|
Афзоиши сармояи мустакими хоричи
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Макомоти Кумитаи давлатии сармоягузори ва идораи амволи давлатии Точикистон аз афзоиши бамаротиби сармояи мустакими хоричи
дар иктисоди ин кишвар хабар доданд.
Фаррухчон Хамралиев, раиси Кумитаи сармоягузори ва идораи амволи давлатии Точикистон, рузи чумъаи 24 октябр, зимни нишасте матбуъоти бо хабарнигорон гуфт дар соли чори мизони сармояи мустакими хоричи дар ин кишвар маблаги як милёрд ва 760 милюн сомони ё муъодили беш аз 500 милюн дулори омрикоиро ташкил додааст. Ин дар холест, ки ин ракам дар давраи мушобехи соли гузашта ба беш аз як милёрд ва 100 милюн сомони баробар будааст. Окои Хамралиев эчоди заминахои конунии шароити сармоягузори ва бахусус ба таълик даровардани бозрасии фаъолияти бозаргононро аз сабабхои афзоиши кобили мулохизаи сармояи мустакими хоричи дар иктисоди ин кишвар арзёби кард. Афзун бар ин, окои Хамралиев таъкид кард, ки ин кумита дар садад аст, пешниходхоеро ба манзури ворид кардани тағйироту иловахо ба бархе аз кавонин ва асноди кишвар дар заминаи бехбуд бахшидан ба фаъолияти сармоягузори ва бозаргони ба давлат ва порлумон ироа кунад. Гузориши ин кумита хокист, ки хамакнун дар каламрави Точикистон 53 тархи сармоягузори мавриди ичро карор дорад. Фаррухчон Хамралиев Русия ва Чинро дар садри кишвархои воридкунандаи сармояи мустаким ба иктисоди Точикистон хонд ва гуфт бо сармояи ин ду кишвар тарххои мухимми истротежик, назири эхдоси неругоххо, сохтмони чоддахо ва тунелхо ичро мешаванд. Аз суйи дигар, окои Хамралиев сахми корхонахои муштарак дар каламрави Точикистонро низ аз сабабхои дигари чалби сармояи мустакими хоричи ба иктисоди ин кишвар донист. Ин дар холест, ки тибки гузориши Кумитаи сармоягузори ва идораи амволи давлати холо дар каламрави Точикистон беш аз 300 корхонаи муштарак фаъол аст, ки бо сармояи мустакими хоричи фаъолият мекунанд. Масъулони Кумитаи сармоягузори ва идораи амволи давлати чалби сармояи мустакими хоричиро омили босуботи иктисоди ва тавсеъаи бахшхои мухталиф талакки карданд. Зеро ба гуфтаи ин масъулон, танхо бо дарёфти эътибороти моли ё вомхо наметавон ба тавсеъаи иктисодии кишвар муваффак шуд. Зимнан, тибки гузориши Вазорати молия ё дороии Точикистон, холо мизони бидехихои хоричиии ин кишвар маблаги як милёрду 300 милюн дулорро ташкил медихад. |
||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||