мумкин аст бар рушду нумуи онҳо дар синни болотар асар бигзорад ва онҳо дар оянда рафторе "занона" аз худ нишон диҳанд.
Дилшод дубора ҳарфи аввали Осиёро зад
Меҳдии Рустампур
рӯзноманигори варзишӣ
Дилшод Назаров, партобгари қудратманди тоҷик, бори дигар медали тилои Осиёро дар партоби чакуш насиби худ кард.
Ин дар ҳоле аст, ки агарчи бархе кишварҳои Осиёи Миёна аз сармоягузориҳои ҳангуфт барои тавсеъаи варзиши худ истиқбол мекунанд, дар варзиши Тоҷикистон хабаре аз сарфи ҳазинаҳои зиёд нест.
Ҷумҳурии Озарбойҷон бо куштигирони рус дар мусобиқоти улампик ширкат кард. Имсол дар тури Фаронса, тими дучархасаворони Астанаи Қазоқистон аз Ормстронг ва Кунтовер суд бурд ва дар футболи бошгоҳҳои Ӯзбакистон ситорагоне мисли Ревалдо тӯб мезананд.
Ин кишварҳои Осиёи Миёна машғули ҷазби чеҳраҳои мумтози байналмилалӣ ҳастанд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи раиси анҷумани нависандагони варзишии Тоҷикистон, яке аз бузургтарин мушкилоти варзиши Тоҷикистон резиши афроди шоистае аст, ки моил ба идомаи фаъолият дар хориҷ аз кишвар ҳастанд.
Бо ин ҳол, Дилшод Назаров, инак марди берақиби Осиё дар модаи қудратии партоби чакуш аст ва бо парчами Тоҷикистон, як бори дигар қаҳрамони Осиё лақаб гирифт.
Назаров дар ҷараёни рақобатҳои қаҳрамонии Осиё ба мизбонии Чин, муваффақ шуд Алӣ Зайн Ковӣ аз Кувейтро пушти сар бигзорад. Кова Мусавӣ аз Эрон ҳам ба мақоме беҳтар аз панҷумӣ даст пайдо накард.
Ҷолиб ин ҷост, ки ду сол қабл дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, Алӣ Зайн Ковии кувейтӣ бо 71\75 метр ва дақиқан як метр бештар аз Назаров рӯйи сакуи аввал истода буд. Аммо имсол дар Гуанҷу, ҳеҷ кас натавонист чакушро дуртар аз варзишкори нерӯманди тоҷикистонӣ биандозад.
Собиқаи набарди Зайн Ковӣ аз Кувейт ва Дилшод Назаров аз Тоҷикистон, ба мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар соли 2003 бозмегардад; рақобате, ки ҳар бор бо пирӯзии яке аз ин ду ҳамроҳ буда.
Дар ин набардҳои так ба так саҳми партобгари кувейтӣ аз медалҳои тило бештар буда, аммо муҳимтарин мусобиқаро Дилшод бурдааст. Яъне бозиҳои осиёии 2006 дар Доҳа, ки медали тило насиби ӯ шуд ва Зайн Ковӣ нуқра гирифт.
Дилшод имсол дар мусобиқоти ҷаҳонӣ низ ҳузур дошт; ҷое ки партобгари словенияӣ ҳамонанди Улумпики Пекин медали тило гирифт.
Дилшод дар Берлин муваффақ шуд ба финал роҳ пайдо кунад, гарчи ба унвонии беҳтар аз ёздаҳум даст наёфт.
Қаҳрамони партоби чакуши Осиё, улгу (намунаи ибрат)-и варзишии худро Андрей Абдувалиев муъаррифӣ мекунад.
Андрей низ тоҷик аст ва дар ҳамин мода медали тилои Улампики Барселонро тасоҳуб кард.
Бо таваҷҷуҳ ба мавонеъи мавҷуд, бояд дид оё барои пешрафти варзишкорони боистеъдоде монанди Дилшод Назаров барномае вуҷуд дорад, ки битавонанд муваффақиятҳои худро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳам такрор кунанд?
Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва гардишгарии Тоҷикистон аз тарҳҳои ҷадид давлат барои ҳимояти молӣ аз варзишкорони Тоҷикистон дар 4 соли оянда хабар додааст.
Ӯ гуфтааст давлат дар заминаи таъмини буҷет барои хариди таҷҳизоти варзишӣ ва бозсозии стадионҳо ва майдонҳои варзишӣ низ иқдом хоҳад намуд.
Ба ақидаи Неъматов, дар гузашта низ кумакҳое дар мусобиқоти байналмилалӣ ба варзишкорон шуда, аммо ҳимоятҳо умуман то фасли баъд идома пайдо накарда ва таъсири чандоне дар пешрафти варзишкорони миллӣ надоштааст.
Афзоиши нуфузи Чин дар Тоҷикистон
Тоҷикистон барои баррасии ҷониби Чин 10 тарҳро пешниҳод кардааст, ки ҳазинаи умумиаш ҳудуди 3 милиёрд дулорро ташкил медиҳад.
У Хайюй, муъовини раиси Анҷумани Ҳамкориҳои Фаннию Иқтисодии Чин ва Урупо гуфт, мақомоти Тоҷикистон ба ҳайати чинӣ бунёди нерӯгоҳҳои мутавасситу кучаки обӣ, роҳҳою пулҳои иртиботӣ, тунел, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва сохтмони роҳҳои оҳанро аз бахшҳои аслии ин тарҳҳо унвон кардаанд.
Дар нахустин ҳамоиши сармоягузорӣ ва тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Чин, ки рӯзи ҷумъа, 13 ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ҷониби Чин омодагии худро барои баррасии тарҳҳои пешниҳодӣ иброз кард.
Сюй Бин Тсзин, раҳбари ҳайати чинӣ гуфт, ки кишвараш барои рафъи авоқиби буҳрони ҷаҳонии молӣ барои кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгхой 10 милиёрд дулор ихтисос дода ва ин сармоя барои тарҳҳои мушаххаси ин кишварҳо тахсис хоҳад шуд.
Ҳамкориҳо миёни соҳибкорони тоҷику чинӣ
Дар ин ҳамоиш намояндагони ҳудуди 50 корхонаву ширкатҳои Пекин, Шонгхой ва дигар шаҳрҳои бузурги Чин ва 60 соҳибкори чинӣ ширкат доштанд.
Бад ин тартиб, тоҷирону соҳибкорони тоҷик имкон пайдо карданд, ки ба ҳамтоёни чинии худ тарҳҳои инфиродии корхонаю ширкатҳояшонро пешниҳод кунанд.
Муллозуҳур Тоҳирӣ, раиси Маркази беҳдории “Дуктур Тоҳирӣ” бо намояндагони ширкатҳои тибби мардумии уйғурӣ ва корхонаи хусусии дорусозии шаҳри Пекини Чин сатмҳои ҳамкориҳои мутақобилан судмандро матраҳ кардааст.
Оқои Тоҳирӣ мегӯяд, Тоҷикистон набояд танҳо кишвари воридкунандаи коло аз Чин бошад ва  худ низ ба Чин колоҳое, назири дору аз гиёҳҳои шифобахш содир кунад.
Ба гуфтаи Беҳрӯз Забиров, раиси Шӯрои ҳамоҳангсози Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистон, соҳибкорони чинӣ ба бештари тарҳҳои соҳибкорони тоҷик ба чашми тардид менигаранд.
Зеро дар ин гуна тарҳҳо саҳми сармоягузорони дохилӣ сифр аст ва  ин вазъ барои сармоягузорони Чин шубҳаомез будааст.
Оқои Забиров гуфт, ки дар тасаввури сармоягузорони чинӣ тарҳи аз ҷониби сармоягузори дохилӣ пуштибонӣ нашуда тарҳи муҳим ва муфид маҳсуб намешавад.
Бо ин вуҷуд, имрӯз миёни корхонаву ширкатҳои давлатию хусусии Тоҷикистону Чин асноди ҳамкориҳо имзо гардид.
Аз ҷумла, ширкати “Тин Су”-и шаҳри Пекин бар асоси тавофуқи ҳосилшуда ба ширкати “Тоҷиктрансгоз” ҳисобкунакҳои гоз ва таҷҳизоти ҷадиди дигар содир хоҳад кард.
Чин аз шарикони аслии Тоҷикистон дар бахшҳои иқтисодию тиҷоратӣ маҳсуб шуда ва табодули коло миёни ин ду кишвар дар соли гузашта 1,5 милиёрд дулорро ташкил додааст.
Ҳоло чаҳор ширкати муштараки Тоҷикистону Чини  “ТК-Мобайл”, “Сомонком”, “Зарафшон-Панҷакент” ва “Тоҷик-Хай-Лу” фаъолият мекунад.
Давлаталӣ Саидов, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон дар ҳамоиши сармоягузорӣ ва тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Чин гуфт, ки ҳамакнун барои истихроҷи маъдани “Кони Мансури Калон”, яке аз  бузургтарин маъодини нуқраи ҷаҳон тендер ё музойидаи байналмилалӣ эълом шуда ва давлати Тоҷикистон ба мушорикати ширкатҳои чинӣ дар он алоқаманд аст.
Илоҷи воқеъа пеш аз вуқӯъ
Бар асоси иттилоъи вазорати беҳдошти Тоҷикистон, то ҳоло дар кишвар ҳудуди 500 нафар дар ибтило ба бемории зукоми хукӣ гумонбар шуда ва ташхис шудаанд.
Ба гуфтаи Аъзам Мирзоев, муъовини вазири беҳдошти Тоҷикистон аз моҳи май бад-ин сӯ намунаҳои ташхиси 150 нафар аз ин теъдод ба ташхисгоҳи вижаи Бритониё ироа шуда, вале то ҳол натоиҷи ҳеҷ яке аз ин ташхисҳо ба онҳо гузориш нашудааст.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи оқои Мирзоев, ҳарчанд вазорати онҳо аз Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ҳанӯз дар моҳи август дархости воксин алайҳи бемориии зукоми хукиро карда буд, вале ин воксин то ҳол дар ихтиёри пизишкони тоҷик гузошта нашудааст.
Дар ҳар сурат, ба назар мерасад, ки ҳеҷ нигароние дар ин замина миёни шаҳрвандони Тоҷикистон эҳсос намешавад.
Чи гуна аз зукоми хукӣ эмин бимонем?
Ҳарчанд мақомоти вазорати беҳдошти Тоҷикистон мегӯянд, ки набояд мардумро бо бемории зукоми хукӣ тарсонд, бештари шаҳрвандон натанҳо биме аз вируси зукоми хукӣ надоранд, балки аз сӯҳбати мо бо гурӯҳе аз сокинони шаҳр нишон дод, ки онҳо иттилоъи одитарин дар бораи ин вирусро низ надоранд.
Барои мисол Насруллои 46 сола дар посух ба ин савол, ки дар бораи бемории зукоми хукӣ чи иттилоъ дорад, гуфт: "Намедонам, фақат медонам, ки хук хӯрдан ҳаром аст, вале намедонам, зукоми хукӣ чи ҳаст."
Ибодуллоҳ 38 сола дар ин бора гуфт: "Шунидем дар бораи вуҷуди ин беморӣ, аммо намедонем, ки нишонаҳои он чӣ ҳаст."
Сафовиддини 40 сола: "Саҳар родиюро гӯш кардам, гуфтанд, ки дар Қирғизистон чандин нафар ба ҳамин беморӣ гирифтор шудааст ва бештари онҳо аз муҳоҷирати корӣ аз Русия баргаштаанд. Аммо дар мо ин беморӣ нест, барои ҳамин парво надорем."
Ҷавоби Бибигул як сокини ноҳияи Рашт дар ин бора мунҳасирбафар буд: "Ман дар давоми як ду моҳ дуюм бор бемории зуком дорам, ҳоло ҳам таб дорам. Вале мо мардуми тоҷик касалро пинҳон мекунем. Шавҳарам намегузоад ман назди пизишк биравам. Табибии тоҷикӣ ё назди мулло рафта ману фарзандамро "хонондан лозим", мегӯяд."
Бо ин ҳол Аъзам Мирзоев, муъовини вазири беҳдошти Тоҷикистон гуфт: "Ба эҳтимоли зиёд миёни афроде ки мо қаблан ташхис кардаем ва ё дар хона бемории зукомро аз сар гузарониданд, дарвоқеъ беморони зукоми хукӣ низ буданд, вале намуди сабуки он бемориро доштанд. Намуди камшиддати ин зукоми хукӣ метавонад ба монанди вируси  маъмулии зуком табобат шавад, фақат муҳим ин аст, ки беморӣ "кӯҳна" нашавад."
Баррасии таҷдиди “Востокредмет”
Паёмадҳои бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ба оғози муҷаддади фаъолияти корхонаи коркарди маъодини урониюм дар Тоҷикистон монеъ шудааст.
Ба гуфтаи Николай Спасский, муъовини раиси ширкати “Росатом”, Русия ҳамчунон ба фаъолияти муштарак дар ин корхона алоқаманд аст.
Ин дар ҳолест, ки Қазоқистон низ ба таъсиси корхонаи муштараки коркарди маъодини урониюм дар Тоҷикистон мойил аст.
Ин матлаб рӯзи панҷшанбеи 12 ноябр дар ҷаласаи Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодии Уруосиё дар шаҳри Душанбе матраҳ шуд. Ҳадафи фаъолияти ин Шӯро танзими фаъолиятҳои кишварҳои узви ин созмон  дар заминаи истифода сулҳомез аз нерӯи ҳастаӣ унвон мешавад.
Ба гуфтаи Николай Спасский, дар чорчӯби кори ин Шӯро ҳамчунин масоили марбут ба фаъолиятҳои муштараки кишварҳои Узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодии Уруосиё дар заминаи истихроҷ, коркард ва ғанисозии урониюм матраҳ мешавад.
Оқои Спасский дар посух ба ин суол, ки оё Русия ба фаъол сохтани корхонаи коркардани маъодини “Востокредмет” дар шимоли Тоҷикистон ҳамчунон алоқаманд аст ё хайр, гуфт, ки “Русия ҳаргиз аз мушорикат дар ин тарҳ сарфи назар нахоҳад кард.”
Вай афзуд: “Мо иттилоъ дорем, ки дар Тоҷикистон конҳои ҷадиди маъодини урониюм кашф шудаанд. Корхонаи бузурги коркарди ин маъодин вуҷуд дорад. Дар тобистони соли гузашта дар ҷараёни дидори Президенти Русия аз Тоҷикистон дар ин замина асноде низ ба имзо расида буд. Ҳоло дар иҷрои ин тавофуқот гомҳои нахустине гузошта мешаванд. Мутмаъинем, ки дар ин кор муваффақ хоҳем шуд.”
Ҷаббор Саломов, муъовини раиси Ожонсии назорат бар вазъи ташаъшуъ дар Тоҷикистон мегӯяд, ки интизор мерафт, корхонаи “Востокредмет” аз муддатҳо қабл дуброа фаъол шавад.
Вале, пайёмадҳои бӯҳрони ҷаҳонии молӣ дар иҷрои ин амр мавонеъ эҷод кардааст. Оқои Саломов афзуд, ки ҳарчанд оғози кори ин корхонаи муштарак ба таъхир уфтодааст, вале бо фароҳам шудани шароити молӣ, истихроҷ ва коркарди маъодини урониюм дар Тоҷикистон азсар гирифта хоҳад шуд.
Ҷаббор Саломов мегӯяд, ки ба ҷуз аз Русия, Қазоқистон ва бархе аз кишварҳои дигар низ ба таъсиси корхонаи муштараки коркарди урониюм дар Тоҷикистон алоқаманд ҳастанд. Вале, Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо Русия бештар моил аст, зеро дар гузашта ин ду кишвар дар ин замина аз таҷрубаи ғанӣ бархурдоранд.
Темур Жантикин, раиси Кумитаи нерӯи ҳастаии Вазорати энержӣ ва захойири табийии Қазоқистон мегӯяд, ки кишвараш низ бо Тоҷикистон дар заминаи коркарди маъодини урониюм таҷруба доштааст.
Зеро то чанд соли қабл маъодини урониюми дар Қазоқистон истихроҷ шуда, дар корхонаи “Востокредмет” коркард  ва дубора ба Қазоқистон интиқол мешуд. Вай афзуд, ки туҷҷор ва давлати Қазоқистон ба таъсиси корхонаи муштараке бо Тоҷикистон дар ин замина омода ҳастанд.
Ба эътиқоди оқои Жантикин, захойири энержӣ дар ҷаҳон рӯ ба коҳиш аст ва баҳои урониюм дар бозорҳо пайваста афзоиш хоҳад дошт. Ба ин далел, истихроҷ ва коркарди маъодини урониюм ҳамвора бештар судовар хоҳад шуд.
Ҷаббор Саломов, муъовини раиси Ожонсии назорат бар вазъи ташшашуъ дар Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳоло дар Бадахшони Кӯҳистон, манотиқи Рашт ва Ҳисор конҳои ҷадиди маъодини урониюм кашф шудаанд, вале ҳанӯз иттиолъи дақиқе дар бораи мизони захойири урониюм дар ин конҳо ба даст наомадааст.
Вай афзуд, ки конҳои маъодини урониюм дар шимоли Тоҷикистон, ки аз даҳаи 1940 ба ин сӯ истифода шуданд ва нахустин бумби ҳастаии Иттиҳоди Шӯравӣ аз маводди ин конҳо тавлид шудааст, ҳоло муассир нестанд.
Вале ба гуфтаи оқои Саломов, маъодини коркардшудаи урониюм дар партовгоҳҳои, воқеъ дар шимоли Тоҷикистон, метавонанд дубора мавриди коркард қарор бигиранд.
Зеро, дар даҳаи 1940 ва 1950 текнулужии истихроҷи урониюм аз ин маъодин муассир набуд ва наҳваи муосири коркард имкон медиҳад, ки ин маъодин дубора истифода шавад.
Гуфта мешавад, ки ҳоло дар қаламрави Тоҷикистон ҳудуди 55 милюн тун чунин маъодини коркардшуда ё зуболаҳои родиюоктиф вуҷуд дорад. Бархе аз онҳо барои сокинони манотиқи атрофи чунин партовгоҳҳо хатар эҷод мекунад, зеро мизони ташшашуъ дар онҳо то сад маротиба бештар аз меъёр аст.
Дар ҳамин ҳол, ширкаткунандаҳои нишасти рӯзи панҷшанбеи Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодии Уруосиё дар Душанбе, тасмим гирифтаанд, ки барои безарар сохтани партовгоҳҳои маъодини урониюм дар Тоҷикистон аз Бонки ин созмон маблағи ҳудуди 10 милюн дулор тахсис диҳанд.
Тасмими ниҳоӣ дар ин замина аз сӯйи раҳбарони кишварҳои  Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодии Уруосиё дар нишасти ояндаи онҳо гирифта хоҳад шуд.
Нигоҳе ба зиндагӣ дар баландкӯҳҳои Афғонистон
Заринаи Хушвақт
Би-би-сӣ, Душанбе
Сокинони манотиқи баландкӯҳи Бадахшони Афғонистон мегӯянд, ки дар фасли сармо аксари мардуми ин минтақа бо мушкилоти бештари иҷтимоъӣ рӯбарӯ мешаванд.
Адами иртиботи заминӣ ва набуди роҳҳои ҳавоӣ аз ин минтақа ба шаҳрҳои марказии Афғонистон, камбуди пизишкон ва омӯзгорон ва камбуди маводди ғазоӣ аз ҷумлаи душвориҳоест, ки аксари сокинон дар суҳбат бо Би-би-сӣ ба он таъкид карданд.
Ҳамчунин мушкили дастрасӣ ба хадамоти беҳдоштӣ дар фасли зимистон мӯҷиби афзоиши маргу мир дар миёни сокинон ва бавижа кӯдакони бемор дар рустоҳои дуруфтодаи Бадахшони Афғонистон шудааст.
“Бунбаст дар кӯҳистон”
Рустои Боғирез, яке аз даҳҳо деҳоти вулусволии Дарвоз дар Бадахшони Афғонистон аст, ки ба гуфтаи сокинони он, набуди роҳҳои иртиботӣ маҳалли онҳоро чун даҳҳо рустои дигари ин минтақаи баландкӯҳ дар “бунбасти иртиботӣ” қарор додааст.
Дар рустоҳои вулусволии Дарвоз теъдоди сокинони таҳсилкарда дар донишгоҳҳои олӣ андак аст.
Давлатхудои Покзод, яке аз сокинони таҳсилкардаи ин рустост, ки мудирияти маъорифи вулусволии Дарвози Бадахшонро ба ӯҳда дорад.
Оқои Покзод мегӯяд, ки вазъияти омӯзишу парвариш дар ин минтақаи дуруфтода тайи солҳои ахир беҳбуд ёфтааст.
Аммо вай афзуд: ”Ҳанӯз мушикилоти зиёде домангири шогирдону муаллимон дар арсаи омӯзишу парвариш дар Дарвоз аст. Фарзи мисол мо агар хостем ба марказ номае ирсол кунем, ба сабаби мушкилоти роҳ барои дарёфти ин нома ва посух ба он рӯзҳои зиёде сипарӣ мешаванд.”
Оқои Покзод мегӯяд, ки дар минтақаи онҳо барои ҷалби духтарон ба омӯзишу парвариш фаъолиятҳое анҷом шуда ва ҳудуди 30 дар сади муъаллимони макотиби минтақа аз ҷумлаи занон ва духтарон будаанд.
Кӯдакон ва ҷавонон
Лисеи Нусай яке аз бузургтарин муассисаҳои омӯзишии ин минтақа аст, ки дар он ҳудуди 800 шогирд таҳсил мекунанд.
Раҳматулло Ҳойил яке аз омӯзгорони ин лисе мегӯяд, ки камбуди синфхонаҳо дар мадраса онҳоро водор кардаст, ки духтарону писарони боло аз клоси ҳаштумро дар як синфхона ҷо кунанд. Вай афзуд, ки бисёре аз волидони шогирдон, мухолифи ин иқдоми омӯзгорон ҳастанд.
Ҳамчунин ба гуфтаи вай мушкилоти кутуби дарсӣ ва дигар васоли омӯзишӣ барои тадриси хуби шогирдон имкон намедиҳад.
Оқои Раҳматулло мегӯяд, ки муъаллимони ин мадраса ҳудуди 100 дулор ҳуқуқ дарёфт мекунанд ва аз ҳашт моҳ бад ин сӯ ҳуқуқашонро дарёфт накардаанд.
Рафӣ Муҳаммад, масъули шифохонаи Нусай мегӯяд, ки мушкилоти арсаи  беҳдошти кӯдакон ва занон бо ифтитоҳи шифохона то андозае рафъ шуд.
Ҳамчунин вай афзуд, ки ахиран бар асосии як тавофуқ миёни Тоҷикистону Афғонистон бемороне, ки ҳолашон вахим аст, ба бемористонҳои Бадахшони Тоҷикистон интиқол хоҳанд ёфт.
Оқои Муҳаммад мегӯяд: “Мушкили рафту омад дар фасли зимистон имкони интиқоли кӯдакони беморро ба шифохона намедиҳад ва мутаассифона маргу мир миёни кӯдакон дар рустоҳои дуруфтодаи Бадахшони Афғонистон ҷо дорад. Ҳарчанд омори дақиқе дар ин маврид дар даст надорем.”
Мушкилоти занон ва духтарон
Нурбибӣ ҳамсари оқои Покзод аз ҷумлаи андак занони рустои Боғирез аст, ки дар муассисаи вобаста ба Оғохони чаҳор фаъолият дорад. Нурбибӣ мегӯяд, ки мушкилоти занону духтарони ин минтақаро ба хубӣ балад аст, зеро фаъолиятҳои вай вобаста ба занону кӯдакон аст.
Хонум Нурбибӣ мегӯяд: “Шифохонае, ки бо кӯмаки бунёди Оғохон сохта шудааст, танҳо муассисаи беҳдошти аст, ки ба мардум хадамоти беҳдошти ироа мекунад. Танҳо пизишки ин шифохона аз Бадахшони Тоҷикистон аст. Мо пизишкони хонум надорем.”
Нурбибӣ ба ин суол ки оё куллия духтарони ҷавон дар Дарвози Афғонистон бо омӯзишу парвариш фаро гирифта шудаанд ё хайр чунин посух дод: “Ҳарчанд дар рустоҳои Нусай бештари духтарон равонаи мактаб шудаанд, аммо бархе аз падарон дар рустоҳои дурдаст, ҳанӯз ҳам барои таҳсили духтаронашон мавонеъ эҷод мекунанд.“
Аз панҷ фарзандаш Нурбибӣ ва Давлатхудо  дутои онҳо духтарон ҳастанд. Нурбибӣ ва Давлатхудо орзу доранд, ки ҳар ду духтарашон таҳсил кунанд ва дар шароитит дигаре ба сар баранд.
Қандигул хонуми дигаре, ки дар ҳамсоягии Нурбибӣ ба сар мебарад низ мегӯяд, ки саъй хоҳад кард духтараш дар шаҳри бузург таҳсил кунад: “Ватани мо хеле ақабмонда аст ва занону духтарон бо мушкилоти фарвоне рӯбарӯ ҳастад. Бархе аз кӯдакони мариз аз рустоҳои дур бар асари бемориҳо ҷони худро аз даст медиҳанд.”
“Занони он сӯи рудхона”
Бибинур, яке аз хонумони солманди деҳа аст, ки зоҳиран хеле алоқаманди суҳбат бо хабарнигорон буд.
Аммо хонум Бибинур афзуд, ки забони муъоширати мардуми ин русто лаҳҷаи хосеро дорад ва барои вай бо ин забон суҳбат кардан гуворотар будааст.
Ин хонуми солманд афзуд:  “Ман намедонам чанд сол дорам. Савод ҳам надорам. Ва он ҷи ки ман аз овони ҷавониям мушоҳида кардам, ин аст, ки зиндагии мо аз зиндагии иҷтимоъии занону духтарони дар он сӯи рӯдхонаи Ому куллан тафовут дорад. Мо дар манзил зоймон мекунем ва занони он сӯи рудхона таҳти муроқибати пизишкон қарор доранд. Ман шоҳиди марги занони зиёде ба ҳангоми зоймон будам.”
Ба ақидаи ин хонуми солманд тамоми мушкилоти занону духтарон дар қисмати Бадахшони Афғонистон марбут ба маҳрум мондани онҳо аз таҳсилот будааст.
Адами роҳҳои иртиботӣ
Он чи дар рустои Боғирез ба мушоҳида мерасид, мардум бештари корҳои рӯзгорро бо истифода аз ҳайвоноти аҳлӣ анҷом медоданд ва бисёре аз онҳо мегуфтанд, ки сафар ба рустоҳои ҳамсоя ва ё ба Файзобод, маркази устони Бадахшони Афғонистон низ бо асп ва ё хар анҷом мегирад.
Меъроҷиддини Нуриддин, сокини рустои Навободи Нусайи Бадахшони Афғонистон мегӯяд: “Минтақаи мо ба дур аз ҷанг буд, аммо адами таҷваҷҷуҳи зимомдорон ба ин минтақа, “онро ба Гувантанамуи дуввум” табдил додааст. Мушкили аслӣ он аст, ки роҳҳои иртиботӣ то ҳол ба минтиқа бунёд нашудааст. Ва қимати маводди ғазоӣ, ки тавассути роҳҳои кишвари ҳамсоя ба ин ҷо интиқол меёбад ба маротиб гарон мешавад. Аммо мардум барои харидории он пул надоранд.”
Оқои Нуриддин бо ишораи даст ба сӯи қисмати Бадахшони Тоҷикистон мегӯяд: “Дар минтақаи Бадахшони Шӯравии қаблӣ, дар муқоиса ба Бадахшони Афғонистон мардум дар шароити беҳтаре ба сар мебаранд, зеро аз муддатҳо қабл саракҳои (роҳҳои) утумубилгард сохта шуда буд.”
Оқои Нуриддин мегӯяд, ки аз раиси ҷумҳурии Афғонистон дархост дорад то барои беҳбудии зиндагии мардуми Бадахшони Афғонистон ва бунёди роҳҳои иртиботӣ ба кулия нуқоти душворгузари ин минтақа тадобири зарурӣ андешанд.
Пули иртиботӣ
Зайналобиддин вулусволӣ Дарвози Афғонистон мегӯяд, ки беш аз 32 ҳазор сокин дар ин вулусволӣ ба сар мебаранд.
Оқои Зайналобиддин мегӯяд, ки мушкили пардохти ҳуқуқ барои муъаллимонро надоранд. Вай афзуд: “Ҳоло дар ҳамаи мадориси ин ноҳия муаллимон ба таври озмоишӣ фаъолият мекунанд. Баъд аз дақиқ кардани сатҳи ҳирфаии онҳо ва теъдоди дақиқи онҳо мо ҳуқуқи муалимонро низ муайян карда барояшон пардохт хоҳем кард.”
Вулусволи Дарвоз низ мушкили аслии минтақаро набуди роҳҳои иртиботи заминӣ унвон кард.
Аксари сокинони рустои Боғирези Дарвози Бадахшон мегӯянд, ки бо ифтитоҳи пули иртиботии миёни Тоҷикистону Афғонистон зиндагии иҷтимоъии онҳо то андозае беҳтар шудааст.
Аммо истифодаи ҳамешагӣ аз ин роҳ барои онҳо ба сабаби дарёфти раводид номумкин аст. Вале аксари коло ва маводди ғазоӣ ба ин русто ва деҳоти атроф аз роҳи иртиботии Тоҷикистон интиқол меёбад. Сокинони русто аз шабакаи Оғохони чаҳор барои бунёди ин пули иртиботӣ, бинои ҷадиди мадраса ва шифохонаи Нусай изҳори сипос карданд.
Дар роҳи бозгашт аз Дарвози Афғонистон ба ноҳияи Дарвози Тоҷикистон дидам, ки ду комюни ҳомили кӯмакҳои башардӯстона аз  ин пул убур карданд.
Назари хонандагон дар бораи ин матлаб
Рустам аз Душанбе:
Ба ростӣ, ки  аз гузориши  мухтасари Зарринаи Хушвахт он қадар  навгониҳое аз ҳолу ахволи зиндагии минтақаи аз чашми оламиён дуруфутодаи мардуми кӯҳистонро бароям дарёфтам, ки тӯли тамоми умрам ин қадар иттилоъро надошта будам.
Аксбардорихои Заррина ин маводи иттилоъотиро дучанд пурмазмунтару  зеботар ва пурратар  гардондаанд.
Агар имкон даст дихад, шояд Заррина чунин ҳадисхои мусавварро аз дигар манотики аз чашми оламиён дар канормондаи кӯҳистони Бадахшони Афгонистон - ба монанди вулусволихои Шуғнону Ишкошим, Рӯшону Мунчон ва  гайрахо идома дихад ва чахонро аз рӯзгору зиндагинома ва мушкилоти  ин мардуме, ки аз умқи асрхо бо забони Авастоиву чеҳраи ориёӣ то ба имрӯз расида омадаанд, омода созанд.
Дар ин кори хайр ба Зарринабону тавфиқ мехоҳам!
Валӣ аз Осло, Норвей:
Салом ва дуруд ба шумо!
Ман бисёр аз дидани ин аксҳо хуш шудам. Ман аз он диёр астам, вале 32 сол аст, ки аз он ҷо дурам ва ин кори шумо манро шод сохтааст ва ман навиштаҳои шуморо хондам, хеле сари ҳол шудам, барои он ки 32 сол аст аз он ҷо дурам ва иттилоъ надорам. Агар зиёдтар акс бигзоред, маро хуш месозед, барои он ки ман дур аз диёр астам ва сафар бароям мушкил аст.
Муваффақ бошед.
Ҳушдор ба масрафкунандагони аспирин
Пажӯҳишгарон мегӯянд касоне ки бемориҳои ҷиддии қалбӣ ва уруқӣ надоранд, набояд барои ҷилавгирӣ аз ҳамлаи қалбӣ ва сактаи  мағзӣ аспирин масраф кунанд.
Аз мутолеъае, ки дар ин бора сурат гирифта, чунин натиҷагирӣ мешавад, ки масрафи аспирин метавонад боъиси хунрезии ҷиддии дохилӣ шавад ва ҳамчунин монеъи маргҳои ношӣ аз бемориҳои қалбӣ ва уруқӣ низ намешавад.
Пажӯҳишгароне, ки дар ин баррасӣ ширкат доштаанд, тавсия мекунанд, ки пизишкон бояд вазъи тамоми беморонеро, ки дар ҳоли ҳозир барои ҷилавгирӣ аз нороҳатиҳои қалбӣ аспирин масраф мекунанд, баррасӣ кунанд.
Колеҷи салтанатии пизишкони хонавода, дар Бритониё ин тавсияро таъйид кардааст.
Истифода аз аспирин бо доза (миқдор)-и пойин дар касоне ки дорои бемориҳои қалбӣ ва уруқӣ ҳастанд ва дучори сактаи қалбӣ ё мағзӣ шудаанд барои ҷилавгирӣ аз ташдиди ин бемориҳо тавсия мешавад.
Вале дар Бритониё ҳазорон нафар муътақиданд, ки масрафи аспирин барои пешгирӣ аз дучор шудан ба ин бемориҳо муассир аст.
Дар фосилаи солҳои 2005 ва 2008 истифода аз аспирин ба манзури ҷилавгирӣ аз бемориҳои қалбӣ дар чанд гурӯҳ аз бемороне, ки собиқаи бемориҳои қалбӣ надоштаанд, тавсия шуда буд.
Ашхоси аз 50 сол болое, ки дучори диабети навъи 2 буданд ва низ касоне ки фишори хунашон боло буд, аз афроде буданд, ки истифода аз аспирин ба онҳо тавсия мешавад
Вале натиҷаи мутолеъоте, ки бар рӯйи 95 ҳазор бемор сурат гирифта ва акнун дар нашрияи пизишкии Лонест чоп шуда, аз ин тавсия ба далели оризаи ҷиддии хунрезии меъда барои ин гурӯҳ аз масрафкунандагони аспирин ҳимоят намекунад.
Бахусус, ки таъсири масрафи он дар ҷилавгирӣ аз марги беморон чандон қобили таваҷҷуҳ нест.
Раиси Колеҷи салтанатии пизишкони хонавода дар Бритониё ин ёфтаҳоро таъйид карда  ва дархост карда дастурамали мавҷуд дар бораи масрафи аспирин ислоҳ шавад.
Бунёди қалби Бритониё мегӯяд: "Мо ба мардум тасия мекунем, ки қабл аз машварат бо пизишки худ аспиринро ба таври рӯзона масраф накунанд.. Беҳтарин роҳ барои коҳиши хатари бемории қалбӣ сигор накашидан, масрафи ғизоҳое, ки чарбиаш кам аст, хӯрдани мева ва сабзиҷот ва низ фаъолиятҳои муназзами баданӣ аст.
Озодии ноболиғон аз маҳбас
Мардони Муҳаммад
Би-би-сӣ, Душанбе
Аз ҷумлаи 74 маҳбус дар зиндони ноболиғони шаҳри Душанбе 23 нафар бар асоси Қонуни афв озод шуданд.
Гуфта мешавад, афроди дигар муртакиби ҷароими  сангин, назири қатлу роҳзанӣ шуда ва  аз зиндон озод нахоҳанд шуд.
Фақр омили ҷароим
Ҷӯрахон 17 сол дошта ва сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, дар ҷануби Тоҷикистон аст. Соли гузашта ба ҷурми дуздии амвол ба 3 сол зиндон маҳкум шуд.
Ба гуфтаи Ҷӯрахон хонаводаи ӯ  мувоҷеҳи мушкилоти иқтисодӣ буда ва рӯзгорашон ба сахтӣ мегузаштааст.
Пуле, ки падараш аз ронандагии токсӣ ба даст меовард, барои гузарони рӯзгор кифоят намекард.
Аз ин лиҳоз, ӯ ба унвони фарзанди бузурги хонавода барои пайдо кардани кор ба бозори мардикорони шаҳри Қӯрғонтеппа рафта ва  муддати 7 моҳ бо чанд аз ҳамсолони худ дар хонаи як сокини шаҳр корҳои сохтмониро иҷро кардааст.
Аммо пас аз анҷоми кор корфармо аз додани дастмузд саркашӣ кардааст ва талошҳо барои дарёфти музди кор натиҷаи мусбӣ ба дунбол надоштааст.
Ин вазъ Ҷӯрахону дӯстонашро водор кардаааст, ки  гови корфарморо дуздида ба бозор баранд, то ба ҳисоби пули он дастмузди худро рӯёнанд.
Вале дар бозор Ҷӯрахон Мӯҳтоҷовро пулис дастгир карда ва додгоҳ ӯро ба ҷруми дуздӣ ба муддати 3 сол равонаи зиндон кард.
Аъзам Бӯриев, яке дигар аз зиндониёни ноболиғ мегӯяд, ки падараш фавт карда ва модараш бекор аст.
Ӯ барои худ кори мувофиқ пайдо карда натавониста ва ба дуздӣ даст задааст.
Ҷаҳонгир Қурбонов ҳам барои дуздӣ маҳкум ба зиндон шудааст. Дуздии  ӯ бо рабудани чархҳои утумубил шурӯъ шуда ва баъдан худраверо дуздидааст.
Барои ин ҷурм Ҷаҳонгир ба муддати 5 сол равонаи зиндон шуд. Як солу чаҳор моҳро ӯ дар зиндони ноболиғони шаҳри Душанбе сипарӣ карда ва ҳамакнун бар асоси Қонуни афв озод мешавад.
Ноболиғоне, ки рӯзи сешанбеи 10 ноябр аз зиндони ноболиғони шаҳри Душанбе озод шуданд, савганд ёд карданд, ки дигар даст ба ҳеч ҷароиме нахоҳанд зад.
Аммо коршиносон ба ин хушбинӣ тардид карда ва мегӯянд, ки бозгашти ин афрод ба муҳити фақр ва бекорӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон мумкин аст онҳоро барои гузарони рӯзгори худ ва хонаводаашон барои дарёфти дастмузд аз роҳҳои ғайриқонунӣ водор кунад.
Бераҳмӣ аз куҷо маншаъ мегирад?
Ба гуфтаи масъулони зиндони ноболиғони шаҳри Душанбе тибқи Қонуни афв танҳо як сеюми маҳбусон озод мешаванд.
Гулзора Тайгишоева, раҳбари бахши сабти номи вижаи Идораи зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистон ва масъули раванди озодии ноболиғон аз зиндон гуфт, ки бештари зиндониёни ноболиғ муртакиби ҷиноёти сангин шудаанд.
Бино ба гуфтаи нозирони зиндон, теъдоди ноболиғоне, ки ба ҷурми қатл зиндонӣ шудаанд, ҳамасола дар ҳоли афзоиш будааст.
Дар соли ҷорӣ ду ноболиғи сокини ноҳияи Ҳисор, дар ғарби Тоҷикистон, ки писари амак ё амӯи худро ба зарби корд кушта, сарашро бурида ва пӯсташро аз тан ҷудо карда буданд, ба муддати 12 солӣ маҳкум ба зиндон шудаанд.
Ноболиғи дигар барои ба тарзи ваҳшиёна куштани духтарчаи хурдсол ба муддати тӯлонӣ равонаи зиндон шудааст.
Хонуми Тайгишоева илали мавориди қатл ва рафтори бераҳмонаро ба тамошои саҳнаҳои хунин ва бераҳмии филмҳои хориҷӣ марбут хонд.
Ӯ мегӯяд, ки солиёни зиёд бо зиндониёни ноболиғ кор карда ва дар солҳои пешин шоҳиди чунин қатлҳои бераҳмона нашуда буд.
Иддае аз нозирони зиндон бар онанд, ки авоқиби ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон ва саҳнаҳои хунини он бар зеҳн ва ҳолати равонии аҳли ҷомеа, аз ҷумла ноболиғон асар гузоштааст.
Зиндони ноболиғон
Дар ихтиёри маҳбусони ноболиғ чун дигар ҳамсолони онҳо, мактаби ҳамагонӣ, толори варзишӣ ва майдони бозӣ гузошта шудааст.
Диловар Қозиҷонова, устоди мактаби зиндон гуфт, ки тадрису таълими маҳбусони ноболиғ дар муқоиса бо ҳамсолони худ душвор аст.
Ба эътиқоди хонуми Қозиҷонова, ин афрод хашин ҳастанд ва тарзи муносибот бо онҳо ҳам тафовут дорад.
Ӯ мегӯяд, ки танҳо бо суханони хуб дили онҳоро нарм кардан ва ба сабақгирӣ ҷалб кардан мумкин аст.
Аз сӯйи дигар, бештари ноболиғон саводи кофӣ надоранд, ҳатто бархе аз онҳо хонда ё навишта наметавонанд.
Нозирони зиндон мегӯянд, ки тибқи муқаррарот зиндониёни ноболиғ субҳи зуд аз рахти хоб боло шуда, варзиш мекунанд, пас аз таоми субҳона сабақ мегиранд ва баъдан ба бозиҳои гуногун машғул мешаванд.
Ноболиғон ба навбаи худ таъкид доштанд, ки дар зиндон мавориди лату кӯб ва таҳқиру дашноми зиндонӣ ба мушоҳида намерасад ва бо маводи ғизоӣ таъмин ҳастанд.
Аммо андоми лоғари зиндониёни ноболиғ ва либосу кафшҳои кӯҳнаю фарсудаи онҳо самимяти ин суханонро зери шубҳа мебарад.
Озодии ҳудуди ҳазор зиндонӣ
Тибқи иттилоъи дафтари матбуъоти Идораи зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистон, аз рӯзи иҷрои Қонуни афв дар Тоҷикистон дар ҳафтаи гузшта то ба ҳол аз зиндонҳои шаҳрҳои Норак, Ёвон, Хуҷанд ва Душанбе ҳудуди ҳазор маҳбус ба озодӣ баромадаанд.
Зимнан, Қонуни афви Тоҷикистон дар иртибот ба 15-умин солгарди Қонуни Асосии ин кишвар ва Соли бузургдошти Имом Абуҳанифа аз ҷониби раиси ҷумҳурӣ таҳия шуда  ва дар порлумон тасвиб гардид.
Тибқи ин санади ҳуқуқӣ дар назар аст дар зарфи се моҳи оянда 10 ҳазор зиндонӣ мавриди афв қарор гиранд.
Қарор аст, дар қадами аввал, занон, ноболиғон, мардони болои синни 55-сола, маълулон, собиқадорони ҷанг, дорандагони ҷоизаҳои давлатии Иттиҳоди Шӯравию Тоҷикистон ва иштирокдорони садама дар неругоҳи атумии Чернобил мавриди афв қарор гиранд.
Дар зарфи 15 соли ахир ин сенздаҳумин Қонуни афв дар Тоҷикистон аст ва дар чаҳорчӯби онҳо беш аз 60 ҳазор нафар авф ва 40 ҳазор нафар аз зиндонҳо озод шудаанд.
Сафҳаи телевизиюни форсии Би-би-сӣ
BBC World News
BBC Sport
BBC Weather
Русская служба Би-би-си
Ибодӣ: “Давлати Эрон медоли Нобелро аз ман гирифт”
Ширин Ибодӣ, вакил ва фаъоли саршиноси ҳуқуқи башар ба Би-би-сӣ гуфт, давлати Эрон медоли Нобел ва ҳисобҳои бонкии ӯро тавқиф кардааст.
Хонум Ибодӣ ба бахши форсии Би-би-сӣ гуфт: “Мутаасифона додсарои инқилоб бидуни ин ки парвандае мавҷуд бошад ва иттҳоме мутаваҷеҳи ман бошад дастур дода ки куллия ҳисобҳои шахсии ман ва ҳисоби марбут ба Қонуни мудофеъони ҳуқуқи башарро масдуд кардаанд ва ҳамчунин сандуқи амонати бонкиро тавқиф кардаанд, ки дар он ҷоизаи Нобел ва ҳамин тур ҷавоизи дигаре, ки ман гирифта будам дар он буд, ки ҳамаро ба ин тартиб аз даст додам.”
Ба гуфтаи хонум Ибодӣ, ҳисобҳои бонкӣ ва ҳуқуқи бознишастагии ҳамсарашро низ ба дастури додгоҳи инқилоб тавқиф ва ҳардуро мамнӯъ-ул-муъомила кардаанд.
Ширин Ибодӣ афзуд: “лова бар ин тибқи тасмими вазоарти дороӣ, бобати ҷоизаи Нобел 410 милиюн тумон аз ман молиёт талаб мекунанд. Албата ба ин молиёт эътироз кардем. Тибқи Қонуни молиёти Эрон ҷавоиз аз молиёти муъоф аст, вале бар хилофи қонун инро аз ман талаб мекунанд.”
Хонум Ибодӣ мегӯяд, ин иқдомот давлати Эронро “тамоман ба хотири фаъолиятҳои ҳуқуқи башарии ӯст.”
Вазорати хориҷаи Норвеж бо ихтори кордори Эрон дар Осло “ба шиддат” нисбат ба хабари мусодираи ҷоизаи Сулҳи Нобели Ширин Ибодӣ эътироз кардааст.
Бар асоси баёнияи давлати Норвеж Юнос Гоҳар Стоер, вазири хориҷаи ин кишвар гуфтааст, медол ва диплуми Ҷоизаи Сулҳи Нобел ва соири дороиҳои шахсии хонум Ибодӣ аз сандуқи амонати бонкии ӯ бардошта шудааст.
Вай афзуд: “Ин барои нахустин бор аст, ки масъулони як кишвар Ҷоизаи Сулҳи Нобели фардеро мусодира мекунанд.”
Хонум Ибодӣ низ дар ин замина ба Би-би-сӣ гуфт: “Ин барои аввалин бор аст, ки давлате бо барандаи Ҷоизаи Сулҳи Нобел чунин мекунад ва ҳатто бо хонум Онг Сон Сучи (барандаи ҷоизаи Нобел аз Бирма) чунин накарданд."
Мақомҳои Эрон ҳанӯз ба иттиҳоми мусодираи ҷоизаи хонум Ибодӣ вокуниш нишон надодаанд.
Хонум Ибодӣ, вакил ва фаъоли ҳуқуқи башар дар Эрон, дар соли 2003 барандаи ҷоизаи Сулҳи Нобел шуд.
Ширин Ибодӣ ваколати бисёре аз фаъолони сиёсӣ ва ҳуқуқи башар дар Эронро бар ӯҳда доштааст.
Вай ки ҳамакнун дар хориҷ аз Эрон ба сар мебарад гуфт: “Ҳар вақт корам дар хориҷ аз Эрон ба поён бирасад ва эҳсос кунам, дар Эрон муфидтарам, фавран ба Эрон бар хоҳам гашт, ки ин таърих хеле ҳам дур нест.”
Женроли олмонӣ дар иртибот ба талафоти ғайринизомиёни афғон истеъфо кард
Женрол Волфганг Шайдерҳан, бозраси кулли артиш, ки болотарин мақоми низомӣ дар Олмон аст, дар иртибот ба талафоти ғайринизомиёни афғон дар моҳи сентябр аз мақомаш канорагирӣ кардааст.
Бархе аз гузоришҳо ҳокист, ки истеъфои оқои Шайдерҳан таҳти фишор сурат гирифтааст.
Вазири дифоъи Олмон гуфтааст, ки женрол Шнайдерҳан иттилоъоти лозим дар мавриди ҳамла дар вилояти Қундузро дар ихтиёри раҳбарони сиёсӣ қарор надодааст.
Ин бумборон тавассути ҳавопаймоҳои омрикоӣ ва ба дархости як фармондеҳи олмонӣ анҷом шуд.
Ҳадаф аз ин ҳамлаи ҳавоӣ мунҳадим кардани ду тонкари нафт буд, ки дар вилояти Қундуз тавассути Толибон рабуда шуда буд, аммо мунҷар ба талафоти сангини ғайринизомӣ дар шимоли Афғонистон шуд.
Ҳанӯз дақиқан мушаххас нест, ки дар ин ҳамла чанд нафар ғайринизомӣ кушта шуданд, аммо оморе, ки аз қавли Муҳаммад Умар, волии Қундуз дар ихтиёри расонаҳо қарор гирифт, ҳокӣ аз ин аст, ки дар ин ҳамла ҳудуди 30 нафар ғайринизомӣ ва ҳафтод шӯришии мазнун ба узвият дар гурӯҳи Толибон кушта шуданд.
Толибон ин тонкарҳоро шомгоҳи рӯзи панҷшанбе, 3 сентябр рабуданд ва амалиёти бумборон бомдоди рӯзи баъд сурат гирифт.
Муҳаммад Умар, волии Қундуз ба Бибисӣ гуфта буд, як фармондеҳи машҳури Толибон ба номи қорӣ Аблулраҳмон, ки ба гуфтаи оқои Умар масъули созмондиҳии рабудани ин тонкарҳо буд, низ дар ин ҳамла кушта шуд.
Оқои Умар ҳамчунин гуфт, чаҳор фарди чеченӣ ҳам дар ин миён кушта шудаанд. Ба гуфтаи ӯ 25 тан аз кушташудагони ин ҳодиса вобаста ба гурӯҳи Толибон ҳастанд.
Волии Қундуз афзуд, ки Толибон ронандагони тонкарҳоро куштаанд ва дар ҳоли ҳозир аҷсоди ин ронандагон ба бемористони шаҳри Қундуз мунтақил шудааст.
Баъд аз ин ҳамла женрол  МакКаристол, фармондеҳи нерӯҳои эътилоф ва НАТО аз маҳал дидор кард ва ҳайати 10 нафарӣ низ барои таҳқиқ дар мавриди ин ҳамла ташкил шуд.
Ин гурӯҳи 10 нафарӣ ба раҳбарии дарёдори омрикоӣ, Грегори Смит пеш аз ин аз бемористони шаҳри Қундуз, ҷое, ки бархе аз афроди захмӣ таҳти дармон қарор гирифта буданд, дидан карда буд.
Оқои Смит дар он замон ба хабарнигорон гуфта буд, то кунун ҷузъиёти таъйидшуда дар ин маврид ба даст наомадааст.
Ӯ гуфт: "Ду комюн маводи сӯхтӣ дар каронаи шании рӯдхона мувриди ҳамла қарор гирифтааст. Он ҷо ду бумб партоб шудааст."
90 нафар, ки дастикам 30 тани онҳо ғайринизомӣ буданд, дар ин ҳамла кушта шуданд.
Дарёдор Смит гуфта буд: "Эҳсос ин буд, ки ин ҷо шӯришиён буданд, аммо бояд дарёбем, ки он ҷо воқеъан чӣ иттифоқ афтода буд. Мо дарвоқеъ талош мекунем, бидонем, бифаҳмем ва дорем мешунавем."
Ба дунболи он телевизюни давлатии Афғонистон эъломияе пахш кард, ки дар он женрол МакКристал ваъда дода буд, таҳқиқоти комиле дар мавриди ҳамлаи ҳавоии Қундуз анҷом хоҳид шуд.
Ин нахустин бор аст, ки як мақоми олии низомии ғарбӣ дар иртибот ба талафоти ғайринизомиёни афғон аз мақомаш канорагирӣ мекунад.
Ин дар ҳоле аст, ки ҷузъиёти комили таҳқиқоте, ки МакКристал қавли онро дода буд, дасти кам дар ихтиёри расонаҳо қарор нагирифтааст.
Афзоиши хушбинӣ нисбат ба мувафаққияти иҷлоси Копенгаген
Ба дунболи ибрози омодагии сарони беш аз 60 кишвари ҷаҳон барои ширкат дар иҷлоси Копенгаген дар декабр, умед ба муваффақияти ин нишаст афзоиш ёфтааст.
Пештар ин нигаронӣ вуҷуд дошт, ки кишварҳои ширкаткунанда дар ин нишаст, ки дастури кори он баррасии тағйироти обу ҳавои замин аст, ба тавофуқе нарасанд, аммо ҳузури теъдоди зиёде аз сарони кишварҳо дар ин иҷлос интизоротро низ ба мизони қобили таваҷҷуҳе тақвият кардааст.
Нишастҳои солонаи Созмони Милали Муттаҳид барои баррасии масоили марбут ба тағйироти обу ҳаво маъмулан бо ширкати вазирони муҳити зисти кишварҳо баргузор мешуд, аммо дар иҷлоси Копенгаген ҳайатҳои эъзомии як саду наваду ду кившар ширкат доранд.
Раёсати шуморе аз ин ҳайатҳоро сарон ва раҳбарони давлатҳои ин кишварҳо бар уҳда хоҳанд дошт, ки бар аҳамияти ин иҷлос меафзояд.
Ҳадаф аз ин нишаст танзими муъоҳидаи ҷадиде барои муқобила бо гармоиши замин аст, ки битавонад ҷойгузини паймони Киютуи (Киото) соли 1997-и Созмони Милали Муттаҳид шавад.
Гордон Браун, нахуствазири Бритониё, ки қарор аст дар иҷлоси ёдшуда ширкат кунад, гуфтааст “агар сарони кишварҳо ҳайсияти худро гарав бигзоранд” эҳтимоли муваффақияти ин нишаст бештар хоҳад буд.
Дар ҳоле ки ба назар мерасад, ки сарони бисёре аз кишварҳо моил ба ширкат дар иҷлоси Копенгаген ҳастанд, аз ҳузури раҳбарони Омрико, Чин ва Ҳинд дар ин иҷлос ҳанӯз хабаре нест.
Ин се кишвар масъули бештарин мизони олудагӣ дар ҷаҳон ҳастанд.
Аз сӯйи дигар ҷанҷол бар сари имейлҳои ба сирқатрафта аз компютери як донишгоҳи бритониёӣ ҳамчунон идома дорад.
Як хакер аз донишгоҳи Ист Онглиё имейлҳои пажӯҳишгарони муҳити зистро ба сирқат бурдааст.
Афрод ва гурӯҳҳое, ки нисбат ба назарияҳои марбут ба тағйироти обу ҳавоӣ тардид доранд мегӯянд ин имейлҳо нишон медиҳад, ки мубоҳисае, ки дар нишасти Копенгаген матраҳ мешавад, мубтанӣ бар иттилоъот ва додаҳои қавие нест ва хостори таҳқиқот ва баррасиҳои илмии бештар дар ин замина ҳастанд.
Дар муқобил, Квин Тренберт, пажӯҳишгари маркази миллии таҳқиқоти ҷаввии Омрико мегӯяд сирқати ин имейлҳо дар чунин замонеро наметавон тасодуфӣ талаққӣ кард.
Вай ба хабаргузории Асошиэйтед прес гуфта 102 маврид аз имейлҳои ӯ сар аз шабакаи интернет даровардааст.
Мунтақидон мегӯянд ин имейлҳо нишон медиҳад, ки додаҳои марбут ба тағйироти обу ҳавоӣ тағйир дода шудаанд.
Аммо оқои Тренберт ин иттиҳомҳоро рад карда ва мегӯяд ин имейлҳоро бояд дар заминаи муҳтавоии худ мутолеъа кард.
Илҳом Алиев Арманистонро таҳдид кард
Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон ҳушдор дода, ки кишвараш барои пас гирифтани мантақаи мавриди муноқишаи Қарабоғ аз Арманистон ҳозир ба истифода аз зӯр аст.
Ин бори аввал нест, ки раиси ҷумҳурии Озарбойҷон барои бозпас гирифтани Қарабоғ таҳдид ба истифода аз нерӯи низомӣ мекунад. Агарчи хабарнигори Би-би-сӣ дар Қафқоз мегӯяд оқои Алиев ин бор лаҳни тундтаре дар пеш гирифтааст.
Оқои Алиев, ки дар телевизиюни давлатии Озарбойҷон сухан мегуфт, афзуд дар сурате ки музокироташ бо раиси ҷуимҳури Арманистон натиҷа ба бор наоварад, ҷумҳурии Озарбойҷон омодааст то бо истифода аз зӯр ин манотиқро пас бигирад.
Раиси ҷумҳури Озарбойҷон гуфт дар сурати шикасти музокирот гузинаи дигаре ғайр аз "озод кардани сарзаминҳоямон аз роҳи низомӣ" вуҷуд нахоҳад дошт.
Қарор аст оқои Алиев имрӯз дар Мунихи Олмон бо Серж Саркисян, раиси ҷумҳури Арманистон дидор кунад. Раиси ҷумҳури Озарбойҷон гуфтааст, ки дидор ва музокироти имрӯз охирин фурсат барои ҳаллу фасли сулҳомези ин муноқиша аст.
Диплумотҳои ғарбӣ ибрози умедворӣ кардаанд, ки авзоъ дар мантақа ба самту суи даргирии низомӣ пеш наравад.
Мантақаи мавриди муноқишаи Нагорний Қарабоғ аз тарафи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҷузъе аз хоки ҷумҳурии Озарбойҷон шинохта мешавад, аммо таҳти тасаллути ароманаи сокини ин мантақа аст.
Аксарияти ҷамъияти Нагорний Қарабоғ арманӣ ҳастанд. Ин мантақа ба далели даргириҳои хунин миёни нерӯҳои арманӣ ва озарӣ дар авоили даҳаи навад  таҳти кунтрули ароманаи Нагорний Қаробоғ даромад.
Дар ин даргириҳо беш аз сӣ ҳазор нафар кушта шуда ва беш аз як миллиюн нафар бехонумон шудаанд ва аз ҳангоми барқарории оташбаси нопойдор мувофиқатномаи сулҳ имзо нашудааст.
Қарабоғи таҳти тасаллути аромана эъломи истиқлол карда, аммо ҳеҷ кишваре дар дунё истиқлоли онро ба расмият нашинохтааст.
Ин аввалин даври музокироти Арманистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон пас аз имзои тавофуқномаи оддисозии равобит миёни Арманистон ва Туркия, муттаҳиди аслии ҷумҳурии Озарбойҷон ба шумор меравад.
Хабарнигори Би-би-сӣ мегӯяд имзои ин тавофуқнома мунҷар ба он шуд, ки мақомоти ҷумҳурии Озарбойҷон эҳсоси инзиво кунанд.
Интиқоди Омрико аз идомаи шаҳраксозӣ дар Байтулмуқаддас
Давлати Омрико аз қасди Исройил барои сохти 900 воҳиди маскунии ҷадид дар шаҳраки Гилу, шарқи Байтулмуқаддас ибрози нохурсандӣ кард.
Роберт Гейтс, сухангӯйи Кохи Сафед, ки ба ҳамроҳи Борок Убомо дар Чин ба сар мебарад, гуфт, ки ин тасмими давлати Исройил боъиси душвортар шудани талоши Омрико барои оғози дубораи музокироти сулҳи миёни исроилиҳо ва фаластиниён мешавад.
Эҳёи раванди сулҳи миёни арабҳо ва Исройил аз авлавиятҳои аслии сиёсати хориҷии давлати оқои Убомо аст.
Изҳори назари сухангӯйи Кохи Сафед пас аз он матраҳ шуд, ки вазорати кившари Исройил тарҳи сохти воҳидҳои маскунии ҷадид дар шарқи Байтулмуқаддасро тасвиб кард.
Ин мусавваба густариши шаҳраки Гилуро, ки дар соли 1967 дар ин маҳал сохта шудааст, муҷоз мекунад.
Бон Ки Мун, дабири кулли Созмони Милал аз Исройил хостааст ба таъаҳҳуди худ мабнӣ ба таваққуфи шаҳраксозӣ пойбанд бимонад.
Исройил мегӯяд, ки ин таъаҳҳуд шомили шаҳраксозӣ дар сарзаминҳои ишғолии Каронаи Бохтарии рӯди Урдун будааст ва шомили Байтулмуқаддаси Шарқӣ, ки аз назари Исройил бахше аз "пойтахти таҷзиянопазир"-и ин кишвар аст, намешавад.
Мавзӯъи моликияти Байтулмуқаддас аз ҷумлаи печидатарин муноқишаҳои мавҷуди миёни фаластиниҳо ва исройилиҳо дар ҷараёни музокироти сулҳ аст.
Вокуниши ахири сухангӯйи Кохи Сафед, дувумин вокуниши давлати Омрико дар ду моҳи гузашта нисбат ба мавзӯъи шаҳраксозӣ будааст.
Дафтари раиси ҷумҳурии Омрико дар моҳи сентябр ҳам дар мавриди гузоришҳои мабнӣ бар вуҷуди тарҳи шаҳраксозӣ дар Каронаи Бохтарии рӯди Урдун изҳори таассуф карда буд.
Убомо ва Медведев ба Эрон ҳушдор доданд
Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико ва Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия ба Эрон ҳушдор додаанд, ки замон барои ҳалли муноқишаи ҳастаии Эрон дар ҳоли аз даст рафтан аст.
Руасои ҷумҳури Русия ва Омрико дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои Осиё - Уқёнусия дар Сангопур дидор карданд.
Оқои Убомо гуфт ин мояи таассуф аст, ки Эрон ҳанӯз қодир нест ба он чӣ ӯ тарҳи халлоқонаи ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои костани нигарониҳо дар бораи моҳияти барномаи ҳастаии Эрон хонд, посухи мусбат бидиҳад.
Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия низ гуфт, ки Эрон мутақоъид шавад урониюми ғанишудаи худро барои табдил ба сӯхти ҳастаӣ ба Русия бифиристад.
Раиси ҷумҳури Русия ҳушдор дод, дар сурате ки пешрафте дар ин замина ба даст наояд, роҳҳои дигаре мадди назар қарор хоҳад гирифт.
Оқои Медведев мушаххас накарда, ки чӣ абзоре мавриди истифода қарор хоҳад гирифт, аммо таҳлилгарон мегӯянд эҳтимол дорад таҳримҳои сифту сахттаре алайҳи Эрон вазъ шавад.
Раиси ҷумҳури Русия дар суханони худ гуфтааст: "Ҳадафи мо рӯшан аст, як барномаи ҳастаии ошкор ва шаффоф ба ҷои барномае, ки мояи ҳассосият ва нигаронии сойирин шавад."
Русия ва Фаронса пешниҳод додаанд, ки урониюми ғанишудаи Эронро дарёфт карда ва сӯхти ҳастаӣ таҳвили Эрон диҳанд. Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд Эрон ба дунболи силоҳи ҳастаӣ аст, иттиҳоме ки Эрон онро рад мекунад.
Ин кишвар мегӯяд барномаи ҳастаияш мақосиди сулҳомез дорад.
Тибқи тарҳе, ки Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаӣ ироа карда ва Русия, Омрико ва Фаронса аз он ҳимоят кардаанд, Эрон 1200 килугром урониюми бо ғилзати пойини (ҳафтуду панҷ дарсад урониюми тавлидӣ) худро то поёни соли ҷорӣ ба Русия бифиристад, то бештар ғанисозӣ шавад.
Урониюми ғанишуда то хулуси мавриди назар сипас ба Фаронса ирсол ва маҳсули ниҳоии он ба шакли лулаҳои сӯхт, ки танҳо қобили корбурд дар реоктури Теҳрон хоҳад буд, дар ихтиёри Эрон қарор хоҳад гирифт.
Эрон расман посухе ба ин тарҳ надода, аммо бархе намояндагони маҷлис (порлумон) ва мақомҳои давлатӣ ишколоте фаннӣ ва иқтисодӣ нисбат ба ин тарҳ матраҳ кардаанд.
Омрико ва Фаронса аз вазъи таҳримҳои шадидтар алайҳи Эрон ҳимоят мекунанд, аммо Русия ва Чин то кунун бо ин масъала чандон ҳамроҳӣ нишон надодаанд. Бархе таҳлилгарон мегӯянд агар Шурои Амният натавонад дар мавриди таҳримҳои ҷадид пас аз итмоми муҳлати Эрон ба тавофуқ бирасад, эҳтимол дорад Иттиҳодияи Урупо раъсан таҳримҳои ҷадидеро алайҳи Эрон ба иҷро бигзорад.
Интиқод аз муҳокимаи Холид Шайх Муҳаммад дар Ню-Йурк
Тасмими давлати Омрико барои муҳокимаи Холид Шайх Муҳаммад ва чаҳор тани дигар дар Ню-йурк ба интиқоди тунди ҷумҳурихоҳон рӯбарӯ шудааст.
Холид Шайх Муҳаммад ба созмондиҳии ҳамалоти ёздаҳуми сентябри 2001 муттаҳам шудаааст.
Ин панҷ тан қарор аст дар як додгоҳи ғайринизомӣ дар наздикии маҳалли бурҷҳои тиҷорати ҷаҳонӣ дар Ню-йурк муҳокима шаванд.
Мич Мак Конел, раҳбари ақаллияти ҷумҳурихоҳи Маҷлиси сено мегӯяд интиқоли ин афрод аз боздоштгоҳи Гуантанамо ба хоки Омрико, шаҳрвандони ин кишварро дар маърази таҳдиде ғайризарурӣ қарор медиҳад.
Муҳокимаи ин панҷ тан дар ростои барномаи оқои убомо барои таътил кардани боздоштгоҳи Гуантанамо анҷом мешавад.
Эрик Ҳолдер, додситони кулли Омрико рӯзи ҷумъа дар як ҷаласаи матбуъотӣ эълом кард панҷ фарди муттаҳам ба даст доштан дар ҳамалоти ёздаҳуми сентябр дар як додгоҳи федерол муҳокима хоҳанд шуд
Ӯ гуфт аз додситонҳои парванда хоҳад хост барои судури ҳукми эъдоми ин муттаҳамон талош кунанд.
Аммо сенотур Мак Конол ин тасмимро барои амнияти Омрико мухотираангез донист ва гуфт ин кор шаҳрвандони Омрикоро дар маърази таҳдиде ғайризарурӣ қарор медиҳад.
Майкл Мукейзӣ, охирин додситони кулли давлати Ҷурҷ Буш ҳам аз ин иқдом интиқод кардааст.
Оқои Мукейзӣ гуфт: "Вазорати додгустарӣ иддаъо мекунад, ки додгоҳҳои мо барои ин кор омодагӣ доранд. Бар асоси таҷрибае, ки дар баргузории чунин муқокимоте дорам ва бар асоси он чи дар даврони додситонии кул дидаам, мегӯям ин тавр нест."
Сенатор Ҷон Мак Кейн, рақиби ҷумҳурихоҳи Борок Убомо ҳам гуфтааст ба ҷои додгоҳҳои ғайринизомӣ, муттаҳамон ба терроризм бояд дар маҳкамаҳои низомӣ муҳокима шаванд.
Бар хилофи ҷумҳурихоҳон, демукротҳо аз ин иқдом тақдир кардаанд.
Патрик Лиҳи, сенотури демукрот ва раиси кумитаи қазоии Маҷлиси сено дар таъйиди ин тасмим гуфтааст, ин кор нишон медиҳад Омрико ба низоми қазоии худ бовар дорад.
Майкл Блумберг, шаҳрдори Ню-йурк, ки аз назари сиёсӣ мустақил аст, низ аз муҳокимаи ин афрод дар наздикии вайронаи Бурҷҳои дуқулу (дугоник) ҳимоят кардааст
Илова бар Холид Шайх Муҳаммад, ду яманӣ, як шаҳрванди Арабистони Саъудӣ ва як покистонӣ қарор аст барои муҳокима ба Ню-йурк мунтақил шаванд.
Ҳанӯз таърихи муҳокимаи ин афрод мушаххас нест, вале ба гузориши расонаҳои омрикоӣ, Кунграи ин кишвар ҳадди ақал 25 рӯз қабл аз интиқоли ин панҷ нафар ба хоки Иёлоти Муттаҳида бояд аз ин иқдом огоҳ шавад..
Маҷлиси Эрон: Давлат ҳамкорӣ бо Ожонсро коҳиш диҳад
Намояндагони маҷлиси Эрон бо судури баёнияе аз давлати ин кишвар хостаанд ба далели судури қатъномаи шурои ҳуккоми Ожонси Байналмиллалии Энержии Атумӣ ҳамкории худро бо ин ожонс коҳиш диҳад.
Маҷлиси Эрон аз давлат хостааст, ки "бо таваҷҷуҳ ба рафтори хасмонаи кишварҳои 5+1 сареъан барнома ва тарҳи коҳиши ҳамкориҳои худ ва ожонсро ба кумисюни амнияти миллӣ ироа диҳад то кумисюн ин тарҳро ба маҷлис тақдим кунад."
Ин иқдом дар пайи он сурат мегирад, ки аъзои шурои ҳуккоми Ожонси Байналмиллалии Энержии Атумӣ дар ҷаласаи рӯзи ҷумъаи 27 ноябр (6 озармоҳ), қатъномаи пешниҳодии маҳкумияти Эрон ба хотири фаъолияти махфиёна дар сохти як маркази ғанисозии урониюмро бо аксарияти оро тасвиб карданд ва аз ин кишвар хостанд то сохту соз дар ин тарҳро фавран мутаваққиф кунад.
Алии Лориҷонӣ, раиси маҷлиси Эрон низ дар ҷаласаи алании рӯзи якшанбеи маҷлис низ таҳдид карда буд, ки Эрон ҳамкории худро бо ожонс коҳиш хоҳад дод.
Оқои Лориҷонӣ, ки дар даврае музокиракунандаи аршади ҳастаии Эрон буд, гуфт, ки қатъномаи Ожонс нишон дод, ки кишварҳои ғарбӣ қасди музокира надоранд ва танҳо пайгири "кулоҳбардории сиёсӣ" ҳастанд.
Намояндагони маҷлис муътақиданд, ки рафтори Ожонс ва шурои ҳукком "дугона ва сиёсӣ" аст, барои ҳамин фаъолиятҳои сулҳомези Эрон бояд бидуни вақфа идома пайдо кунад.
Эрон қатъномаи шурои ҳуккомро рад карда ва бархе мақомҳои Эрон баҳси коҳиши ҳамкориҳо бо Ожонси Байналмиллалии Энержии Атумӣ ва ҳатто хуруҷ аз муъоҳидаи Эн Пӣ Тӣ (паймони манъи густариши ҷангафзорҳои ҳастаӣ) - ро матраҳ кардаанд.
Намояндагони маҷлис мегӯянд, ки "иродаи сиёсии ношӣ аз бархе қудратҳои бузург ва ба таври мушаххас Омрико ва Инглис сабаби инҳироф дар масири парванда шудааст" ва барои ҳамин бояд "ҳар чи сареътар масири инҳирофии ирҷоъи парвандаи Эрон ба Шурои Амният ислоҳ ва ин мавзуъ ба Ожонси Байналмиллалии Энержии Атумӣ баргардад ва ба шакли парвандаи оддӣ дарояд."
Аз сиву панҷ кишвари узви Шурои Ҳукком, бисту панҷ кишвар ба ин пешнавис раъйи мусбат, се кишвар раъйи манфӣ ва шаш узви дигар раъйи мумтанеъ доданд.
Ин нахустин қатъномаи мусавваби шурои ҳукком алайҳи Эрон дар тайи чаҳор соли гузашта аст.
Русия ва Чин, ки Эрон онҳоро аз ҳомиёни муҳими худ дар саҳнаи байналмиллалӣ маҳсуб мекунад, низ ба ин қатънома раъйи мусбат додаанд.
Намояндагони маҷлис бо ишора ба набуди иҷмоъ дар шурои ҳукком мегӯянд, ки ин қатънома "сиёсӣ ва фоқиди иҷмоъ" буда ва дар ҳоле содир шуда, ки Муҳаммад Албародаъӣ, мудири кулли Ожонси Байналмиллалии Энержии Атумӣ "барои бори бисту якум бар сулҳомез будани фаъолияти ҳастаии Эрон" таъкид карда буд.
Кишварҳои ғарбӣ Эронро ба талош барои дастёбӣ ба таслиҳоти атумӣ дар пӯшиши барномаҳои сулҳомези ҳастаӣ муттаҳам мекунанд ва дар вокуниш ба худдории Ҷумҳурии Исломӣ аз пазириши дархости шурои ҳукком ва Шурои Амният барои таваққуфи фаъолият дар заминаи ғанисозии урониюм хостори ташдиди таҳримҳои байналмиллалӣ алайҳи ин кишвар будаанд.
Дар моҳи сентябр, мулоқоте байни намояндагони 5+1 ва Эрон дар Женев барои ҳалли буҳрони атумии Эрон баргузор шуд ва дар пайи он музокироте байни намояндагони Ҷумҳурии Исломӣ ва кишварҳои Омрико ва Русияву Фаронса дар Вйен сурат гирифт.
Дар иҷлоси Вйен, пешниҳоде аз суи Ожонси Байналмиллалӣ барои муъовизаи урониюми ғанишуда дар Эрон бо сӯхти мавриди ниёзи реоктури таҳқиқотии ин кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки аз суи се узви 5+1 пазируфта шуд, аммо Эрон ҳанӯз ба ин пешниҳод посухе надодааст.
Муҳаммад Албародаъӣ, мудири кулли Ожонси Байналмиллалии Энержӣ гуфтааст, ки бо худдории Эрон аз пазириши пешниҳоди Ожонс талош барои ҳалли ин буҳрон амалан ба бунбаст расидааст.
Таъхири Эрон  дар пазириши ин пешниҳод бо ибрози нохурсандии кишварҳои ғарбӣ ва ҳатто Русия мувоҷеҳ шуда, ки аз Эрон хостаанд бо қабули ин пешниҳод ҳусни нияти худро нишон диҳад ва эътимоди ҷомеъаи байналмиллалиро касб кунад.
Шӯрои ҳуккоми ОБЭА ба маҳкумияти Эрон раъй дод
Ожонси байналмилалии энержии атумӣ қатъномаи маҳкумияти Эронро тасвиб кардааст.
Аъзои Шӯрои ҳуккоми Ожонси Байналмилалии Энержии Атумӣ дар ҷаласаи рӯзи ҷумъа, 27 ноябр қатъномаи пешниҳодии маҳкумияти Эрон ба хотири фаъолияти махфиёна дар сохти як маркази ғанисозии урониюмро тасвиб кард ва аз ин кишвар хост, то сохтусоз дар ин тарҳро фавран мутаваққиф кунад.
Пешнависи ин қатънома дар вокуниш ба иқдоми Ҷумҳурии Исломӣ дар сохтани як маркази ғанисозии урониюм дар Фарду, наздики Қум, ҳафтаи гузашта дар ҷаласаи намояндагони кишварҳои узви гурӯҳи 5+1 таҳия ва ба иҷлоси Шӯрои ҳукком ироа шуд.
Бар асоси гузоришҳои аввалия, аз 35 кишвари узви Шӯрои ҳукком, бисту панҷ кишвар ба ин пешнавис раъйи мусбат, се кишвар раъйи манфӣ ва шаш узви дигар раъйи мумтанеъ доданд.
Ин нахустин қатъномаи тасвибшудаи Шӯрои ҳукком алайҳи Эрон дар хилоли ҳудуди чаҳор соли гузашта будааст.
Дар ҷаласаи рӯзи ҷумъа, Русия ва Чин, ки Эрон онҳоро аз ҳомиёни муҳими худ дар саҳнаи байналмилалӣ маҳсуб мекунад, низ ба ин қатънома раъйи мусбат доданд.
Дар айни ҳол, ҳанӯз мушаххас нест, ки оё тасвиби ин қатънома дар Шӯрои ҳукком боис хоҳад шуд то Русия ва Чин аз пешниҳоди эҳтимолии кишварҳои ғарбӣ барои тасвиби қатъномаи дигар алайҳи Эрон дар Шӯрои амнияти Созмони  Миллал ҳимоят кунанд, ё хайр.
Кишварҳои ғарбӣ Эронро ба талош барои дастёбӣ ба таслиҳоти атумӣ муттаҳам мекунанд ва дар вокуниш ба худдории Ҷумҳурии Исломӣ аз пазириши дархости Шӯрои ҳукком ва Шӯрои амният барои тавқифи фаъолият дар заминаи ғанисозии урониюм, хостори ташдиди таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи ин кишвар будаанд.
Пеш аз ин, намояндаи Эрон дар Ожонси байналмилалии энержии атумӣ ҳушдор дода буд, ки дар сурати тасвиби ин қатънома Эрон ҳамкориҳои худ бо ожонсро ба ҳадди ақал коҳиш хоҳад дод.
Албародаӣ: Пешниҳоди Эрон қобили пазириш нест
Муҳаммад Албародаӣ, мудири кулли Ожонси Байналмилалии Инержии Атумӣ мегӯяд, дархости Эрон барои тағйири пешниҳоди ироашуда ба василаи ин созмон барои поёни таниш миёни ин кишвар ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ  ғайри қобили пазириш аст.
Ба гуфтаи оқои Албародаӣ, дархости Эрон ба ин маънӣ аст, ки ин кишвар ҳаҷми бештаре аз урониюми ғанишудаи худро нигаҳ хоҳад дошт ва хатари имкони табдили ин маводд ба маводди атомии мавриди ниёз барои сохти таслиҳоти атумӣ аз байн намеравад.
Оқои Албародаӣ ки бо хабаргузории Ройтерз мусоҳиба мекард, аз кишварҳои ғрбӣ хост дар баробари Эрон сабр ба харҷ бидиҳанд, то ин кишвар мавзеъи худро дар баробари тарҳи Ожонси Байналмилалии Инержии Атумӣ мушаххас кунад, зеро барномаи ҳастаии ин кишвар як таҳдиди зудрас нест.
Раёсати оқои Албародаӣ бар Ожонси Байналмилалии Инержии Атумӣ ҷаҳор рӯзи дигар ба поён мерасад.
Ожонси Байналмилалии Инержии Атумӣ моҳи гузашта тарҳеро барои поёни таниш миёни Эрон ва кишварҳои ғарбӣ ироа кард, ки бар асоси он Эрон 75 дарсад аз урониюми ғанишудаи худро бо сухти ҳастаӣ таъвиз мекунад.
Эрон мегӯяд, то замоне сухти ҳастаиро дарёфт накунад, урониюми ғанишудаи худро мубодила нахоҳад кард. Ин мавзӯъ ба монеъе дар иҷрои тарҳи оқои Албародаӣ табдил шудааст.
Оқои Албародаӣ ҳамчунин таъкид кард, бозрасони байналмилалӣ санаде, ки баёнгари вуҷуди таъсисоти ҳастаии махфии дигаре дар Эрон бошадро дар ихтиёр надоранд, вале гуфт, моҳияти таъсисоти ғанисозӣ дар наздикии Қум ба гунае аст, ки тавҷеҳи ғайринизомӣ ва низомӣ надорад ва ин мавзӯъ ба биэътимодии ҷаҳонӣ ба барномаи атомии Эрон афзудааст.
Ба гуфтаи ӯ афзоиши таҳримҳои Эрон иқдоми муфиде нахоҳад буд.
Оқои Албародаӣ гуфт: “Онҳо (Эрон) ҳозир ҳастанд маводди худро дар яке аз Ҷазоири Халиҷи Форс дар ихтиёри Ожонси Байналмилалии Инержии Атумӣ қарор диҳанд, вале ман ба онҳо гуфтаам, барои поён додан ба таниш ин маводд бояд аз Эрон хориҷ шавад.”
Ӯ идома дод: “То онҷое, ки мавриди назари кишварҳои ғарбӣ аст, фикр накунам, посухи Эрон ба пешниҳоди ироашуда қобили иҷро бошад.”
Оқои Албародаӣ мегӯяд, ҳамчунон дар ҳоли талош барои поён додан ба ин таниш аст, вале эрониҳо ҳанӯз ба пешниҳоди ӯ посухи қатъӣ надодаанд.
Оқои Албародаӣ гуфт: “То замоне, ки Убомо посухи қобили баррасиро аз Эрон дарёфт накунад, ӯ қодир ба идомаи ибтикори амали худ (барои ташаннуҷзудоии ҳастаӣ) нахоҳад буд.... вале ман даст аз талош намекашам.”
Кишварҳои узви гурӯҳи 5+1 хостори маҳкумияти Эрон мешаванд
Рӯзи чаҳоршанбе 25 ноябр, гузориш шуд, ки кишварҳои гурӯҳи 5+1 муташакил аз Омрико, Русия, Чин, Бритониё ва Фаронса ба иловаи Олмон бар сари пешнависи қатъномае дар интиқод аз барномаҳои Эрон ба тавофуқ расидаанд ва қарор аст онро барои тасвиб ба ҷаласаи Шӯрои Ҳукоми ожонси байналмилалӣ ироа диҳанд.
Дар ин гузориш, ки хабаргузориҳои ғарбӣ ба онро ба нақл аз манобеъи диплумотик дар мақари Ожонси байналмилалӣ дар Виен мухобира кардаанд, омадааст, ки дар қатъномаи пешниҳодии гурӯҳи 5+1, “иқдоми махфиёнаи” Эрон дар сохти таъсисоти ғанисозии урониюм  дар наздикии Қум бидуни муталеъ сохтани ожонси байналмилалии инержии атумӣ танбеҳ шудааст.
Зоҳиран тавофуқ бар сари ин пешнавис дар ҷараёни музокироти намояндагони гурӯҳи 5+1 ба даст омад ки ҷумъаи гузашта барои баррасии бӯҳрони ҳастаии Эрон бо ҳузури намояндаи Иттиҳодияи Урупо дар Бруксел, пойтахти Белжик, ташкил кардааст.
Ин пешнавис ки бо ҳимояти тамоми аъзои гурӯҳи 5+1 аз ҷумла Чин ва Русия тадвин шудааст, дар ҷаласаи давраии Шӯрои ҳуком, ки аз рӯзи панҷшанбеи ин ҳафта оғоз ба кор мекунад, матраҳ мешавад ва ироадиҳандагони он хостори тасвиби он аз сӯи аъзои Шӯро хоҳанд шуд.
Барои тасвиби ин қатънома раъйи мусбати аксари 35 узви Шӯрои ҳуком зарурат доранд ва мушаххас нест, ки оё таҳиякунандагони ин пешнавис пешопеш мувофиқати соири аъзоро, ки теъдоде аз онҳо равобити наздике бо ҷумҳурии Исломӣ доранд ё бо сахтгири дар мавриди барномаҳои атумии кишварҳои “ғайриатумӣ” мухолифат меварзад, ҷалб кардаанд ё на.
Шӯрои ҳуком аз панҷ “қудрати ҳастаӣ” ва 30 узви давраӣ ташкил ёфтааст.
Ҳимояти Бразил аз дастёбии Эрон ба энержии атомии сулҳомез
Бразил бори дигар бар ҳимояти худ дар хусуси дастёбии Эрон ба энержии ҳастаии сулҳомез таъкид кард, аммо аз Эрон хостааст, ки барои расидан ба роҳи ҳалле “мунсифона ва одилона” бо Ғарб музокира кунад.
Луис Иносиу Лула де Силва, раиси ҷумҳурии Бразил, ки дар ҳоли ҳозир мизбони Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳурии Эрон аст, аз талоши Ғарб барои мунзавӣ кардани Эрон ба далели барномаҳои ҳастаиаш интиқод кард
Аммо оқои Лула аз оқои Аҳмадинажод хостааст, ки бо Ғарб муъомила дошта бошад.
Қудратҳои ғарбӣ бар ин боваранд, ки Эрон бар хилофи он чи иддаъо мекунад, дар пайи дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ аст.
Ин нахустин сафари як раиси ҷумҳури эронӣ ба Бразил аст; кишваре, ки равобити наздик бо Омрико, Исройил ва дигар кишварҳое, ки хоҳони таваққуфи барномаи ҳастаии Эрон ҳастанд, дорад.
Бо ин ҳол оқои Лула мухолифи эъмоли таҳримҳои бештар алайҳи Эрон аст ва муътақид аст диплумосӣ бояд ҷойгузини ин таҳримҳо шавад.
Ӯ дар як нишасти матбуъотии муштарак бо оқои Аҳмадинажод гуфт: “Мо ҳаққи Эронро барои дастёбӣ ба энержии ҳастаии сулҳомез, ки мутобиқ бо қонунҳои байналмилалӣ бошад, ба расмият мешиносем.”
Эрон барои таъмини сӯхти реоктури таҳқиқотии Теҳрон ниёзманди сӯхти ҳастаӣ аст ва барои ҳалли муноқишаи ҳастаии Эрон, Ожонси байналмилалии энержии атомӣ,  пешниҳоди мубодилаи сӯхтро ба Эрон ироа карда, ки Эрон ҳанӯз посухи расмӣ ба он надодааст.
Тибқи тарҳе, ки Ожонс ироа карда ва Русия, Омрико ва Фаронса аз он ҳимоят кардаанд, Эрон 1200 килуграм урониюми бо ғализии пойин (ҳафтоду панҷ дарсади урониюми тавлидӣ)-и худро бояд ба Русия бифиристад, то бештар ғанисозӣ шавад.
Сафари оқои Аҳмадинажод ба Бразил бо интиқоди Исройил ва баъзе  аз аъзои Конгреси Омрико рӯбарӯ будааст.
Оқои Аҳмадинажод, ки гуфта мешавад ҳамроҳ бо ҳайъате, аз ҷумла 200 бозаргони эронӣ ба Бразил рафта, қарор аст дар тӯли ин сафар чанд муъоҳидаи тиҷорӣ бо ин кишвар имзо кунад.
Ҳаҷми мубодилоти ду кишвар ҳамакнун беш аз 2 милёрд дулор дар сол аст.
Маҳмуди Аҳмадинажод ахиран гуфтааст, ки равобити ду кишвар бояд густариш ёбад ва шомили ҳамкориҳои атомӣ низ бишавад.
Давлати Маҳмуди Аҳмадинажод, ки бо фишор аз сӯйи шуморе аз кишварҳои урупоӣ мувоҷеҳ аст ва ҳадафи таҳримҳои Шӯрои Амният низ қарор гирифта, кӯшидааст бо густариши равобити худ бо кишварҳое, ки аз ин иқдом истиқбол мекунанд, ҳузури байналмилалии худро тақвият кунад.
Ин  дар ҳоле аст, ки ҳафтаи пеш Шимон Перес, раиси ҷумҳурии Исройил барои хунсо кардани нуфузи рӯ ба рушди Эрон дар Омрикои Лотин , дуруст пеш аз сафари оқои Аҳмадинажод ба Бразил ва Венезуело, ба ин минтақа сафар кард.
Оқои Перез дар Оржонтин (Аргентина) хитоб ба мақомҳои кишварҳои Омрикои Лотин ба таъна гуфт: “Агар мехоҳед бо онҳо (Эрон ва Венезеуло) равобити хубе дошта бошед, ҳавосатон бошад, ки онҳо мусофирони муваққатӣ ҳастанд ва равобити шумо кутоҳмуддат хоҳад буд, пас хеле вақтатонро талаф накунед.”
Ӯ дар бораи Маҳмуди Аҳмадинажод ва Ҳугу Човез гуфта буд: “Ҳеҷ кадом аз онҳо давом намеоваранд, на ба ин далел, ки яке аз мо онҳоро мекушад, балки ба ин далел, ки мардумашон аз онҳо хаста мешаванд.”
Дар остонаи сафари раиси ҷумҳурии Эрон ба Бразил рӯзи якшанбе садҳо нафар намояндагони гурӯҳҳои гуногуне ҳамчун масеҳиёни инҷилӣ, яҳудиён ва созмонҳои зиддинажодпарастӣ дар эътироз ба ҳузури оқои Аҳмадинажод дар ин кишвар, дар шаҳри Риодеженеро даст ба тазоҳурот заданд.
Ислоҳотталаби эронӣ пас аз эълони маҳкумият озод шуд
Муҳаммад Алии Абтаҳӣ, муъовини ҳуқуқӣ ва порлумонии раёсати ҷумҳурии Эрон дар давраи Муҳаммади Хотамӣ, ки пас аз интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон дар моҳи июн дастгир шуда буд, бо қайди васиқаи 700 миллиюнтумонӣ озод шуд.
Оқои Абтаҳӣ, ки саршиностарин руҳонии боздоштшуда пас аз интихобот буд, рӯзи шанбе, 21 ноябр дар додгоҳи бадвӣ ба таҳаммули шаш соли ҳабс маҳкум шуд.
Ҳусайни Симоӣ, вакили оқои Абтаҳӣ дар гуфтугӯ бо Би-би-сии форсӣ зимни таъйиди озодии муваккилаш гуфт, ки билофосила пас аз судури ҳукми аввалия ба ин ҳукм эътироз кардааст ва тибқи қонун парвандаи оқои Абтаҳӣ бояд ба додгоҳи таҷдиди назар фиристода шавад.
Оқои Симоӣ ибрози умедворӣ кард, ки муваккилаш дар додгоҳи таҷдиди назар табраа шавад.
Рӯзи гузашта (шанбе) Ризо Мусавӣ, бародари ҳамсари оқои Абтаҳӣ ба Би-би-сӣ гуфт: "Ҳудуди соъати 10 субҳи имрӯз (шанбе) 5 маъмур, ки зоҳиран маъмурони додситонӣ буданд, ба манзили оқои Абтаҳӣ рафтанд ва чанд соъате дар манзил мустақар буданд ва иҷозаи вуруд ба касе намедоданд. Аз он ҷо ки қарор буд додгоҳ ҳукми эшонро иблоғ кунад, хонуми эшон ба додгоҳ рафта буд. Оқои Абтаҳӣ ҳам баъд аз манзил ба додгоҳ мунтақил шуд ва дар он ҷо ҳукми эшон мабнӣ бар таҳаммули 6 соли зиндон иблоғ шуд."
Муҳаммад Алии Абтаҳӣ аз аъзои Маҷмаъи Руҳониюни Мубориз аст, ки бар хилофи ҷамъе аз маҷмаъ дар ҷараёни даҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон аз Меҳдии Каррубӣ, ҳимоят мекард.
Ӯ дар рузи 26 хурдод (16 июн) дар манзилаш боздошт шуд ва бахше аз боздошти панҷмоҳаи худро дар селули инфиродӣ гузаронд.
Тавҳин ба раиси ҷумҳурӣ, фаъолияти таблиғотӣ алайҳи низоми ҷумҳурии исломӣ, ихлол дар назми умумӣ аз тариқи ширкат дар таҷаммуъи ғайриқонунӣ ва нигаҳдории асноди табақабандишуда аз ҷумлаи иттиҳомоти оқои Абтаҳӣ аст, ки дар кайфархост унвон шудааст.
Муҳаммад Алии Абтаҳӣ ба ҳамроҳи дигар чеҳраҳои саршиноси ислоҳталабон, ки пас аз интихобот дастгир шуданд, дар нахустин додгоҳи умумии расидагӣ ба парвандаи муттаҳамони ҳаводиси пас аз интихобот ҳузур ёфт ва зимни интиқод аз амалкарди ислоҳталабон алайҳи иқдомоти худ дар ҷараёни интихобот сухан гуфт.
Ӯ дар ҷараёни ин додгоҳ ва сипас дар мусоҳибае бо телевизиюни Эрон эҳтимоли вуқуъи тақаллуб дар даҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эронро рад кард ва ба интиқод аз чеҳраҳо ва гурӯҳҳое пардохт, ки бар вуқуъи тақаллуб таъкид мекунанд.
Оқои Абтаҳӣ дар додгоҳ гуфт, ки Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Мирҳусайни Мусавӣ ва Муҳаммади Хотамӣ дар ҷаласае "ҳамқасам" шуда буданд. Билофосила пас аз додгоҳ дафтари оқои Ҳошимии Рафсанҷонӣ ин иддаъоро рад кард.
Оқои Абтаҳӣ ҳамчунон аз оқои Мусавӣ ба далели амалкардаш интиқод карда буд.
Баъзе аз шахсиятҳои баландпояи мазҳабӣ аз ҷумла оятуллоҳ Юсуфи Сонеъӣ ва оятуллоҳ Ҳусайналии Мунтазирӣ ба баргузории ин додгоҳ вокуниш нишон додаанд ва эътирофоти муттаҳамонро, ки ба гуфтаи онҳо ба василаи фишорҳои руҳӣ ва ҷисмӣ гирифта шуда, "беарзиш ва ғайришаръӣ" хонданд.
Оқои Абтаҳӣ пеш аз боздошт дар веблоги пурхонандаи худ матлаб менавишт, ки ин веблог пас аз ҳузури ӯ дар додгоҳ ва мусоҳибаи телевизиюнӣ ҳам чанд бор ба рӯз шуд.
Интишори ин ёддоштҳо, ки гуфта мешуд аз зиндон мунташир мешавад, ба навбаи худ ҷанҷолофарин буд ва тардидҳоеро дар миёни мунтақидони Ҷумҳурии Исломӣ барангехт.
Султония: Гузориши ҷадиди ожонс оддӣ ва такрорӣ аст
Алиасғари Султония, намояндаи Эрон дар Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар гуфтугӯ бо хабаргузории "Форс" гузориши ҷадиди Ожонсро дар бораи фаъолиятҳои ҳастаии Эрон "оддӣ" ва "такрорӣ" хонда ва ба аъзои Ожонс тавсия кардааст, ки ба ин масири "такрорӣ ва хастакунанда" поён диҳанд.
Ӯ гуфтааст гузориши Муҳаммад Албародеъӣ, мудири кулли Ожонс, ҳамонанди гузоришҳои қаблӣ аст ва танҳо мавриди ҷадиде, ки дорад марбути бозрасӣ аз сойти дувуми ғанисозии урониюм ба номи Фарду, дар наздикии Қум аст.
Ба гуфтаи оқои Султония дар ин гузориш ба сароҳат навишта шуда, ки иттилоъоте, ки бозрасон дар тӯли бозрасӣ аз ин таъсисот дар таърихи 26 ва 27 октябр доштанд, комилан бо иттилоъоти ироашуда тавассути Эрон мутобиқат доштааст.
Ӯ гуфтааст, ки дар ин гузориш дар бораи сойти Фарду айнан аз ҷониби Эрон нақли қавл шуд, ки ба далели "таҳдидоти мудовиме, ки алайҳи таъсисоти ҳастаӣ матраҳ буда, бояд ин кор анҷом мешуд, бинобар ин созмон дифоъи ғайриомили масъулияти ҳифозат аз ин таъсисотро бар уҳда дорад."
Ин дар ҳоле аст, ки Ожонс дар гузориши ҷадиди худ дар бораи барномаи ҳастаии Эрон гуфтааст ҳанӯз пурсишҳое дар мавриди маркази ғанисозии ҷадиди Эрон дар наздикии Қум вуҷуд дорад, ки бояд ба онҳо посух дода шавад.
Дар ин гузориш омадааст, ки эъломи дерҳангоми вуҷуди таъсисоти ғанисозӣ дар наздикии Қум, тардидҳое дар бораи амокини вуҷуди таъсисоти ҳастаии махфии дигар эҷод кардааст. Эрон ҳудуди ду моҳ пеш вуҷуди ин таъсисоти ғанисозӣ дар наздикии Қумро эълом кард.
Бино бар ин гузориш, бозрасони Ожонс дар боздиди моҳи гузаштаи худ аз таъсисоти Қум, дастрасии комил ба ҳамаи бахшҳои ин таъсисот доштаанд ва мақомҳои эронӣ ба онҳо гуфтаанд, ки ин таъсисот дар мароҳили пешрафтаи сохт аст ва дар соли 2011 шурӯъ ба фаъолият дар заминаи ғанисозӣ хоҳад кард.
Ин Ожонс ҳамчунин таъкид карда, ки таъхири Эрон дар гузориши ин марказ ноқизи таъаҳҳудоти ин кишвар аст.
Хабарнигори Би-би-сӣ мегӯяд ин гузориш ҳароси кишварҳои ғарбиро, ки ин таъсисот метавонад бахше аз барномаи махфии силоҳи Эрон бошад, тақвият мекунад.
Ҳамунин оқои Султония дар хусуси интишори хабарҳое мабнӣ бар таваққуфи фаъолиятҳои ғанисозии Эрон дар нерӯгоҳи Натанз гуфт: "Ин иттилоъот ғализ буда ва дақиқ нест чун дар гузориши Ожонс сароҳатан зикр шуда Эрон ба фаъолиятҳои ғанисозӣ идома медиҳад."
Ӯ гуфт: "Кишварҳои узви Ожонс бо таваҷҷуҳ ба гузоришҳои Албародеъӣ бояд таваҷҷуҳ дошта бошад, ки вақти он расида, ки ба ин масири такрорӣ ва хастакунанда хотима диҳанд, чаро ки гузоришҳои мудири кулли Ожонс матолиби ҷадиде надорад ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам бидуни вақфа ба таҳаққуқ бахшидани ин ҳаққи худ дар истифодаи сулҳомез аз энержии ҳастаӣ, аз ҷумла ғанисозӣ идома медиҳад, аммо дар айни ҳол ба ҳамкории худ бо Ожонс низ идома хоҳад дод."
Вуҷуди таъсисоти Фарду барои нахустин бор дар меҳрмоҳи соли ҷорӣ тавассути мақомоти Эрон эълом шуд.
Алиакбари Солеҳӣ, раиси Созмони энержии атомии Эрон 25 сентябр бо интишори баёнияе эълом кард, ки ин кишвар "ба эҷоди корхонаи нимасанъатии ғанисозии сӯхти ҳастаӣ дигаре иқдом намудааст."
Оқои Солеҳӣ гуфт, ки ин таъсисот "ҳамонанди соири таъсисоти ҳастаии Эрон", дар ҷаҳорчӯби муқаррароти Ожонс амал хоҳад кард.
Номзади Оқосултон: Нидо фарде сиёсӣ буд
Коспиян Мокон, номзади Нидо Оқосултон, духтаре, ки дар ҷараёни нооромиҳои баъд аз интихоботи Эрон кушта шуд, ки ахиран аз Эрон хориҷ шуда, дар гуфтугӯе бо Би-би-сӣ ишора карда, ки номзадаш бар хилофи он чи то ба ҳол гуфта шуд, фарде сиёсӣ будааст.
Оқои Мокон, ки пас аз кушта шудани Нидо Оқосултон дар гуфтугӯ бо расонаҳо дар бораи ӯ ва ангезааш аз ҳузур дар эътирозҳои хиёбонӣ суҳбат карда буд, чанд рӯз баъд боздошт шуд ва ҳудуди ду моҳ дар зиндон ба сар бурд.
Нидо Оқосултон дар ҷараёни яке аз тазоҳуроти муътаризон дар рӯзи 30 хурдод ба зарби гулӯла дар Теҳрон кушта шуд ва филми ҷон додани ӯ, ки зоҳиран бо телефони ҳамроҳ бардошта шуда буд, дар шабакаҳои интернетӣ мунташир ва сипас дар шабакаҳои телевизиюнӣ дар саросари ҷаҳон пахш шуд.
Оқои Мокон, ки ахиран аз зиндон озод шуда, ба хориҷ аз Эрон омадааст ва дар нахустин мусоҳибааш пас аз озодӣ аз иттифоқе, ки барои ӯ дар ҷараёни боздоштан рух дода, таъриф кард.
Ӯ дар ин гуфтугӯ, ки бахшҳое аз он дар ҳафтаномаи Обзервер низ мунташир шуда, ба нукоте дар бораи хонум Оқосултон ва ангезааш ишора кардааст, ки чеҳраи ҷадиде аз ӯ муъаррифӣ мекунад.
Оқои Мокон дар ин мусоҳиба таъкид карда, ки номзадаш аз назари сиёсӣ фарде фаъол буда ва гуфтааст: "Нидо аз рӯзи нахуст дар сафи пеши муътаризон қарор гирифт. Ӯ зотан руҳияи раҳбарӣ дошт ва бисёре (аз муътаризон)-ро ба сӯйи худ ҷазб мекард. Фикр мекунам ба ҳамин далел ҳадаф қарор гирифт. Ҳукумати Эрон ва мақомҳои амниятии он, ӯро таҳаммул намекарданд ва мехостанд, ки ӯро аз байн бибаранд."
Коспиян Мокон ҳамчунин гуфт, ки номзадаш дар ҷараёни интихоботи раёсати ҷумҳурӣ тарафдори ҳеҷ кадом аз номзадҳои аслии рақиби Маҳмуди Аҳмадинажод набудааст.
Бино ба навиштаи Обзервер, Коспиян Мокон дар моҳи сентябр пас аз гузаронидани ду моҳ дар зиндон, ки бахше аз онро дар селули инфиродӣ буда, ба қайди васиқа озод шуда ва қарор буда, ки муҳокима шавад, аммо чанд рӯз баъд аз озодӣ аз марзи заминии Эрон фирор кард.
Ӯ ҳангоми озодӣ таъаҳҳуд дод, ки дигар ҳаргиз дар бораи марги Нидо Оқосултон суҳбат накунад.
Онекс Мак Квин, коргардоне, ки дар ҳоли сохти филми мустанаде дар бораи Эрон аст, чанд рӯз пас аз хуруҷи оқои Мокон аз Эрон, бо ӯ гуфтугӯ кардааст.
Оқои Мокон гуфтааст, ки дар ҷараёни боздошташ башиддит кутак мехурдааст ва таҳдид мешуд, ки ба эъдом маҳкум хоҳад шуд.
Нидо Оқосултон ва тасовире, ки аз охирин лаҳазоти ҳаёти ӯ интишор ёфт, ба яке аз нумодҳои ҳаракати эътироз алайҳи натиҷаи интихобот  ва хушунати давлат бо муътаризон бо муътаризон табдил шуда, ки ба "ҷунбиши сабз" шуҳрат ёфтааст.
Чанде пеш коллеҷи Квинз, аз коллеҷҳои ташкилдиҳандаи донишгоҳи Оксфорд дар Бритониё, эълом кард бурсе таҳсилӣ ба номи Нидо Оқосултон таъсис мекунад ва онро дар ихтиёри ду донишҷӯйи фалсафа дар мақтаъи фавқулисонс қарор медиҳад.
Эломи ин хабар бо вокуниши манфии сафорати Ҷумҳурии Исломӣ дар Лондон мувоҷеҳ шуд.
Зиндониёни афғон истирдод мешаванд
Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон гуфт, ки дар рӯзҳои наздик 250 афғон, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон ба сар мебаранд, ба Афғонистон истирдод шаванд.
Саидмуҳаммад Хайрхоҳ, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 24 ноябр, ба Би-би-сӣ гуфт, ки қаблан дар ин замина миёни вазоратҳои хориҷаи Тоҷикистон ва Афғонистон мувофиқатномае имзо шуда ва ин санад аз ҷониби порлумонҳои ҳар ду кишвар таъйид шудааст.
Оқои Хайрхоҳ таъкид кард, ки ахиран ӯ бо Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон санадеро дар робита ба иҷрои ин мувофиқатнома имзо карданд.
Тибқи ин мувофиқатнома масъулияти иҷрои раванди истирдоди зиндониёни афғон аз маҳбасҳои Тоҷикистон ба Афғонистонро Додситони кулли Тоҷикистон ва вазири адлияи Афғонистон ба ӯҳда доранд.
Бино ба иттилоъи манобеъи Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон, қарор аст дар чанд рӯзи оянда як ҳайати давлати Афғонистон вориди шаҳри Душанбе шуда ва бо ҷониби Тоҷикистон наҳваи истирдоди ин зиндониёнро баррасӣ кунад.
Дар назар аст зиндониёни афғон пас аз истирдод муддати ҳабсро дар маҳбасҳои Афғонистон сипарӣ кунанд.
Зимнан, ақрабо ва наздикони зиндониёни афғон зимни як номаи саргушода унвонии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар авоили соли ҷорӣ хостори истирдоди маҳбусон аз маҳбасҳои Тоҷикистон ба Афғонистон шуда буданд.
Дар ин нома, ки дар нашрияҳои Тоҷикистон мунташир шуда буд, далели ин амр дурии роҳ ва набудани имкони дидорбинӣ бо наздикони зиндониашон унвон шуда буд.
Дар ҳамин ҳол, Парвина Ализода, сухангӯйи Идораи зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистон гуфт, ки  бар асоси Қонуни афви соли ҷорӣ куллияи атбоъи хориҷӣ, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон ба сар мебаранд, то охири соли ҷорӣ мавриди афв қарор хоҳанд гирифт.
Вале сафири Афғонистон дар Тоҷикистон таъкид кард, ки қонуни авфе, ки дар моҳи ҷорӣ ба тасвиб расид ба шаҳрвандони Афғонистон, ки қарор аст истирдод шаванд марбут набудааст.
Роберт Гейтс хоҳони мубориза бо фасод шуд
Роберт Гейтс, вазири дифоъи Омрико, гуфтааст ниҳодҳои байналмилалӣ бояд бо фасод дар Афғонистон мубориза кунанд ва итминон ёбанд, ки кумакҳои молии онҳо боъиси ташвиқи фасод дар ин кишвар намешавад.
Оқои Гейтс гуфт кишварҳо ва ниҳодҳое, ки ба Афғонистон кумаки молӣ мекунанд, бояд бар қарордодҳо ва лоиҳаҳои худ дар ин кишвар назорати бештаре дошта бошанд.
Вай гуфт ҳузури нерӯҳо ва ширкатҳои байналмилалӣ дар Афғонистон, боъиси сарозер шудани миқдори қобили таваҷҷуҳи пул ба ин кишвар шуда ва аз ҳамон ибтидои имзои чек, бояд муроқиби чигунагии харҷи ин пул буд.
Роберт Гейтс изофа кард Омрико ва дигар кумакдиҳандагони байналмилалӣ, ҳар замоне ки дар қарордодҳо ва тарҳҳои худ бо гурӯҳҳои афғон ё байналмилалӣ аз фасод мушоҳида карданд, бояд вориди амал шаванд.
Вазири дифоъи Омрико ин изҳоротро як рӯз пас аз маросими таҳлифи дувумин давраи раёсати ҷумҳурии Ҳомиди Карзай матраҳ кард.
Раҳбарони ғарбӣ аз оқои Карзай хостаанд бо фасод муқобила кунад ва дар кобинааш ба ҷангсолорони собиқ ҷо надиҳад.
Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, ки дар ҳоли ҳозир саргарми баррасии мавзӯъи эъзоми 40 ҳазор нерӯи бештар ба Афғонистон аст, низ дар бораи зарурати мубориза бо фасод дар ин кишвар суҳбат кардааст. Ҳилори Клинтун, вазири умури хориҷаи Омрико ҳам пас аз маросими таҳлифи Ҳомиди Карзай, изҳороти мушобеҳе дошт.
Хонум Клинтун низ гуфта буд, ки Омрико итминон ҳосил хоҳад кард, ки пулҳои кишвараш дар Афғонистон дуруст ҳазина мешавад.
Ҳомиди Карзай рӯзи панҷшанбе барои оғози даври дувуми кории худ ба унвони раиси ҷумҳурии Афғонистон, савганди вафодорӣ ёд кард.
Маросими таҳлиф дар ҳузури шуморе аз меҳмонони хориҷӣ, аз ҷумла Осифалии  Зардорӣ, раиси ҷумҳурии Покистон, Ҳилори Клинтун, вазири умури хориҷии Омрико ва вузарои хориҷаи чанд кишвари дигар дар Кобул анҷом шуд.
Оқои Карзай дар суханони худ пас аз адои савганди вафодорӣ ба авлавиятҳои кориаш дар даври дувуми раёсати ҷумҳурӣ ишора кард ва гуфт, ки мубориза бо фасодро бо ҷиддият дунбол хоҳад кард.
Ӯ ҳамчунин аз рақибони собиқи интихоботиаш даъват  кард, то барои “сохтани Афғонистон” бо ӯ ҳамкорӣ кунанд.
Оқои Карзай дар ҳоле расман кори худро оғоз мекунад, ки интизороти дохилӣ ва хориҷӣ  аз давлати ӯ аз ҳар замони дигаре бештар аст.
Инфиҷори интиҳорӣ дар ғарби Афғонистон “12 кушта” бар ҷой гузошт
Волии Фароҳ мегӯяд, як инфиҷори интиҳорӣ дар наздикии хонаи ӯ дар шаҳри Фароҳ, дар ғарби Афғонистон, 12 кушта ва 37 захмӣ ба ҷо гузоштааст, ки тақрибан ҳама ғайринизомӣ будаанд.
Рӯзи ҷумъа, 29 обон/20 ноябр, Руҳуламин, волии Фароҳ ба Би-би-сӣ гуфт, ки ронандаи як мутурсиклет(мототсикл)-и бумбгузоришуда, маводди мунфаҷираи ҳамроҳи ин мутурро ҳудуди соъати 9 бомдод ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди панҷоҳметрии хонаи ӯ мунфаҷир кард.
Волии Фароҳ афзуд, ки аз 12 фарди кушташуда дар ин инфиҷор як нафар маъмури пулис буд, аммо ҳамаи 37 захмии ин инфиҷор ғайринизомӣ ва аз ҷумла ду кӯдак ҳастанд.
Оқои Руҳуламин ҳамчунин гуфт, ки вазъи 15 тан аз захмиён вахим аст, ки барои дармон ба бемористони гурӯҳи бозсозии вилоятӣ, мутаъаллиқ ба нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ мунтақил шудаанд.
Соири захмиён дар бемористони шаҳри Фароҳ таҳти дармон қарор гирифтаанд.
Руҳуламин афзуд, ки ин омор бар асоси гузоришҳои аввалияе аст, ки ба ӯ расида ва мумкин аст шумори афроди захмӣ аз ин ҳам бештар бошад.
Волии Фароҳ ҳамчунин гуфт, ки нерӯҳои эътилоф пеш аз ин аз эҳтимоли вуқуъи як инфиҷори интиҳорӣ дар шаҳри Фароҳ хабар дода буданд.
Ба гуфтаи ӯ, дар гузориши ин нерӯҳо гуфта шуда буд, ки мумкин аст фарди бумбгузор волӣ ё нерӯҳои эътилофро ҳадаф қарор диҳад.
Аммо Руҳуламин афзуд, ки ба далели ин ки ин инфиҷор дар рӯзи таътили ҷумъа рӯй дода ва ӯ дар маҳалли инфиҷор набуд, мумкин аст ҳадафи фарди бумбгузор афроди ғайринизомӣ буда бошанд.
Хабари ин инфиҷор дар ҳоле гузориш мешавад, ки рӯзи гузашта Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон , дар маросими адои савганди оғози дувумин даври раёсати ҷумҳурии худ гуфт, ки таъмини амният ва оштӣ бо мухолифони мусаллаҳро дар садри авлавиятҳои кории худ қарор додааст.
Оқои Қарзай гуфт, ки барои поён додан ба хушунатҳо ва бозгашти шӯришиён ба зиндагии сулҳомез пас аз ҳашт соли даргирӣ бо нерӯҳои афғон ва хориҷӣ, маҷлиси бузурги суннатии афғонҳо (Луиҷирга)-ро баргузор хоҳад кард.
"Лаҳзае муҳиме дар таърихи Афғонистон фаро расидааст"
Ҳомиди Карзай, барои оғози даври дувуми кории худ ба унвони раиси ҷумҳурии Афғонистон, савганди вафодорӣ ёд кард.
Маросими таҳлиф дар ҳузури шуморе аз меҳмонони хориҷӣ, аз ҷумла Осифалии Зардорӣ, раиси ҷумҳурии Покистон, Ҳилори Клинтун, вазири умури хориҷаи Омрико ва вазирони хориҷаи чанд кишвари дигар дар Кобул анҷом шуд.
Оқои Карзай дар суханони худ пас аз адои савганди вафодорӣ, ба авлавиятҳои кориаш дар даври дувуми раёсати ҷумҳурӣ ишора кард ва гуфт, ки  мубориза бо фасодро бо ҷиддият дунбол хоҳад кард.
Ӯ ҳамчунин аз рақибони собиқи интихоботиаш даъват кард, то барои "сохтани Афғонистон" бо ӯ ҳамкорӣ кунанд.
Раиси ҷумҳур Карзай дар ҳоле расман ба кори худ оғоз мекунад, ки интизороти дохилӣ ва хориҷӣ аз ҳукумат ба раҳбарии ӯ аз ҳар замони дигар бештар аст.
Ҳилори Клинтун, вазири хориҷаи Омрико дар суханоне дар остонаи баргузории маросими таҳлифи раёсати ҷумҳурии Афғонистон гуфт, ки раиси ҷумҳурии мунтахаби Афғонистон аз фурсате муносиб бархӯрдор аст, то азми худро барои беҳбуди зиндагии шаҳрвандони ин кишвар ба намоиш бигзорад.
Оқои Карзай дар пайи интихоботи баҳсбарангези моҳи август ва бо канорагирии Абдуллоҳи Абдуллоҳ, рақиби аслии худ аз давраи дувуми интихобот барои як давраи дигар ба раёсати ҷумҳурии Афғонистон интихоб шуд.
Дар айни ҳол, вай бо фишори физояндаи давлатҳои ғарбӣ барои муқобилаи ҷиддӣ бо фасоди идорӣ дар ин кишвар мувоҷеҳ шудааст.
"Роҳҳои ҷадиди мубориза"
Ҳамзамон бо иҷрои маросими савганд, тадобири шадид амниятӣ дар саросари Кобул ва атрофи он ба иҷро гузошта шуда ва бисёре аз роҳҳои аслии даруни шаҳрӣ ба рӯйи трофик баста шудааст.
Диплумотҳои аршад аз ҳудуди чиҳил кишвар барои ширкат дар маросими таҳлифи Ҳомиди Карзай ба Кобул омадаанд ва бархе аз онҳо, дидорҳои ҷудогонае бо раиси ҷумҳур Карзай доштаанд.
Ҳомиди Карзай дар суханони худ дар маросими таҳлиф гуфт, ки "бояд аз мушкилоти солҳои гузашта дарс биомӯзем, то битавонем ба орзуҳои мардум ҷавоби мусбат диҳем."
Ӯ гуфт, ки фасод як мушкили бузург барои Афғонистон аст ва таъаҳҳуд кард, ки барои ҷустуҷӯи роҳҳои ҷадиди мубориза бо он базудӣ конфронсеро дар Кобул баргузор хоҳад кард.
Оқои Карзай ҳамчунин барои "оштии миллӣ" ва поён додан ба хушунатҳо дар Афғонистон, аз мухолифони мусаллаҳи давлат кард, то ба зиндагии сулҳомез рӯ оваранд. Ӯ дар айни ҳол гуфт, ки барои тақвияти талошҳо дар ин замина Луиҷирга (иҷлоси бузурги афғонҳо) баргузор хоҳад кард.
Ӯ таъкид кард, ки барои коҳиши нақши нерӯҳои хориҷӣ дар таъмини амнияти Афғонистон ниёз аст, то нерӯҳои дохили ин кишвар тақвият шаванд.
Оқои Карзай ҳамчунин ташдиди мубориза бо маводди мухаддирро аз дигар авлавиятҳои кории худ донист.
Танҳо гузина?
Нозирон мегӯянд раҳбарони кишварҳои ғарбӣ умедворанд битавонанд саҳфаи ҷадиде аз равобитро ба раҳбарии Ҳомиди Карзай боз кунанд.
Пештар Ҳилори Клинтун, вазири хориҷаи Омрико, ки дар ҷамъи коркунони сафоратхонаи Омрико дар Кобул суҳбат мекард, гуфт: “Мо дар лаҳзаи муҳиме дар остонаи оғози давраи дувуми раёсати ҷумҳурии оқои Карзай қарор дорем.”
Хонум Клинтун ҳамчунин бар азми Омрико барои бархӯрдории равобити мустаҳкам бо давлат ва мардуми Афғонистон таъкид кард.
Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико низ пештар бар аҳамияти муқобила бо фасод дар Афғонистон таъкид карда буд ва хонум Клинтун ҳам ҳушдор дода буд дар сурати адами бартараф шудани ин мушкил ирсоли кумакҳои ғайринизомӣ ба ин кишвар идома нахоҳад дошт.
Хонум Клинтун дар ҳоле барои ширкат дар маросими таҳлифи оқои Карзай ба Кобул сафар кардааст, ки давлати Убомо дар ҳоли баррасии эҳтимоли афзоиши ҳузури низомии Омрико дар Афғонистон аст.
Оқои Убомо мегӯяд базудӣ тасмими худро дар ин бора эълом мекунад.
Ким Ғатос, хабарнигори Би-би-сӣ, ки ба ҳамроҳи хонум Клинтун ба Кобул сафар кардааст, мегӯяд ҳузури Ҳилори Клинтун дар Кобул дар остонаи маросими таҳлифи оқои Карзай нишонае гӯё аз ҳимояти давлати Омрико аз раиси ҷумҳурии Афғонистон аст.
Таҳлилгарон мегӯянд давлатҳои ғарбӣ медонанд дар шароити кунунӣ  ба ғайр аз ҳимоят аз Ҳомиди Карзай гузинаи дигаре надоранд ва ғайри ин сурат шароит бадтар хоҳад шуд.
Дар ин ҳол, бо сахт шудани шароит дар Афғонистон ва афзоиши талафоти низомиёни ғарбӣ дар ин кишвар, фишори давлатҳои ин кишварҳо бар ҳомиди Карзай афзоиш ёфтааст.
Ҳушдори Ҳиллори Клинтун ба Карзай
Ҳилорӣ Клинтун, вазири хориҷаи Омрико мегӯяд, Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон метавонад беҳтар аз ин амал кунад.
Хонуми Клинтун, ки дар як барномаи гуфтугӯи телевизиюнии Омрико суҳбат мекард ҳушдор дод, то ҳангоме ки Ҳомиди Карзай ва вазиронаш посухгӯ набошанд, Омрико аз кумакҳои ғайринизомии бештар ба Афғонистон худдорӣ хоҳад кард.
Ҳиллори Клинтун гуфт, мехоҳад дар мавриди ин ки давлати Афғонистон дар тамоми сутуҳ ба эҳтиёҷоти мардум вокуниш нишон дода ва хадамоти мавриди ниёзи ононро фароҳам мекунад, шавоҳиди малмусеро мушоҳида кунад.
Вай ҳамчунин гуфт ба эътиқоди ӯ давлати Омрико метавонад омрикоиҳоро мутақоъид кунад, ки метавон аз ҷанг дар Афғонистон пирӯз берун омад.
Ҳилори Клинтун ахиран гуфта буд, ки оқои Карзай дар даври дувуми раёсати ҷумҳурии худ бояд ба фасоди давлатӣ расидагӣ кунад ва наҳваи идораи умури кишварро беҳбуд бахшад.
Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико ҳам таъкид кардааст, ки оқои Карзай бояд ҷиддияти худ дар муқобала бо фасодро дар амал нишон диҳад.
Ин изҳорот дар ҳолест, ки додситони кулли Афғонистон гуфтааст, ки таҳқиқот дар бораи иттиҳоми иртиботи шуморе аз аъзои кунунии кобинаи Афғонистон бо фасод такмил шудааст.
Хабари такмили парвандаи фасод алайҳи мақомҳои баландпояи Афғонистон дар ҳоле гузориш шуда, ки кишварҳои кумаккунанда ба Афғонистон давлати ин кишварро таҳти фишори шадид қарор додаанд то мубориза бо фасодро шиддат бахшад.
Гурдун Броун, нахуствазири Бритониё кумакҳои байналмиллалӣ ба Афғонистонро бо мизони пешрафти давлати ин кишвар дар муқобала бо фасод муртабит дониста аст.
Инфиҷори интиҳорӣ дар наздикии пойгоҳи НОТУ дар Кобул
Инфиҷори интиҳорӣ дар наздикии як пойгоҳи нерӯҳои НОТУ дар шарқи Кобул се сарбози хориҷӣ ва се ғайринизомии афғонро захмӣ кардааст.
Дар ҳоле ки дафтари фармондеҳи пулиси Кобул ба Би-би-сӣ гуфта, ки ин инфиҷор талафоте ҳам бар ҷой гузошта, ки омори он ҳанӯз мушаххас нест, вале бархе мақомҳои  дигари амниятӣ захмӣ шудани се низомии хориҷӣ ва се шаҳрванди ғайринизомии афғонро таъйид кардаанд.
Нерӯҳои байналмилалӣ то кунун дар мавриди ин воқеъа изҳори назаре накардаанд, ҳарчанд маҳалли инфиҷор дар муҳосираи воҳидҳои низомӣ ва амниятии хориҷӣ ва афғон қарор гирифта, ки хиёбонҳои мунтаҳӣ ба ин маҳалро бастаанд.
Дафтари фармондеҳи пулиси Кобул гуфт, ки инфиҷор дар наздикии пойгоҳи низомиёни хориҷии мавсум ба Фуникс (Phoenix) дар ҷодаи Кобул-Ҷалолобод рӯй додааст.
Пойгоҳи Фуникс маҳалли омӯзиши нерӯҳои афғон аст ва он ҷо таҳти назари нерӯҳои омрикоӣ аст.
Толибон масъулияти ин инфиҷорро бар уҳда гирифтаанд, ки як марди вобаста ба ин гурӯҳ бо инфиҷори худрави бумбгузоришудаи худ, чанд сарбози хориҷиро куштааст.
Иддаъои Толибон аз сӯйи мақомҳои амниятӣ ва нерӯҳои хориҷӣ таъйид нашудааст.
Ин инфиҷор дар ҳоле гузориш мешавад, ки райзанӣ дар бораи тасмими эҳтимолии давлати Омрико бораи эъзоми нерӯҳои бештари низомӣ дар Омрико идома дорад.
Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, бо мушовирони низомии худ дар бораи эъзом нерӯи бештари низомӣ ба Афғонистон ба гуфтугӯ пардохта ва ба гуфтаи сухангӯйи Кохи Сафед чаҳор гузинаро дар ин маврид баррасӣ кардааст.
Дар айни ҳол, Карл Айкенберӣ, сафири Омрико дар Кобул  дар ёддоште маҳрамона ба Кохи Сафед гуфтааст, ки фиристодани нерӯи низомии бештар ба Афғонстон  “назари хубе нест".
Изҳороти сафири Омрико бо пешниҳоди женерол Станли Мак Кристал, фармондеҳи кулли омрикоии нерӯҳои байналлмилалӣ дар Афғонистон дар таззод аст.
Женерол Мак Кристал пешниҳод кардааст барои хотима додан ба шӯришҳои кунунӣ дар Афғонстон, лозим аст то 40 ҳазор нерӯи тозанафаси омрикоӣ ба Афғонстон фирстода шаванд.
Вазорати дифоъи Афғонистон ҳам гуфтааст, ки ин кишвар дастикам то чаҳор соли дигар ба ҳузури нерӯҳои байналмилалӣ барои муқобила бо шӯршиён ниёзманд аст.
Сафири Омрико бо эъзоми низомиёни бештар ба Афғонистон мухолифат кард
Сафири Омрико дар Кобул бо тақвияти ҳузури низомии Омрико дар Афғонистон мухолифат кардааст.
Карл Айкенберри, сафири Омрико дар Афғонистон, дар паёме ба дафтари раиси ҷумҳурииИёлоти Муттаҳида, ки матни он ба расонаҳои ҳамагонӣ дарз карда, эъзоми чанд ҳазор низомии дигари омрикоӣ ба Афғонистонро барои истиқрори амният дар ин кишвар муассир надониста ва ҳамчунин нисбат ба шоистагии давлат ба раҳбарии Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурӣ, ибрози тардид кардааст.
Оқои Айкенберри, ки пеш аз интисоб ба Сафорати Омрико дар артиши ин кишвар дар Афғонистон хидмат мекард, дар паёми худ ба ба масъалаи фасоди молӣ ва идорӣ дар Афғонистон низ пардохтааст.
Матни ин паём дар ҳоле дар расонаҳо инъикос меёбад, ки стратегияи ояндаи давлати Омрико дар Афғонистон ва мувофиқат ё мухолифати Борок Убомо, раиси ҷумҳурӣ, бо пешниҳоди бархе фармондеҳони омрикоӣ дар бораи афзоиши шумори низомиёни ин кишвар дар Афғонистон, матраҳ будааст.
Ба гуфтаи коршиносон, номаи сафири Омрико дар мухолифат бо эъзоми сарбозони бештар ба Афғонистон ба манзалаи он аст, ки ӯ амалан дар рӯёрӯӣ бо фармондеҳони аршади низомии Омрико дар Афғонистон қарор мегирад, ки хостори тақвияти ҳузури низомии Иёлоти Муттаҳида дар ин кишвар ҳастанд.
Ба гуфтаи фармондеҳони омрикоӣ, тақвияти ҳузури низомии Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон, шомили эъзоми чанд даҳҳазор нерӯи бештар, боъиси афзоиши короии амалиёти муқобила бо шӯришиёни Толибон ва ҳамзамон, коҳиши талафоти ғайринизомиёни афғон дар ин ҷанг мешавад.
Сафири Иёлоти Муттаҳида дар барномаи худ гуфтааст, ки фиристодани сарбози бештар ба Афғонистон “назарияи дурусте нест.”
Назарияи фармондеҳи аршад
Женерол Станли Мак Кристол, фармондеҳи арашади низомии Омрико дар Афғонистон хостори эъзоми чиҳил ҳазор нерӯи низомии ҷадид ба ин кишвар шудааст.
Ӯ дар гузорише, ки наздик ба се моҳ пеш таҳия кард, ҳушдор дод, адами тақвияти ҳузури низомии Омрико дар Афғонистон метавонад ба шикаст дар ҷанг анҷом ёбад.
Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико рӯзи чаҳоршанбе барои ҳаштумин бор бо мушовирони аршад ва аъзои тими амнияти миллии худ барои баррасии вазъи Афғонистон ташкили ҷаласа дод.
Сухангӯйи Кохи Сафед гуфт, ки оқои Убомо дар ин ҷаласа чаҳор гузинаи пешрав дар Афғонистонро баррасӣ кард.
Женерол Девид Петриус, фармондеҳи аршади низомии Омрико дар Ховари Миёна дар ин бора гуфт дар бораи роҳбурди ҷадиди Омрико дар Афғонистон базудӣ тасмимгирӣ хоҳад шуд.
Гордон Браун, нахуствазири Бритониё ҳам аз тасмимгириии қарибулвуқуъ дар ин бора хабар додааст.
Оқои Браун рӯзи чаҳоршанбе ба намояндагони порлумони Бритониё гуфт “бо оқои Убомо суҳбат кардаам ва интизор дорам то чанд рӯзи дигар тасмимашро дар бораи теъдоди низомиёни Омрико дар Афғонистон эълом кунад.”
Давлати Омрико дар ҳоли мурури куллии роҳбурди ин кишвар дар Афғонистон аст ва ин баррасӣ шомили вазъияти сиёсӣ ва ҳузури низомии Иёлоти Муттаҳида дар ин кишвар аст.
Оқои Убомо пештар дар вокуниш ба интиқод аз “даст-даст кардан” дар бораи сиёсати ояндаи Кохи Сафед дар Афғонистон гуфта буд, дар ин замина аҷала ба харҷ намедиҳад ва бо санҷидани ҳама ҷавониб дар ин бора тасмимгирӣ хоҳад кард.
Дар ҳоли ҳозир шасту ҳашт ҳазор сарбози омрикоӣ дар Афғонистон мустақар ҳастанд.
Бритониё: Омӯзиши низомӣ дар Афғонистон тағйир намекунад
Давлати Бритониё мегӯяд ба рағми кушта шудани панҷ сарбози ин кишвар тавассути як маъмури пулиси афғон дар вилояти ҷанубии Ҳелманд, истротежии худро барои омӯзиши сарбозони ин кишвар алайҳи Толибон бидуни тағйир идома медиҳад.
Дар ин ҳодиса шаш сарбози дигари артиши Бритониё ва ҳамчунин ду маъмури пулиси афғон низ маҷруҳ шудаанд.
Гордон Браун, нахуствазири Бритониё, ба порлумони ин кишвар гуфт Толибон масъулияти ин ҳамларо бар уҳда гирифтаанд; аммо равшан нест, ки оё онҳо ба нерӯҳои амниятии Афғонистон нуфуз кардаанд ё яке аз афродашон вонамуд карда маъмури пулис аст ва ҳамларо анҷом додааст.
Сарбозони бритониёӣ дар муҷтамаъе, ки бо маъмурони пулиси афғон муштаркан иқомат дошта ва ба онҳо омӯзиш медодаанд, ба зарби гулӯла кушта шудаанд.
Маъмури пулиси афғон, ки ин тирандозиро карда, аз маҳалли ҳодиса гурехтааст.
Аз соли 2001 то кунун ҳамлаи рӯзи чаҳоршанбе (4 ноябр) бадтарин ҳамла ба низомиёни Бритониё дар Афғонистон маҳсуб мешавад.
Оқои Браун ба порлумони Бритониё гуфт, ки омӯзиши маъмурони пулиси Афғонистон "унсуре муҳим" дар истротежии Бритониё дар Афғонистон аст ва мутаваққиф нахоҳад шуд, чун "Толибон аз ҳамин омӯзишҳо бим доранд."
Ӯ афзуд: "Мо маҷбурем шумори маъмурони пулисро афзоиш диҳем, аммо равшан аст, ки сифати амалкарди пулис низ бояд баланд бардошта шавад. Ман намехоҳам аз рухдоди як ҳодиса дар мавриди нерӯҳои пулиси афғон натиҷагирӣ кунам."
Ба дунболи тирандозӣ ва кушта шудани панҷ сарбози бритониёӣ дар Ҳелманд, акнун шумори талафоти имсоли ин нерӯҳо дар Афғонистон ба 92 тан расид, ки болотарини омори солона аз замони оғози ҷанг  маҳсуб мешавад
Нақши кишварҳои минтақа дар суботи Афғонистон
Дар дувумин рӯзи кунфаронси байналмилалии зери унвони  “Кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, чолишҳо, имконот ва дурнамо” вазъияти Афғонистон баъд аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар он кишвар баррасӣ шуд.
Ин дувумин кунфаронси байналмилалӣ дар Тоҷикистон аст, ки ба ҳалли масоили амниятӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоъии Афғонистон мепардозад.
Дар ин нишаст намояндагон ва коршиносони масоили  сиёсӣ ва иқтисодии созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, Эрон ва Афғонистон ширкат карданд.
Таъсири вазъи кунунии Афғонистон ба равандҳои сиёсӣ ва иқтисодии кишварҳои минтақа ва саҳми кишварҳои ҳаммарзи Афғонистон дар истиқрори сулҳу субот дар ин кишвар аз мавзуъоти аслии матруҳа дар суханрониҳои коршиносон буд.
Пётр Кравчик, корманди Вазорати хориҷаи Лаҳистон, ки перомуни истротежии ҷадид ва ислоҳоти сиёсӣ дар Афғонистон суханронӣ мекард, тъкид кард, ки ба нишастҳое ки дар он масоили сиёсии Афғонистон матраҳ мешавад бояд намояндагони бештаре аз худи Афғонситон ҷалб мешуданд.
Оқои Кравчик афзуд: “Мо мутаасифона дар гузашта дар Афғонистон истротежии муайяан надоштем ва ҳоло, ки раиси ҷадид дар Омрико рӯйи кор омад, дар моҳи август женерол Мак Кристал истротежии ҷадид барои Афғонистонро ба Борок оқои Убомо пешниҳод кард, ки бояд ба зудӣ ба тасвиб расад.”
Оқои Кравчик мегӯяд, мушкилоти иқтисодӣ ва сиёсӣ дар Афғонистон ба таъмини амният дар кишвар бастагӣ дорад, аммо афзуд, ки барои истиқрори ин субот ба афзоиши нерӯҳо дар Афғонистон ниёз вуҷуд дорад.
Фарҳанг ва амният
Вале нишастҳое, ки дар робита ба масоили Афғонистон дар хориҷ аз он кишвар баргузор мешаванд метавонанд чи нақше дар ҳалли масоили сиёсӣ ва иқтисодии ин кишвар ифо кунанд? Худойберӣ Холиқназаров, коршиноси тоҷик дар ин бора мегӯяд:
“Пешниҳодоте ки дар нишастҳои кишварҳои минтақа дар робита ба ҳалли масоли Афғонистон ироа шуданд, барои беҳбудии вазъият дар Афғонистон нақши муҳимеро хоҳанд дошт. Барои мисол яке аз пешниҳодҳо – истифода аз фарҳанг барои ҳалли бархе аз масоили амниятӣ дар Афғонистон аст.”
Оқои Холиқназаров ин пешниҳод, яъне табодули барномаҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ миёни кишварҳои минтақа ва Афғонистонро диди ҷадиде барои ҳалли масъалаи амниятӣ дар Афғонистон арзёбӣ кард.
Носири Сармадии Порсо, сафири қаблии Эрон дар Тоҷикистон ва мубтакири ин пешниҳод, дар бораи тарҳҳое ки миёни кишварҳои ҳаммарзи Афғонистон барои дастрасӣ ба ҳалли мушкили он кишвар пиёда шудаанд суханронӣ кард.
Оқои Порсо мегӯяд: “Ҳарфҳои ман дар ин нишаст бар хилофи ҳарфҳои қаблии ман, ки бештар сиёсӣ буд садо дод. Баҳсҳое ки ман матраҳ кардам мубтанӣ бар таърифи амният аз нигоҳи инсонӣ буд. Воқеъият ин аст, ки баҳси сиёсӣ то ҳол дар Афғонистон ба натиҷае нарасидааст ва агар сояи сиёсат то андозае бардошта шавад ва нигоҳҳо ба қазия дар он кишвар иваз шавад, умед ба ин, ки як таҳаввуле дар Афғонистон иҷод мешавад, вуҷуд дорад.”
Ширкаткунандагони ҳамоиш нақши кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ва баргузории конфаронсҳои марбут ба масоили ин кишварро дар барқароии сулҳи пойдор дар Афғонистон мусбат арзёбӣ карданд. Вале таъкид шуд, ки ҳамгароии мардуми Афғонистон муҳимтарин шарт барои дастрасӣ ба ороми ва субот ва эҷоди амнияти комил дар он кишвар аст.
Вокуниши Тоҷикистон ба тасмими Ӯзбакистон
Масъулони ширкати “Барқи тоҷик” ва Вазорати энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон мегӯянд, иқдоми Ӯзбакистон барои тарки системи воҳиди барқрасонӣ иқдоми сиёсӣ буда ва посухи он кишвар дар қиболи оғози бунёди нерӯгоҳи Роғун дар шарқи Тоҷикстон будааст.
Зеро ба ақидаи масъулони системи энержии Тоҷикистон, давлати Ӯзбакистон ҳамеша барои сохтани нерӯгоҳи Роғун мухолифат мекардаст.
Ҳамчунин ба гуфтаи онҳо ба сабаби хуруҷи Ӯзбакистон аз системи воҳиди барқрасонии минтақа дастрасии Тоҷикистон ба нерӯи барқи Туркманистон душвор хоҳад шуд.
Рӯзи чаҳоршабеи 25-уми ноябр, масъулони ширкати “Барқи тоҷик”, Вазорати энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон ва Вазорати умури хориҷаи ин кишвар дар як нишасти хабарӣ дар вокуниш ба изҳороти Сафорати Ӯзбакистон дар Тоҷикистон мабнӣ ба берун омадани ин кишвар аз системи воҳиди барқрасонии минтақа,  изхҳор кардаанд, ки ин иқдоми Ӯзбакистон бар зарари ҳар ду кишвар тамом хоҳад шуд.
23-уми ноябр сафорати Ӯзбакистон дар Тоҷикистон дар як нишасти матбуъотӣ эълом кард, ки аз якуми декабри соли равон Ӯзбакистон аз системи воҳиди барқрасонии минтақа хориҷ хоҳад шуд.
Такзиби “иддаъоҳо”
Дар ин нишаст масъулони вазорати хориҷаи Тоҷикистон гуфтанд, ки кишварҳои минтақа ҳуқуқи тасмимгирии озоди иқдомоти мухталиф ҳастанд, аммо ба гуфтаи онҳо бар асоси мавозини байналмилалӣ чунин иқдомот набояд бар зарари кишварҳои ҳамсоя тамом шавад.
Масъулони ширкати “Барқи тоҷик” изҳороти Шоҳқосим Шоҳисломов, сафири Ӯзбакистон дар Тоҷикстон дар мавриди таъсири ногувори садама  дар нерӯгоҳи Норак дар  9-уми ноябри соли равон ба системи барқрасонӣ дар ҷануби Ӯзбакистонро бепоя хонда ва гуфтаанд, ки аз системи хутути барқи Сурхондарё танҳо нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон интиқол меёбад ва барои Ӯзбакистон ҳеҷ хисороте ворид нашудааст.
Абдуллоҳ Қурбонов, раиси бахши сиёсати энержии Вазорати энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон мегӯяд: “Шабакаҳои барқи Тоҷикистон ба монанди шабакаҳои соири кишварҳои минтақа ба ҳам васл ҳастанд. То рӯзи 30-уми октябр бо чунин систем фаъолият мекард, вале соъати чаҳори субҳи он рӯз Ӯзбакистон ба таври якҷониба ин шабакаро қатъ кард. Воҳиди ягонаи барқрасонӣ фаъолияти мунтазам ва судовар аст.”
Аммо ба гуфтаи оқои Қурбонов фаъолияти барқрасонии ҳар кишвар ба сурати алоҳида бо мушкилоти зиёде рӯбарӯ хоҳад буд.
"Паёмадҳои" тасмими Ӯзбакистон
Аммо саволи матраҳ ин аст, ки оё Тоҷикстон бо берун омадани Ӯзбакистон аз системи воҳиди барқрасонии минтақа қудрати таъмини нерӯи барқ дар қаламрави худро дорад ё хайр?
Бо вуҷуди он ки бештари хабарнигорон низ аз масъулон посух ба ин суолро интизор буданд, аммо ҳеҷ касе аз масъулон посухи дақиқро ба ин суол надод.
Танҳо Георгий Силантев, муъовини ширкати ”Барқи тоҷик” шарҳи кӯтоҳе дод, ки интиқоли нерӯи барқ аз Туркманистон ба Тоҷикистон, ки тавассути хутути барқи Ӯзбакистон анҷом мегирифт, имконнопазир хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти энержии Тоҷикистон ва Туркманистон ба тавофуқ расида буданд, ки аз Туркманистон ба миқдори як милёрду дусад милюн килувот соъат барқ ба Тоҷикистон ворид шавад.
Қарор буд ин миқдор нерӯи барқ дар зимистон тавассути хутути барқи Ӯзбакистон интиқол ёбад.
Бархе аз коршиносони масоили иҷтимоъӣ муътақиданд, ки сардии муносиботи сиёсии ду кишвари минтақа, яъне Ӯзбакистону Тоҷикистон аз сардии равобити ду раҳбари ин кишварҳо, ки аз муддатҳо қабл оғоз шудааст, маншаъ мегирад.
Аммо иддаъи дигар таниш дар равобити ду кишварро ношӣ аз бархурди манофеъи ду кишвар медонанд. Тоҷикистон талош дорад бо бунёди нерӯгоҳҳои бузург худро аз вобастагӣ ба энержии кишварҳои ҳамсоя раҳо кунад.
Ваде мақомоти Ӯзбакистон бим аз он доранд, ки бунёди нерӯгоҳҳои бузург ҳамроҳ бо бунёди обанборҳои бузург ба Тоҷикистон ин имконро медиҳад, то дар фасли гармо, ки панба дувумин маводи содиротии Ӯбакистон шадидан ба об ниёз дорад, маҷрои оби рӯдхонаҳоро кунтрул кунад ва ба ин кишвар фишор ворид бисозад.
Ба гуфтаи онҳо ҳамин танишу нигарониҳо буда, ки гаҳ гоҳе дар миёни ин кишварҳо баҳсҳои гуногун ба амал меомад ва дар солҳои гузашта низ Ӯзбакистон барои транзити нерӯи барқ аз қаламрави кишвараш баҳонаҳои мухталиферо пеш меовард ва мавонеъ эҷод мекард.
Ин коршиносон мегӯянд, ки ниҳоятан дар ин кашмакашҳои сиёсӣ умдатан  сокинони оддии ду кишвар ранҷ мебаранд.
Ӯзбакистон аз аввали декабр шабакаи барқро тарк мекунад
Сафорати Ӯзбакистон дар Тоҷикистон эълом кардаст, ки аз якуми декабри соли равон, кишвараш аз системи воҳиди барқрасонии минтақа берун хоҳад омад.
Шоҳқосим Шоҳисломов, зимни баргузории як нишасти матбуъотӣ дар шаҳри Душанбе, рӯзи душанбе 23 ноябр гуфт кишвараш ба нерӯи барқи Тоҷикистон, ки вилояти Сурхаондарё аз он истифода мекард, дигар ниёз надорад.
Аз ин рӯ ба гуфтаи вай Тоҷикистон метавонад ин нерӯи барқро барои бароварда сохтани ниёзмандиҳои кишвараш истифода кунад.
Вале оқои Шоҳисломов афзуд, ки Ӯзбакистон ҳамчунон устони Суғди Тоҷикистонро бо нерӯи барқ таъмин хоҳад кард, зеро ба гуфтаи вай дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон омодагии интиқоли нерӯи барқи худро аз ҷануб ба шимоли кишвараш надоштааст.
Ҳадафи Ӯзбакистон
Шоҳқосим Шоҳисломов зимни қироъати баёния гуфт, ки системи воҳиди барқрасонӣ дар даврони Шӯравӣ ва бо дарназардошти манофеъи вақти кишварҳои минтақа дар он даврон бунёд шуда буд.
Вай афзуд, ки фаъолияти ин систем дар он замон танҳо аланӣ ва бидуни ҳеҷ шарту шароит барои минтақа сурат мегирифт.
Оқои Шоҳисломов мегӯяд, ки адами тобеъият ба маркази аслии тавзеъкунандаи ситемаи воҳиди барқрасонӣ ва нақзи муқаррароти танзими нерӯи барқ аз сӯйи бархе аз кишварҳои минтақа, мунҷар ба садамаҳои мухталиф дар ин систем шудааст.
Оқои Шоҳисломов бо ёдоварӣ аз ҳодисаи ахир дар интиқоли нерӯи барқ дар ин минтақа афзуд: “9-уми ноябри соли равон бар асари садама дар нерӯгоҳи Норак фаъолияти кулия нерӯгоҳҳои Тоҷикистон ва интиқоли нерӯи барқ ба ҷануби кишвар қатъ шуд. Сабаби аслии ин садамаро коршиносон нақзи фоҳиши танзими фаннии нерӯи барқ унвон кардаанд. Дар чунин шароит таҷҳизоти фаннии вижа барои огоҳӣ аз садама ва марокизи эъзомкунанда низ фаъол нашуд. Ин садама ба системи барқрасонӣ дар ҷануби Ӯзбакистон низ таъсири ногуворе расонд.”
Аз ҷумла ба гуфтаи вай системи хутути барқи Сурхондарё, ки нерӯи барқро аз Ӯзбакистон ба Афғонистон интиқол медиҳад, аз фаъолият бозмонд.
Сафири Ӯзбакистон дар Тоҷикистон ҳамчунин мегӯяд, ки қаблан Туркманистон ин системро тарк гуфт, ва қарор аст, Қазоқистон кишвари дигари Осиёи Марказӣ аз системи воҳиди барқрасонӣ дар ояндаи наздик берун ояд.
Аммо сафири Ӯзбакистон аз посух ба суолоти хабарнигорон дар ин нишаст  худдорӣ кард.
Душвориҳои эҳтимолии зимистон
Баёнияи сафорати Ӯзбакистон дар мавриди хуруҷи ин кишвар аз системи воҳиди барқрасонии минтақа дар ҳолест, ки қарор буд, дар зимистони имсол Тоҷикистон аз Туркманистон як милёрду дувист милюн киловат соъат нерӯи барқ харидорӣ кунад.
Ва интизор мерафт, ки нерӯи барқ аз Туркманистон  бо истифода аз хутути барқии Ӯзбакистон ба Тоҷикистон мунтақил шавад.
Вале хуруҷи Ӯзбакистон аз системи воҳиди барқрасонии Осиёи Марказӣ ин интизориҳоро зери суол мебарад.
Коршиносон мегӯянд, ки дар сурати адами дастрасӣ ба нерӯи барқи Туркманистон,  душвориҳои ношӣ аз камбуди нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар фасли сармо чун дар солҳои қаблӣ боқӣ хоҳанд монд.
Ҳарчанд Вазорати хориҷаи Тоҷикистон то ҳол ҳеҷ вокуниши расмӣ дар бораи изҳороти сафири Ӯзбакистон дар  Тоҷикистон пахш накардааст, аммо масъулони ин вазорат дар суҳбатҳо гуфтаанд, ки аз эъломияи имрӯзи сафири Ӯзбакистон нохушнуданд.
Боздошти 30 зан дар Қаршии Ӯзбакистон
Расонаҳои гурӯҳӣ дар бораи боздошти 30 нафар аз занон дар вилояти Қашқадарёи Ӯзбакистон хабар додаанд.
Бар асосии навиштаи “Фарғона ру”,як сойти интернетии интишордиҳандаи матолиб дар бораи Осиёи Миёна, ин занон дар шаҳри Қаршии вилояти Қашқадарё аз авоили моҳи ноябр то имрӯз боздошт шуда ва мақомот сабаби боздошти онҳоро ба пайвандонашон тавзеҳ надодаанд.
Хешовандони бархе аз занони боздоштшуда ба анҷумани мудофеъони мустақили ҳуқуқи башари  Ӯзбакистон аз ин амали мақомот шикоят бурдаанд.
Латофат Орзуқулова, яке аз занони шокӣ ба  масуълони ин анҷуман гуфтааст, ки соати шаши субҳи панҷуми ноябр як гурӯҳи муташакил аз пулис ва маъмурони хадамоти амнияти миллии Ӯзбакистон манзили модараш Меҳриниссо Ҳамдамоваро ҳадаф қарор дода ва онҳоро таҳти бозҷӯйӣ қарор доданд.
Ба гуфтаи вай, ҳарчанд маъмурони пулис аз манзили хонум Ҳамдамова ҳеҷ маводди ғайриқонуниро пайдо накардаанд, аммо онҳо чанд албуми филмҳои ӯзбакӣ ва китоберо, ки ба модараш идораи  мусалмонони Ӯзбакистон эъто карда буд мусодира ва хонум Ҳамдамоваро барои  “таъсиси ҷамоъат” ва ҷалби ҷавонон ба ин ҷамоъат мазнун шинохта ва ӯро ба боздоштгоҳи муввақатӣ интиқол додаанд.
Масъулони анҷумани  мудофеъони мустақили ҳуқуқи башари Ӯзбакситон гуфтаанд, ки Меҳриниссо Ҳамдамова баъд аз хатми донишкадаи вижаи мазҳабии ба номи Хоҷа Бухорӣ дар соли 2006, бо раҳнамоии раиси идораи мусалмонони Ӯзбакистон ва бархе дигар аз афроди масъул ба масҷиди “Кук Гумбаз”  ба симмати масъули фаъолият бо занон ва ҷавонон таъйин шуд.
Ба гуфтаи мудофеъони мустақили ҳуқуқи башар, бозҷӯйии ғайриқонунӣ дар манозили бархе аз хешовандони хонум Ҳамдамова, аз ҷумла волидонаш, низ сурат гирифта ва панҷуми ноябр Зулхумор, хоҳари Меҳриниссо Ҳамдамова ва се хоҳарзодааш боздошт шудаанд.
Ба гуфтаи ин манбаъ дар маҷмӯъ сӣ зан дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Қаршӣ нигаҳдорӣ мешаванд ва гуфта мешавад, ки ин занон таҳти фишори шадиди равонӣ қарор дошта ва бозрасони хадамоти амнияти миллӣ аз онҳо тақозо доранд то алайҳи Меҳриниссо Ҳамдамова шаҳодат диҳанд.
Пайвандони ин занон аз Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон ва идораи мусалмонони Ӯзбакистон хостори кӯмак барои ҳалли ин қазия шудаанд, вале то ҳол посухе нагирифтаанд.
Давлати Ӯзбакистон дар бораи боздошти ин занон иттилоъе мунташир накардааст. Расонаҳои Ӯзбакистон таҳти кунтрули шадид давлат қарор доранд.
Дархости озодии Маҳмадхонов
Дар таҳаввуле дигар созмони Дидабони Ҳуқуқи Башар, як созмони байналмилалии нозир бар вазъи ҳуқуқи башар дар кишварҳои ҷаҳон, рӯзи душанбеи 16-уми ноябр аз Ӯзбакистон даъват кардааст, ки Ғаниҷон Маҳмадхонов яке аз фаълолни ҳуқуқи башарро аз зиндон озод кунад.
Намояндагии ин созмон дар Нюу-Йорк гуфтааст, ки оқои Маҳмадхонов дар моҳи гузашта барои дифоъ аз ҳуқуқи кишоварзон дар Осиёи Марказӣ боздошт шудааст.
Ҳоли Гартнер, раиси бахши Дидабони Ҳуқуқи Башари Урупо ва Осиё мегӯяд: “Мудофеъони фаъоли ҳуқуқи башар таҳти фишору шиканҷа ва озори ҳукумат қарор мегиранд. Боздошти оқои Маҳмадхонов фармоишӣ буд ва вай фавран бояд аз зиндон озод шавад. ”
Ба гуфтаи Дидабони Ҳуқуқи Башар нуҳуми октябри соли равон як фарди ношинос дар бозори шаҳри Андиҷон, воқеъ дар шарқи Ӯзбакистон ба оқои Маҳмадхонов ҳамла кардаст.
Дар ҷараёни даъво ин мард ба ҷайби оқои Маҳмадхонов 500 ҳазор сӯм, ки муоъдили беш аз 300 дулор будааст, гузошта ва ба дунболи он пулиси ӯзбак ба ҷои ҳодиса омада, оқои Маҳмадхоновро боздошт мекунад.
Ғаниҷон Маҳмадхонов аз ҷумлаи севумин мудофеъи фаъоли ҳуқуқи кишоварзон аст, ки дар соли ҷорӣ  дар Ӯзбакистон ба иртикоби ришвагирӣ ва тақаллуб  боздошт шудаанд, дар сурати муҷрим шинохта шудан вай барои 20 сол равонаи зиндон хоҳад шуд.
Давлати Ислом Каримов ба далели маҳкумияти норозиён ва фаъолони сиёсӣ мавриди интиқоди созмонҳои байналмилаллии дифоъи ҳуқуқи башар қарор мегирад.
Мақомоти ӯзбак ҳамвора таъкид мекунанд, ки мавориди шиканҷа алайҳи муттаҳамон дар зиндонҳои Ӯзбакистон вуҷуд надорад ва боздошти бархе аз афрод дар кишварашонро мубориза бо гурӯҳҳои тундрави исломӣ унвон мекунанд.
Хунсо шудани шабакаи қочоқи инсон дар Олмотӣ
Пулиси Қазоқистон 17 духтарро аз асорати қочоқбарони инсон озод кардааст.
Бино ба иттилоъи расонаҳои Қазоқистон аз қавли манобеъи вазорати корҳои дохилӣ ё кишвари Қазоқистон, неруҳои вижаи мубориза бо ҷароими созмонёфтаи ин вазорат дар меҳмонхонаи “Жибек Жоли”-и шаҳри Олмотӣ фоҳишахонаеро кашф кардаанд, ки  дар он ҷо духтарони қирғиз, ӯзбак ва тоҷик мавриди истифодаи ҷинсӣ қарор доштанд.
Нашрияи “Kazakhstan today ” ба истинод ба манобеъи пулиси Олмотӣ навиштааст: дар ҷараёни корҳои таҳқиқу бозрасӣ маълум шудааст, ки ин меҳмонхона ҳалқаи иртиботӣ бо қочоқбарои Тоҷикистон маҳсуб шуда ва духтарони тоҷик аз ин ҷо ба шаҳрҳои Тироз, Шимкент ва Қизил Ӯрдаи Қазоқистон мунтақил мешудаанд.
Ҳамчунин, дар ин меҳмонхона духтарон аз Қирғизистон ва Ӯзбакистон ба манзури истифодаи ҷинсӣ нигаҳдорӣ мешуданд.
Бар асоси гузориши ин нашрия, чаҳор тан аз атбоъи қазоқ ба гумон ё занни даст доштан дар қочоқи духтарон ба ҳадафи истифодаи ҷинсӣ аз сӯйи кормандони пулис боздошт шудаанд.
Мақомоти ниҳодҳои зидахли Тоҷикистон дар мавриди ҳодисаи қочоқи духтарони тоҷик ба Қазоқистон ибрози беиттилоъӣ карданд.
Ба гуфтаи масъулони Кумитаи занони Тоҷикистон, ошкор кардани ҳодисаи қочоқи занҳо ба кишварҳои хориҷӣ кори душворе буда ва умдатан занон ба ҳангоми сафар худро ба унвони тоҷир, ҷаҳонгард ё муҳоҷири корӣ муаррифӣ мекунанд.
Аз сӯйи дигаркоршиносон мегӯянд қочоқбарон духтарону занонро бо фиреб ва бо ваъдаи таъмин кардан бо иштиғоли хуб ва сердаромад ба хориҷи кишвар мебаранд.
“Ҳамкориҳои энержӣ бо Ӯзбакистон қатъ нашудаанд.”
Табодули нерӯи барқ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ҳамчунон идома дорад.
Масъулини ширкати “Барқи тоҷик” изҳор доҳтанд, ки ҳарчанд Тоҷикистон аз системи воҳиди энержии Осиёи Марказӣ ихроҷ шудааст, вале ҳамкориҳо бо ҷониби Ӯзбакистон идома дорад.
Аз ҷумла, Тоҷикистон вилояти Сурхандарёи Ӯзбакистонро бо нерӯи барқ ва баръакс Ӯзбакистон ниёзи вилояти Суғди Тоҷикистонро ба барқ бароварда месозад.
Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯйи ширкати “Барқи тоҷик”, рӯзи ҷумъаи 13 ноябр ба Би-би-сӣ гуфт, ки Тоҷикистон аз 29 октябр ба ин сӯ аз системи воҳиди энержии Осиёи Марказӣ ихроҷ шуда, ва ҳоло “масоили энержии худро ба сурати мустақилона ҳалл мекунад.”
Ихроҷи Тоҷикистон аз ин систем, ба гуфтаи оқои Ёдгорӣ, амри ногузир ва то андозае иҷборӣ будааст, зеро Ӯзбакистон “ба сурати якҷониба хутути табодули барқ бо Тоҷикистонро қатъ карда ва дар натиҷа Тоҷикистон наметавонад ба ин систем пайваст бошад.”
Бо ин вуҷуд, ба гуфтаи сухангӯйи “Барқи тоҷик”, табодули нерӯи барқ миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон ҳамчунон идома дорад. Зеро, ба гуфтаи вай, Ӯзбакистон дар таъмини вилояти Сурхандарё, дар ҷануби ин кишвар бо барқ бо мушкилоте рӯбарӯ буда ва Тоҷикистон мушкили мушобеҳро дар шимоли кишвар дорад.
Дар ҳамин ҳол, гузориш шудааст, ки базудӣ хутути интиқоли нерӯи барқи “Ҷануб-Шимол” фаъол хоҳад шуд ва системи энержии шимол ва минтақаи марказии Тоҷикистонро ба ҳам муттасил хоҳад кард.
Ба гуфтаи Нозирҷон Ёдгорӣ, ҳоло марҳилаи озмоиши ин хутут идома дорад ва баъд аз баргузории маросими расмии ифтитоҳи он, аз тариқи ин хутут, шимоли Тоҷикистон ба системи воҳиди энержии кишвар хоҳад пайваст.
Аз сӯйи дигар, оқои Ёдгорӣ иддаъои масъулини энержии Қазоқистонро мабни бар ин, ки Тоҷикистон аз системи воҳиди энержии Осиёи Марказӣ аз роҳи ғайриқонунӣ нерӯи барқро мегирифтааст, бепоя хонд.
Вай гуфт: “Дар ҳоле, ки Тоҷикистон ба ин систем пайваст нест, ба чӣ роҳе метавонад барқи кишвари дигареро ба сирқат бубарад?”
Аммо оқои Ёдгорӣ таъйид кард, ки моҳи гузашта мавориди истифода аз нерӯи барқи Қазоқистон вой доштааст ва шарҳ дод: “ин амр сирқат набуда, балки ба мушкилоти фаннӣ рабт дорад. Тоҷикистон барои ҷуброни миқдори барқи масрафшуда омода аст.”
Ин дар ҳолест, ки аз як ҳафта ба ин сӯ “Барқи тоҷик” интиқоли барқ ба манотиқи рустоӣ дар Тоҷикистонро расман муҳдуд кардааст. Санъат Раҳимов, раиси ин ширкат эълом дошт, ки ҳамакнун сокинони манотиқи рустоӣ метавонанд дар як шабонарӯз то ҳафт соъат аз нерӯи барқ истифода кунанд.
Интизор мерафт, бо дарназардошти захираи бештари об дар обанбори нерӯгоҳи Норак дар соли ҷорӣ, мизони таъмини манозили мардум бо барқ дар Тоҷикистон беҳбуд ёбад.
Вале тасмими ахири Ӯзбакистон мабни бар ихроҷ аз системи воҳиди энержии Осиёи Марказӣ чунин интизориҳоро зери суол мебарад. Зеро, қарор буд, дар зимистони имсол Тоҷикистон аз Туркманистон як милёрду дувист милюн киловат соъат барқ харидорӣ кунад, то он бо истифода аз хутути барқии Ӯзбакистон ба Тоҷикистон тиронзит шавад.
Коршиносон мегӯянд бо хориҷ шудани Ӯзбакистон аз системи воҳиди энержӣ, тиронзити ин миқдор барқ тавассути хутути интиқоли барқи онҳо ғайримумкин аст.
Вале, Санъат Раҳимов, раиси ширкати “Барқи тоҷик” рӯзи панҷшанбе эълом дошт, ки музокирот дар ин замина бо ҳамтоёни ӯзбак ҳамчунон идома дорад ва ҷонибҳо то ҳол ба натиҷае даст наёфтаанд.
Дар ҳамин ҳол, масъулони нерӯгоҳи Сангтӯда-1 дар номае унвонии нахуствазири Тоҷикистон ҳушдор додаанд, ки агар то якӯми декабр “Барқи тоҷик” бидеҳиҳои 42 милюн сомонии худро пардохт накунад, фаъолияти ин нерӯгоҳ ба таъвиқ дароварда мешавад.
Нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ба сурати муштарак аз ҷониби давлати Тоҷикистон ва Русия сохта шудааст ва 75 дарсади саҳмияҳои ин нерӯгоҳ ба Русия ихтисос ёфтааст.
Мавзӯъи бидеҳиҳои “Барқи тоҷик” аз ин нерӯгоҳ ахиран дар дидори руасои ҷумҳурии ду кишвар дар Маскав мавриди баррасӣ қарор гирфита буд ва ба гуфтаи ҷонибҳо ҳалли худро пайдо кард.
Мухолифи сарсахти давлати Ӯзбакистон аз зиндон озод шуд
Санҷар Умаров, раҳбари гурӯҳи мавсум ба "Узбакистони офтобӣ", аз гурӯҳҳои мухолифи давлати Ӯзбакистон, ки додгоҳ ӯро ба иртикоби пулшӯӣ ва напардохтани  молиёт ба даҳ соли зиндон маҳкум карда буд, аз зиндон озод шудааст.
Гуфта мешавад оқои Умаров баъд аз зуҳри рӯзи шанбе, 7 ноябр аз зиндон озод шудааст.
Нодира Ҳидоятова, аз афроди наздик ба оқои Умаров ба бахши Осиёи Миёнаи Би-би-сӣ гуфтааст, ӯ ҳоло дар миёни ҷамъи дӯстони худ аст ва вазъи саломати ӯ хуб аст.
Хонуми Ҳидоятова ба савол дар бораи ин ки оё заминаи озодии оқои Умаров, чӣ буда, гуфтааст эҳтимолан вай мавриди авф қарор гирифтааст аммо ҷузъиёти дигаре ироа накардааст.
Гузоришҳо ҳокӣ аз он буд, ки вазъи саломати ин мухолифи давлати Ӯзбакистон дар зиндон нигаронкунанда аст ва тарафдорони ӯ борҳо аз давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ хоста буданд, ки барои озодии ӯ аз зиндон кумак кунанд.
Дар пайи инқилобҳои рангин дар Гурҷистон, Укройн ва Қирғизистон Санҷар Умаров, аз тоҷирони муваффақ дар Узбакистон эътилофи "Ӯзбакистони офтобӣ" ро таъсис дод ва аз давлат хост то ислоҳоти бештареро дар роҳи демукротиза кардани кишвар анҷом диҳад.
Баъд аз саркӯбии муътаризин дар тазоҳуроти шаҳри Андиҷон тавассути нерӯҳои давлат дар моҳи майи соли 2005, ки ба гуфтаи манобеъи мустақил беш аз 700 нафар кушта бар ҷой гузошт, алайҳи Санҷар Умаров ба иттиҳоми напардохтани молиёт ва пулшӯи парвандаи ҷиноӣ боз шуд ва дар соли 2006 ӯ ба даҳ соли зиндон маҳкум шуд.
Санҷар Умаров аз давлати Ӯзабкистон нисбати шеваи бархурд бо муътаризин дар шаҳри Андиҷон интиқод карда буд.
Оқои Умаров ин иттиҳомотро пайваста рад карда ва гуфтааст ин иттиҳомот ба далели фаъолиятҳои сиёсӣ ба ӯ ворид шудааст.
Баъд аз саркӯбии тазоҳуроти Андиҷон ва интиқоди шадиди кишварҳои ғарбӣ аз амалкарди давлат нисбати муътаризин равобити Ӯзбакистон бо ин кишварҳо тира шуд ва давраи сардии равобити ду ҷонибро оқои Умаров дар зиндон сипарӣ кард.
Ахиран давлати Ӯзбакистон бо соири кишварҳои Осиёи Марказӣ барои интиқоли тадорукоти кишварҳои ғарбӣ ба Афғонистон аз тариқи қаламрави худ изҳори омодагӣ кард ва ба дунболи ин омодагӣ дар равобити Узбакистон бо Омрико ва мутаффиқини урупоиаш навъе гармӣ оғоз шуд.
Дар моҳи гузашта Иттиҳодияи Урупо таҳримҳо алайҳи Узбакистонро, ки ба далели саркашии мақомоти он аз таҳқиқи мустақили ҳаводиси Андиҷон вазъ шуда буд, лағв кард.
Узбакистон, кишвари дорои манобеъи саршори нафту гоз ва маъодин аз замони Иттиҳоди Шуравӣ, ки Узбакистон ҷузъе аз он буд, тавассути Ислом Каримов, раиси ҷумҳурӣ феълӣ идора мешавад.
Сиёсатҳои оқои Каримов ҳамвора ба далели он чӣ худкомагӣ дар умур хонда шуда мавриди интиқоди созмонҳои байналмилаллии дифоъи ҳуқуқи башар будааст ва наздикии кишварҳои ғарбӣ бо давлати ӯ аз суи мудофеъини ҳуқуқи башар мавриди накуҳиш қарор гирифтааст.
Қаҳҳоров: "Афроде, ки меҷӯем, дар кишварҳои ҳамсоя ҳастанд"
Вазири дохилаи Тоҷикистон аз кишварҳои ҳамсояаш дар Осиёи Марказӣ хостааст, ки ба афроди мазнун дар фаъолиятҳои теруристӣ ва ифротгароёна дар қаламрави худ паноҳ надиҳанд.
Абдураҳим Қаҳҳоров, ки рӯзи душанбеи 2 октябр дар ҳамоише дар бораи масоили амниятии минтақа дар пойтахти Тоҷикистон суханронӣ дошт, аз кишварҳои ҳамсоя хост, ки ба Қатъномаи 1373 СММ эҳтиром гузоранд.
Оқои Қаҳҳоров аз ҳеч кишваре мушаххасан ном набурд, вале гуфт: “Тибқи иттилоъе, ки мо дар даст дорем, афроди ҷудогонае, ки мо онҳоро барои иртикоби ҷароим алайҳи низоми давлати Тоҷикистон ҷустуҷӯ мекунем, дар қаламрави кишварҳои ҳамсоя дар Осиёи Марказӣ зиндагӣ мекунанд.”
Вазири дохилаи Тоҷикистон аз ин афрод ҳам ном набурд, вале соҳибназарон мегӯянд, ки рӯйи сухани ӯ зоҳиран бо кишвари ҳамсояи Ӯзбакистон ва афроди мавриди назараш сарҳанги шӯришӣ, Маҳмуд Худойбердиев, ва теъдоде аз тарафдорони ӯ ҳастанд, ки то кунун ҷойи сукунати онҳо рӯшан нест.
“Теруристонро паноҳ надиҳед”
Оқои Қаҳҳоров бо ишора ба қатъномаи СММ дар бораи афроди мазнун ба фаъолиятҳои теруристӣ гуфт: “Мо ҳама бояд бипазирем, ки паноҳ додан ба теруристон ва афроди дигаре, ки дар иртикоби ҷароим даст доранд, раво нест ва усули Қатъномаи 1373 Шӯрои Амнияти СММ, ки аз кишварҳо мехоҳад ба теруристон паноҳгоҳ надиҳанд, бояд бечуну чаро риъоят шавад.”
Вай зимни суханронӣ дар ҳамоиши “Олмон ва Осиёи Марказӣ: истротежии мушорикат барои таъмини амният”, мубориза бо терурисм, маводди мухаддир ва ҷароими созмонёфта дар меҳвари он қарор дошт, гуфт: “Тибқи ин қатънома, ҳеч ангезаи сиёсӣ наметавонад баҳонае барои саркашӣ аз таҳвил ё истирдоди афроди мазнун ба терурисм бошад.”
Мақомоти Тоҷикистон муътақиданд, ки оқои Худойбердиев ва теъдоде аз тарафдоронаш, ки дар соли 1998 ба вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон, ҳамлавар шуда буданд, дар кишвари ҳамсояи Ӯзбакистон ба сар мебаранд.
Дар гузашта, додситони кулли Тоҷикистон низ борҳо эълом карда буд, ки мақомоти ӯзбак ба дархости истирдоди ин афрод ҳаргиз посухе надодаанд.
Равобити Тоҷикистону Ӯзбакистон аз замони касби истиқлоли ин ду кишвар бо ҳам чандон созгор набуда ва онҳо дар мавориди мухталифе ҳамдигарро ба хусумат ва ғаразварзӣ муттаҳам кардаанд.
Монеъи ислоҳот
Дар нишасте, ки намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, Урупо, Русия, Эрону Афғонистонро гирди ҳам оварда буд, вазири дохилаи Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ки миёни ниҳодҳои қудратии кишварҳои минтақа ҳамоҳангӣ ва табодули иттилоъ ба таври бояду шояд вуҷуд надорад.
Абдураҳим Қаҳҳоров бо ишора ба ин ки Тоҷикистон худаш аз терурисм ва маводди мухаддир басе зиён дидааст, гуфт: “Имруз, ки Тоҷикистон сулҳ ва ризояти миллиро ба даст оварда ва ба сӯйи як ҷомеъаи демукротик ва ҳуқуқбунёд ва бо иқтисоди бозорӣ пеш меравад ва барои ин ислоҳот анҷом медиҳад, таҳдиди терурисм аз сӯйи нерӯҳои вайронгар бар суботи ҷомеъа асароти манфӣ мегузорад ва ин вазъ ба навбаи худ аз ислоҳот монеъ мешавад.”
Ба гуфтаи вай, аз 1997 то кунун кормандони пулиси Тоҷикистон ҳудуди 200 созмони ҷиноии дорои аҳдофи теруристиро кашф ва хунсо кардаанд, ки аъзои ин гурӯҳҳо ҳудуди 3000 ҷурм, аз ҷумла беш аз 170 амали теруристӣ, харобкорӣ, қатлҳои пурсару садоро, муртакиб шудаанд.
Ҳамчунин, аз оғози соли милодии ҷорӣ то кунун, кормандони интизомии Тоҷикистон 18 узви Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон ва бисёре аз “ҳамдастони” онҳоро боздошт кардаанд, ки дар миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя ҳастанд.
Алоқаи қочоқбарон ба ноамнӣ
Абдураҳим Қаҳҳоров бар зарурати ҳамкориҳои байналмилалӣ барои тақвияти мубориза бо маводди мухаддир таъкид кард ва гуфт, ки дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ниҳодҳои амниятию интизомии Тоҷикистон беш аз 3800 тун маводди мухаддирро кашф ва нобуд кардаанд.
Вай гуфт: “Имрӯз ҷойи тардиде нест, ки фаъолиятҳои теруристӣ бо тиҷорати маводди мухаддир робитаи қавӣ дорад. Аз як сӯ, тавлиди ғайриқонунӣ ва қочоқи маводди мухаддир аз манобеъи аслии молӣ барои фаъолиятҳои теруристӣ аст ва аз сӯйи дигар, терурисм вазъро бесубот карда ва муборизаи байналмилалӣ бо парвариши тарёкро душвор месозад.”
Юрг Зирке, раиси идораи федероли пулиси ҷиноии Олмон, низ бо ишора ба ҳамин мавзӯъ гуфт: “Ба назари ман сардастаҳои гурӯҳҳои маводди мухаддир алоқа доранд, ки дар Афғонистон оромӣ набошад, зеро ин асли тиҷорати онҳост. Агар мо битавонем суботро дар он кишвар барқарор кунем, он гоҳ метавон ба кишоварзон гуфт, ки чи чизеро парвариш кунанд.”
Шабакаҳои минтақаӣ
Дар ҳамин ҳол, Муҳаммад Довуди Довуд, муъовини вазири дохилаи Афғонистон дар умури мубориза бо маводди мухаддир, аз дастовардҳои кишвараш дар мубориза бо тавлиди маводди мухаддир иттилоъ дод.
Вай гуфт: “Афғонистон пешрафтҳое дорад, масалан кишти кукнор дар ду соли ахир 41,5 дарсад коҳиш ёфтааст: 19, 5 фисад дар соли гузашта ва 22 фисад имсол. Кишти кукнор ҳоло танҳо дар вилоёти ноамне, ки он ҷо Толибон фаъолиятҳои ҳарбиву ҷангӣ доранд, боқӣ мондааст.”
Оқои Довуд афзуд, ки кишвараш дар ҷилавгирӣ аз қочоқи маводди мухаддир низ ба пешрафтҳое ноил шудааст: “Мо дирӯз раҳбарони як бонди минтақаиро дастгир кардем, ки дар сатҳи Покистону Афғонистон ва Тоҷикистон кор мекард. Беш аз се ҳазор шабакаро дар се-чаҳор соли гузашта дастгир кардем ва аз байн бурдем. Беш аз 370 лобротуори ҳеруин дар чаҳор сол аз байн бурда шуд.”
Тибқи гузориши ахири СММ ҳосили тарёк дар Афғонистон имсол беш аз 7000 тун буда ва захираи он ба изофаи солҳои гузашта беш аз 10 ҳазор тунро ташкил медиҳад. Гуфта мешавад, 80 дарсади ин маводд дар манотиқи ҷанубии ҳаммарз бо Покистон ва таҳти кунтрули Толибон тавлид мешавад.
Лағви таҳримҳо алайҳи Ӯзбакистон
Иттиҳодияи  Урупо (ИУ) куллияи таҳримҳо барои таҳвили силоҳ ба Ӯзбакистонро лағв кардааст.
Бино ба гузориши дафтари матбуъоти Шӯрои Иттиҳодияи Урупо (ИУ) рӯзи сешанбе, 27 октябр, вузарои хориҷаи 27 кишвари узви ин Иттиҳод дар шаҳри Люксембург дар ин замина тасмим гирифтаанд.
Ин манбаъ гуфтааст, ки ин тасмим ба манзури ташвиқи Ӯзбакистон барои беҳбуди вазъияти таъмини қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи башар дар ин кишвар иттихоз шудааст.
Дар пайи саркӯб шудани тазоҳурот дар шаҳри Андиҷони Ӯзбакистон аз сӯйи неруҳои ниҳодҳои зирабти ин кишвар дар моҳи майи соли 2005 Иттиҳодияи Урупо (ИУ) дар қиболи  Ӯзбакистон таҳримҳоеро ба иҷро гузошт.
Ба гуфтаи созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар ва шоҳидони ин ҳодиса, бар асари тирандозии неруҳои давлати Ӯзбакистон ба тазоҳуркунандагони шаҳри Андиҷон ҳадди ақал 700 нафар кушта шуданд.
Аммо давлати Ӯзбакистон иддаъо дошт, ки ин ошӯб аз сӯйи тундравони исломӣ роҳандозӣ шуда ва дар он 187 нафар ҷон бохтаанд.
Он замон Иттиҳодияи Урупо (ИУ) хостори бозрасии байналмилалии ин қазия шуд, аммо Ӯзбакистон ин дархостро рад кард.
Дар натиҷа,  алайҳи  Ӯзбакистон таҳримҳо барои таҳвили ҳама гуна силоҳ ва васоили фаннии низомӣ, манъи вуруди 12 мақоми давлати ин кишвар, ки дар кушта шудани сокинони шаҳри Андиҷон масъул буданд, ба мамолики узви ИУ, коҳиши кумакҳои молӣ ба Тошканд ва эъмоли маҳдудият барои тиҷорат бо ин кишвар ба кор гирифта шуда буд.
Бо вуҷуди оддӣ шудани муносибот бо Ӯзбакистон вузарои хориҷаи Иттиҳодияи Урупо дар як баёния гуфтаанд, ки “то ҳол аз вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар ҷиддан нигарон ҳастанд”.
Созмони мудофеъи ҳуқуқи башари “Amnesty International” гуфтааст, ки чаҳор узви созмони дифоъ аз ҳуқуқи башар дар Ӯзбакистон маҳкум шуда ва 10 нафари дигар ба муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шудаанд.
Ин созмон таъкид кардааст, ки мақомоти Ӯзбакистон ба дастрасии комили нозирони Созмони Милали Муттаҳид ба маводи марбут ба вазъи ҳуқуқи башар мамониъат мекунанд.
Аз замони фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 то ба ҳол Ислом Каримов ин кишвари дорои манобеъи бузурги табиъиро бо режими сахтгирона раҳбарӣ мекунад.
Дар амалиёти Эътилофи алайҳи терруризм дар Афғонистон ба раҳбарии Омрико Ӯзбакистон бо Омрико ва Созмони Паймони Отлонтики Шимолӣ (НАТО) ҳамкориҳои танго-танг дошта, аммо ба дунболи ҳаводиси Андиҷон дар соли 2005 равобиташ бо Омрико ва мамолики Ғарб сард гардид.
Ҳоло оқои Каримов барои беҳбуди равобит бо Ғарб талош карда ва омодагии худро барои мусоъидат ба неруҳои НАТО дар пайдо кардани масири амни тронзити тадорукот ба Афғонистон эълом кардааст.
Оғози муҳокимаи ду фарди мазнун ба узвияти ҶИӮ
Додгоҳи вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон муҳокимаи ду нафарро ба иттиҳоми узвият дар Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон (ҶИӮ) шурӯъ кардааст.
Фарҳод Зиёдуллоев, судя ё қозии ин додгоҳ рӯзи чаҳоршанбеи 25 ноябр, ба Би-би-си гуфт, тибқи натоиҷи бозрасӣ Қудратулло Неъматуллоев ва Абдусамӣ Нурмуҳаммадӣ, сокинони шаҳри Исфараи вилояти Суғд  муддати тӯлонӣ дар суфуфи созмони ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон ғайриқонунии ҶИӮ фаъолият доштаанд.
Ин афрод дар авоили соли ҷорӣ аз сӯйи ниҳодҳои зирабти кишвар дастгир шуда буданд.
Оқои Зиёдуллоев таъкид кард, ки ин ду нафар ҳамчунин дар иртикоби чанд ҷароими сангин мазнун ҳастанд.
Додситонӣ дар ҷаласаи додгоҳ гуфт ин ҷавонон дар ҷароими марбут ба қатл, таъсиси гурӯҳи табаҳкор, даъвати аланӣ барои сарнагун кардани низоми феълии Тоҷикистон ва барангехтани низоъи миллӣ, нажодию динӣ муттаҳам ҳастанд.
Ба гуфтаи қозии додгоҳи вилояти Суғд занни он меравад, ки ин ду нафар аъзои гурӯҳи Анвар Қаюмов, раҳбари тарафдорони Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон дар шаҳри Исфараи ин вилоят бошанд.
Зимнан, додгоҳи вилояти Суғд дар моҳи октябри соли ҷорӣ Анвар Қаюмовро ба ҳабси абад ва 5 узви гурӯҳи ӯро ба муддатҳои аз 7 то 11 солӣ зиндон маҳкум карда буд.
Анвар Қаюмов ва ҳамроҳонаш дар иртикоби қатли 8 нафар, ҳамлаи мусаллаҳона ба боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд ва қароргоҳи марзбонони тоҷик дар шаҳри Ифараи ин вилоят муҷрим шинохта шуда буданд.
Бар асоси иттилоъи манобеъи додситонии шаҳри Исфара, аз соли 1997 то ба ҳол дар ин минтақа 84 фарди муртабит ба Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон ошкор шуда ва аз ин ҷумла 40 нафар аз сӯйи ниҳодҳои интизомию амниятӣ боздошт шудаанд.
Ҷунибиши Исломии Ӯзбакистонро кишварҳои минтақа як созмони теруристӣ медонанд, ки ба давлатҳои секулори ин минтақа таҳдид мекунад. Гузоришҳо ҳокист, ки ҶИӮ бо созмони Алқоъида рабт дорад ва ҳоло дар Покистон фаъол аст.
Моҳи октябри гузашта манобеъи иттилоъотии Покистон эълом карданд, ки Тоҳири Юлдош, раҳбари ин гурӯҳ дар як ҳамлаи ҳавоии Омрико дар ғарби ин кишвар кушта шудааст.
Маҳмадсаид Убайдуллоев яке аз “маҳбубтарин” мақомҳои Тоҷикистон
Як назарсанҷӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанберо  "маҳбубтарин ва умедбахштарин" мақоми Тоҷикистон хондааст.
Вале Гул Шералӣ, вазири энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон ва Амонулло Ҳукум, раиси Роҳи оҳани ин кишвар аз мақомоти ғайримуассир ва каммаҳбубтарини ин кишвар дониста шудааст.
Ин назарсанҷӣ аз сӯйи сандуқи ҷамъиятии мавсум ба “Индем” анҷом шуда ва гуфта мешавад, ки чунин назарсанҷиҳо аз ин ба баъд соле ду маротиба баргузор хоҳанд шуд.
Саймуддин Дӯстов, раиси сандуқи “Индем” рӯзи чаҳоршанбеи 25 ноябр ба Би-би-сӣ хабар дод, ки ин ниҳод ахиран назарсанҷиеро дар заминаи мизони маҳбубият, сатҳи ҳирфаӣ ва умедбахшии мақомоти Тоҷикистон  анҷом додааст.
Дар ҷараёни ин назарсанҷӣ диди 240 коршиноси тоҷик, аз ҷумлаи сиёсатшиносон, соҳибназарон, фаъолони аҳзоби сиёсӣ ва сардабирону хабарнигорон ҷамъоварӣ шудааст.
Натоиҷ ҳокист, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон аз мизони бештари маҳбубият бархурдор буда, ба эҳтимоли зиёд мақоми феълии худро хифз хоҳад кард.
Ин назарсанҷӣ хулоса кардааст, ки Абдувалӣ Комилов, раиси Ожонси сохтмони Ҳукумати Тоҷикистон, Мирзоалӣ Болтуев, раиси Кумиссиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии ин кишвар, Наталя Назаршоева, як масъули “Тоҷиксодиротбонк” аз нафароне ҳастанд, ки “баъйид аст мақоми худро тавонанд дар ояндаи наздик ҳифз кунанд.”
Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Суҳроб Шарипов, раиси Маркази мутолеъоти истротежик ва Саймурод Фаттоев, мушовири давлатии раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз беҳтарин сиёсатмадорони кишвар хонда шудаанд, ки “мақоми феълии худро ҳифз карда, ба ҷаҳише ба мақоми баландтаре омода ҳастанд.”
Ва баръакс, Гул Шералӣ, вазири энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон, Саъдулло Хайруллоев, раиси Маҷлиси намояндагони порлумони кишвар, Амонулло Ҳукум, раиси ширкати Роҳи оҳан ва Алимурод Маҳмадалиев, раиси ширкати давлатии ҳавопаймоии “ТоҷикЭйр” дар миёни даҳ тан қарор доранд, ки аз “каммаҳбубтарин мақомоти” ин кишвар шинохта мешаванд.
Дар ин назарсанҷӣ ҳамчунин маҳбубияти мақомоти маҳаллӣ низ мавриди арзёбӣ қарор гирифтааст. Соҳибназарон фаъолияти Маҳмадшариф Толибов, раиси ноҳияи Рашт, Раҳматалӣ Пӯлодов, раиси ноҳияи Шаҳринва ва Рустам Раҳматов, раиси ноҳияи Айниро “ғайримуассир” донистаанд.
Вале, ба эътиқоди коршиносон, фаъолияти Фатҳулло Бӯриев, раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе хеле муассир дониста шудааст ва гузашта аз ин таъкид мешавад, ки оқои Бӯриев аз мизони маҳбубияти боло низ бархурдор аст.
Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи Саймуддин Дӯстов, дар ин назарсанҷӣ фаъолияти беш аз 70 мақоми Тоҷикистон, ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам дар сатҳи маҳаллӣ мавриди пурсиш қарор гирифтааст.
Дар посух ба ин суол, ки чаро дар ин феҳраст исми раиси ҷумҳури Тоҷикистон дида намешавад, оқои Дӯстов гуфт, ки “Эмомалӣ Раҳмон, ки симмати президент, раиси Ҳукумат ва сарфармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад, қиёснашаванда аст.”
Зеро, ба гуфтаи оқои Дӯстов, барои таблиғи президент Раҳмон бидуни маҳдудият аз куллияи расонаҳои гурӯҳӣ истифода мешавад ва ниёзе барои мушшахас кардани мизони маҳбубияти вай дар миёни ҷомеъаи Тоҷикистон вуҷуд надорад.
Вай афзуд, ки яке аз аҳдофи аслии баргузории ин назарсанҷӣ, ошкор кардани асомии мансабдороне буд, ки дар оянда метавонанд дар ҳаёти сиёсии кишвар нақши муассире дошта бошанд.
Ба гуфтаи Саймуддин Дӯстов, сандуқи “Индем” тасмим гирифтааст соле ду маротиба чунин назарсанҷиро анҷом бидиҳад. Бад ин манзур, қарор аст дар чорчӯби сандуқи “Индем” ниҳоди вижае барои баргузории назарсанҷиҳо таъсис шавад.
Интиқоди Афви Байналмиллал аз вазъи занон дар Тоҷикистон
Созмони Афви Байналмиллал (Амнести Интернешнол) дар гузориши худ дар бораи вазъи занони Тоҷикистон аз давлати ин кишвар хостааст, хушунати хонаводагиро ҳамчун ҷиноят ҷиноят пайгирӣ кунанд.
Ин гузориш дар бораи вазъи вахими ҳуқуқи занони тоҷик дар хонавода садо баланд карда ва менависад: “Занон дар Тоҷикистон дар оила дучори лату кўб, таҳқир ва таҷовуз мегарданд, аммо мақомоти давлатӣ дар ин масъала муносибати ҷомеаро инъикос менамоянд ва дар рўй додани хушунат дар хонавода худи занонро гунаҳкор меҳисобанд.”
Дар ин гузориш исрор шудааст, ки “Ба занон ҳамчун ғулом ва моликияти оилаи шавҳар муносибат мекунанд. Онҳо намедонанд ба куҷо муроҷиат кунанд, зеро мақомоти давлатӣ дар ин мавридҳо оштӣ додани зану шавҳарро вазифаи худ медонад.”
Дар ин гузориш мехонем, ки тақрибан 30 то 50 дарсади занони Тоҷикистон ба таври муназзам мавриди хушунат қарор мегиранд.
Дар ҳамин ҳол Созмони Милали Муттаҳид низ рӯзи 24 ноябр дар Душанбе гузориши худро дар бораи хушунат алайҳи зан дар Тоҷикистон муаррифӣ кард.
Созмони Милал ҳам монанди созмони Амнести Интернешнол фақр, бекорӣ дар ҷомеаи мардсолориро аз авомили аслии хушунат алайҳи занон дар Тоҷикистон унвон мекунад.
Дар ин гузориш вазъи феълии занони кишвар бо даврони Иттиҳоди Шӯравӣ муқоиса шудааст.
"Шуравӣ биҳишт барои занон"
Таъкид шудааст, сатҳи даромад дар Тоҷикистон дар даврони шӯравии пешин бар асоси шохиси Барномаи Рушди СММ “мутавассит” буда ва занон, бахусус, модарони серфарзанд аз имтиёзоти фаровони иҷтимоъӣ бархурдор буданд ва аз сӯйи давлат кумакпулӣ дарёфт мекарданд.
Ҳамчунин, синну соли издивоҷ барои духтарон 18 сол муқаррар шуда ва мавориди бисёрникоҳӣ ё бисёрзанӣ ва издивоҷи иҷборӣ мамнӯъ маҳсуб мешуд.
Ин ҳамоиш ба ибтикори давлати Тоҷикистон, дафтари минтақавии Идораи Комисариёи Олии СММ дар умури ҳуқуқи башар, Дафтари Созмони амнияту ҳамкории Урупо дар Тоҷикистон ва Институти “Ҷамъияти Кушода”-и Бунёди Мадад дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимнан, Яқин Уртук, намояндаи вижаи Созмони Милал  пас аз дидор аз Тоҷикистон дар соли гузашта ва таҳқиқу бозрасии вазъи занони тоҷик ин гузоришро таҳия карда ва барои баррасӣ ба иҷлосияи Маҷмӯъи Умумии ин созмон пешниҳод карда буд.
Дар гузориш омадааст, пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва касби истиқлоли Тоҷикистон дар соли 1991 арзишҳои даврони шӯравӣ аз миён рафта ва тавассути таблиғоти динӣ арзишҳои мардсолорӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон зуҳур кардааст.
Ба гуфтаи Фиона Фрейзер, намояндаи Дафтари минтақавии Идораи Комисариёи СММ дар умури ҳуқуқи башар, “вазъи феълӣ дар Тоҷикистон занонро ба мутеъ будан ва сари итоъат фуруд овардан дар назди шавҳар ва хонаводаи ӯро тақозо мекунад.”
Аз сӯйи дигар, мавориди бисёрзанӣ ва издивоҷи бармаҳал  дар ҳоли афзоиш буда ва ҳудуди 40 дар сади духтарони синфҳои болоӣ дар манотиқи рустоӣ аз мадорис хориҷ шудаанд.
Хонуми Фрейзер мегӯяд, ки дар канори ин авомил вобастагии иқтисодӣ ва ноогоҳии фазояндаи занон аз ҳуқуқҳои худ, онҳоро дар баробари хушунат осебпазир сохтааст.
Эътирозоти занон ба хушунат
Дар гузориши вижаи намояндаи Созмони Милал таъкид шудааст, ки умдатан занҳои Тоҷикистон дар эътироз ба мавориди фаровони хушунат даст ба худкушӣ, умдатан аз роҳи худсӯзӣ мезананд.
70 дар сади занҳо дар вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон, ки кӯшиши худкушӣ кардаанд, далели ин амалро ба мавориди лату кӯб аз ҷониби шавҳар ва озору азияти аъзои хонаводаи ӯ марбут хондаанд.
Тибқи иттилоъи расмӣ, дар соли 2007 дар ин вилоят123 ҳодисаи худкушӣ сабт шудааст, ки дар 74 маврид ин амал аз сӯйи занҳо иттифоқ афтодааст.
Яқин Уртук, намояндаи вижаи Созмони Милал  дар ҷараёни дидораш аз Тоҷикистон аз зиндони занона дар шаҳри Норак дидан кардааст, ки дар он ҷо занони қотил низ ба сар мебаранд.
Хонуми Уртук дар гузориши худ таъкид кардааст, ки ин занҳо ба манзури интиқом аз мардони дилозор ё ба хотири ҳифозат аз худ аз қатл кор гирифта ва ба муддати аз 7 то 20 сол равонаи зиндон шудаанд.
Ба эътиқоди Яқин Уртук ин гуна занҳо, ки фарзандони хурдсол доранд, бояд мавриди афв қарор бигиранд.
Зимнан, тибқи Қонуни афви соли ҷорӣ куллияи занҳо, бо шумули занҳои ба қатл дастзада афв шуда ва муддати адои ҷазои онҳо коҳиш ёфтааст.
Посухи давлати Тоҷикистон ба гузориши СММ
Давлати Тоҷикистон бахши аслии нуқоти гузориши Яқин Уртук, намояндаи вижаи Созмони Милал  дар мавриди хушунат алайҳи зан дар ин кишварро воқеъбинона ва бештари тавсияҳои онро қобили қабул хонд.
Абдуқодир Исматов, муъовини раиси бахши кафолати ҳуқуқҳои шаҳрвандони Дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ки посухи давлати Тоҷикистон ба гузориши СММ-ро муаррифӣ мекард, гуфт, ки дар Қонуни Асосии ин кишвар баробарии ҳуқуқи зану мард замонат дода шудааст.
Бо ин вуҷуд оқои Исматов эътироф кард, ки ҳоло дар ҷомеъаи Тоҷикистон мафкураи мардсолорӣ ҳукмфармо буда ва умдатан, зан ба унвони кадбонуи хонавода ва модари фарзандон талақӣ мешавад.
Аммо бештари ширкаткунадагони ҳамоиш посухи давлати Тоҷикистон ба гузориши намояндаи СММ  дар бораи хушунат алайҳи зан дар ин кишварро ноқис хонда ва гуфтанд, ки дар он ба бисёре аз масоили мавриди баҳс ва пешниҳодот посухе дода нашудааст.
Аз ҷумла, ба гуфтаи Гулҷаҳон Бобосодиқова, раиси созмони “Бонувони таҳсилкарда” давлат ба пешниҳоди СММ дар мавриди таъсиси паноҳгоҳҳо барои занони аз хушунат осебдида посухе надодааст.
Амнести Интернешнол, созмони дигари ҳуқуқи башар ки ҳамзамон гузориши худро дар бораи ин мушкил интишор кард, низ давлати Тоҷикистонро дар иҷро накардани тааҳудоти байналмиллалиаш дар ин замина интиқод кард.
Таъкиди аслии ин созмон дар пешниҳод ба давлати Тоҷикистон дар ин бора бар он аст, ки бархурди ниҳодҳои пулис ба мавориди таҳқир, таҷовуз, лату кӯб ва ҳама гуна хушунати хонаводагӣ бояд тағйир ёбад ва муртакибони ин ҷиноёт ба унвони ҷинояткорон мавриди пайгарди қонунӣ қарор бигиранд.
Абдуқодир Исматов, муъовини раиси бахши кафолати ҳуқуқҳои шаҳрвандони Дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки барои таъсиси паноҳгоҳҳо маболиғи ҳангуфте зарур аст ва дар шароити феълӣ будҷаи ин кишвар имкони тахсиси ин миқдор маблағро надорад.
Вай гуфт, ки ба далели мушкилоти молӣ пешнависи қонуни “Ҳимоят аз зӯроварӣ дар хонавода” низ, ки дар он таъсиси паноҳгоҳҳо барои занону кӯдакони аз хушунати хонводагӣ осебдида пешбинӣ шудааст, то ҳол тасвиб нашудааст.
Дар ҳамин ҳол, Набиҷон Самадов, корманди Дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард, ки ба манзури иҷрои тавсияҳои гузориши СММ дар бораи ҷилавгирӣ аз издивоҷи бармаҳалл ва дар канор мондани духтарон аз таҳсил, ду мавзӯъи издивоҷи духтарон танҳо пас аз синни 20 солагӣ ва таҳсилоти ҳатмии 12 сола дар мадориси ин кишварро баррасӣ мекунад.
Ҳамзамон, масъулони давлати Тоҷикистон гуфтанд, ки посухи феълӣ ба гузориши намояндаи СММ дар бораи хушунат алайҳи зан дар ин кишвар комил набуда ва қарор аст, гузориши расмӣ дар ин замина баъдан ба СММ ироа шавад.
Гузоришҳои Амнести Интернешнол ва СММ дар бораи вазъи вахими ҳуқуқи занон дар Тоҷикистон дар ҳоле мунташир шудаанд, ки 25 ноябр мусодиф бо Рӯзи Ҷаҳонии мубориза бо хушунат алайҳи занон аст.
Дархости ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон
Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон хоҳони баробарии шумори раъйдиҳандагон дар ҳавзаҳои интихоботии инфиродии ин кишвар шудааст.
Раиси ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон мегӯяд, ки Комиссиюни марказии интихобот ва раъйдиҳии ин кишвар бояд ҳавзаҳои интихоботии инфиродиро тибқи моддаи Қонуни асосии Тоҷикистон таъсис диҳад.
Масъулони ин ҳизб дар як номаи дархостӣ унвонии мақомоти зидахли Тоҷикистон ва Кумиссюни марказии интихобот ва раъйдиҳии ин кишвар бархе аз пешниҳодоти ба гуфтаи онҳо мушаххасро барои баргузории интихоботи порлумонӣ дар фазои  демукротик ва мунсифона ироа кардаанд.
Раҳматилло Зойиров рӯзи сешанбеи 24-уми ноябр дар нишасти хабарии ин ҳизб гуфт, Қонуни асосии Тоҷикистон баробарии шумораи райъдиҳандагон дар ҳавзаҳои интихоботи инфиродиро таъйин кардааст.
Дар сурати зарурат дар ин қонун, танҳо 15 дар сади тафовут дар шумори райъидҳандагони ҳавзаҳо дар назар гирифта шудааст.
Аммо ба ақидаи оқои Зойиров теъдоди раъйдиҳандагон дар бархе аз ҳавзаҳои интихоботи инфиродӣ ба маротиб бештар аз ҳавзаҳои дигар аст ва вай муътақид аст, ки дар бархе навоҳӣ ин тафовут то панҷоҳ дар садро нишон медиҳад.
Барои мисол раиси ҳизби сусиёл-демукрот аз ҳавзаи интихоботии ноҳияи Исфараи устони Суғд ёдовар шуда гуфт: “Дар ноҳияи Исфара беш аз 100 ҳазор сокин ба сар мебаранд, ки раъйи онҳо фақат дар як ҳавзаи интихоботии инфиродӣ дрёфт мешавад, ки муғойир ба қонуни мавҷуд дар кишвар аст.”
Вай гуфт: “Тибқи қонун дар ин дар ин ноҳия бояд ду ҳавзаи интихоботӣ созмон ёбанд.”
Оқои Зойиров ҳамин тавр аз чанд навоҳии дигари Тоҷикистон ном бурд, ки низ шумори нуфус дар онҳо бештар аз муқаррароти муайяншуда дар қонун будааст.
Камфаъолиятии мақомоти маҳаллӣ
Ба гуфтаи оқои Зойров дар бархе ҳавзаҳои интихоботие, ки раъйдиҳандагон аз чанд навоҳӣ ва шаҳрҳо якҷо шудаанд, натиҷаи интихобот бар зарари ақалиятҳо тамом мешавад.
Оқои Зойров аз сокинони шаҳри Норак ёдовар шуд, ки ба ҳавзаи интихоботии ноҳияи Данғараи устони Хатлон шомил шудаанд.
Аз ин рӯ ба гуфтаи вай аксари намояндагони порлумон аз ҷумлаи кондидҳои як шаҳр ва ё ноҳияе интихоб мешаванд, ки раъйдиҳандагони бештаре доранд.
Вай гуфт, ширкати ҳадди ақал як намоянда аз ҳамаи шаҳрҳо ва навоҳӣ дар порлумон ва дифоъ аз мавқеъи иҷтимоъӣ ва иқтисодии сокинони он метавонист барои ҳалли масоили зиёде кумак кунад
Раҳматилло Зойров зимни интиқод аз бефаъолиятии мақомоти навоҳӣ ва устонҳои Тоҷикстон гуфт, ки мақомоти устони Бадахшон ҷавобгӯйи худмухтор будани ин устон набуда ва дар ҳалли масоили иҷтимоъӣ ва иқтисодии ин вилоят истиқлол надоранд.
Ба бовари оқои Зойиров мақомоти маҳаллии кулия манотиқи дигари Тоҷикистон низ дар ин замина мушобеҳи якдигар будаанд.
Раҳбари ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон ҳукуматҳои устонҳо ва навоҳии мухталифро муҷрии дастурҳои мақомоти марказӣ аз ҷумла раиси ҷумҳур донист.
Қаблан масъулони ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон изҳор доштаанд, номзадҳояшонро дар ҳар ду ҳавзаи интихоботии ин кишвар вориди рақобат хоҳад кард.
"Нақзи ҳуқуқи кӯдакон дар Тоҷикистон"
UNICEF ё Сандуки Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд дар Тоҷикистон  200 ҳазор кӯдак ба корҳои сангини ҷисмонӣ ҷалб мешавад.
Ҳамчунин ҳудуди даҳ дар сади кӯдакони синни мадраса дар ин кишвар дастрасӣ ба арсаи омӯзишу парваришро надошта ва 30 дар сади духтарон баъд аз клоси нуҳ аз мадраса дар канор мемонанд.
Ин иттилоъро Хонгвей Гао, раиси намояндагии Сандуки Кӯдакони СММ дар Тоҷикистон дар нишасти хабарии рӯзи ҷумъаи 20-уми ноябр дар ихтиёри хабарнигорон гузошт.
Нишасти хабарии Сандуки Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид ба ифтихории 20-умин солгарди пазируфтани Конвенсиюни ҳуқуқи кӯдакон, ки мусодиф ба 20-уми ноябр аст, баргузор шуд.
Хонгвей Гао мегӯяд, давалти Тоҷикистон дар соли 1993 Конвенсиюни ҳуқуқи кӯдаконро эътироф кард ва бад-ин тартиб таъаҳҳудот барои дифоъ аз ҳуқуқи кӯдаконро бар дӯш гирифт.
Ба гуфтаи хонум Гао ҳарчанд аз он замон то имрӯз дар Тоҷикистон дар заминаи дифоъ аз ҳуқуқи кӯдакон пешрафтҳое ба даст омадааст, вале вай афзуд, ки муфоди ин конвенсиюн дар заминаи ҳуқуқи кӯдакон дар бештарин бахшҳои он нақз мешавад.
Вай мегӯяд: “Яке аз мисолҳои нақзи ҳуқуқи кӯдакон дар Тоҷикистон он аст, ки дар ин кишвар аз нерӯи кори ҳудуди 200 ҳазор кӯдак барои кори сангин истифода мешавад, ки дар натиҷа ба рушди равонӣ ва ҷисмонии ин кӯдакон хисороти шадиде ворид мешавад. Бештари ин кӯдакон тавассути волидон ва ё пайвандон иҷборан барои иҷрои фаъолиятҳои сангин водор мешаванд.”
Ин масъули UNICEF дар Тоҷикистон, маргу мири кӯдакони то синни панҷ сола бар асари бемориҳои танаффусӣ ва мусриро низ яке аз намунаҳои нақзи ҳуқуқи кӯдакон унвон кард.
Аммо вай аз дастури давлати Тоҷикистон дар заминаи манъи эъзоми шогирдон ба панбачинӣ истиқбол кард, вале гуфт, ки тибқи иттилоъи кормандони созмони онҳо ҳанӯз ҳам дар ҷамъоварии панба аз нерӯи кори кӯдакон аз ҷумла шогирдони мадориси ҳамагонӣ истифода мешавад.
Кӯдакони дар мазореъи памба
Ин дар ҳолест, ки рӯзи панҷшанбе, 19-уми ноябр ҳудуди соъати 11 субҳ дар мазореъи панба дар ноҳияи Шаҳринави водии Ҳисор памбачинии шогирдони яке аз мадрасаҳои ин ноҳия машғули панбачинӣ буданд.
Яке аз ин шогирдон гуфт, ки дар марасаи шумораи панҷуми ноҳияи Шаҳринав таҳсил мекунанд.
Наврасоне, ки дар ин рӯзи панҷшанбе дар мазореъ машғули ҷамъоварии памба буданд, зоҳиран шогирдони клосҳои 7 то 11 буданд.
Ин дар ҳолест, ки ҳуқуқдонҳо шогирдони мадорисро ҳанӯз афроди мустаъид ба кор намедонанд ва ба ақидаи онҳо водор кардани онҳо ба кор дар мазореъ муғойир бо мавозини байналмилалӣ будааст.
Дар ҳамин ҳол Созмони идораи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон тарҳи ҷадидеро роҳандозӣ кардааст, ки ҳадафи аслии он назорат ва ҷилавгирӣ аз мавориди истифода аз нерӯи кӯдак дар мазореъи кишоварзӣ дар Тоҷикистон будааст.
Эълони ширкати ҳизби сусиёл-демукрот дар интихоботи порлумонӣ
Фаррухи Сайидҳасаншоҳ,
хабарнигори маҳаллӣ аз Бадахшон
Раҳматилло Зойиров, раиси ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ дар Хоруғ изҳор дошт, ки бо вуҷуди норизоятиҳо аз бархе меъёрхои таъиншудаи интихобот, ба вижа «гаравпулӣ» ин ҳизб номзадҳояшонро дар ҳар ду ҳавзаи интихоботии Бадахшон вориди рақобат хоҳад кард.
Оқои Зойиров манотиқи шарқу шимол ва маркази Тоҷикистонро аз ҳавзаҳои умдаи муборизоти сиёсии ҳизби сусиёл-демукрот арзёбӣ кард.
Ӯ афзуд, шурои сиёсии ҳизби сусиёл-демукрот ахиран дар як баёния ба раиси ҷумхур, Маҷлиси Олӣ, Комиссияи марказии интихобот ва раъйдихӣ, аҳзоби сиёсӣ ва раъйдиҳандагони кишвар пешниҳодотеро дар мавриди интихобот ироъа кардааст.
Аз ҷумла, ин ҳизб хостор шуда, ки бо таваҷҷуҳ ба мушкилоти ҷуғрофиёӣ, ҳамлунақлӣ, бебарқӣ ва амсоли инҳо дар Тоҷикистон замони баргузории интихоботи порлумонии соли 2010 аз фасли зимистон ба баҳор ва дар оянда ба охири сол интиқол ёбад. Оқои Зойиров гуфт, ӯ дар ҷараёни сафараш ба Бадахшон бо эҳсоси сардии шадиди ҳаво дар ин минтақа ба дурустии ин пешниҳод мутмаинтар шудааст.
Ӯ ҳамчунин пас аз се моҳи кор ба мураххасӣ рафтани аъзои порлумонро риъоят нашудани қавонини меҳнати Тоҷикистон аз сӯйи ин ниҳоди қонунгузор арзёбӣ кард. Ба эътиқоди ӯ тағйири замони интихоботи порлумон дар Тоҷикистон ин мушкилро низ аз байн хоҳад бурд.
Гуфта мешавад, масъулони ҳизби куммунист дар Тоҷикистон ин пешниходи ҳизби сусиёл-демукротро «амре мантиқӣ», аммо бо таваҷҷуҳ ба «тамдид шудани ваколати аъзои порлумон хилофи бандҳои қонуни асосӣ» унвон кардаанд.
Ҳамчунин гуфта мешавад, бархе аз намояндагони ҳизби халқӣ-демукрот дар Бадахшон бо таваҷҷуҳ ба беҳбуди зиндагии иқтисодӣ ва иҷтимоии мардум дар фасли сармо зимистонро мувофиқтарин фасл барои баргузории интихоби аъзои порлумон шумурда ва гуфтаанд, ки ҳеҷ зарурате ба тағйири замони баргузории интихобот вуҷуд надорад.
Шомил кардани намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва афроди ғайриҳизбӣ ба комиссияи марказии интихобот, баргузории ҷудогонаи интихоботи порлумон аз интихоботи вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ, ба таълиқ андохтани узвият ё раёсати ҳизб аз сӯйи афроди соҳибмақом ва истифода накардан аз нуфузашон ба нафъи ҳизб дар замони интихобот, иҷозаи ширкат ба нозирони аҳзоби сиёсӣ дар марокизи раъйдиҳӣ (участкахо), коҳиши маблағи гарав ба миқдори 20 ҳадди ақалли музди кор ва ба номзадхо бозпас гардонидани он дар сурати ба даст овардани 5 дарсади раъйи интихобкунандагон аз ҷумлаи дигар пешниҳоте будаанд, ки шурои сиёсии ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон ироъа кардааст.
Ба эътиқоди раиси ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон ниҳодхои масъул барои баррасии ин пешниҳодот вақти кофӣ дар ихтиёр доранд ва пазириши онхо барои баргузории интихоботи шаффоф, озод ва демократӣ дар кишвар заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.
Рахматилло Зойиров, раиси ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон гуфт, ӯ ба унвони райиси Консорсиюми ҳуқуқии Тоҷикистон ва бо хадафи баргузории як семинори марбут ба масоили ҳуқуқӣ ба Бадахшон сафар кардааст. Гуфта мешавад, ин семинор тибқи як тарҳи Созмони Амнияту Ҳамкории Урупо дар Тоҷикистон бо ҳадафи тақвияти институти омбудсмен дар 7-минтақаи Тоҷикистон баргузор мешавад.
Дидори ҳайъати порлумонии Бритониё аз Тоҷикистон
Бритониё баргузории назарсанҷиҳо дар остонаи интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистонро сармоягузорӣ хоҳад кард.
Ин матлаб дар ҷараёни дидори ҳайъати порлумонии Бритониё бо масъулини Кумиссиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе матраҳ шудааст.
Ҳайати порлумонии Бритониё ҳамчунин омодагии ин кишварро барои баргузории давраҳо барои омӯзиши масъулони ҳавзаҳоии нтихоботӣ дар Тоҷикистон дар заминаи қавонини интихоботии ин кишвар изҳор доштааст.
Ин дар ҳолест, ки масъулини Кумиссиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон дар гузашта изҳор доштанд, ки ҳарчанд то баргузории интихоботи соли ояндаи порлумонӣ дар ин кишвар чанд моҳе боқӣ мондааст, вале созмонҳои байналмиллалӣ ба ин маросими сиёсӣ тавваҷуҳе накардаанд.
Ба гуфтаи Муҳибулло Додоҷонов, раиси дафтари Кумиссиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон, дар дидори ҳайъати порлумонии Бритониё бо масъулони ин ниҳод, онҳо ба раванди омодагии ин кумиссиюн ва аҳзоби сиёсӣ ба интихоботи ояндаи порлумонӣ тавваҷуҳи зиёд доштанд.
Ба эътиқоди коршиносон, баргузории назарсанҷиҳои қаблазинтихоботӣ ба таъмини шаффофият дар раванди тадорукоти интихоботӣ ва шумориши оро то андозае мусоъидат хоҳад кард.
Зеро, ҷомеъашиносон таввасути назарсанҷӣ метавонанд қабл аз баргузории интихобот мизони маҳбубияти аҳзоби сиёсӣ дар миёни ақшори мухталифи кишварро мушшахас созанд.
Ҳарчанд, дар гузашта барои баргузории назарсанҷиҳое мушобеҳ талошҳое анҷом шуда буд, вале, маъмулан марокизи таҳлилии Тоҷикистон барои анҷоми муассири чунин амр аз имконоти маҳдуди молӣ бархурдор буда, ба сармоягузории хориҷӣ ниёз доранд.
Зеро, ба эътиқоди соҳибназарон, дар дохили кишвар созмонҳо ё ниҳодҳое, ки тавонанд баргузории чунин назарсанҷиҳоро сармоягузорӣ кунанд, тақрибан ки вуҷуд надоранд.
Интихоботи қаблии порлумонии Тоҷикистон, ки моҳи феврали соли 2005 баргузор шуд ба далели он чӣ камбуди шаффофият ва камрангии рақобат хонда шуд, аз суи мухолифини давлат ва нозирони байналмиллалӣ мавриди интиқод қарор гирифта буд.
Аҳзоби мухолифи Тоҷикистон гуфтаанд аз ин ки пешниҳодоти онҳо дар бораи ислоҳи қонуни интихоботро порлумон соли ҷорӣ рад кардааст, дар мавриди баргузории шаффоф ва мунсифонаи интихоботи порлумонии соли 2010 тардид доранд.
Зимнан, ин нахустин дидори ҳайъати порлумонии Бритониё аз Тоҷикистон аст ва ба гуфтаи манобеъи сафорати Бритониё дар Душанбе, густариши равобити намояндагони мардумии ҳар ду кишвар аз аҳдофии аслии ин сафар унвон мешавад.
Дар раъси ин ҳайъат лорд Висконт Вейвели, раҳбари гурӯҳи ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар порлумони Бритониё қарор дорад. Тим Лотон, узви порлумон аз ҳизби муҳофизакор ва Фрейзер Кемп намоянда аз ҳизби коргари Бритониё низ ба ин ҳайъат шомил ҳастанд.
Қарор аст, дар ҷараёни ин сафар ҳайъати порлумонии Бритониё бо руасои Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ кунанд.
Дар дастури кори ин сафар ҳамчунин мулоқот бо масъулони бархе аз ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла Кумитаи давлати амнияти миллии Тоҷикистон ва намояндагони ҷомеъаи ин кившар дар назар аст.
Манобеъи сафорати Бритониё дар Тоҷикистон гуфтанд, ки интизор меравад, дар ояндаи наздик сафари ҳайъати порлумонии Тоҷикистон аз Бритониё низ сурат бигирад.
Нишасти вузарои дифоъ дар Душанбе
Вузарои дифоъи кишварҳои ҳамсуд дар ҷаласаи худ дар пойтахти Тоҷикистон барномаи ҳамкориҳои худ то соли 2015-ро имзо карданд.
Гуфта мешавад, имзои ин санад шароити ҳуқуқиро барои тавсеъаи ҳамкориҳои низомӣ миёни даҳ кишвари шуравии пешин фароҳам мекунад.
Дар ҷаласаи Душанбе ҳамчунин санаде барои таъмини амнияти парвози ҳавопаймоҳои низомӣ дар фазои кишварҳои ҳамсуд имзо шудааст.
Дар ҷаласаи Шӯрои вазирони дифоъи кишварҳои муштаракулманофеъ, ки рӯзи сешанбеи 10 ноябр дар Душанбе баргузор шуд, танҳо намояндае аз вазорати дифоъи Молдовӣ ширкат надошт.
Ӯзбакистонро дар ин нишаст муъовини аввали вазири дифоъи ин кишвар ва Укройнро вобастаи низомии сафорати Укройн дар Тоҷикистон муаррифӣ мекарданд.
Қабл аз оғози кори ин ҷаласа, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо раҳбарони ҳайъатҳои низомии кишварҳои ҳамсуд сӯҳбат дошт.
Тибқи иттилоъи дафтари матубуъотии Президенти Тоҷикистон, оқои Раҳмон изҳор доштааст, ки “мизони ҳамкориҳои низомии миёни кишварҳои ҳамсуд метавонад намунае барои рушди ҳамгиройӣ дар дигар арсаҳо бошад.”
Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи Тоҷикистон дар суханронии худ дар ҷаласаи вузарои дифоъи кишварҳои ҳамсуд изҳор дошт, ки ташаннуҷи авзоъ дар Афғонистон ниҳодҳои низомии кишварҳои ҳамсудро барои тақвияти ҳамкориҳо водор мекунад.
Зимнан, вузарои дифоъ баъд аз поёни кори ин ҷаласа аз ширкат дар нишасти матбуъотӣ худдорӣ карданд. Александр Синайский, дабири Шӯрои вузарои дифоъи кишварҳои ҳамсуд дар посух ба ин суоли хабарнигорон, ки оё дар ин нишаст вазъи сиёсӣ ва амниятӣ дар Афғонистон матраҳ шудааст ё хайр, гуфт, ки ин мавзӯъ дар меҳвари сӯбатҳои вузароъи дифоъ қарор надоштааст.
Вале ба гуфтаи вай, вазирони мудофиъаи нӯҳ кишвари шӯравии собиқ тасмим гирифтанд то соли 2015 ҳамкориҳои худро бештар тақвият диҳанд. Ҳарчанд оқои Синайский аз ироаи ҷузъиёти ин мавзӯъ худдорӣ кард, вале ба гуфтаи вай, дар ин замина барномае таҳия ва тасвиб шудааст.
Дар маҷмуъ, ба гуфтаи оқои Синайский, дар ҷаласаи Душанбе беш аз бист мавзӯъ баррасӣ ва асноди зарурӣ имзо шудааст. Дар миёни ин аснод, панҷ ҳуҷҷат ба тақвияти ҳамкориҳо дар заминаи фаъолиятҳои муштараки нерӯҳои зиддиҳавоии кишварҳои ҳамсуд рабт доштааст.
Ҳамчунин вузароъи дифоъ санадеро дар мавриди таъмини амнияти парвози ҳавопаймоҳои низомӣ дар фазои кишварҳои ҳамсуд имзо карданд. Ҷузъиёти ин мавзӯъ низ ба хабарнигорон ироа нашуд.
Ҷаласаи Шӯрои вузароъи дифоъи кишварҳои ҳамсуд дар ҳоле баргузор шуд, ки расонаҳои гурӯҳии кишварҳои муштаракулманофеъ, аз ҷумла Тоҷикистон низ, дар бораи дурнамои ҳузури ин созмон изҳори тардид мекунанд.
Ҳарчанд, мақомоти кишварҳои ҳамсуд пайваста аз муассир будани фаъолияти ин созмон изҳори назар мекунанд, вале бархе аз коршиносон мегӯянд, ки ин созмон танҳо дар солҳои нахустини фурӯпошии Шӯравӣ зарур буд ва ҳоло ниёзе барои вуҷуди он боқӣ намондааст.
Ин дар ҳолест, ки дар осли ҷорӣ Гурҷистон, яке дигар аз кишварҳои шӯравии пешин ба далели ихтилофот бо Русия, аз узвияти ин созмонр хориҷ шуд. Мақомоти Укройн низ дар бораи зарурати тарки узвияти ин созмон изҳори назар мекунанд.
"Фишори давлат теъдоди сусиёлистҳоро коҳиш дод"
Мирҳусейн Назриев, раҳбари яке аз ду ҷиноҳи ҳизби сусиёлисти Тоҷикистон эълом кард, ки аз соли 2004 то ҳол “дар асари фишорҳои мухталиф”, ҳудуди ҳафт ҳазор нафар аз аъзои ин ҳизб коҳиш ёфтааст.
Мирҳусейн Назриев ин матлабро дар ҳоле гуфт, ки замони муборизот барои интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон, яъне марҳилаи ба гуфтаи бархе сиёсатшиносон “фаъол будани” бештари аҳзоби сиёсии кишвар наздик мешавад.
Ҷиноҳи ҳизби сусиёлисти Мирҳусайн Назриев рӯзи сешанбеи 4 октябр дар остонаи солгарди Қонуни асосии Тоҷикистон баёнияе интишор дод, ки дар он ончи мудохила ва фишори давлат бар аъзои ин ҳизб хонда шуда, маҳкум кардааст.
Дар ин баёния ҳамчунин аз ҳафтаномаҳои Миллат, Нигоҳ, Озодагон ва бархе аз ниҳодҳои давлатӣ, монанди вазоратҳои адлия ва умури хориҷӣ ба хотири муъаррифии Абдуҳалим Ғаффоров, раҳбари ҷиноҳи мухолиф, ба унвони ҳизби сусиёлисти расмӣ ё қонунӣ башиддат интиқод шудааст.
Мирҳусейн Назриев дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт: “Дахолати рӯйирости ҳукумат ба ҳизб зарбаи сахте зад ва аъзои ҳизб аз ҳизб канораҷӯӣ карданд... Аз соли 2004 то ҳоло нуфузи ҳизб аз ҳудуди 17,500 нафар то 10 ҳазор коҳиш ёфтааст.”
Ба гуфтаи оқои Назриев, ҳизби вай аз ҷумла дар Бадахшон тарафдорони зиёде дошт, вале аъзои он "аз сӯи бархе афрод даъват шуда" ва дар мавриди фаъолиятҳои ҳизбияшон бозпурсӣ шудаанд. Чунин амр, ба гуфтаи оқои Назриев, теъдоди зиёде аз тарафдорони ҳизбашро аз ҳизб ва фаъолиятҳои сиёсӣ дилсард сохтааст.
Оқои Назриев гуфт, ки интишори баёнияи интиқодӣ дар остонаи Рӯзи Қонуни асосии Тоҷикистон амре нумодин ё рамзӣ будааст, зеро ба бовари вай, дар Тоҷикистон авлавияти қонун таъмин нест.
Дар изҳороти ҷиноҳи ҳизби сусиёлисти Мирҳусейн Назриев аз расонаҳои хабарӣ ва бархе аз ниҳодҳои давлатӣ, ки Абдуҳалим Ғаффоров, раҳбари ҷиноҳи дигари ин ҳизбро ба унвони ягона раҳбари ҳизби сусиёлист  муъаррифӣ мекунанд, башиддат интиқод шуда ва таъкид мешавад, ки ин гуна матолиб маъмулан “фармоишӣ” ҳастанд.
Дар ин изҳорот мехонем: “Дар давоми се соли ахир, хусусан дар соли 2009-уми пешазинтихоботӣ дар ВАО (васоити ахбори умумӣ, яъне расонаҳо) нашри матолиби тамоюли фармоишӣ дошта ба назар мерасанд.”
Мирҳусейн Назриев дар шарҳи ин иддиъа меафзояд, ки ҳадафи ин матолиб пойин бурдани эътибор ва нуфузи ҷиноҳи ҳизби сусиёлисти Назриев дар миёни ҷомеъа дар остонаи интихоботи порлумонӣ аст.
Ба бовари оқои Назриев, давлати Тоҷикистон ба далели мавқеъгирии мухолифи ҳизби сусиёлист дар баробари давлат дар замони интихоботи раиси ҷумҳурии соли 2004, "аз роҳи сунъӣ дар дохили ҳизб шикоф ба миён оварда ва онро ба ду ҷиноҳ тақсим кард."
Ҳизби сусиёлист дар соли 1992 тавассути Сафаралӣ Кенҷаев, ҳуқуқдон, ки дар соли 1991 муддате раёсати порлумонро ба уҳда дошт, таъсис дода шуд ва раҳбарии онро низ вай бар ӯҳда дошт.
Пас аз қатли оқои Кенҷаев дар соли 1999, фаъолияти Ҳизби сусиёлисти Тоҷикистон муддате камранг шуд ва ин ҳизб дар соли 2004 ба ду ҷиноҳ тақсим шуд.
Вазорати адлияи Тоҷикистон ҷиноҳи таҳти раҳбарии Мирҳусейн Назриевро, ки худро аз мухолифони давлат медонад, ба расмият намешиносад. Додгоҳ низ тақозоҳои мукаррари ҷонибдорони оқои Назриев барои ба расмият шинохтани ин гурӯҳро рад кардааст.
Раҳмон қонуни афвро имзо кард
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни тозаи афвро имзо кард. Тибқи ин санад, афроде низ, ки дар низоъҳои дохилии даҳаи 1990 ширкат доштанд, афв мешаванд.
Тибқи иттилоъи сойти раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ин афв ба муносибати понздаҳумин солгарди Қонуни Асосӣ ва соли бузургдошти Имоми Аъзам эълом шуда, вале бархеҳо онро иқдоме барои ҷалби таваҷҷуҳи умумӣ дар остонаи муборизоти интихоботӣ медонанд. Ин интихобот қарор аст дар авоили соли ояндаи милодӣ баргузор шавад.
Қонуни тозаи афв қабл аз ҳама дар мавриди афроде ба иҷро хоҳад расид, ки давраи маҳкумиятро дар зиндон сипарӣ мекунанд ва онҳое, ки ба ҷурме муттаҳам шудаанд ё мавриди пайгарди қонунӣ қарор доранд ва ё муҳокимаи аъмоли онҳо дар додгоҳ идома дорад.
Бар асоси ин қонун, зиндониёне, ки се чаҳоруми давраи маҳкумияти худро дар маҳбас сипарӣ кардаанд. озод хоҳанд шуд. Ҳамчунин, маҳкумшудагони зерин, новобаста аз муҳлати ҷазое, ки барояшон муқаррар шудааст, афв хоҳанд шуд:
а) занҳо;
б) шахсоне, ки ба ҳангоми  иртикоби ҷурм ба синни ҳаждаҳсолагӣ нарасидаанд;
в) мардони болотар аз синни 55;
г) маълулони гурӯҳҳои I, II ва III, гирифторони бемориҳои сил;
д) сарбозони Ҷанги Бузурги  Ватанӣ, афроде, ки дар амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо ва афроде, ки дар "муқовиматҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ дар Тоҷикистон" (дар даҳаи 1990) ширкат доштанд ва ҳамчунин осебдидагони ҳодисаи нерӯгоҳи атумии Чернобил;
е) соҳибони ҷавоизи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ, Ҷумҳурии Шӯравии Сусиёлистии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон;
ё)  шахсоне, ки аз хидмати низомӣ саркашӣ намудаанд, худсарона воҳиди низомӣ ё маҳалли хидматро тарк  кардаанд,  аз воҳиди низомӣ ё аз ҷойи  хидмат фирор кардаанд ё шахсоне, ки аз иҷрои вазифаҳои хидмати низомӣ бо роҳи  "узвмаъюбкунӣ" ё усули дигар саркашӣ кардаанд;
ж) шаҳрвандони  хориҷӣ.
Ба гуфтаи манобеъи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, "яке аз афзалиятҳои Қонуни мазкур аз он иборат  мебошад, ки маҳкумшудагони аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намуда (муртакибшуда) сарфи назар аз  намуди ҷазои ҷиноятии таъйиншуда аз адои ҷазо озод карда мешаванд."
Нуктаи муҳимми дигари ин қонун афви шаҳрвандони хориҷие метавонад бошад, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон ба сар мебаранд. Ба гуфтаи манобеъи мухталиф, бештари зиндониёни хориҷӣ дар Тоҷикистонро шаҳрвандони кишвари ҳамсояи Афғонистон ташкил медиҳанд, ки бештар ба иттиҳоми убури ғайриқонунӣ аз марз ва қочоқи маводди мухаддир боздошт ва зиндонӣ шудаанд.
Аммо нуктае, ки бисёриҳо бидуни тардид ба он таваҷҷуҳи бештаре хоҳанд дошт, афви афродест, ки "дар муқовиматҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ дар Тоҷикистон" ширкат кардаанд.
Дар гузашта, теъдоде аз зиндониён, ки ба иттиҳоми ширкат дар низоъҳои дохилии Тоҷикистон давраи маҳкумияти худро дар маҳбасҳо сипарӣ мекарданд, бо пахши муроҷеъатномаҳое дар матбӯъот ба унвони раиси ҷумҳурӣ аз ӯ хоҳони афв шуда буданд.
Ҳамакнун мумкин аст бисёре аз ин афрод, ки "бахт ба рӯяшон тофтааст", озодии худро дар канори ёру пайвандонашон ҷашн бигиранд. Вале шахсиятҳое, ки ба иттиҳомҳои ҷиддие, монанди тавтеъа алайҳи давлат, ҷосусӣ, қатл, кӯшиши кудето, ва ғайра маҳкум шудаанд, афв намешаванд.
Дар ҳамин ҳол, рӯзи сешанбе дархости ҳудуди 500 нафар аз сокинони шаҳри Чкалови устони Суғд дар бархе аз расонаҳо чоп шуд, ки дар он аз раиси ҷумҳурии Тоҷикистон хоста мешуд масъулони собиқи корхонаи "Востокредмет"-ро, ки ахиран барои солҳои тӯлонӣ маҳкум шуда буданд, маъоф кунад. Вале маълум нест, ки раиси ҷумҳур ба ин афрод чи посухе хоҳад дод.
Пештар бархеҳо хостори афви шахсиятҳои сиёсие монанди Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раҳбари демукротҳо, Яъқуб Салимов, вазири собиқи умури дохилӣ ва Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи собиқи Горди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон низ шуда буданд, вале ин дархостҳо нодида гирифта шудаанд.
Сирқат аз будҷа тавассути масъулони давлатӣ
Дар соли ҷорӣ аз маболиғи будҷаи давлати Тоҷикистон ба миқдори беш аз 55 милюн сомонӣ ба таври ғайримуассир масраф шуда ва ё ба сирқат рафтааст.
Рӯзи ҷумъаи 27 ноябр, дар ҷараёни муҳокимаи раванди иҷрои будҷаи соли 2009 дар порлумони Тоҷикистон ибрози нигаронӣ шуд, ки раванди сирқат ва тасарруфи маболиғи будҷа ҳамасола рӯ ба афзоиш будааст.
Сафаралӣ Гулов, узви Кумитаи иқтисод, будҷа, дороӣ ва молиёти Маҷлиси намояндагон ё Маҷлиси суфлои порлумони Тоҷикистон ба унвони мисол ба мавориди сирқат ва тасарруфи маболиғи будҷа дар вазорати кишоварзӣ ишора кард.
Вай гуфт маблағе, ки дар ин ниҳод ба сурати "ғайримуассир" истифода шудааст дар муқоиса ба соли гузашта ду баробар афзоиш ёфта ва дар 9 моҳи соли ҷорӣ 5,8 милюн сомонӣ ё 1 милюну 200 ҳазор дулори омрикоиро ташкил додааст.
Аз ҷумла, ба гуфтаи оқои Гулов, дар ин вазорат бо баҳонаи харидории маводи кимиёвӣ барои мубориза бо малах 1 милюну 625 ҳазор сомонӣ ба сирқат рафтааст.
Аз ин лиҳоз, намояндагони порлумон ба давлати Тоҷикистон  пешниҳод кард, ки дар будҷаи соли оянда маболиғи вазорати кишоварзӣ кам карда шавад.
Аммо Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молия ё дороии Тоҷикистон ин пешниҳодро ғайри қобили қабул хонда ва гуфт, ки ин амр метавонад дар раванди мубориза бо малах ва ҳашароти дигари зараррасон асари номатлуб гузорад ва мунҷар ба хисороти бештари иқтисодӣ шавад.
Фаттоҳ Саидов, раиси Кумитаи назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон вазоратҳои кишоварзӣ, энержию саноеъ, захоири обу обёрӣ, кор ва ҳифзи иҷтимоъӣ ва нақлиёту иртибототро аз ҷумлаи сохторҳои давлатие унвон кард, ки мавориди истифодаи ғақримуассир, сирқату тасарруфи маболиғи будҷа бештар сабт шудааст.
Оқои Саидов гуфт, ки аз ҷумлаи 57,9 милюн дулори ба таври ғайримуассир масрафшуда  танҳо 27,6 милюн сомонӣ ба будҷа бозгардонида шудааст.
Дар ҳамоиш таъкид шуд, ки бархе аз масъулони давлатӣ пас аз сирқати маболиғи ҳангуфт ба хориҷи кишвар паноҳ бурд ва ин вазъ бозгардонидани маболиғро номумкин сохтааст.
Масалан, ширкати “Акбар-Компания” дар озмуни бунёди беморхонаи вилояти Хатлон пирӯз шуда ва 3,5 милюн сомонии барои эҳдоси бемористон тахсисшударо тасарруф карда ва ба Афғонистон паноҳ бурдааст.
Дар мавриди дигар, як масъули бахши таъмини иҷтимоъии вазорати кор ва таъмини иҷтимоъии Тоҷикистон ҳудуди 400 ҳазор сомониро, ки барои пардохти кумакпулӣ ва нафақаи бознишастагон пешбинӣ шуда буд, ба сирқат бурда ва аз Тоҷикистон фарор кардааст.
Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон, авоқиби ҷанги дохилӣ дар ин кишвар дар даҳаи 1990-ро аз сарчашма ё сароғози сирқату тасарруфи маболиғи будҷа хонда ва гуфт, ки то ҳол ниҳодҳои зирабти давлатӣ натавонистаанд аз ин падидаи номатлуб ҷилавгирӣ кунанд.
Ба манзури коҳиши мавориди истифодаи ғайримуассир аз будҷа ва сирқату тасарруфи маболиғи он пешниҳод шуд, ки барои назорати масрафи маболиғи будҷа дар кулияи вазорату мусассисоти давлатӣ гурӯҳҳои назоратию бозрасӣ ё аудитӣ ташкил шавад.
Ҳамчунин, қарор аст дар ҳар се моҳ дар порлумони Тоҷикистон  раванди иҷрои будҷаи давлати ин кишвар бо ширкати масъулони вазорату ниҳодҳои давлатӣ баррасӣ гардад.
Ифтитоҳи намоишгоҳи тавлидоти ширкатҳои эронӣ
Намоишгоҳи колоҳои эронӣ бо ҳадафи намоиши тавлидоти беш аз 60 ширкати эронӣ ва тақвияти равобити иқтисодии Тоҷикистон ва Эрон дар шаҳри Душанбе, пойтати Тоҷикистон ифтитоҳ шудааст.
Имзои қарордодҳои ҳамкорӣ миёни соҳибкорони эронию тоҷик ва роҳандозии хутути тавлид дар Тоҷикистон барномаи аслии ин намоишгоҳ унвон шудааст.
Алӣ Асғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон дар рӯзи душанбеи 23 ноябр, дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи миллии Эрон гуфт, ки ин тадбир аз тадобири бузурги намоиши колоҳои эронӣ маҳсуб шуда ва дар он  аз 62 ширкати Эрон ширкат кардаанд.
Ба гуфтаи оқои Шеърдӯст, то ҳол дар Тоҷикистон 10 намоишгоҳи тахассусии Эрон баргузор шуда ва ин амр ба имзои санадҳои зиёди ҳамкорӣ миёни корхонаю муассисоти ин ду кишвар ва таъсиси корхонаҳои муштарак мунҷар шудааст.
Шариф Саид, раиси Утоқи бозаргонии Тоҷикистон низ, баргузории ҳамчунин намоишгоҳҳоро ба рушди бештари ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва афзоиши мизони табодули коло миёни Тоҷикистон ва Эрон ва ҷалби сармояи бахши хусусии Эрон ба бахши хусусии Тоҷикистон муҳим ва созанда арзёбӣ кард.
Соҳибкорони тоҷик шарик меҷӯянд
Муҳаммад Амин, соҳибкор аз ноҳияи  Ваҳдати Тоҷикистон гуфт, ки ба қасди пайдо кардани шарики кории мӯътамад дар заминаи тавлид ва судури маводи ғизоӣ ба ин намоишгоҳ омадааст.
Оқои Амин таъкид кард, ки умдатан ӯ маводи хӯрока ё ғизоиро аз Эрон ворид карда ва дар Тоҷикистон ба фурӯш мерасонад.
Ҳамакнун Муҳаммад Амин бо масъулони ширкати “Омода лазиз”, ки колоҳои худро ба намоиш гузоштаанд, роҳҳои ҳамкориҳои мутақобилан судмандро баррасӣ мекунад.
Амин Шарифӣ, як тан аз масъулони ин ширкати эронӣ гуфт, ки ҳанӯз мавзӯъи таъсиси корхонаи муштараки тавлиди маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон матраҳ нашуда ва ҳоло ҷониби эронӣ дар ҳоли омӯзиши бозори ин кишвар ҳастанд.
Коршиносони тоҷик мегӯянд, ки ҳамасола дар Тоҷикистон ҳосили фаровони меваю сабзиҷот парвариш шуда, вале  ба далели камбуди корхонаҳои коркард бахши аъзами ин навъи маҳсули кишоварзӣ талаф мешаванд.
Гуфта мешавад, дар шароити феълӣ соҳибкорони тоҷик ба ворид кардани таҷҳизоти мудерн ва барои бастабандии ҷавобгӯйи меъёрҳои байналмилалии шарбату оби мева ба сармояи хориҷӣ ниёз доранд.
Алии Номҷӯй, масъули ширкати “Номҷӯй”-и шаҳри Машҳади Эрон мегӯяд, ки қасд дорад ба Тоҷикистон қандил ё лустарӣ ва лампҳои каммасраф содир кунад ва аз ин лиҳоз, ба шарики тоҷик ниёз дорад.
Оқои Номҷӯй гуфт, ки феълан қимати лампҳои каммасрафи эронӣ дар муқоиса ба лампҳои мушобеҳ дар бозори Тоҷикистон гаронтар буда, аммо дар сурати пайдо кардани шарики корӣ ва ворид кардани мизони зиёди лампҳо ба ин кишвар арзиши онҳо ба таври қобили мулоҳиза коҳиш хоҳад ёфт.
Намояндагони ин ширкат гуфтанд, ки то ҳол бо ҷониби Тоҷикистон дар заминаи таъсиси корхонаи муштараки тавлиди лампҳои каммасраф дар ин кишвар гуфтугӯе анҷом нашудааст.
Зимнан, мақомоти Сафорати Эрон дар Тоҷикистон дар ҳафтаи гузашта иброз доштанд, ки намояндагони ду ширкати тавлиди лампҳои эронӣ вориди Тоҷикистон шуда ва бо соҳибкорони тоҷик мавзӯъи таъсиси корхонаи муштараки тавлиди лампҳои каммасрафро матраҳ кардаанд.
Аммо рӯшан нест, ки дар ин замина мувофиқа ҳосил шуда ё хайр ва ин гуна корхонаҳои чи вақт ва дар кадом манотиқи Тоҷикистон бунёд хоҳанд шуд.
Эрон шарики истротежии Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон Эронро аз шарикони истротежии ин кишвар унвон кардаанд.
Тибқи иттилоъи расмӣ, Эрон дар бахшҳои энержӣ, роҳсозӣ, кишоварзию беҳдошт ва бахшҳои дигари Тоҷикистон сармояҳои зиёд ворид кардааст.
Аз ҷумла, неругоҳи Сангтӯда-2 бо тавоноии 220 меговот бо сармояи Эрон эҳдос мешавад. Тунели “Истиқлол” дар шимоли Тоҷикистон, ки тӯлаш 5 килуметраст, аз ҷониби ширкати эронии “Собир Интернешнл” бунёд гардидааст.
Ҳамчунин, дар бахшҳои паррандапарварӣ ё мурғдорӣ, нассоҷӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Эрон фаъолият мекунанд.
Муъоф шудани бидеҳиҳои кишоварзон
Давлати Тоҷикистон ҳудуди 550 милюн дулор бидеҳиҳои кишоварзонро муъоф кардааст.
Ин бидеҳиҳо аз замони касби истиқлол то авоили соли гузаштаи мелодӣ ҷамъ шуда ва барои рушди бахши кишоварзӣ мавонеъ эҷод мекарданд.
Гуфта мешавад, то авоили соли оянда сарнавишти 150 милюн дулор бидеҳии дигари кишоварзон таҷдиди назар хоҳад шуд.
Неъматҷон Бӯриев, мушовири иқтисодии раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 17 ноябр дар навоҳии Бохтар, Ҷомӣ ва Вахши вилояти Хатлон ба гурӯҳе аз масъулони воҳидҳои кишоварзӣ санади муъоф шудани бидеҳиҳои онҳоро эъто кардааст.
Ба гуфтаи вай, дар маҷмӯъ 548 милюн дулор бидеҳиҳои кишоварзон, ки аз тариқи ширкати “Кредит Инвест” ва бонкҳо ба ширкатҳои сармоягузор ё ба истилоҳ “фючерсӣ” ва сипас ба воҳидҳои кишоварзӣ тавзеъ шуда буданд, муъоф шуданд.
Оқои Бӯриев афзудааст, ки ин бидеҳиҳо бо замонати Бонки Миллии Тоҷикистон тавзеъ шуда ва ҳоло бахши аслии онҳо аз сӯйи ин ниҳод бозпардохт шудаанд. Танҳо замони  бозпардохти 154 милюн бидеҳиҳои “Кредит Инвест”, ки дар арсаҳои ғайрипанбакор масраф шудаанд, то соли 2018 тамдид шудааст.
Ба ин тартиб, муъофи бештаре аз ин бидеҳиҳо ба фаъолияти ширкатҳои сармоягузор чандон таъсире нахоҳад дошт. Бо ин вуҷуд, бар ивази муъоф шудани бархе аз бидеҳиҳо ширкатҳои сармоягузор “қоғазҳои қимматноки давлатӣ” дарёфт хоҳанд кард.
Зимнан, муъоф шудани бидеҳиҳои кишоварзон дар пайи фармони Президент Раҳмон дар моҳи июни соли ҷорӣ дар бораи дарёфти роҳҳои ҳалли ин мушкил сурат гирифтааст.
Муҳриддин Шералиев, раиси Маркази татбиқи лойиҳаҳои марбут ба таҷдиди бидеҳиҳои кишоварзон мегӯяд, ки то авохири соли ҷорӣ куллия воҳидҳои кишоварзии бидеҳкор “тасдиқномаи муъофи ин маблағҳоро дарёфт хоҳанд кард. Ва дигар ҳеҷ ниҳоде наметавонад аз онҳо дар ин бора ҳатто сӯҳбат кунад.”
Дар мавриди маболиғи муъофшудаи ширкатҳои сармоягузор, оқои Шералиев гуфт, ки “Вазорати молия ва Бонки Миллӣ ин маблағҳоро аз ҳисоби бонкии ин ширкатҳо лағв хоҳад кард.”
Дар ҳамин ҳол, масъулони ширкатҳои сармоягузор аз шарҳи ин тасмими давлати Тоҷикистон худдорӣ карданд.
Вале коршиносон аз ин иқдоми Ҳукумати Тоҷикистон истиқбол карда ва мегӯянд, ки муъофи ин бидеҳиҳо танҳо роҳи ҳалли ин мушкил буд.
Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби куммунист ва узви порлумони Тоҷикистон мегӯяд, ки ширкатҳои сармоягузор аз ин тасмим хисороте нахоҳанд бардошт.  Зеро, ба эътиқоди вай, ин бидеҳиҳо “маъмулан маблағи суди ҳангуфти онҳо буд.”
Ба унвони мисол, оқои Шабдолов гуфт, ки “ширкатҳои сармоягузор ба воҳидҳои кишоварзӣ маводди сӯхтро бо маблағи як ҳазор дулор барои як тун мефурӯхтанду хар тун панбаро бар ивази 250 дулор харидорӣ мекарданд. Дар ҳоле, ки қиммати аслии ин маводи сӯхт аз 300 дулор бештар набуд. Вале кишоварзон ночор ба ин шароит розӣ мешуданд, зеро манобеъи дигари молии фаъолият надоштанд.”
Дуктур Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик, низ аз ин тасмими давлати Тоҷикистон пуштибонӣ кард ва гуфт, ки “дар асл ин қарзҳо вуҷуд надоштанд, зеро равобити кишоварзон ва сармоягузорон мунсифона набуд.”
Оқои Умаров афзуд, ки фаъолиятҳои ширкатҳои сармоягузор вазъи иқтисодии навоҳии панбакорро ба ҳам задааст ва ҳамакнун ин ширкатҳо бояд муваззаф шаванд, ки дар беҳбуди ин вазъ саҳм бигиранд.
Зимнан, аз соли 2008 давлати Тоҷикистон тасмим гирифт, ки фаъолияти воҳидҳои кишоварзии панбакорро аз тариқи бонкҳо сармоягузорӣ кунад.
Вале таҷрубаи истифода аз ин наҳва дар ду соли ахир ҳокист, ки аз тағйири сармоягузор дар арсаи панбакорӣ, фаъолияти кишоварзон судовар нашудааст ва бахши аъзами ин бидеҳиҳо низ то ҳол бозгардонида шануданд.
Ҳарчанд, ба эътиқоди коршиносон, дар ин замина коҳиши чашмраси баҳои нахи панба дар бозорҳои ҷаҳонӣ низ асар гузоштааст.
Дархости Раҳмон барои фурӯши саҳмияҳои Роғун
Президенти Тоҷикистон хостааст, аз авоили соли ҷадиди мелодӣ фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун оғоз ёбад.
Гуфта мешавад, ки ин амр ба тавсеъаи умури сохтмонӣ дар ин нерӯгоҳ мусоъидат хоҳад кард.
Ин дар ҳолест, ки дар соли ҷорӣ порлумони Тоҷикистон бо тасвиби қонуне ҷудогона хусусисозии нерӯгоҳи Роғунро мамнӯъ эълом карда буд.
Дар ҷаласае бо ширкати мақомоти баландпояи Тоҷикистон, ки баъд аз зуҳри 16 ноябр баргузор шуд, Эмомалӣ Раҳмон хостори таҳияи ҳарчи зудтари саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун шудааст.
Тибқи иттилоъи маркази матбуъотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, оқои Раҳмон хостааст, ки “аз рӯзҳои аввали соли 2010, онҳо баҳри ҷалби сармояи иловагӣ ба сохтмони ин иншооти муҳимми истротежик, саҳмияҳои нерӯгоҳ ба фурӯш бароварда шаванд.”
Таъкид шудааст, ки “ҳар як шаҳрванди баору номуси Тоҷикистон имрӯз омода аст, дар бунёди нерӯгоҳи Роғун саҳми арзандаи худро гузорад, зеро ҳамагон хуб медонанд, ки бе бунёд ва ба кор даровардани ин иншооти муҳими энергетикӣ бартараф намудани норасоии нерӯи барқ ва таъмини пешрафти минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии мамлакат аз имкон берун аст.”
Манобеъи Вазорати адлия ва Вазорати молия ё дороиҳои Тоҷикистон аз изҳори назар дар ин робита худдорӣ карданд, вале гуфтанд, ки ҳоло машғули таҳияи шароити ҳуқуқӣ барои иҷрои ин амр ҳастанд.
Зимнан, дар соли ҷорӣ барои умури сохтмонӣ дар нерӯгоҳи Роғун аз буҷети Тоҷикистон ҳудуди 150 милюн дуллор ихтисос шудааст ва қарор аст дар соли оянда, давлат бад ин манзур маблағи бештаре тахсис бидиҳад.
Ба гуфтаи мақомоти давлатӣ, интизор меравад дар авохири соли ҷорӣ маҷрои рӯдхонаи Вахш дар маҳалли сохтмони садди обанброи ин нерӯгоҳ баста шавад ва ҳадс зада мешавад, ки огреготи нахустини нерӯгоҳи Роғун дар авохири соли 2012 мавриди истифода қарор бигирад.
Ин дар ҳолест, ки дар як ҳафтаи ахир муассисоти мухталифи давлатии Тоҷикистон аз интиқоли маболиғе аз ҳисоби маоши кормандони худ барои сохтмони ин нерӯгоҳ гузориш медиҳанд.
Аз ҷумла, масъулони ширкати “Талко” имрӯз хабар додаанд, ки ҳуқуқи моҳиёнаи худро барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун интиқол додаанд. Ҳамчунин ин ширкат тасмим гирифтааст, ки баъд аз оғози фурӯши саҳмияҳои неругоҳи Роғун миқдоре аз онҳоро харидорӣ кунад.
Фирӯз Саидов, коршиноси масоили иҷтимоӣ бар ин назар аст, ки ҷалби сармояи мардум дар иҷрои тарҳи нерӯгоҳи Роғун амри муассир хоҳад буд. Зеро, ба эътиқоди вай, дар гузашта то 40 дарсади умури сохтмони дар маҳалли ин неӯгоҳ анҷом шуда буд.
Ҳоло ба гуфтаи оқои Саидов, давлати Тоҷикистон қасд дорад бо истифода аз маболиғи буҷет ва дороиҳои мардум ин саҳмро болиғ бар 51 дарсад бирасонад.
Ин амр дар оянда имкон медиҳад, ки Тоҷикистон ҳатто дар сурати ҷалби сармояи хориҷӣ контрули ин нерӯгоҳро дошта бошад, зеро “саҳмияи тиллоӣ” дар дасти давлат хоҳад буд.
Ин дар ҳолест, ки дар соли ҷорӣ порлумони Тоҷикистон бо тасвиби қонуне хусусисозии нерӯгоҳи Роғун ва ширкати “Талко”-ро мамнӯъ сохта буд.
Оқои Саидов дар посух ба ин суол, ки оё фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун мухолифи ин қонун нест, гуфт, ки тавзеъи саҳмияҳо дар ин сурат низ имконпазир аст.
Зеро, порлумон қонуни дигаре дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомро тасвиб кардааст, ки тибқи он агар давлат беш аз 50 дарсади саҳмияҳоро дар ихтиёр дошта бошад, фурӯши саҳмияҳои дигар иҷоза шудааст.
Вале Раҳматулло Валиев, сиёсатшиноси тоҷик, бар ин назар аст, ки “давлати Тоҷикистон қабл аз оғози фурӯши саҳмияҳои Роғун бояд ба мардум бифаҳмонад, ки ин амр то куҷо қонунӣ аст.”
Гузашта аз ин, оқои Валиев мегӯяд, ки давлати Тоҷикистонро ҳамчунин зарур аст, ба мардум посух бидиҳад, ки сарнавишти саҳмияҳои нерӯгоҳи Сангтӯда-1 чӣ шуд? Ин саҳмияҳо дар даҳаи 1990 миёни муассисоту ширкатҳо ва сокинон ба фурӯш гузошта шуд.
Дар соли ҷорӣ ин нерӯгоҳ бо мусоъидати молии давлати Русия сохта шуд ва ҳамакнун ҳудуди 75 дарсади саҳмияҳои ин нерӯгоҳ дар ихтиёри давлати ин кишвар қарор дорад. Вале сарнавишти саҳмияҳое, ки сокинони Тоҷикистон харидорӣ кардаанд, норӯшан боқӣ мондааст.
Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи Раҳматулло Валиев, ҳудуди 80 дарсади ҷамъияти Тоҷикистон зери хати фақр ба сар мебаранд ва сохтмони ин нерӯгоҳ бо истифода аз дороиҳои мардум ғайриимкон ба назар мерасад. Оқои Валиев афзуд, ки иҷрои тарҳи нерӯгоҳи Роғун танҳо бо сармояи хоричӣ имкон хоҳад дошт.
Дар ҳамин ҳол, барои бори нахуст нест, ки давлати Тоҷикистон барои сохтмони ин нерӯгоҳ ба дороиҳои мардум чашм мекунад.
Соле қабл, Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллии порлумони Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе, даъват карда буд, ки кулияи сокинони кишвар маош ё ҳуқуқи якмоҳаи худро барои сохтмони ин нерӯгоҳ ихтисос диҳанд. Вале ин пешниҳод аз сӯйи ҷомеъа пазируфта нашуд.
Сафири Эрон иддаъои нашрияи тоҷикро рад кард
Мақомоти Сафорати Эрон дар Тоҷикистон мегӯянд, ки ширкати эронии “Собир” дар ҷараёни бунёди тунели “Истиқлол” 10 милюн дулор зарар дидааст.
Алӣ Асғари Шеърдӯст, сафири Эрон рӯзи сешанбеи 17 ноябр, дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки маблағи қарордодии 39 милюндулории ин пружа комилан масраф шуда ва ҳамакнун ширкати “Собир” аз ҳисоби маболиғи худ корҳои бетонрезӣ ва бастани ҷараёни об дар дохили тунелро анҷом медиҳад.
Оқои Шеърдӯст матлаби “Нақби “Истиқлол” ё ғори эрониҳо”-ро, дар “Нигоҳ”,  нашрияи мустақили Тоҷикистон мунташир шудааст, муғризона хонда ва гуфт, ки муаллиф воқеъияти ҳолро таҳриф кардааст.
Дар ин матлаб вазъи номатлуби тунели “Истиқлол”, назири  ҷараёни об дар дохили он, набудани рӯшноӣ ва таҷҳизоти тасфиа ё тозакунандаи ҳаво дар нақбро ба риштаи таҳрир кашида  шуда ва ин пружа бо тунели сохти чинии  “Шар-Шар” муқоиса гардидааст.
Аммо сафири Эрон ин муқоисаро ғайримунсифона арзёбӣ карда ва гуфт: дар ҳоле ки  ҳазинаи ин пружа яксон аст,  аммо тӯли тунели “Истиқлол” 5 килуметр буда ва тӯли тунели “Шар-Шар” 2223 метрро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, иртифоъи тунели “Истиқлол” аз ин тунел 1600 метр баландтар арзёбӣ мешавад.  Зимнан, тунели “Истиқлол” дар моҳи июли соли 2006 аз ҷониби руасои ҷумҳурии Эрон ва Тоҷикистон расман ифтитоҳ шуда, вале то ба ҳол навоқиси он комилан ислоҳ нашудааст.
Аз ҷумла, ҳанӯз талошҳо барои бастани ҷараёни об дар дохили тунел натиҷаи дилхоҳ надодааст.
Алӣ Асғари Шеърдӯст, сафири Эрон гуфт, ки ширкати “Собир” ваъда додааст, то авохири моҳи оянда резиши обро дар тунел қатъ карда ва кунтрули об ба василаи қанотҳо ё лӯлаҳои махсус дар канори тунелро таъмин хоҳад кард.
Оқои Шеърдӯст таъкид кард, ки ба ин хотир кор дар ин пружа дар се баст идомад орад, аммо ба далели камбуди неруи барқ мумкин аст иҷрои корҳо ба таъхир анҷом шавад.
Ҳабибулло Давлатов, муҳандиси кулли вазорати нақлиёт ва иртибототи Тоҷикистон хабари ба муддати ду ҳафта қатъ шудани интиқоли неруи барқ ба тунели "Истиқлол"-ро таъйид карда ва гуфт, ки ҳамакнун ин пружа бо нерӯи барқ таъмин шудааст.
Ҳамчунин, ба гуфтаи мақомоти Сафорати Эрон дар Тоҷикистон барои насби системи тасфиаи ҳаво, системи барқрасонӣ, рӯшноӣ ва алайҳи сӯхтори тунел ба 5 милюн дулори изофӣ ниёз вуҷуд дошта, вале ба далели ихтилофи назарҳо дар мавриди шароити тахсиси вом мушкили тахсиси маболиғ  ҳалли худро наёфтааст.
Тасвиби Қонуни будҷаи зиддибуҳронӣ
Рафъи авоқиби буҳрони ҷаҳонии молӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ва рушди воқеъии иқтисодиёт, бахшҳои энержию иртиботот аз нукоти аслии Қонуни будҷаи ин кишвар барои соли 2010 маҳсуб мешавад.
Тибқи ин қонун, рӯзи чаҳоршанбеи 11 ноябр, дар порлумони Тоҷикистон тасвиб гардид, ҳаҷми умумии Маҳсулоти нохолиси миллӣ дар соли оянда то ба 24,5 милиёрд сомонӣ хоҳад расид, ки ин маблағ дар муқоиса ба арқоми соли ҷорӣ 4 милиёрд сомонӣ бештар будааст.
Бахши даромади будҷаи соли оянда 6 милиёрду 537 милюн сомонӣ ва бахши махориҷ 6 милиёрду 782 милюн сомонӣ буда ва касри будҷа 1 дар сади мизони даромади нохолиси миллии ин кишварро ташкил медиҳад.
Рушди тавлидот дар соли оянда 5 дар сад, мизони таваррум 9 дар сад ва баҳои як дулор дар баробари сомонӣ, пули миллии Тоҷикистон барои соли оянда 5 сомонӣ пешбинӣ шудаст.
Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молия ё дороии Тоҷикистон гуфт, ки бо вуҷуди буҳрони молӣ дар будҷаи соли 2010 мизони сармоя ба бахши иҷтимоъӣ коҳиш наёфта ва ҳудуди 50 дар сади маболиғи будҷа ба ин бахш тахсис хоҳад шуд.
Ҳамзамон, оқои Наҷмиддинов таъкид кард, ки барои аввалин бор будҷаи соли 2010-и Тоҷикистон ба бахшҳои иҷтимоъӣ ва рушд тақсим шуда ва барои бахши рушд тахсиси ҳудуди 3 милиёрд сомонӣ ё 43 дар сади маболиғи будҷа дар назар гирифта шудааст.
Дар назар аст, ин пул барои барои ниёзҳои бахшҳои энержӣ, кишоварзӣ, истихроҷи маъодин ва бунёди роҳҳои иртиботӣ масраф шавад.
Бахши даромад аз куҷо таъмин мешавад?
Дар ҷараёни баррасии пешнависи Қонуни будҷаи соли 2010 дар иҷлоси имрӯзи порлумон мубоҳисот умдатан дар атрофи роҳҳои таъмини бахши даромади будҷа сурат гирифт.
Аз ҷумла, пешниҳод шуд, ки дар соли оянда дар мавриди мизони андози аксиз ё молиёт барои спирти этилӣ, машрубот ё алкул ва сигор таҷдиди назар шавад.
Ҳамчунин, бархе аз намояндагон хостори коҳиши теъдоди корхонаву муассисоте шуданд, ки дар вуруди колоҳо аз имтиёзоти молиётӣ бархурдор ҳастанд.
Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби назҳати исломии Тоҷикистон ва намояндаи порлумони ин кишвар ин суолро матраҳ кард, ки “Чаро дар канори пружаҳои Қасри миллат ё Китобхонаи миллӣ сохтмони меҳмонхонаҳои панҷ ситорадор дар Тоҷикистон низ аз пардохти молиёт муоф бошанд?”
Аз сӯйи дигар, Шодӣ Шабдолов, раҳбари ҳизби коммунист ва намояндаи порлумони Тоҷикистон ба саркашии бархе аз масъулони сохторҳои давлатӣ ва соҳибкорон аз пардохти молиёт ишора карда ва гуфт, ки дар Тоҷикистон низ чун дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон барои ин амал муҷозоти сангин пешбинӣ шавад.
Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон гуфт, ки дар Қонуни будҷаи феълӣ таҷдиди назар дар бораи имтиёзоти молиётӣ барои корхонаву муассисот дар назар гирифта шудааст.
Афзун бар ин, ба гуфтаи оқои Наҷмиддинов дар ин санади ҳуқуқӣ ба коҳиши 24 дар садӣ барои нигаҳдории сохтори давлатӣ таъкид шудааст, ки ба ин ҳисоб ба миқдори 146 милюн сомонӣ маболиғи будҷа сарфаҷӯйӣ хоҳад шуд.
Бо пешниҳоди Саъдулло Хайруллоев, раиси Маҷлиси Намояндагон ё маҷлиси суфлои порлумони Тоҷикистон дар мусаваббаи Қонуни будҷаи соли 2010 банди “назорати ҷиддӣ ба раванди иҷрои будҷа” ворид карда шуд.
Дар иҷлоси порлумон таъкид шуд, ки пас аз тасвиби Қонуни будҷа маболиғи он аз сӯйи вазоратхонаҳо ва идороти давлатӣ масраф шуда ва ҳеч ниҳоде аз ҷараёни ин кор назорат намекунад.
Бар асоси мусаваббаи порлумон, қарор аст дар соли оянда Кумитаи будҷаи порлумони Тоҷикистон раванди иҷрои Қонуни будҷаро назорат карда ва дар ҳар се моҳ аз натоиҷи фаъолияти худ ба иҷлоси порлумон гузориш диҳад.
Ҳамчунин, дар иҷлоси имрӯзи Маҷлиси Намояндагон ё маҷлиси суфлои порлумони Тоҷикистон қонуни “Рӯзҳои ид” ислоҳ шуда ва рӯзи 24 ноябр Рӯзи Парчами Давлатӣ эълом шуд.
Гуфта мешавад, ин ислоҳ аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ироа шуда ва дар ин рӯз бидуни таътили умумӣ аз Рӯзи Парчами Давлатӣ таҷлил мешавад.
Таваққуфи уфти тавлидоти Талко
Раванди коҳиши тавлидоти олуминиюм  дар ширкати “Талко” мутаваққиф шудааст.
Гузоришҳо ҳокист, ки ин корхонаи бузургтарини санъатии Тоҷикистон тавонистааст дар семоҳаи севвум нисбат ба се моҳи аввали соли ҷорӣ мизони тавлидоти худро то 13 дарсад афзоиш диҳад.
Бо ин вуҷуд, гузориш шудааст, ки “Талко” аз тавлиди ҳар як тун олуминиюм  184 дулор хисорат бардоштааст.
Дар ин бора сойти расмии Вазорати молия ё дороиҳои Тоҷикистон бо интишори гузорише аз фаъолияти корхонаҳои бузурги санъатии кишвар хабар додааст.
Гуфта мешавад, дар ҳоле ки қимати тавлиди ҳар як тун олуминиюм  дар Талко муъодили 2000 дулор аст, вале ин ширкат ночор шудааст онро дар бозорҳои ҷаҳонӣ бар ивази 1816 ба фурӯш гузорад. Зимнан, дар авоили соли ҷорӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ як тун олуминиюм  1300 дулор арзиш дошт.
Манобеъи ширкати “Талко” мегӯянд, ки ночор ҳастанд дар чунин шароит фаъолият кунанд. Зеро, агар онҳо бо таъвиқи фаъолияти худ мувофиқ шаванд, барои дубора фаъол сохтани “Талко” маблағи беш аз як милёрд дулор зарур аст.
Гузашта аз ин дар сурати таъвиқи фаъолияти худ “Талко” муштариёни худро дар бозорҳои ҷаҳонӣ аз даст хоҳад дод.
Ба навиштаи муаллифони ин гузориш “Талко” барои афзоиши мизони тавлидоти худ талошҳое анҷом додааст.
Аз ҷумла масъулони ин ширкат тасмим гирифтаанд, тавлидоти варақаи олуминиюм  ва симҳои ғафси олюминиро бештар кунанд, ки дар бозорҳои қораи Осиё бо дарназардошти масрафи камтари ҳамлу нақл ба ин анвои колоҳо ниёз бештар аст.
Ҳамчунин “Талко” барои интиқоли тавлидоти худ аз тариқи шаҳри Бандари Аббос дар Эрон талош мекунад. Феълан бештаре за тавлидоти ин корхона аз тариқи бандаре дар Эстунӣ интиқол меёбад, ки ба навиштаи гузоришгарон хар як тун олуминиюми тавлиди “Талко”-ро то 115 дулор гаронтар мекунад.
Дар ин гузориш омадааст, ки корхонаи олуминиюмро зарур аст барои коҳиши қиммати аслии тавлидоти худ тадобире анҷом бидиҳад. Вале гуфта мешавад, ки дар ин замина баҳсҳои миёни “Талко” ва ширкати “Барқи тоҷик” то ҳол натиҷае дар пай надоштааст.
Гуфта мешавад, ки “Талко” ҳамасола то сӣ дарсади нерӯи барқи тавлиди Тоҷикистон ва барқи воридотиро масраф мекунад. Ин дар ҳолест, ки давлат пойинтарин баҳои нерӯи барқ барои масрафи ин ширкатро муқаррар кардааст. Ҳатто арзиши нерӯи барқ барои манозили мардум гаронтар аз ин қиммат аст.
Бо ин вуҷуд, дар гузориши Вазорати молияи Тоҷикистон омадааст, ки “Талко” аз “Барқи тоҷик” дар соли ҷорӣ беш аз 128 милюн сомонӣ бидеҳкор шудааст. Аммо ҳамзамон дар гузориш омадааст, ки “Талко” барои масрафи нерӯи барқ талошҳое анҷом дода, ҳатто барои бароварда сохтани бархе аз ниёзҳои худ таҷҳизоти нерӯгоҳҳои бодӣ насб кардааст.
Дар ҳамин ҳол Вазорати молияи Тоҷикистон барои муассир сохтани фаъолияти ширкати “Талко” чанд пешниҳоде ироа кардааст. Коршиносон бештаре аз ин пешниҳодҳоро маъмулӣ арзёбӣ мекунанд.
Аз миёни ин пешниҳодот  коршиносон  ба “баргузории реструктуризатсияи ( тағйири сохтори) Корхонаи воҳиди давлатии “Ширкати Алюминийи Тоҷик” тавассути таъсиси корхонаҳои фаръии нав” бештар тавваҷуҳ карданд.
Ҳарчанд, мушшахасоти ин пешниҳод ироа нашудааст, вале соҳибназарон эҳтимоли тағйири наҳваи моликияти бархе аз воҳидҳои ин ширкатро баъйид намедонанд.
Дар соли гузашта Талко 402 ҳазор тун олуминиюм  тавлид карда буд, ки дар муқоиса бо соле қабл 19 ҳазор тун камтар буд. Дар соли ҷорӣ бо дарназардошти бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ин ширкат дар садад буд 380 ҳазор тун олуминиюм  тавлид кунад.
Вале моҳе қабл расонаҳои гурӯҳӣ аз коҳиши 18 дарсадии тавлидоти ин ширкат хабар дода буданд.
Мубориза бо қоҷоқчиёни маводди мухаддир
Ожонси назорат бар маводди мухаддири Тоҷикистон гуфтааст, ки дар соли ҷорӣ кормандони нерӯҳои интизомӣ ҳудуди чаҳор тунн ва 200 килугромм  маводди мухаддир кашф ва мусодира кардаанд.
Ба гуфтаи масъулони ин ожонсӣ фақат панҷоҳ дарсад аз куллия маводди мухаддире, ки қочоқчиён барои интиқоли он аз роҳи Тоҷикистон талош мекунад, дар қаламрави  ин икшвар боздошт мешавад. Онҳо афзудаанд беш аз си дар сад аз ин маводд тавассути соири кишварҳои минтақа интиқол меёбад.
Женерол Вайсиддин Азаматов, муъовини раиси Ожонси назорат бар маводди мухаддири Тоҷикистон ин матлабро дармаросими сузондани 88 килугром маводди мухаддир дар шаҳри Душанбе эълом дошт, ки ҳудуди панҷоҳ киллогарм аз онро ҳируин ташкил медод.
Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл кормандони ожонси назорат бар маводди мухаддири Тоҷикистон ҳудуди ним тунн маводди мухаддирро нобуд карда буданд.
Женерол Азаматов мегӯяд, ки бештари мизони ин маводди мухаддир дар дохили қаламрави Тоҷикистон, бештар устонҳои Хатлон ва Суғд ва шаҳри Душанбе мусодира шудааст ва ин маводд аз Афғонистон ба Тоҷикистон мунтақил шудааст.
Вай дар посух ба ин суол, ки чи тавр ин миқдор маводди мухаддир аз марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон, ки таҳти муроқибати нерӯҳои марзбони тоҷик қарор дорад интиқол ёфта, гуфт: “Имтидоди  марзи муштараки Тоҷикстону Афғонистон беш аз як ҳазору 300 километрро ташкил медиҳад ва мутаассифона муроқибати комил аз тамоми қисматҳои марз душвор аст.”
Женарол Азаматов ҳамчунин гуфт, ки дар соли равон яке аз кормандони ожонсии онҳо барои ришвагирӣ боздошт шудааст.
Қисмати душворгузари марз
Дар ҳамин ҳол марзбонони тоҷик гуфтанд, ки дар муроқибати бархе аз қисматҳои душворгузари марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон, аз ҷумла дар навоҳии Шӯрободи устони Хатлон онҳо бо мушкилоти зиёде рӯбарӯ аст.
Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯйи дафтари матбуъотии марзбонон мегӯяд, дар миёни марзи ин ду кишвар манотиқе вуҷуд дорад, ки қоҷоқчиёни афғон дар бархе маврид он ҷо маскан мегирад ва дар фурсати муносиб маводди мухаддирро ба қаламрави Тоҷикистон интиқол медиҳанд.
Оқои Раҳматуллоев афзуд: “Ба ҷуз аз қоҷоқчиён дар ин минтақа ҳамчунин бархе аз шикорчиён ғайриқонунӣ ба ҳайвоноти нодир шикор мекунанд. Ҳарчанд шикор ба бархе аз ин ҳайвоноти нодир манъ аст.”
Ба гуфтаи сухангӯйи нерӯҳои марзбони тоҷик, ахиран онҳо бархе аз ҳамдастони қоҷоқчиёни афғон дар қаламравии Тоҷикстонро боздошт кардаанд.
Дар соли ҷорӣ нерӯҳои марзбони тоҷик ҳудуди як тунн маводди мухаддирро аз қоҷоқчиён дар ин марз боздошт ва мусодира кардаанд.
Аммо бо ин вуҷуд бархе аз коршиносони иҷтимоъӣ дастрасии осони ҷавонон ба маводди мухаддирро яке аз роҳҳои афзоиши теъдоди мӯътодони маводди мухаддир дар Тоҷикистон медонанд.
Ҳамчунин соҳибназарон мегӯянд, яке аз омилҳои аслии коҳиши интиқоли маводди мухаддир аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва сипас ба Русия ва Урупо, тақвияти муборизаи кормандони нерӯҳои интизомии кишварҳои Урупо ва Русия бо гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷинояткори вобаста ба маводди мухаддир дар он кишварҳо будааст.