|
Роххати варзишкори точик ба финол
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Тибки гузоришхои расида аз Пекин имруз, 21 август, Юсуф Абдусаломов, варзишкори точик дар бахши куштии озод ба мархалаи мусобикоти
нихойи, финол рох ёфт.
Куштигири точик дар мусобикоти хаштяк нихойии куштин ё куштии озод дар Бозихои Улампик дар вазни зери 84 килуграмм бар ракиби устролиёии худ Кумар Сандеп бо хисоби хашт бар сифр пируз шуда ва сипас дар мусобикоти чоряк нихойи Тарас Данко, куштигири Укройнро низ бо хисоби се бар сифр маглуб кардааст. Дар мусобикаи нима нихойи Юсуф Абдусаломов бар Серхат Балчи, пахлавони турк бо хисоби чахор бар сифр пируз шуда ва то чанд соати дигар дар мархилаи нихойи (финол) зурозмойи хохад кард. Карор аст, Юсуф Абдусаломов дар ин бози бо Реваз Миндорашвили, варзишкори Гурчистон зурозмойи кунад. Бад-ин тартиб, Точикистон хадди акал нахустин медоли нукраи Бозихои Улампики 2008-ро ба даст оварда ва дар сурати пирузии Юсуф Абдусаломов, Точикистон умед дорад парчами ин кишвар барои нахустин бор дар раддаи кахрамонони Бозихои Улампики Пекин барафрохта шавад. |
مطالب مرتبط
Пирузии Расул Бокиев дар Бозихои Улампик11 اوت، 2008 | تاجيکستان
Фарохони химоят аз варзиш дар Точикистон13 اوت، 2008 | تاجيکستان
Анвар Юнусов вориди як чахоруми нихойи18 اوت، 2008 | تاجيکستان
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||