|
Натоичи дидори Мукбил аз Точикистон
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Рузи чахоршанбе, 9 июл, вазирони умури дохила ё кишвари Афгонистон ва Точикистон санади хамкориро миёни ин ду ниход ба имзо
расониданд.
Дар ин санад аз чумла, бар хамкори дар мубориза алайхи кочоки маводди мухаддир, теруризм ва гуруххои созмонёфтаи чинойи таъкид шудааст. Зарорахмади Мукбил, вазири умури дохилаи Афгонистон имзои ин санади хамкори миёни ниходхои умури дохилаи ду кишвари хаммарзи Точикистон ва Афгонистонро бо дар назардошти хатароти ноши аз теруризм дар минтака, мухим арзёби кард.
Назар ва пешниходхои худро перомуни ин мавзуъ ба E-mail-и мо ба нишонии dushanbe.office@bbc.co.uk бифиристед
Вазири кишвари Афгонистон дар нишасти матбуъотие, ки пас аз маросими имзои ин санади хамкори баргузор шуд, таъкид кард, афроде, ки даст ба хамалоти интихори мезананд, умдатан дар каламрави Покистон омузиш мебинанд. Окои Мукбил гуфт: "Мубориза бо кочоки маводди мухаддир ва теруризм фаъолияти идомадор хохад буд ва Афгонистон бо кумаки чомеъаи байналмилали ба ин манзур икдомотеро ба харч додааст." Вай афзуд: "Давлати Афгонистон тавонист, ки имсол дар 22 вилоят кишти хашхошро комилан аз байн бибарад. Бидуни шак, дар чараёни мубориза бо кишти хашхош 1119 пулиси Афгонистон чони худро аз даст додаанд." Аз суи дигар, вазири кишвари Афгонистон афзуд, ки дар заминаи мубориза бо теруризм кишвараш дар хамкори бо кишвархои хамсоя тадобиреро анчом додааст. Вай афзуд: "Мо бо кишвархои хамсояи худ дар тамос хастем, ки дар он чо марокизи теруристи мавчуд аст ва дар ин марокиз афроде барои анчоми хамлахои интихори омода шуда ва ба Афгонистон эъзом мешаванд, то алайхи мардуми Афгонистон бичанганд. Мо аз чомеъаи байналмилали хостем, ки дар мубориза бо теруризм ва бахусус мубориза бо марокизи аслии ин зухурот, ки дар атрофи хоки Афгонистон хастанд, ба вижа Покистон икдоми амали бикунанд". Махмадназар Солехов, вазири умури дохилаи Точикистон дар навбати худ гуфт, ки яке дигар аз бахшхои хамкорихо миёни вазоратхои кишвари Точикистону Афгонистон кумаки чониби Точикистон барои тарбияи кодрхои хирфайии интизоми дар Афгонистон аст. Окои Солехов дар ин бора гуфт: "Мо дархости хамтоёни афгони худро барои тарбияи кодрхои хирфайи пазируфтем ва дар назар аст, ки дар оянда ба донишгоххои олии Точикистон, аз чумла донишгохи пулиси ин кишвар донишчуён аз Афгонистон пазируфта шаванд". Имруз Зарорахмади Мукбил, вазири умури дохилаи Афгонистон дар чорчуби дидори расмии худ аз Точикистон бо раиси кумитаи амнияти миллии Точикистон ва макомоти ожонси назорат бар маводди мухаддири ин кишвар низ мулокотхо анчом дод. |
مطالب مرتبط
Афзоиши кочоки маводди мухаддир ба Точикистон 04 مارس، 2008 | تاجيکستان
Озодии як асири точик аз кочокбарони афгон02 ژانويه، 2008 | تاجيکستان
Афзоиши тавлиди хашхош дар Афгонистон26 ژوئن، 2007 | تاجيکستان
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||