|
?Оё ба истиклоли комил даст ёфтаем
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Имруз хабдах сол аз замони эъломи Точикистон ба унвони кишваре мустакилл аз давлати собики Шурави гузашт. Вале то кунун таърихи
комиле ва чомеъе аз талошхои озодихохии точикон ва эъломи истиклоли ин кишвар навишта нашудааст.
Дар матлаби зер, Тохири Абдучаббор, аз рахбарони фаъоли чунбиши истиклолталабии Точикистон дар авохири ахди Шурави, хотироти худро аз ин ки чигуна ин кишвар эъломи истиклол кард ва то чи хадд ормонхои истиклолхохи ба даст омада, ироа кардааст.
Назар ва пешниходхои худро перомуни ин мавзуъ ба E-mail-и мо ба нишонии dushanbe.office@bbc.co.uk бифиристед Дар авохири солхои 1989-90 дар Иттиходи Шурави дигаргунихои бузурге руй дод ва чамохири собики шурави дар садади он шуданд, ки харчи зудтар истиклоли худро эълом кунанд ва дар ин замина санадхои хукукие тахия карданд. Дар Точикистон низ як матни эъломия дар тобистони соли 1990 ба чоп расид, вале ба назари ман, ин санад истиклоли Точикистонро таъмин намекард, зеро онро хукуматдорон хамин тур бехадаф ва намоишкорона тахия карда буданд. Ба хамин хотир, мо бо маслихати дустон дар созмони мардуми «Растохез» онро барраси кардем ва ман эъломияи олтернотивие тахия кардам, ки аз ду бахш иборат буд. Дар бахши аввал назароти интикодии худро дар мавриди эъломияи хукумат навиштам. Дар бахши дувум, ки дар худуди 25-30 модда иборат буд, ин мавзуъро матрах кардам, ки Точикистон ба унвони як давлати мустакил бояд чигуна давлате бошад, чи тагйироте дар конуни асоси ворид карда шавад ва хукуку озодихои инсон аз чи иборат бошад ва чи гуна бар мабнои конун тазмин гардад ва низоми давлатдории мо чи гуна бошад. Ин санадро тахия кардем ва ба рузномахо пешниход кардем, вале мутаасифона аксарашон кабул накарданд, факат муаллими мухтарам, Мазхабшо Мухаббатшоев, ки он замон сардабири нашрияи расмии «Чумхурият» буданд, пазируфтанду чоп карданд, мунтахо бахши интикодии он хазф шуд ва бахши дувумаш чоп шуд. Баъдтар, ки чаласаи Шурои Оли баргузор шуд, дар он чо хар ду нусхаи эъломияи истиклоли Точикистон мавриди баррасии намояндахо карор гирифт. Равшан аст, ки он замон намояндахои порлумон аслан огахии чандоне аз мавзуъ надоштанд, яъне пешопеш онро барраси накарда буданд, андешаи солим хам нисбат ба ин эъломия надоштанд. Хамин тур омаданду раъй доданд. Вакти раъйдихи ба забони раиси мачлис менигаристанд, агар вай мегуфт, ки «раъй бидихен», барои раъйи мувофик тугмаро пахш мекарданд ва агар мегуфт «на, кабул накунен», албатта раъйи мухолиф медоданд. Мо бисёр бахсу талошхое кардем. Ба хар сурат харду матн барраси шуд ва дар нихоят як матни тоза тахия шуд, ки махлуте аз матни хукумат ва чанд банд аз эъломияи истиклоли созмони «Растохез» буд.
Ба хар сурат ин матни тоза мавриди кабул ва ризояти ман набуд, ба ин хотир ки харчанд дар баъзе масоили чузъи хукуку салохияти бештари Точикистон пешбини шуда буд, аммо руйихамрафта, хамон тобеъияти Точикистон аз Маскав аз хар лихоз дар ин матн пешбини шуда буд, яне тагйироти куллие дар он дида намешуд. Ба хамин хотир, ман баъд аз бахсу талошхои зиёд, варианти севуми эъломияи истиклолро пешниход кардам. Албатта матне, ки мо пешниход кардем, нашр шуд ва он хачмаш калон буд, баъзе чизхо муфассалан дар он оварда шуда буданд. Вале чун дигар фурсате набуд, ман дар як чумла мухтасар кардам, яъне чумлае навиштам, ки хама чизхои дигар ба он вобаста буд ва пешниход кардам, ки бинависем: «Чумхурии Точикистон давлати мустакилл, демукротик ва хукукбунёд аст».
Онро ба раъй монданд ва чун тоблу рушан шуд, диданд, ки хама раъйи мухолиф додаанд. Албатта, ман эътироз кардам, ки хадди акалл ман, ки муаллифи ин пешниход хастам, бояд мухолифи худ раъй надода бошам. Дар толор ханда баланд шуд, ман ки назди микруфун истода будам, пушти сарамро нигох кардам ва маълум шуд намояндае, ки дар пахлуйи ман менишаст, ба чойи ман хам тугмаи мухолифро зер карда буд. Харчи талоше кардем, мунтахо санаде ба тасвиб расид, ки истиклоли Точисиктонро таъмин намекард. Лекин ба хар сурат икдоме буд, ки нисбат ба гузашта як навъ пешрафт махсуб мешуд. Баъдан талоши созмони «Растохез» ва нерухои озодихох дар кишвар идома ёфт ва як сол пас ман санади дигаре тахия кардам, ки бисёр калонхачм ва аз ду кисмат иборат буд. Кисмати аввалаш дар бораи лагви созишномаи соли 1922, яъне созишномае, ки бар асоси он Иттиходи Шурави бунёд шуда буд. Албатта ин созишнома такаллуби буд, зеро он замон касе назари мардумро напурсида буд, мардум хам аз он огох набуданд, мунтахо чанде аз ба истилох рахбарони кишвархо чамъ шуда ва онро имзо карда буданд. Ба назари ман, бояд аввал ин санадро лагв мекарданд. Аз ин ру, матни созишномаи чадидеро дар бораи иттиходи чадиди давлатхои мустакилл бо бандхои зиёд ва бо тафсилоташ навиштам ва дар аввали соли 1991 ба рузномахо пешниход кардам. Вале хеч рузномае хозир нашуд онро чоп кунад. Ман матни русияшро хам тахия кардам ва бо мактубе расми ба Шурои Оли барои барраси пешниход кардам. Мутаассифона дар Шурои Оли, ки моххои апрел-май баргузор шуд, намояндагон чуръат накарданд, ки онро барраси кунанд ва хамин тавр монд. Вале дар он солхо тибки маъмул хар харфе, ки мо мегуфтем ва менавиштем, маъмурони кумитаи амният, ки сад дарсад дар хидмати Маскав буд, онро дастрас мекарданд ва ба Маскав мефиристоданд. Баъдан аз ин санад, аз ончи ба Иттиходи Шурави марбут мешуд, дар охири он сол барои тахияи баъзе асноди хукуки дар Маскав хеле истифода карданд. Ба хар сурат як матни созишномаи чадид, ки аз Маскав тахия шуда буд, ба Душанбе расид, мо онро барраси кардем ва он хам ба назари мо нокис буд ва ба хеч вачх истиклоли комили кишвархоро таъмин намекард. Мо назароти худро гуфтем ва талаб кардем, ки ин матн хам тачдиду такмил шавад ва дар тобистони соли 1991 намунаи дигаре хам барои имзои сарони чамохири Шурави омода карданд. Карор буд ин санад 21 август имзо шавад, вале ду руз пеш хаводиси мавсум ба «ГКЧП» иттифок афтод. Чанде аз вазирон ва макомоти дигари баландпоя (Михойил) Горбачевро бо рохи кудето аз кудрат дур карданд. Мо ононро махкум кардем, вале бархе аз рахбарони вакти Точикистон аксхои Горбачевро аз деворхо барканданд ва ба Маскав баркияхо фиристоданд ва пуштибонии худро аз ин кудето иброз доштанд. Мо рузи дигар бо ичозаи шахрдори тазохуроте эътирози ба рох адохтем ва мардуми зиёде дар майдони марказии шахри Душанбе чамъ шуданд. Бар асари фишорхои мардум, ки озоди ва истиклол талаб мекарданд, Шурои Оли хам чаласаашро огоз ва ин мавзуъро барраси кард.
Зимнан, мо чанд тан аз намояндахои мачлисро ба Маскав даъват карданд ва мо дар худуди 15-20 нафар барои ширкат дар анчумани намояндагони миллатхои Иттиходи Шурави ба он чо рафтем. Пас аз бозгашт ба Душанбе дидем, ки дар майдон мардум хануз хам зиёд буданд ва талаби истиклол мекарданд. Дар чаласаи Шурои Оли хам машварату маслихатхои зиёде байни хам радду бадал карданд ва билохира тасмим бар ин шуд, ки бале, дигар кишвархо хама эъломи истиклол карданд ва Точикистон хам агар истиклоли худро эълом кунад, хуб аст. Ва ин корро ба раиси кумитаи хукук ва конунгузории Шурои Олии Точикистон, мухтарам (Нурулло) Хувайдулоев, вогузор карданд. Эшон хам пешниход карданд, ки моддаи аввали конуни асосии Точикистон ислох карда ва ба ин шакл навишта шавад, ки «Чумхурии Точикистон давлати демукротик, мустакилл ва хукукбунёд аст». Хамин як чумларо ман соле пеш пешниход кардам ва онхо напазируфта буданд. Ин дафъа раиси мачлис хам гуё мойил буд, ки намояндахо раъйи мувофик диханд ва хама раъйи мувофик доданд ва якдигарро ба муносибати истиклол табрик мегуфтанду хушхоли мекарданд. Ба мардуме хам, ки дар майдон буданд, ин хабарро расонданд ва онхо хам хеле хушхол шуданду якдигарро ба огуш мегирифтанд ва нидохои «Зинда бод Точикистони мустакилл!» ва «Озодиву истиклол!» ва гайра баланд шуд. Ин руйдод 9-сентябри соли 1991 иттифок афтод, яъне як сол баъд аз он ки эъломияи нахустини истиклол пазируфта шуда буд, эъломияе, ки хом буд ва мо бо мухтавои он мувофик набудем. Ва дар ин як сол намояндагони давлат ва порлумон такрибан фаромуш карда буданд, ки санаде ба номи эъломияи истиклол тасвиб шуда буд. Мунтахо тафовут ин буд, ки ин бор моддаи аввали конуни асосиро низ тагйир доданд ва ин шуд эъломияи истиклоли Точикистон ва аз он баъд мо ба масобеи як давлати мустакилл зухур кардем. Албатта хазорон нафар дар хиёбонхо аз он руйдод истикболи гарм карданд ва бо хушхоли онро пазируфтанд, мунтахо хукуматдорон аслан сарфахм нарафта буданд, ки Точикистон ба масобехи як давлати мустакилл чи маъни дорад ва чи гуна бояд ин давлатро сохт. Дар гузашта метавон гуфт, ки Точикистон мохиятан ба масобехи вилояте аз давлати вохиди Русия буд. Ба истилох чумхурихое, ки шомили он буданд, такрибан ба масобехи вилоятхои Сибериё ё кисматхои дигари Русия шинохта мешуданд ва як кудрати бузурги идори бо сарварии хизби кумунисти Иттиходи Шурави мамлакатро идора мекард. Албатта кудетои маъруф ба «ГКЧП» натичаи бадтар дод. Онхое, ки дар ин кудето даст доштанд, намехостанд, ки созишномаи чадиде ба имзо бирасад ва сохтори идораи кишвар тагйир кунад. Онхое, ки хохони истиклоли бештари чумхурихои худ буданд, аз ин руйдод ба харос омаданд ва фахмиданд, ки бо Маскав хеч гуна созише наметавонад сурат бигирад. Ва онхо умедхои охирини худро канданд ва базуди чанд чумхури пайихам истиклоли худро эълом карданд. Озарбойчонихо хам, ки як намояндаашон бо ман шинос буд, мурочиъатномае аз номи мардум ва хукумат ва нерухои демукротики Озарбойчон ба халки шарифи Точикистон ва хукумат ва Шурои Олии Точикистон оварданд ва дар он омада буд, ки «Шумо аз ки камед? Шумо хам як миллати кадими ва бисёр бофарханг хастед ва бояд истиклоли худро эълом кунед ва мустакилл бошед». Ман ин номаро ба рахбарони Точикистон супурдам, онхо хонданд ва рухияи онхо низ тагйир кард.
Бо ин хол, пас аз эъломи истиклол низ макомот дарк накарданд, ки чи шуд. Охир як давлати дигаре ба вучуд омад, давлате, ки дар замони Шурави нокис буд ва холо бояд хамаи аркони ин давлатро дар зудтарин фурсат месохтанд. Вале моххо гузаштанд ва хатто соле хам сипари шуд, вале давлат ва рахбарони Точикистон аслан гуё ёдашон рафта буд, ки ин корхоро бояд анчом дод. Онхо ба таксими мансаб машгул шуданд ва метавон гуфт, ки муддати зиёде дар Точикистон хукумат набуд. Онхо аслан фаромуш карда буданд, ки ин дигар як давлати мустакилл аст ва дар назди мардум барои чигунагии давлату давлатдори, пешрафти иктисодию сиёсии кишвар масъул аст. Хеч коре накарданд, ки дар зудтарин фурсат аркони як давлати мустакиллро бисозанд. Ба чойи ин, ба чанчоли таксими кудрату вазифаву мансаб машгул буданд ва мутаасифона кор ба ончо расид, ки як сол пас Точикистон ноором шуд. Нерухои мухталиф руйи кор омаданд ва хадафашон мансаб буд. Дар ин тахаввулот албатта накши Русия ва Узбакистон зиёд буд. Соли 1992 дар Хучанд вакте ки чаласаи Шурои Оли баргузор шуд, маълум буд, ки нооромихои бештаре дар пеш аст, зеро метавон гуфт вилояти Ленинобод (Сугди кунуни)-ро нерухои Русия ва Узбакистон гасб карда буданд. Дар он чо танкхову неруи ОМОН ва лашкариёни ин ду кишвар роххоро баста буданд, гуё ба хотири таъмини амнияти чаласаи Шурои Оли, вале дарвокеъ сохтмоне, ки дар он чаласа мегузашт, ба ду бахш, байни Русия ва Узбакистон, таксим шуда буд ва нерухои хоричи раванди чаласаи Шурои Олии Точикистонро кунтрул мекарданд. Дар он чо суханони хуб зиёд гуфта шуд, хама ба оштиву якдигарфахми даъват мекарданд ва мухиммтарин санаде, ки тасвиб шуд, мурочеъатномаи Шурои Олии Точикистон ба кишвархои хамсуд буд. Аз эшон даъват карда шуд, ки ба оромишу осоиштагии Точикистон кумак кунанд ва нерухои таъмини сулхи худро ба ин кишвар бифристанд, то дигар ноороми нашавад. Намояндагони харду тараф, хам мухолифон ва хам минтакаи Кулоб дар ин чо хузур доштанд, ба якдигар чома пушонданду оши ошти хурданд. Ман фикр мекардам, ки ин руйдоди хубе буд, гарчи баъзе тардидхо вучуд дошт, ки онхо чандон самими нестанд. Яяъне нерухое буданд, ки метавонистанд ин созишро бахам бизананд. Ба хар сурат, чунин шуд ва ман хам хурсанд будам, ки онхо ба мувофика расиданду ороми хосил шуд. Рафтам ба деха, то аз хешовандон хабар гирам, вале чун рох баста шуд, имкони бозгашт ба Душанберо надоштам ва дар ончо мондам. Дар ин миён, аз телевизиюн дидам, ки ба Душанбе бо танку тупхо аз Узбакистон ворид шуданд. Яъне вакте ки президенти имруза (Эмомали Рахмон) раиси тозаи мачлис интихоб шуд, ман хабар ёфтам, ки мардум дар Душанбе бо гулдаста ба истгохи рохи охан рафта буданд, ки аз у пешвоз бигиранд. Вале инхо як хафта пас бо танку тупхо аз Узбакистон ба Точикистон ворид шуданд ва чанг огоз шуд. Мутассифона касе интизори ин чизхоро надошт. Вале бархурдхо огоз шуд ва дар зимистону бахори соли 1993 хавопаймохои чангии Узбакистон ва танкхои Русия бо шиддати бештаре ба саркубии нерухои озодихохи Точикистон шуруъ карданд. Албатта тархи инро пештар кашида буданд ва пас аз он ки окои Рахмонуф раиси Шурои Олии Точикистон интихоб шуд, дафъатан чаласа мутаваккиф шуд ва у ба шахри Тирмиз, дар чануби Узбакистон, рафт ва дар он чо музокироти махрамонаи Русия, Узбакистон ва рахбари чадиди Шурои Олии Точикистон баргузор шуд. Онхо накшахои пештари худро мисли ин ки як бори дигар чек карданд ва гуфтанд, ки хамин тур бояд идома бидиханд.
Ба ин тартиб, чанд соли дигар низоъи байни манотики мухталифи Точикистон, яъне чанги шахрванди идома ёфт ва шукр, ки дар соли 1997 созишномаи сулх имзо шуд ва холо кишвар орому осуда ва ру ба пешрафти иктисодию ичтимоъи ниходааст. Аблатта ман фикр намекунам ормонхое, ки мо дар мавриди истиклоли Точикистон дар авоили дахаи 1990 доштем, сад дарсад ба даст омада бошад. Аслан истиклоли давлати Точикистон, ки мо бахри он талош кардем, барои ин буд, ки мардум озод бошанд. Яъне шарти аввали озодии мардум истиклоли давлат аст, яъне агар давлат озод бошад, мардум озод мешаванд, дигар касе аз берун бар мо намегуяд, ки «шумо ин чо бираведу он чо биншинед» ва бар мардуми мо андешахои худро тахмил намекунад. Давлат дигар сохибихтиёр аст ва худаш метавонад назму низоми одилонаю дурусте ва ё роххои пешрафти иктисодии худро таъйин кунад ва ба масири пешрафт ворид шавад. Мутаассифона, пас аз эъломи истиклоли Точикистон макомот ба ин рох нарафтанд ва мардум озод нашуданд, истиклол дар руйи когаз хосил шуд, вале давлати Точикистон амалан озод нашуд, зери таъсири нерухои беруна, хусусан Русия ва Узбакистон буд. Ва мардум хам озод нашуданд. Ин буд, ки иктисоди кишвар на танхо пешрафт накард, балки ру ба таназзул ниход ва мачмуъи махсулоти дохилии Точикистон такрибан дувуним-се баробар камтар шуд ва вазъият бадтар шуд. Ва хатто имруз пас аз гузашти ин кадар сол мардум худро хануз хам озод хис намекунанд, тарс доранд ва мудохилаи давлат дар умури иктисоди хамчунон ба мушохида мерасад. Агарчи эълом карданд, ки Точикистон ба низоми иктисоди бозори мегузарад ва ислохоте хам дар ин замина анчом доданд ва давраи гузариш хам сипари шуд, вале хукумат хамчунон ба шевахои хоси даврони Шурави амал мекунад. Макомот дар кори мардум, дар умури кишоварзон ва муассисоти санъати мудохила мекунанд ва гуна-гуна мушкилот ва мавонеъ барои пешрафти иктисоди эчод мекунанд. Ин амр шароитеро, ки барои пешрафти иктисоди, ичтимоъи ва фархангии Точикистон лозим аст, ба вучуд намеорад, балки садди рох шудааст. Бо камоли таассуф метавон гуфт, ки имруз хам дар Точикистон он чизхое, ки мо мехостем, яъне озодии кишвар, озодии инсонхо ва озодии афроди чомеъа, ба таври комил ба даст наёмадааст. |
||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||