BBCPersian.com
  •    راهنما
تاجيکستان
پشتو
عربی
آذری
روسی
اردو
 
به روز شده: 12:03 گرينويچ - چهارشنبه 16 ژوئيه 2008 - 26 تیر 1387
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد   صفحه بدون عکس
Мавонеъ дар рохи телевизиюни муштарак
 
Саидмухаммади Хайрхох, сафири Афгонистон дар Точикистон
Окои Хайрхох ихтилофи назархо дар заминаи пахши барномахои консерти ва либос ё пушиши мучрихои ин шабакаи чадиди телевизиюнро мушкилоти чузъи хонд
Хайъатхои Эрон, Афгонистон ва Точикистон дар дидори ахири худ дар шахри Душанбе дар мавриди мухтаво ва сохтори барномахои шабакаи телевизиюни кишвархои форсизабон ба тавофук нарасидаанд.

Абдурахмон Абдуманнонов, муъовини аввали раиси кумитаи родию ва телевизиюни Точикистон рузи чоршанбе, 16 июл, дар як нишасти хабари дар шахри Душанбе гуфт, ки пахши барномахои консертию ракси, пушиши мучрихо ва навхаи сармоягузори ба шабакаи чадид аз мавзуъоти мавриди бахси тарафхо будааст.

Гуфта мешавад, ба манзури чустучуи роххои халли ин ихтилофи назархо аз чумлаи хукукдонхо ва коршиносони ин се кишвар гурухи кори таъсис шудааст.



Назар ва пешниходхои худро перомуни ин мавзуъ ба E-mail-и мо ба нишонии dushanbe.office@bbc.co.uk бифиристед

Ба гуфтаи масъулони кумитаи родию ва телевизиюни Точикистон намояндагони Эрон, Афгонистон ва Точикистон зимни баррасии масоили марбут ба таъсиси шабакаи телевизиюни форсизабони ин се кишвар ба мушкилоту мавонеъи фаровоне ру ба ру шудаанд.

Алиасгари Шеърдуст, сафири Эрон дар Точикистон, Саид Ахмади Нодири, муоъвини аввали раиси кумитаи родию ва телевизиюни Афгонистон ва Саидмурод Фаттоев, мушовири давлатии раиси чумхурии Точикистон натавонистаанд дар масоили созмондехи ва хукукии шабакаи чадид ба тавофук бирасанд.

Ба гуфтаи окои Абдуманнонов, дар заминаи нахваи сармоягузории шабакаи телевизиюни кишвархои форсизабон низ миёни чонибхо иттифоки назар ба мушохида намерасад

Абдурахмон Абдуманнонов таъкид кард, ки миёни ин се кишвар дар масоили пахши барномахои телевизиюни, либос ё пушиши мучрихо (гуяндахо), истифодаи таронаю ракс дар шабакаи муштараки телевизиюни ихтилофи назар вучуд доштааст.

Окои Абдуманнонов гуфт, ки дар заминаи нахваи сармоягузории шабакаи телевизиюни кишвархои форсизабон низ миёни чонибхо иттифоки назар ба мушохида намерасад.

Аз чумла, чониби Афгонистон хостори сахмияи баробари сармоягузори аз суи ин се кишвар шуда ва гуфтааст: «Мумкин аст кишваре, ки дар ин тарх сармояи бештар мегузорад, мавзеъ ё назари худро ба дигарон тахмил кунад».

Аз суи дигар, Саидмухаммади Хайрхох, сафири Афгонистон дар Точикистон таъкид кард, ки дар кишвараш забони пашту аз забонхои расми махсуб мешавад ва дар шабакаи чадид пахши барномахо ба ин забон низ бояд пешбини шавад.

Хамзамон, окои Хайрхох ихтилофи назархо дар заминаи пахши барномахои консерти ва либос ё пушиши мучрихои ин телевизиюнро мушкилоти чузъи хонд ва гуфт, ки дар назар аст дар шабакаи телевизиюни кишвархои форсизабон пахши намоишномахо дар бораи арзишхои муштараки фархангию таърихи ва масоили мухталифи ичтимои авлавият дошта бошад, на барномахои консерти.

Алиризо Ороста, вобастаи фархангии сафорати Эрон дар Точикистон низ ихтилофи назархо миёни чонибхо дар заминаи таъсиси шабакаи муштараки телевизиюниро муболигаомез талакки кард ва гуфт, ки тарафайн танхо ба зарурати мутобикати барномахои ин шабака ба кавонини Эрон, Афгонистон ва Точикистон таъкид доштаанд.

Тасмим дар бораи таъсиси шабакаи телевизиюнии кишвархои форсизабон дар дидори руасои чумхурии Эрон, Афгонистон ва Точикистон дар ду сол кабл иттихоз шуда ва дар дидори вузарои хоричаи ин се кишвар дар шахри Душанбе дар авохири мохи марти соли чори чонибхо дар ин замина ба тавофуки нихои даст ёфтанд.

Шахри Душанбе макарри дафтари марказии ин шабакаи телевизиюни интихоб гардида, вале то хол таърихи огози пахши барномахои ин шабакаи чадид эълом нашудааст.

 
 
مطالب مرتبط
Телевизюни муштараки порсигу
04 آوريل، 2008 | تاجيکستان
اخبار روز
 
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد   صفحه بدون عکس
 
 
   
 
BBC Copyright Logo بالا ^^
 
  صفحه نخست|جهان|ايران |افغانستان |تاجيکستان |ورزش |دانش و فن |اقتصاد و بازرگانی |فرهنگ و هنر |ویدیو
روز هفتم |نگاه ژرف |صدای شما |آموزش انگليسی
 
  BBC News >>|BBC Sport >>|BBC Weather >>|BBC World Service >>|BBC Languages >>
 
  راهنما | تماس با ما | اخبار و اطلاعات به زبانهای ديگر | نحوه استفاده از اطلاعات شخصی کاربران