|
Воридоти мазут барои маркази гармии Душанбе
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Барномаи Тавсеъаи Созмони Милали Муттахид ба таъмини маводди сухти барои Маркази гарми ва тавлиди неруи барки шахри Душанбе
огоз кардааст.
Ин ниход барои ворид кардани се хазор тун мазут барои бароварда сохтани ниёзи ин корхонаи тавлиди неруи барк ва гарми дар пойтахти Точикистон таъаххуд карда буд. Ба гуфтаи Сафарбек Солиев, сухангуйи намояндагии Барномаи Тавсеъа дар Точикистон, ин микдор маводди сухти дар дохили Точикистон харидори мешавад ва ба ин тартиб маблаги сарфшуда низ дар Точикистон боки мемонад. Окои Солиев аз эъломи дакики хазинаи ин пруже худдори кард, вале кимати як тун мазут дар бозорхои дохилии Русия то 500 дулор арзёби мешпавад. Гузашта аз ин, барои интиколи ин микдор маводди сухти то шахри Душанбе низ маболиге сарф мешавад. Зимнан, Барномаи Тавсеъаи Созмони Милали Муттахид ин микдор маводди сухтиро дар нохияи Конибодом, дар шимоли Точикистон харидори кардааст. Дар ин минтака чанд чохи истихрочи нафт фаъол аст. Сафарбек Солиев афзуд, ки харчанд се хазор тун мазут барои фаъолияти Маркази тавлиди гарми ва неруи барки шахри Душанбе чандон зиёд нест, вале он барои 10 руз фаъолияти ин корхона дар фасли зимистон кофи будааст. Аз суйи дигар, Барномаи Тавсеъаи Созмони Милали Муттахид ду хафта пеш дар бораи баргузории маросими ичрои ин тарх хабар дода буд, вале ин хабар базуди лагв шуд. Тибки иттилоъи манобеъи огох, бархе аз масъулони арсаи энержии Точикистон такозо кардаанд, ки ироаи ин кумакхо бидуни эъломи расми сурат бигирад. Хадс зада мешавад, ки далели ин амр камбуди мазут дар анборхои Маркази тавлиди неруи барк ва гармии шахри Душанбе будааст. Ба гуфтаи Шарифхон Самиев, раиси ширкати «Барки точик», барои фаъолияти муназзами ин марказ дар фасли зимистон 30 хазор тун мазут лозим аст, ки 20 хазор тун аз онро бояд ширкати олуминиями Точикистон харидори кунад. Вале ба назар мерасад, ки микдори зарурии ин маводди сухти барои фаъолияти Маркази гарми ва барки шахри Душанбе то хол ба
Точикистон ворид нашудааст. |
||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||