|
'Даххо чангчу' дар Зобул кушта шуданд
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Нерухои эътилофи тахти рахбарии Омрико эълом кардаанд, ки дар як хамлаи мутакобил дар чануб Афгонистон даххо нафар аз ситезачуёни
мусаллах кушта шудаанд.
Ин бархурд дар шахри Калот, маркази вилояти Зобул дар чануби Афгонистон сурат гирифта, чое ки дар гузашта низ хушунатхои зиёдеро шохид будааст. Дар як эъломияи нерухои эътилоф омада, ки ин нерухо ва сарбозони афгон дар чараёни гаштзани буданд, ки мавриди хамлаи мусаллахона карор гирифта ва билофосила ба тирандозии мутакобил пардохтанд. Ин эъломия афзуда, ки нерухои эътилоф дар ин даргири аз силохи сабук, Ор Пи Чи ва хамалоти хавои кор гирифта ва дар натича чихилу се шуриши мусаллахро ба катл расондаанд.
Ин омор то холо аз суи манобеъи мустакил таъйид нашуда ва гурухи толибон низ вокунише дар ин бора нишон надодааст. Эъломияи нерухои эътилоф афзуда, ки шуморе аз гайринизомиёни афгон дар асари тирандозии афроди мухочим захми шуданд, ки барои дармон ба як маркази дармонии нерухои байналмиллали мунтакил шудаанд. Ин даргири замоне иттифок меафтад, ки расонахо аз эхтимоли огози музокироти сулх миёни давлати Афгонистон ва гурухи толибон хабар медиханд. То холо ин мавзуъ расман аз суи давлати Афгонистон ва ё гурухи толибон таъйид нашудааст, аммо макомоти гарби ва Созмони Миллали Муттахид ахиран ба такрор эълом кардаанд, ки барои поёни хушунатхо дар Афгонистон гуфтугу ва музокира бо гуруххои мухолиф хатми аст. Фиристождаи вежаи дабири кулли Созмони Миллали Муттахид барои Афгонистон рузи гузашта гуфт, ки Афгонистон аз рохи низоми ба амният даст нахохад ёфт ва таъкид кард. ки барои таъмини сулх дар ин кишвар бояд дархои гуфтугу ва тафохум ба руи гуруххои мухолиф боз шавад. |
مطالب مرتبط
Шаш хамлаи интихори ба пойгохи омрикои19 اوت، 2008 | تاجيکستان
Се зани имдодгар дар чануби Кобул кушта шуданд13 اوت، 2008 | تاجيکستان
Як фармондехи шуришиён кушта шуд26 ژوئيه، 2008 | تاجيکستان
Марги се сарбози хоричи ва мутарчими афгон27 ژوئن، 2008 | تاجيکستان
'Толибон аз Аргандоб берун ронда шуданд'19 ژوئن، 2008 | تاجيکستان
Талафоти НОТУ, артиш ва толибон дар Афгонистон27 فوريه، 2008 | تاجيکستان
Боздошти «омилони» хамалоти Кандахор21 فوريه، 2008 | تاجيکستان
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||