BBCPersian.com
  •    راهنما
تاجيکستان
پشتو
عربی
آذری
روسی
اردو
 
به روز شده:
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد   صفحه بدون عکس
Бозорхои моли аз тадобири давлатхо конеъ нашуданд
 
Бурси Ню Йурк
Бозорхои осиёи ва урупои раванди сукути бахои сахом дар бурси Ню Йуркро дунбол карданд
Бо вучуди икдомоти ахири кудратхои бузурги иктисоди барои мукобала бо бухрони моли, сукути киматхо дар бурсхои умдаи чахон идома дошта ва бар бозори нафт низ таъсир гузоштааст.

Рузи чумъа, 10 октябр бо огози муъомилот дар бурсхои урупои шохиси бахои сахом дар бурси Ландан, пас аз бехбуди нисби дар рузи гузашта худуди дах дарсад таназзул кард ва ба пойинтарин сатх аз соли 2002 расид ва бурсхои Порис ва Фаронкфурт низ шохиди сукути мушобехе дар бахои сахом буданд.

Бештари кохиши бахои сахом дар бурсхои осиёи низ гузориш шуда буд ва бо шуруъи муъомилот дар бурси Тукиу, ки шоихиси он дар рузи панчшанбе ва пас аз сайри нузулии рузхои кабл то худуде субот ёфта буд, раванди сукути киматхо аз сар гирифта шуд ва дар поёни муъомилот нисбат ба рузи кабл беш аз 7 дарсад таназзул кард.

Суръати кохиши бахои сахом дар бозорхои моли дар сатхи чахони ва бадбини нисбат ба ояндаи иктисоди чахон дар Жопун бахои авроки карзаи давлатии Омрико ва нархи баробарии йен дар баробари доллар афзоиш ёфт.

Ба ин тартиб сахомдорон, ки аз бурузи рукуди васеътари иктисоди дар сатхи чахони ва зиёндихи ва хатто варшикастагии ширкатхои тавлиди ва моли бимнок хастанд, бо арзаи сахом барои фуруш дар садади табдили сармояи худ ба дороихои амнтар баромаданд.

Ба назари бархе коршиносон аз назари сармоягузорон тасмими хамоханги давлатхои гарби дар рузи чахоршанбе барои кохиши нархи бахра ва тазрики манобеъи чадиди моли ба низоми бонки боъиси бехбуди чашмандози иктисоди чахони нашудааст.

Эъломи варшикастагии як ширкати бимаи умри Жопуни зохиран эътимоди бархе аз сахомдорон дар ин мавридро мутазалзил кард, ки ниходхои молии осиёи дар маърази тахаввулоти манфии ахир дар бахши молии Омрико ва Урупо карор нагирифтааст.

Раванди чахони

Бо сукути шадиди шохиси бахои сахом дар бозори Тукиу барои хафтумин рузи мутаволи шохиси арзиши сахом дар ин бозор дар хилоли як хафта беш аз 20 дарсад таназзул кардааст.

Бурси Тукиу
Бозорхои молии чахон дар интизори тадобири корсози давлатхо хастанд

Сойири бозорхои осиёи низ шохиди идомаи раванди нузулии бахои сахом будаанд ва аз чумла шохиси бахои сахом дар бозори Хонг Конг бо огози муъомилот дар рузи чумъа ба суръати 7 дарсад таназзул кард ва хамин вазъият дар аксари бозорхои мантака мушохида шуд.

Дар Андунези, ки сукути шадиди кимати сахом боъиси таътили муъомилот дар ду рузи гузашта шуда, макомоти бурс тасмими каблии худ барои гушоиши бозор дар рузи чумъаро ба ичро нагузоштанд ва бурси Чокорто хамчунон таътил аст.

Пештар бурсхои Омрико низ шохиди кохиши бахои сахом буд ва дар поёни муъомилот дар рузи панчшанбе Доу Чоунз - шохиси бахои сахом дар бурси Ню Йурк беш аз 7 дарсад кохиш ёфта ва ба пойинтарин сатхи худ дар хилоли панч соли ахир расид.

Дар холе ки аксари кишвархои пешрафта фаъолияти ниходхои моли хамчунон бо кохиш мувочех аст, иктисоддонон нисбат ба хатари густариши бухрони молии кунин ба соири бахшхои иктисоди ва бурузи рукуде амик дар иктисоди чахони хушдор додаанд.

Дар нахустин нишона аз бурузи чунин вазъияте давлати Сангопур эълом дошт, ки иктисоди ин кишвар, ки ба шиддат ба содирот вобаста аст, бо камбуди такозои хоричи мувочех шуда ва барои нахустин бор дар шаш мохи ахир дар маърази рукуд карор гирифтааст.

Хамзамон карор аст вазирони хорича ва раисони бонкхои марказии 7 кишвари умдаи санъатии чахон барои баррасии роххои чадиди хотима додан ба бухрони моли рузи чумъа чаласае баргузор кунанд.

Бухрони моли ва бозори нафт

Бархе аз нозирон бар ин акидаанд, ки мумкин аст ичрои хар чи сареътари конуни начоти моли дар Омрико ва дастрасии бонкхои ин кишвар ба манобеъи молии давлати, хамрох бо кохиши дубораи нархи бахра дар кишвархои пешрафта, битавонад боъиси бозгашти итминон ба бозорхои моли шавад.

Истихрочи гафт дар Бахрейн
Иктисоди кишвархои содиркунандаи нафт низ чашмандози чандон рушане надорад

Дар холи хозир бонкхо дар Омрико ва бисёре дигар аз кишвархои пешрафта ба далели камбуди манбеъ ва бим аз нотавонии мутакозиёни вом, аз чумла муассисоти тавлиди ва тичори дар бозпардохти бадехихои худ, дар мавриди эътои эътиборот ба шиддат мухтотона амал мекунанд ва дар натича соири бахшхои иктисодиро низ бо камбуди манобеъ ва хатари кохиши фаъолият мувочех сохтаанд, ки метавонад ба афзоиши бекори мунчар шавад.

Дар айни хол шуморе аз коршиносон нисбат ба короии сиёсати кохиши бахра ба унвони омиле дар рафъи нигаронии бахши моли ибрози тардид карда ва хостори икдомоти густардатари гурухи 7 шудаанд, аммо дар мавриди навъи икдомоти мавриди интизор иттифоки назар вучуд надорад.

Идомаи бухрони моли бозори нафтро низ тахти таъсир карор додааст ва дар муъомилоти рузи чумъа бахои нафти хом пас аз кохиш дар рузхои ахир боз хам таназзул кард ва барои нахустин бор дар як соли гузашта ба зери 80 доллар расид.

Хамон тавр ки пешбини шуда буд, нигарони аз бурузи рукуди чахони ва кохиши такозо барои нафт боъиси заъфи бозори нафт шуда ва бар хилофи хафтахои гузашта сармоягузорон пешхариди ин колоро махалли амнтаре барои хифозат аз сармояхои худ намедонанд.

Дар холе ки шуморе аз кишвархои узви ОПЭК дар мохи гузашта аз тасбити бахои нафт дар хадди як сад доллар сухан мегуфтанд, бархе аз гузоришхо хоки аз он аст, ки эхтимолан дар ичлоси отии ОПЭК ин ракам мавриди тачдиди назар карор хохад гирифт.

Заъфи бозори нафт боъиси кохиши чашмгири даромади кишвархои умдаи содиркунанда мешавад, ки иктисоди теъдоде аз онхо ба шиддат ба даромадхои нафти вобаста аст.

Карор аст имруз Чурч Буш, раиси чумхури Омрико дар робита бо вазъи иктисоди ин кишвар бо паёме ба мардум мурочаъат кунад.

Сандуки Байналмиллалии Пул як меконисми изтирории ироаи вом барои кумак ба кишвархое, ки гирифтори бухрони моли хастандро фаъол кардааст.

 
 
بازار بورس اقتصادی
بحران مالی جهانی و آثار آن بر اقتصاد ایران
 
 
مطالب مرتبط
Чузъиёти тархи изтирории Омрико
20 سپتامبر، 2008 | تاجيکستان
اخبار روز
 
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد   صفحه بدون عکس
 
 
   
 
BBC Copyright Logo بالا ^^
 
  صفحه نخست|جهان|ايران |افغانستان |تاجيکستان |ورزش |دانش و فن |اقتصاد و بازرگانی |فرهنگ و هنر |ویدیو
روز هفتم |نگاه ژرف |صدای شما |آموزش انگليسی
 
  BBC News >>|BBC Sport >>|BBC Weather >>|BBC World Service >>|BBC Languages >>
 
  راهنما | تماس با ما | اخبار و اطلاعات به زبانهای ديگر | نحوه استفاده از اطلاعات شخصی کاربران