BBCPersian.com
  •    راهنما
تاجيکستان
پشتو
عربی
آذری
روسی
اردو
 
به روز شده: 12:38 گرينويچ - جمعه 10 اکتبر 2008 - 19 مهر 1387
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد   صفحه بدون عکس
Мукобалаи кишвархои хамсуд бо бухрони моли
 
Сарони кишвархои хамсуд
Сарони кишвархои хамсуд тасмим гирифтаанд бо таъсироти бухрони молии чахони мукобала кунанд
Русия аз мамолики узви Иттиходияи Кишвархои Мустакилли Муштаракулманофеъ даъват кардааст, ки нерухои худро барои мукобала бо бухрони чахонии моли ва бухрони газои басич кунанд.

Ин дархост дар чаласаи сарони кишвархои узви Иттиходияи Хамсуд дар шахри Бишкек, пойтахти Киргизистон, ки рузи чумъа баргузор шуд, сурат гирифтааст.

Дар ин хамоиш таъкид шудааст, ки бухрони чахонии моли бар куллияи кишвархои узви Иттиходияи Хамсуд асароти ногувор гузошта ва карор аст дар зарфи дах рузи оянда вузарои дороии ин кишвархои дар шахри Маскав дидор ва роххои кохиши мизони хисорот аз ин бухронро матрах кунанд.

Бино ба гузоришхои расида аз шахри Бишкек, чаласаи сарони мамолики мустакилли хамсуд бо вокеъаи ачибе шуруъ шудааст. Гуфта мешавад, дар фехристи руасои чумхурии ширкаткунандаи чаласа исми Михаил Саакашвили, раиси чумхурии Гурчистон низ сабт шуда ва ин амр ширкаткунадагонро мутахаййир сохтааст.

Ин дар холест, ки Гурчистон расман аз узвият дар Иттиходияи Кишвархои Хамсуд хорич шуда ва аз ин лихоз раиси чумхури ин кишвар наметавонист дар ин хамоиш мушорикат варзад.

Сергей Лебедев, раиси кумитаи ичроияи Иттиходияи Хамсуд рузи чумъаи 10 октябр пас аз анчоми чаласаи сарони кишвархои узви ин иттиходия дар сухбат бо хабарнигорон натоичи ин хамоишро самарбахш арзёби кардааст.

Ба гуфтаи окои Лебедев, дар чаласаи Бишкек худуди 20 санади хамкори дар заминахои мухталиф имзо шудааст, ки Истротежии тавсеъаи иктисодии кишвархои узви Иттиходияи Хамсуд то соли 2020 аз чумлаи ин аснод аст.

Сергей Лебедев таъкид кардааст, ки ин истротежи дар се мархила ичро хохад шуд ва ба таквияти хамгироии иктисоди, тавсеъаи хамкорихои бисёрчониба ва бехбуди вазъи зиндагии атбоъи кишвархои узви иттиходия мусоъидат хохад кард.

Хамчунин, сарони кишвархои узви Иттиходияи Хамсуд кунвонсиюни хамкорихои марзи миёни кишвархои узви ин иттиходияро тасвиб намуда ва дар мавриди ташдиди муборизаи муштарак алайхи маводди мухаддир баёнияе содир кардаанд.

Дар хамин хол, Курбонбек Бокиев, раиси чумхурии Киргизистон, ки раёсати чаласаи сарони кишвархои узви Иттиходияи Хамсудро ба ухда дошт, иддаъохои мабни бар нотавони ва дар холи парешони будани ин иттиходияро бепоя хонда ва онро як созмони мухимм ва зарури барои кишвархои собик Шурави арзёби кардааст.

Зимнан, дар хошияи чаласаи сарони кишвархои узви Иттиходияи Хамсуд Эмомали Рахмон ва Дмитрий Медведев, руасои чумхурии Точикистон ва Русия дар шахри Бишкек дидор ва масоили мавриди бахси тарафайнро барраси кардаанд.

Баъд аз зухри рузи чумъа дар шахри Бишкек сарони Русия, Белорус, Казокистон, Киргизистон, Точикистон ва Узбакистон, кишвархои узви Анчумани Иктисодии УруОсиё, масоили марбут ба ташкили иттиходиия гумруки миёни Русия, Казокистон ва Белорус ва эчоди фазои муштараки иктисоди дар чорчуби ин созмонро матрах кардаанд.

 
 
اخبار روز
 
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد   صفحه بدون عکس
 
 
   
 
BBC Copyright Logo بالا ^^
 
  صفحه نخست|جهان|ايران |افغانستان |تاجيکستان |ورزش |دانش و فن |اقتصاد و بازرگانی |فرهنگ و هنر |ویدیو
روز هفتم |نگاه ژرف |صدای شما |آموزش انگليسی
 
  BBC News >>|BBC Sport >>|BBC Weather >>|BBC World Service >>|BBC Languages >>
 
  راهنما | تماس با ما | اخبار و اطلاعات به زبانهای ديگر | نحوه استفاده از اطلاعات شخصی کاربران