|
Хамоиши порлумонии Русия ва Точикистон
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Точикистон хостори хамкорихои мутакобилан судманд бо Русия аст ва мехохад бо ширкатхои русие, ки фаъолияташон шаффоф аст,
хамкори кунад.
Ин матлаб рузи чумъа, 24 октябр аз суйи Эмомали Рахмон, раиси чумхурии Точикистон, дар маросими ифтитохи хамоиши севуми намояндагони порлумони Точикистону Русия дар шахри Душанбе эълом шуд. Ба эътикоди окои Рахмон, мушорикати бештари сармояи руси дар иктисоди Точикиситон бозгуйи сиёсати давлати ин кишвар аст. Вай афзуд, ки Русия дар хеч кишвари чахон чун дар Точикистон чунин пойгохи низомие надорад ва ин амр худ метавонад итминони чиддие барои сармоягузорон бошад. Вай афзуд, ки дар гузашта давлати Точикистон бо кулохгузори аз суйи бархе шарикони иктисодияш рубару шудааст ва акнун хостори хамкори бо он идда аз ширкатхоест, ки ба чуз аз хамкории иктисоди гарази дигаре надоранд. Дар мурочеъаи худ ба ширкаткунандагони хамоиши имруз окои Рахмон ёдовар шуд, ки дар гузашта бархе аз демукротхои Русия, аз чумла намояндагони порлумони он кишвар, касд доштанд ба хамтоёни точики худ рохи тавсеъаи чомеъаро нишон диханд. Раиси чумхурии Точикистон афзуд, ки “мутассифона чунин омузиш дар нихоят ба чанги дохили дар Точикистон анчомид” Президенти Точикистон аз аъзои порлумони ду кишвар даъват кард, ки барои густариши равобити икитисоди шароити зарури фарохам оваранд. Вай хушдор дод, ки натоичи ин хамоиш набояд мушобехи ду нишасти кабли бошад, ки дар пай суди чиддие надоштааст. Окои Рахмон пешниход кард, ки Русия метавонад аз Точикистон бештар тавлидоти кишоварзи харидори кунад. Ба гуфтаи раиси чумхурии Точикистон, соли чори хосили мева дар ин кишвар зиёд аст ва Точикистон метавонад ин махсулотро ба микдори бештар ба Русия содир кунад.
Ин дар холест, ки ба гуфтаи коршиносон дар соли чори кимати мевачот дар бозорхои Точикистон дар мукоиса бо бештари манотики Русия ба таври кобили мулохизае болотар аст ва дар ин сурат содироти он ба Русия суде нахохад дошт. Президент Рахмон дар суханронии худ ба намояндагони порлумони ин ду кишвар хамчунин гуфт, ки кишвараш ба хамкроихо дар заминаи тавлиди урониюм бо Русия алокаманд аст. Окои Рахмон афзуд, ки “мо танхо ба хотири Русия корхонаи тавлиди урониюмро ба фуруш нагузоштаем ва холо низ умедворем, ки якчо бо Русия онро фаъол созем”. Раиси чумхурии Точикистон хамчунин таъкид кард, ки холо Русия дар кишвархои офрикои сармоягузори мекунад, вале кишвархои хамсуд дар ин замина дар канор мондаанд. Окои Рахмон афзуд, “дуруст аст, ки Русия рушд мекунад ва далоили онро мо медонем. Вале Точикистон низ мехохад рушд дошта бошад. Дар ин замина мо ба кумаки Русия умедвор хастем». Сергей Миронов, раиси Шурои Федеросиюн ё Мачлиси улёи порлумони Русия дар суханронии худ таъкид кард, ки холо мизони табодули
коло ва маводд миёни ин ду кишвар худуди 900 милюн дулор аст ва интизор меравад ин ракам то авохири соли чори болиг бар як
милёрд дулор шавад. Гузашта аз ин, ба гуфтаи окои Миронов, холо дар донишгоххо ва марокизи омузишии Русия беш аз 4,5 хазор донишчуён ва мутахассисони точик тахсил мекунанд. Ба гуфтаи окои Миронов, дар хамоиши феъли интизор меравад таъмини шароит барои густариши хамкорихои ин ду кишвар дар заминаи омузишу парвариш, бехдошти ва пажухиши барраси шаванд. Махмадсаид Убайдуллоев, Раиси мачлиси милли ё мачлиси суфлои порлумони Точикистон, ба навбаи худ аз ширкаткунандагони хамоиш дархост кард, ки ба тамдиди мухлати сабти номи мухочирони точик дар Русия мусоъидат кунанд. Вай афзуд, ки холо тибки мукаррароти кавонини Русия, атбоъи точик муваззафанд дар зарфи се руз баъд аз ворид шудан ба каламрави он кишвар дар ниходхои зирабт сабти ном шаванд. Вале бо таваччух ба бузургии каламрави Русия, дар бештари маворид ичрои ин мукаррарот душвор аст. Дар хамин хол, интизор меравад дар поёни рузи аввали кори хамоиши намояндагони порлумони Точикистону Русия дар шахри Душанбе чанд санади хамкори имзо шавад. Карор аст, фардо кори ин хамоиш дар шахри Хучанд, маркази вилояти Сугд идома ёбад. |
||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||