|
Намоишгохи бехдошти дар Душанбе
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Дар чахорумин намоишгохи бехдошти, ки рузи сешанбе дар шахри Душанбе огоз шуд, яксаду панч ширкат аз кишвархои мухталифи чахон
тачхизоти бехдошти ва дорухои чадидро дар маърази диди пизишкон ва мутахассисони точик гузоштаанд.
Ин намоишгох ба ибтикори давлати Точикистон ва ширкати «ITECA Osiyo» баргузор мешавад. Ширкати бритониёии мавсум ба «I.T.E. E&C Ltd» низ дар баргузории ин намоишгох сахми умда доштааст. Ба гуфтаи Назира Назуриддинова, раиси ширкати «ITECA Osiyo», ин намоишгох танхо намоишгохи бехдоштист, ки дар Точикистон тайи чахор соли ахир баргузор мешавад. Хонум Назуриддинова муътакид аст, ки баргузории ин намоишгох, ки дар он ширкатхои саршиноси бехдоштии чахон ширкат доранд, шароитро барои харидории тачхизот ва дорувории чадид барои бемористонхои Точикистон фарохам мекунад. Назира Назуриддинова дар посух ба ин суол, ки оё баргузории чунин як намоишгох дар кишваре назири Точикистон судовар аст ё хайр гуфт, ки аз 100 ширкате, ки соли гузашта дар намоишгохи Душанбе ширкат доштанд, худуди 50 ширкат то хол бо ширкатхои махалли хамкори мекунанд ва ё намояндагии худро дар ин кишвар боз кардаанд.
Бо ин вучуд, ба эътикоди коршиносон, мушкилоти моли имкон намедихад, ки муассисоти бехдоштии Точикистон тачхизот ва дорухои чадидро ба таври густарда харидори кунанд. Вале ба эътикоди хонуми Назуриддинова, баргузории чунин намоишгоххо ба боло бурдани сатхи тахассусии пизишкони точик низ мусоъидат мекунад. Зеро ба гуфтаи вай, пизишкони точик умдатан дар тачрубаи худ танхо аз тачхизоти замони шурави ва дорухои тавлиди Русия истифода мекунанд. Харчанд дар чахон арсаи бехдошт рушди чашмрасе кардааст, вале ба эътикоди хонум Назуриддинова, бештари пизишкони точик аз ин дастовардхо огохи надоранд. Раиси ширкати «ITECA Osiyo» хамчунин гуфт, ки карор аст дар рузи севуми баргузории ин намоишгох, донишчуёни Донишгохи пизишкии Точикистон бо чараёни кори он ошно шаванд, ки ин амр низ ба афзоиши дониши пизишкони чавон кумак мекунад. Аз суйи дигар, ширкаткунандагони намоишгохи бехдошти дар Душанбе изхор доштанд, ки давлати Точикистон воридоти тачхизоти бехдошти
ва доруро аз пардохти бархе аз анвоъи молиёт ва таъруфахои гумруки маъоф карда ва ин амр бозори Точикистонро барои тавлидкунандагони
ин коло ва маводд чолиб сохтааст. |
||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||