BBCPersian.com
  •    راهنما
تاجيکستان
پشتو
عربی
آذری
روسی
اردو
 
به روز شده: 06:21 گرينويچ - پنج شنبه 09 اکتبر 2008 - 18 مهر 1387
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد   صفحه بدون عکس
Хушдори Омрико ба идома раванди варшикастаги
 
Хенри Полсун, вазири хазонадории Омрико
Окои Полсун ихтор дод, ки идомаи харчу марчи моли "ба аври чидди" бар иктисод асар гузоштааст
Вазири хазонадории Омрико хушдор додааст, ки алорагми тасвиби бастаи хафтсад милёрд дулории давлат барои химоят аз низоми моли, теъдоди бештаре аз бонкхо варшикаста хоханд шуд.

Хенри Полсун хостори ичройи шудани фаврии тархи 700 милёрд дулории начоти муассисоти моли шуд, аммо гуфт, ки бухрони моли дар ояндаи наздик поён нахохад ёфт.

Рузи чхоршанбе чандин бонки урупои дар талоше барои эчоди начоти субот дар иктисоди мутазилзили чахони, нархи бахраи вомхои бонкиро кохиш доданд.

Аммо ин икдомот бозорхои бурсро такон надод ва бозорхои осиёи дар огози рузи панчшанбе шуруъи хубе надоштаанд.

Хамзамон бонки Жопун эълом кардааст, ки ду хазор милёрд дулор ян ба базорхои пули тазрик кардааст то нигаронихоро тахфиф дихад.

Окои Полсун бо як арзёбии тира аз авзоъ ихтор дод, ки идомаи харчу марчи моли "асаре чидди" ба иктисод гузоштааст.

Вай афзуд: "Хатто бо ихтиёроти тозаи вазорати хазонадори, бархе муассисоти моли варшикаст хоханд шуд"

Сандуки байналмилалии пул низ дар хушдоре ба хамин андоза шадид гуфт, ки бозорхои молии чахон акнун бо хатарноктарин шук аз дахаи 1930 то кунун мувочех хастанд.

Икдоми чахони

Рузи чахоршанбе дар як икдоми хамоханг ва бесобика, нархи бахра аз суи бонки Ингстон, бонки марказии Омрико ва бонки марказии Урупо кохиш ёфт ва бонкхои марказии Конодо, Суэд ва Суис низ даст ба икдоми мушобехе заданд.

Харчанд бонки марказии Жопун нархи бахраро кохиш надод, ки акнун факат ним дар сад аст, аммо бакувват аз ин икдом химоят кард. Чин низ нархи бахраро ба 27 садум дардсад кохиш додааст.

Харчанд бозорхои урупои ва Омрико ибтидо вокуниши хубе ба ин ахбор доштанд, аммо баъдан бо бурузи тардид нисбат ба муассир будани ин кохиш дар халли бухрони моли, бори дигар уфт карданд.

Дар Ню-Йурк, бозори саххоми Дов Чунз барои шашумин чаласаи паёпай раванди нузули дошт ва дар поёни рузи чахоршанбе 2 дарсад пойин омада буд.

Мудирони Сандуки байналмилалии пул ва Бонки Чахони карор аст базуди дар Вошингтун дар бораи талотуми чории бозорхои моли гуфтугу кунанд ва вузарои дороии гурухи 7 кишвари санъати низ дар идомаи хафта нишаст хоханд дошт.

 
 
مطالب مرتبط
سقوط فاحش بهای سهام در کشورهای عرب
08 اکتبر، 2008 | اقتصاد و بازرگانی
اقدام بی سابقه بانکهای مرکزی در کاهش نرخ بهره
08 اکتبر، 2008 | اقتصاد و بازرگانی
هشدار بوش درباره چالش های اقتصادی آمریکا
04 اکتبر، 2008 | اقتصاد و بازرگانی
گسترش دامنه بحران در بورسهای جهان
08 اکتبر، 2008 | اقتصاد و بازرگانی
نوسان شدید قیمتها در بازارهای سهام اروپایی
07 اکتبر، 2008 | اقتصاد و بازرگانی
تضمین 50 هزار یورو سپرده های بانکی
07 اکتبر، 2008 | اقتصاد و بازرگانی
اخبار روز
 
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد   صفحه بدون عکس
 
 
   
 
BBC Copyright Logo بالا ^^
 
  صفحه نخست|جهان|ايران |افغانستان |تاجيکستان |ورزش |دانش و فن |اقتصاد و بازرگانی |فرهنگ و هنر |ویدیو
روز هفتم |نگاه ژرف |صدای شما |آموزش انگليسی
 
  BBC News >>|BBC Sport >>|BBC Weather >>|BBC World Service >>|BBC Languages >>
 
  راهنما | تماس با ما | اخبار و اطلاعات به زبانهای ديگر | نحوه استفاده از اطلاعات شخصی کاربران