|
Дархости лагви хукми эъдом дар Осиёи Миёна
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Норбер Жустен, намояндаи Кумисиюни Урупо дар Казокистон, Киргизистон ва Точикистон, аз кишвархои минтака даъват кардааст,
ки дар кавонини кайфарии худ хукми эъдомро лагв кунанд.
Ин дархост бу мносибати Рузи чахонии мукобала бо хукми эъдом, ки хамасола дар 10 октябр аз он тачлил мешавад, сурат гирифтааст. Дар ин дархост аз тасмими бархе аз кишвархои минтака дар мавриди ба таълик даровардани хукми эъдом пуштибони шуда ва аз ин кишвархо даъват мешавад, ки ба лагви комили ин навъи чазо икдом кунанд. Точикистон дар соли 2004 хукми эъдомро ба таълик даровард. Бо вучуди такозои мудофеъони хукуки башар дар мавриди лагви хукми эъдом, то хол давлати Точикистон дар ин замина икдоме накардааст. Ба гуфтаи бархе аз масъулони давлати Точикистон, хануз чомеъаи ин кишвар барои лагви комили хукми эъдом омода нест, зеро хатто ба таълик даровардани ин хукм дар миёни акшори мухталифи кишвар вокунишхои манфие дар пай доштааст. Гузашта аз ин, бархе аз сохибназарон бар ин боваранд, ки хукми эъдом барои чилавгири аз иртикоби чароими сангин дар чомеъа мусоъидат мекунад. Вале, мудофеъони хукуки башар мегуянд, ки омори чароими сангин дар Точикистон баъд аз ба таълик даровардани хукми эъдом чандон афзоишеро нишон намедихад. Дар хамин хол, рузи чумъа, 10 октябр, Бенита Ферреро-Валднер, кумисари равобити хоричии Кумисиюни Урупо, дар мурочеъаи худ дар робита бо рузи чахонии мукобала бо хукми эъдом изхор доштааст, ки куллия кишвархои чахон бояд аз тасмими Созмони Милали Муттахид дар соли 2007 мабни бар лагви хукми эъдом пуштибони кунанд. Ба гуфтаи вай холо 137 кишвари чахон хукми эъдомро лагв карда ва ё ба таълик даровардаанд. Вале бо ин вучуд, танхо дар соли гузашта дар чахон дастикам 1252 нафар эъдом шудаанд. Тибки иттилоъи ин манбаъ, бештари ин афрод дар Чин, Эрон, Омрико, Арабистони Саъуди ва Покистон эъдом шудаанд. Хонум Ферреро-Валднер афзудааст, ки Иттиходияи Урупо хамчунон дар чахон пешоханги мубориза алайхи хукми эъдом боки хохад монд ва тадобире барои дастёби ба лагви хукми эъдом дар чахон ба мавриди ичро хохад гузошт. Барои расидан ба ин хадаф Кумисиюни Урупо аз соли 1994 бад-ин су маблаги 15 милюн юру барои густариши огохи дар чавомеъи кишвархое, ки дар он чо хукми эъдом роич аст, масраф кардааст. Лагви хукми эъдом, бавижа дар кишвархое, ки системи казоии мустакилл, шаффоф ва сахех надоранд, ба он далел мухимм арзёби мешавад, ки он аз эхтимоли нобудии афроди бегунох дар асари иштибохоти ноши аз мухокимахои печидаи казойи ва ё ангезахои дигар чилавгири хохад кард. |
||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||