BBCPersian.com
  •    راهنما
تاجيکستان
پشتو
عربی
آذری
روسی
اردو
 
به روز شده: 14:24 گرينويچ - پنج شنبه 23 اکتبر 2008 - 02 آبان 1387
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد   صفحه بدون عکس
Нашриёт ва бухрони эхтимолии энержи
 
хамоиши рузноманигорон
Дар бухрони энержии зимистони гузашта бештари нашрияхо бо камбуди барк ва гарми мувочех шуданд
Анчумани байналмилалии рузноманигорони форсизабон, “Афруз”, аз давлати Точикистон хотааст, ки дар шароити бухрони эхтимолии энержи дар зимистони оянда ба рафъи мушкилоти иттилоърасони мусоъидат кунад.

Адолати Мирзо, раиси ин анчуман, рузи панчшанбе, 23 октябр, дар хамоиши “Мушкилоти иттилоърасони дар шароити эхтимоли бухрони энержи ва чустучуи рохи халл” ин матлабро баён кард.

Зимнан, бо вучуди давъат аз масъулони ширкати “Барки Точик” масъулони он дар ин хамоиш хузур надоштаанд.

Дар ин хамоиш сардабирони нашрияхо ва масъулони бисёре аз расонахои мустакилл ва созмонхои рузномагиории Точикистон ширкат ва мавзуъи омодаги ба бухроне эхтимоли дар фасли зимистонро барраси карданд.

Адолати Мирзо хадаф аз баргузории ин хамоишро эчоди шароити мусоъид барои фаъолияти расонахои чопи, яъне таъмини гарми ва неруйи барк, дар фасли зимистон ба манзури иттилоърасонии акшори мухталифи кишвар арзёби кард.

Ба гуфтаи хонуми Мирзо, дар сармои шадид ва бухрони энержии зимистони гузашта муштариён натавонистаанд бештари нашрияхоро ба таври сареъ ва бамавкеъ дарёфт кунанд ва хатто сахафоти бархе аз нашриёт бидуни матолиб чоп шудааст.

Адолати Мирзо
Хонуми Мирзо мегуяд камбуди барк бар чараёни иттилоърасони таъсироти манфи мегузорад

Хонум Мирзо бар ин бовар аст, ки мушкилоти камбуди барк дар фасли сармо барои фаъолияти расонахо, бахусус нашрияхо, мачаллот ва родию ва телевизионхои мустакилл дар манотик бештар эхсос мешавад.

Аз ин ру, бехтар аст дар остонаи фасли сармо ниходхои марбута тадобири лозимро барои фарохам кардани шароит барои фаъолияти куллия расонахо дар мучтамаъи давлатии “Шарки Озод”, идороти расонахо ва чопи нашрияхо анчом диханд.

Акбари Саттор, раиси Иттиходияи рузноманигорони Точикистон, аз он изхори таассуф кард, ки тайи се соли ахир расонахои вокеъ дар мучтамаъи “Шарки Озод” аз камбуди неруи барк дар фасли зимистон, бавижа махдудияти интиколи он азият мекашанд.

Ба ин далел окои Саттор пешниход кард, то ин мучтамаъ ба хутути доимии интиколи неруи барк васл карда шавад ва он гуна ки вай иттилоъ дод, намояндагии Созмони Амният ва Хамкории Урупо дар Душанбе омодааст, ин тархро таъмини моли кунад.

Махмудхон Сараев, як масъули бахши иттилоъотии дафтари раёсати чумхурии Точикистон, барои чилавгири аз эхтимоли бухрони энержи, насби женеротур дар мучтамаъи “Шарки Озод”-ро рохи халли мушкили иттилоърасони донист.

Нуриддин Каршибоев
Окои Каршибоев пешниходи таъсиси ситоди вижаи рузноманигорон дар шароити бухрони эхтимоли кард

Аз суйи дигар, Рустами Чони, раиси кулли ширкати “Ориёнмедиа” пешниход кард, то расонахо бо мучтамаъи давлатии “Шарки Озод” дар заминаи дарёфти неруи барки доими карордоди хамкори ба имзо расонанд.

Хамчунин Нуриддин Каршибоев, раиси Анчумани расонахои мустакилли Точикистон, таъсиси ситоди вижаи рузноманигорон дар чихати назорати доими ба раванди интиколи неруи баркро омили муассир барои рафъи ин мушкил талакки кард.

Хамчунин сардабирони чанде дигар аз нашрияхо пешниход карданд, ки масъулони ширкати “Барки точик” хафтае як маротиба ва ё дар мох ду маротиба дар мавриди вазъи таъмини неруи барк ба кишвар гузориш бидиханд.

Хамчунин дар ин хамоиш пешниходхои дигаре низ садо доданд, ки карор аст, ба гуфтаи масъулони Анчумани байналмилалии рузноманигорони форсизабон, дар сареътарин муддат дар мурочеъатномае ба давлати Точикистон ироа хохад шуд.

Зимнан, Анчумани байналмилалии рузноманигорони форсизабон, “Афруз”, дар мохи марти соли гузашта таъсис ва дар мохи майи соли чори дар вазорати адлия ё додгустарии Точикистон сабти ном шуд.

 
 
اخبار روز
 
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد   صفحه بدون عکس
 
 
   
 
BBC Copyright Logo بالا ^^
 
  صفحه نخست|جهان|ايران |افغانستان |تاجيکستان |ورزش |دانش و فن |اقتصاد و بازرگانی |فرهنگ و هنر |ویدیو
روز هفتم |نگاه ژرف |صدای شما |آموزش انگليسی
 
  BBC News >>|BBC Sport >>|BBC Weather >>|BBC World Service >>|BBC Languages >>
 
  راهنما | تماس با ما | اخبار و اطلاعات به زبانهای ديگر | نحوه استفاده از اطلاعات شخصی کاربران