|
Манъи шогирдон аз панбачини
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Макомоти Вазорати маъориф ё омузишу парвариши Точикистон эълом доштаанд, ки дар саросари ин кишвар ба корхои павариш ва чамъоварии
панба чалб кардани шогирдони мадорис катъан манъ аст.
Хамзамон, таъкид шудааст, ки донишчуёни бархе аз муасссоти тахсилоти олии Точикистон метавонанд дар зарфи як мохи пойиз довталабона дар чамъовари панба дар сахрохо ширкат кунанд. Фарход Рахимов, муъовини аввали вазири омузишу парвариши Точикистон рузи одина, 10 октябр, дар як нишасти хабари гуфт, ки ин вазорат аз ниходхои додситонии ин кишвар хостааст, то аз мавориди чалби ичбории шогирдони мадорис ба чамъоварии панба чилавгири кунанд. Ин дар холест, ки бар асоси гузоришхои расида аз вилоёти Сугд, дар шимол, ва Хатлон, дар чануби Точикистон, хануз мавориди фаровони истифода аз шогирдони мадорис дар корхои чамъоварии панба ба мушохида расидааст. Окои Рахимов ба навбаи худ таъкид кард, ки рахбарони мучтамаъхои кишоварзи танхо пас аз анчоми дарсхо ва дар рузхои таътил хакки чалби шогирдон ба чамъоварии панбаро доранд ва дар гайри ин сурат ин афрод мучозот хоханд шуд. Аз суйи дигар, масъулони Вазорати омузишу парвариш хабархои мабни бар истифода аз неруи донишчуён дар корхои кишоварзиро таъйид карда, вале гуфтанд, ки ин амр факат бо хохиши донишчуён анчом шудааст.
Зимнан, коршиносон аз мутаваккиф шудани раванди тахсил дар донишгоххои шахрхои Хучанд, дар шимол, ва Кургонтеппаю Кулоб, дар чануби Точикистон, дар мохи чори ва эъзоми ичбории донишчуён ба мазореъи панба ибрози нигарони кардаанд. Гуфта мешавад, макомоти муассисоти омузишии оли дар ин шахрхо хушдор додаанд, ки дар сурати сарпечии донишчуён аз ширкат дар чамъоварии панба ин афрод аз донишгоххо ихроч хоханд шуд. Коршиносон аз казияи соли гузашта дар донишгоххои шахри Хучанд, дар вилояти Сугд, ёдовар шуда ва гуфтаанд, ки донишчуён аз ширкат дар чамъоварии панба имтиноъ чуста ва бо озору азияти равони ва хамчунин дар чараёни тахсил бо мушкилоту мавонеъи фаровоне мувочех шуда буданд. Фарход Рахимов, муъовини аввали вазири омузишу парвариши Точикистон, гуфт, ки дар соли чори ширкати донишчуён дар чамъоварии панба довталабона буда ва афроде, ки аз ин амр сарпечи мекунанд, мучозот нахоханд шуд. Хамзамон, окои Рахимов таъкид кард, ки агар донишчуён бемор хастанд ва ё узри дигаре барои адами ширкат дар корхои кишоварзи доранд, бояд ба таври катби масъулони муассисоти омузиши олиро дар чараён гузоранд |
||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||