BBCPersian.com
  •    راهنما
تاجيکستان
پشتو
عربی
آذری
روسی
اردو
 
به روز شده: 12:57 گرينويچ - چهارشنبه 13 اوت 2008 - 23 مرداد 1387
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد   صفحه بدون عکس
Фарохони химоят аз варзиш дар Точикистон
 
Расул Бокиев, барандаи медоли брунз дар Бозихои Улампики Пекан аз Точикистон
Дар холи хозир Расул Бокиев, кахрамони чуду (дзюдо) дар понздах соли ахир аввалин барандаи медоли улампик аз Точикистон аст
Раиси яке аз бахшхои Содиротбонк дар шахри Душанбе як хисоби бонкии хусуси барои Расул Бокиев, барандаи медоли брунз ё биринчи дар Бозихои Улампики Пекин аз Точикистон боз кардааст.

Муллоёр Ёров, ки мудири бахши «Содиротбонк» дар нохияи Синои шахри Душанбе аст, аз маоши мохиёнаи худ 300 сомони ба ин хисоб ворез карда ва аз афроди дигар даъват кардааст, ки аз ин икдоми вай химоят кунанд.

Ба гуфтаи окои Ёров, вай хамчунин моил аст як сандуки вижа ба номи Расул Бокиев, кахрамони чуду (дзюдо), ки дар понздах соли ахир аввалин барандаи медоли улампик аз Точикистон аст, таъсис бидихад.



Назар ва пешниходхои худро перомуни ин мавзуъ ба E-mail-и мо ба нишонии dushanbe.office@bbc.co.uk бифиристед

Окои Ёров дар сухбат бо Би-би-си гуфт, ки ин ибтикори у барои пуштибони аз рушди варзиш ва варзишкорон дар Точикистон сурат гирифтааст.

Вай афзуд: «Чойи ифтихор аст, ки як фарзанди Точикистон дар муддати хабдах соли даврони истиклоли кишварамон барои аввалин бор сохиби як медоли биринчи шуд».

«Замоне ки вай (Бокиев) аз Пекин бармегардад, мо уро даъват мекунем, муъаррифи мекунем ва мегуем, ки хамин маблаг дар ихтиёри шумост, аз он метавонед барои тарбияти варзишгарони чавон истифода кунед».

Муллоёр Ёров мегуяд, ки химояти моли аз варзишкорон барои рушди варзиш дар Точикистон ва боло бурдани эътибори ин кишвар мухимм аст.

«Агар хамин гуна пуштибонихои моли аз суйи сармоядорони дигар сурат бигирад, мо метавонем бо варзишкорони кави ном ва обруйи Точикистонро дар арсаи байналмилали боло бубарем ва бо ин гуна варзишгарон ифтихор кунем».

Расул Бокиев, ки 25 сол дорад, аввалин барандаи медоли брунзи Бозихои Улампик аз Точикистон дар беш аз 15 соли ахир аст.

Вай хафтаи гузашта дар мусобикаи чуду дар Бозихои Улампики Пекин бар Дирк вон Тишеле, варзишкори белжики пируз шуд ва медоли брунз ба даст овард.

Окои Бокиев дар вазни зери 73 килуграм бар Эрик Кибанзо аз Чумхурии Демукротики Кунгу, Геннадий Билодид аз Укройн ва Си Ричигово аз Чин пируз шуд ва дар ракобати нихои окои Тишелеро низ шикаст дод.

Расул Бокиев пештар дар чанд мусобика минтакаи ширкат карда буд ва аз чумла дар Мусобикоти кахрамонии Осиё дар Тошканд медоли брунз, дар мусобикоти чудуи Итолиё ва мусобикоти Чоми Чахонии Будопест медолхои тило ба даст овард.

 
 
مطالب مرتبط
اخبار روز
 
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد   صفحه بدون عکس
 
 
   
 
BBC Copyright Logo بالا ^^
 
  صفحه نخست|جهان|ايران |افغانستان |تاجيکستان |ورزش |دانش و فن |اقتصاد و بازرگانی |فرهنگ و هنر |ویدیو
روز هفتم |نگاه ژرف |صدای شما |آموزش انگليسی
 
  BBC News >>|BBC Sport >>|BBC Weather >>|BBC World Service >>|BBC Languages >>
 
  راهنما | تماس با ما | اخبار و اطلاعات به زبانهای ديگر | نحوه استفاده از اطلاعات شخصی کاربران