|
Асароти бухрони моли дар Точикистон
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Иктисоддонхои Точикистон мегуянд бо таваччух ба ин ки ин кишвар дар бозори чахонии сахом ширкати фаъоле надорад, бухрони шадиди
моли, ки бештари мамолики пешрафтаи чахонро фаро гирифтааст, асароти чандоне барои ин кишвар нахохад дошт.
Хамзамон, таъкид шуда, ки имкон дорад бухрони моли дар чахон ба кохиши мизони сармоягузории Омрико ва кишвархои Гарб ба иктисоди Точикистон ва ба пойин омадани сатхи кумакхои моли аз ин мамолик мунчар шавад. Дар баёнияи ахири Бонки Миллии Точикистон омадааст, ки сармояи бонкии Точикистон дар бозори бурси чахони ширкат надорад ва ба ин далел бухрони чахонии моли ба системи молии ин кишвар таъсири мустакиме нахохад гузошт. Дуктур Хочимухаммад Умаров, иктисоддони точик, низ ба Би-би-си гуфт: «Точикистон, ки дар мукоиса бо Русия ва Казокистон иктисоди пешрафтае надорад ва сатхи хамгироии иктисодии он бо иктисоди чахони ночиз аст, аз ин бухрон осеби чандоне нахохад дид». Вале окои Умаров таъкид кард, ки бар асари бухрони шадиди моли дар мамолики пешрафтаи чахон имкон дорад мизони вуруди сармояи кишвархои урупои ба бахши кишоварзи, бахусус арсаи парвариши панбаи Точикистон ба таври кобили мулохизае кохиш ёбад. Аз суйи дигар, дуктур Хочимухаммад Умаров рохи чилавгири аз асароти мустакими бухрони чахонии моли ба иктисоди Точикистонро ба хамгироии бештари ин кишвар бо Чин, Туркия, Эрон ва Казокистон марбут медонад, ки аз бухрони моли мутахаммили осеби камтаре шудаанд. Дар хамин хол, Фируз Саид, коршиноси умури иктисоди дар Маркази мутолеъоти истиротежики Точикистон, мегуяд, ки бухрони шадиди моли дар канори хисороти фаровон падидахои мусбатеро низ дар пай доштааст. Окои Саид ба унвони мисол аз пойин рафтани бахои нафт дар бозори чахони ёдовар шуд. Дар чараёни бухрони чахонии моли кимати як бушка нафт аз 140 дулор то ба 90 дулор кохиш ёфтааст. Ба эътикоди иктисоддонхои точик, бо таваччух ба он ки Точикистон хамасола худуди як милюн тун махсулоти нафти ворид мекунад, кохиши чашмгири арзиши нафт метавонад ба бехбуди вазъи иктисодии ин кишвар то андозае мусоъидат кунад. Зимнан, Мухиддин Идиев, корманди дафтари матбуъотии Бонки миллии Точикистон, дар истинод ба масъулони ин ниходи моли иброз дошт, ки мумкин аст бухрони чахонии моли ба арзиши пулхои хоричи ва дар нихоят, ба амонатхои бонкии атбоъи Точикистон бо асъори хоричи асар гузорад. Аз ин лихоз, масъулони Бонки миллии Точикистон аз атбоъи ин кишвар даъват кардаанд, ки ба манзури чилавгири аз чунин вазъияте
дар амонатхои бонкии худ сомони, пули миллии Точикистонро чойгузини асъори хоричи кунанд. |
||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||