BBCPersian.com
  •    راهنما
تاجيکستان
پشتو
عربی
آذری
روسی
اردو
 
به روز شده: 09:47 گرينويچ - سه شنبه 19 اوت 2008 - 29 مرداد 1387
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد   صفحه بدون عکس
Шаш хамлаи интихори ба пойгохи омрикои
 
Сарбози омрикои дар влояти Хусти Афгонистон
Нерухоии хоричии мустакарр дар Афгонистон дар ин авохир борхо хадафи хамалоти сангине карор гирифтаанд
Макомоти амниятии Афгонистон мегуянд, дасти кам шаш бумбгузори интихори ба як пойгохи нерухои омрикои дар шарки кишвар хамла карданд.

Ба гуфтаи макомот, тамомии ин шаш бумбгузор, ки касд доштанд пойгохи низомии Солерну дар вилояти Хустро дархам бикубанд, дар ин ходиса кушта шуданд.

Бештари сарбозони мустакарр дар пойгохи Солерну, низомиёни омрикоии тахти фармони Паймони Отлонтики Шимоли - НОТУ, хастанд

Макомхои махалли мегуянд хамалоти дастачамъии интихори ба ин пойгох, дар соъоти нимашаби руй дод ва даргири дар атрофи пойгох то чандин соат идома дошт.

Хабаргузории Руйтерз ба накл аз Арсало Чамол, волии Хуст, гузориш дода, ки як гурухи синафари аз шуришиёни ситезачуйи толибон, ки дар миёни онхо шуморе бумбгузори интихори хам буданд, шабхангом ба пойгохи Солерну хамла карданд

Окои Чамол гуфтааст: "Шаш нафар аз толибон, замоне ки бумбхои басташуда ба бадани худро мунфачир карданд, кушта шуданд."

Ба гуфтаи ин макоми афгон, ду кудак дар ин ходиса кушта шуда ва се тани дигар. аз чумла ду зан захми шуданд.

Неруи байналмилалии сулхбони тахти амри НОТУ дар Афгонистон, хамлаи шабона ба пойгохи низомии Солерну дар вилояти Хустро таъйид кардааст

Манобеъи Ойсеф мегуянд, ин пойгох бо рокет ё хумпора хадафи хамла карор гирифта ва шумори бумбгузори интихори хам касди дархам кубидани пойгохро доштаанд

Аммо манобеъи Ойсеф, шумори хамлакунандагон ба пойгохи Солернуро камтар аз раками эъломшуда медонанд.

 
 
مطالب مرتبط
'چهار غیرنظامی' در خوست کشته شدند
22 ژوئن، 2008 | افغانستان
اخبار روز
 
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد   صفحه بدون عکس
 
 
   
 
BBC Copyright Logo بالا ^^
 
  صفحه نخست|جهان|ايران |افغانستان |تاجيکستان |ورزش |دانش و فن |اقتصاد و بازرگانی |فرهنگ و هنر |ویدیو
روز هفتم |نگاه ژرف |صدای شما |آموزش انگليسی
 
  BBC News >>|BBC Sport >>|BBC Weather >>|BBC World Service >>|BBC Languages >>
 
  راهنما | تماس با ما | اخبار و اطلاعات به زبانهای ديگر | نحوه استفاده از اطلاعات شخصی کاربران