BBCPersian.com
  •    راهنما
تاجيکستان
پشتو
عربی
آذری
روسی
اردو
 
به روز شده: 14:08 گرينويچ - جمعه 24 اکتبر 2008 - 03 آبان 1387
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد   صفحه بدون عکس
Чаро Точикистон сафири зан надорад?
 
Зарифи
Зарифи: "Мо соли чори чахор хонумро барои фаъолиятхои диплумотик ба кишвархои хоричи равон кардем"
Вазири умури хоричии Точикистон аз фаъолияти андаки занону духтарон дар умури диплумотик ибрози тассуф карда ва гуфтааст, ки вазорати хорича дар оянда барои омузиши кодрхои зан тадобире анчом хохад дод.

Хамрохон Зарифи харчанд гуфт, ки дар ду соли ахир дар сафоратхонахои Точикистон дар кишвархои мухталиф теъдоди занон ва духтарони масъул афзудааст, аммо вай ба ин нукта таъкид кард, ки то хол хеч хонуми точик дар кишвархои хоричи сафир таъйин нашудааст.

Бо ин вучуд, окои Зарифи афзуд, ки дар мукоиса бо бархе аз вазоратхонахо дар вазорати хорича теъдоди кормандони зан бештар аст.

Вай афзуд: “Вазоратхонаи мо соли чори чахор хонумро барои фаъолиятхои диплумотик ба кишвархои хоричи равон кард. Харчанд хануз дар миёни сафирони мо хеч хонуме нест, аммо дар оянда аз чумлаи занони муваффак мо хонумхоеро низ ба унвони сафир ба кишвархои хоричи равон хохем кард”.

Дар хамин хол, харчанд макомоти Точикистон камбуди занони мутахассисро далели аслии камбуди хузури занон дар умури сиёси медонанд, аммо фаъолони умури зан мегуянд, ки ин мушкил кабл аз хама ноши аз тафаккури мардсолоронаи хоким дар чомеъа ва давлати Точикистон аст.

Гулрухсори Сафи, шоъири маъруф, ки фарханги точикро дар бисёре аз кишвархо ва махофили байналмилали намояндаги кардааст, мегуяд, ки дар сиёсатхои давлати Точикистон “меъёрхои дугона” вучуд дорад.

Хонуми Сафи афзуд: “Дар махофили сиёсии Точикистон сухан аз амал тафовут дорад. Харчанд дар ин махофил аз баробарии чинсияти ва таквияти хузури занхо дар сиёсат ва давлатдори сухбат мешавад, вале дар хакикат бисёре аз занони мутхассис ва боистеъдод дар ин арсахо нодида гирифта мешаванд.”

Гулрухсор
Гулрухсор: "Дар сиёсатхои давлати Точикистон “меъёрхои дугона” вучуд дорад"

“Мо хатто заноне, ки вазорат ва корхонахои давлатиро рахбари кунанд, надорем, чи расад ба сафирон дар кишвархои хоричи. Аммо занони точике хастанд, ки аз истеъдод ва дониши кофи барои касби макоми сафорат ва вазорат дар Точикистон бархурдоранд ва метавонанд дар ин симатхо хуб кор кунанд.”

Вазири хоричаи Точикистон дар холе ки ба пурсишхои хабарнигорон дар мавриди сиёсати хоричии ин кишвар посух мегуфт, афзуд, ки ин вазорат хамасола барои чалби кодрхои чавон ба корхои диплумотик низ икдомхоеро анчом медихад.

Аз чумла Хамрохон Зарифи гуфт, ки ахиран 11 нафар аз кормандони чадид бо рохи озмун барои фаъолият дар ин вазоратхона истихдом шудаанд.

Вале окои Зарифи дар мавриди сатхи тахассуси нух нафари онхо гуфт: “Хануз ин афрод сад дарсад наметавонанд ба фаъолият дар вазорати хорича огоз кунанд, зеро омузиши хуби диплумотик надоранд. Ва аслан мо то хол як донишгохи чудогонае надорем, ки устодон, аз чумлаи донандагони сиёсати хоричи, дар онхо фаъолият кунанд”.

Вазири хоричаи Точикистон мегуяд, ки ба давлат пешниход хохад кард, то барои чавонони алокаманд ба фаъолиятхои сиёсати хоричи донишкадае таъсис бидихад.

Ин дар холест, ки дар бархе аз донишгоххои Точикистон донишкадахои омузиши иктисод ва равобити байналмилали фаъоланд. Аммо бештари сохибназарон сатхи тадрис дар ин муассисоти таълимиро барои тарбияти мутахассисони хирфаи нокофи арзёби мекунанд.

Гузашта аз ин, хамасола теъдоди зиёде аз чавонони точик дар кишвархои хоричи, бавижа Омрикову Урупо, дар риштахои улуми сиёси ва иктисоди байналмилали тахсил мекунанд, вале гуфта мешавад бештари онхо ба далели мохонаи андак дар ниходхои давлати, кор дар созмонхои байналмилалиро тарчех медиханд.

 
 
اخبار روز
 
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد   صفحه بدون عکس
 
 
   
 
BBC Copyright Logo بالا ^^
 
  صفحه نخست|جهان|ايران |افغانستان |تاجيکستان |ورزش |دانش و فن |اقتصاد و بازرگانی |فرهنگ و هنر |ویدیو
روز هفتم |نگاه ژرف |صدای شما |آموزش انگليسی
 
  BBC News >>|BBC Sport >>|BBC Weather >>|BBC World Service >>|BBC Languages >>
 
  راهنما | تماس با ما | اخبار و اطلاعات به زبانهای ديگر | نحوه استفاده از اطلاعات شخصی کاربران