bbc.co.uk navigation

Сафҳаи аслӣ

Ба рӯз шуда:  , 27 Май соли 2012 - 16:45

Дар Миср теъдоде аз номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, ки аз расидан ба даври дувуми интихобот бозмондаанд, хостори бозшумории орои марҳалаи аввал шудаанд. Ду кондидое, ки ба даври дувуми интихобот роҳ ёфтанд, Муҳаммад Мурсӣ, кондидои Ихвонулмуслимин ва Аҳмад Шафиқ, нахуствазири собиқи Миср ҳастанд.

Дар ҳоле ки хабари куштори беш аз 90 ғайрнизомӣ дар шаҳри Ҳула дар Сурия хашми густардаи ҷомеъаи ҷаҳониро барангехтааст, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Сурия дар як конфаронси хабарӣ бори дигар дахолати давлат дар ин кушторҳоро рад кардааст.

Мақомоти афғон мегӯянд, ки дастикам 8 ғайринизомӣ дар асари амалиёти ҳавоии нерӯҳои НОТУ дар ҷануби шарқи Афғонистон кушта шудаанд.

Маҷлиси намояндагони Афғонистон тавофуқномаи ҳамкориҳои роҳбурдӣ миёни Афғонистон ва Омрикоро таъйид кард.

Фронсуо Улонд, раиси ҷумҳурии Фаронса гуфтааст, ки кишвараш пас аз соли 2014 низ ба ҳамкории худ бо Афғонистон дар бахшҳои тавсеъа, омӯзишу парвариш ва иқтисод идома хоҳад дод.

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.