BBCPersian.com
  •    راهنما
تاجيکستان
پشتو
عربی
آذری
روسی
اردو
 
به روز شده: 14:52 گرينويچ - جمعه 03 اکتبر 2008 - 12 مهر 1387
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد   صفحه بدون عکس
Дархости вахдат дар баробари бухрони моли
 
Никуло Соркузи
Никуло Соркузи, раиси чумхури Фаронса ибрози умедвори карда, ки ичлоси Порис ба ташкили як ичлоси чахони бианчомад
Жон Клод Триша, раиси Бонки марказии Урупо хостори бархурди муттахиди кишвархои урупои бо масъалаи бухрони иктисодии чахони шудааст.

Изхороти окои Триша пас аз он буд, ки рахбарони кудратхои бузурги иктисодии Урупо, яъне Бритониё, Фаронса, Итолиё ва Олмон худро барои бахс дар бораи бухрон дар ичлоси изтирории Порис омодаги мекунанд.

Окои Триша ва Хозе Монуел Боросо, раиси кумисюни Урупо низ дар ичлоси Порис ширкат хоханд дошт.

Никуло Соркузи, раиси чумхури Фаронса ибрози умедвори карда, ки ичлоси Порис ба ташкили як ичлоси чахони бианчомад.

Хабарнигорон мегуянд дар бораи нахваи бархурд бо бухрони моли кишвархои урупои иттифоки назар надоранд.

Дар хамин хол имуз мачлиси намояндагони Омрико бахс бар сари тархи 700 миллиарддолларии начоти низоми молии Омрикоро аз сар мегирад.

Мачлиси намояндагони Омрико пештар дар рузи душанбеи хафтаи чори тархи мушобехеро рад карда буд.

Дар холе ки бозорхои моли мунтазири натичаи бахси имрузи Мачлиси намояндагони Омрико хастанд, бухрони бозорхои моли дар чахон хамчунон идома дорад.

Арзиши сахом дар бозорхои бурси умдаи Урупо дар мачмуъ андаке кохиш ёфтааст.

Дар бозорхои Осиё кимати сахом сукут карда ва аз арзиши шохиси сахоми Никии Жопун 1,9 дарсад коста шудааст.

Арзиши бахои сахоми Хонг Конг, Устролиё ва Зелонди Нав низ кохиш ёфтааст.

Хабарнигори умури иктисодии Би Би Си мегуяд амалкарди манфии бозорхои осиёи нишондихандаи нигаронии умуми аз тазъифи иктисоди Омрико дар микёси густардатар аст.

Шаби гузашта мачлиси сенои Омрико лоихаи 700 миллиарддолларии начоти низоми молии Омрикоро пас аз ислохоте, ки дар он ба амал омада буд, тасвиб кард.

Сенотурхо бо 74 раъйи мусбат дар мукобили 25 раъйи манфи ба ин лоихаи фавкулъодда раъй доданд, ки хадафи он эчоди субот дар бозорхои нопойдор ва махдуд кардани садамаи ноши аз он ба иктисоди Омрико аст.

Чурч Буш, раиси чумхури Омрико гуфта буд, ки тасвиби ин тарх барои ором кардани бозорхо хаёти аст.

 
 
مطالب مرتبط
Сукути бозорхои сахом дар чахон
30 سپتامبر، 2008 | تاجيکستان
Огози тахкикоти чиноии бухрони моли
24 سپتامبر، 2008 | تاجيکستان
Чузъиёти тархи изтирории Омрико
20 سپتامبر، 2008 | تاجيکستان
اخبار روز
 
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد   صفحه بدون عکس
 
 
   
 
BBC Copyright Logo بالا ^^
 
  صفحه نخست|جهان|ايران |افغانستان |تاجيکستان |ورزش |دانش و فن |اقتصاد و بازرگانی |فرهنگ و هنر |ویدیو
روز هفتم |نگاه ژرف |صدای شما |آموزش انگليسی
 
  BBC News >>|BBC Sport >>|BBC Weather >>|BBC World Service >>|BBC Languages >>
 
  راهنما | تماس با ما | اخبار و اطلاعات به زبانهای ديگر | نحوه استفاده از اطلاعات شخصی کاربران