|
Додситон хостори манъи вуруди салафиён ба масочид шуд
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Имруз, панчшанбе, (3 июл) зимни баррасии фаъолияти шашмохаи додситонии устони Сугд, дар шимоли Точикистон, Хайрулло Саидов,
додситони ин вилоят аз кормандони додситони такозо кард, то бо тарафдорони фиркаи салафия дар ин минтака муборизаи шадид баранд.
Окои Саидов дар посух ба маълумоти кормандони додситони дар мавриди ин, ки хамакнун тафовути зохирии пайравони салафия ба хангоми адои намоз дар масочид камтар ба чашм мерасад, гуфт ки вуруди онхо ба масочид аслан бояд мамнуъ шавад.
Назар ва пешниходхои худро перомуни ин мавзуъ ба E-mail-и мо ба нишонии dushanbe.office@bbc.co.uk бифиристед Окои Саидов гуфт, ки хадафи тарафдорони фиркаи салафия, ки дар холи хозир умдатан сокинони минтакаи Сугд набуда, балки аз манотики мухталифи кишвар ба инчо омадаанд, таблигот ва густариши суфуфи пайравони ин фирка дар вилояти Сугд будааст. Зимни изхори назархо дар ин бора хамчунин гуфта шуд, ки холо як нафар аз рахбарони пайравони салафия ва 4 нафар аз аъзои ин фирка дар шахри Чкаловски устони Сугд, ки мавриди пайгарди конуни будаанд, аз ин шахр фирор кардаанд.
Аз суи дигар дар нишасти имруз тахдидхое баён шуд, ки теъдоди зиёде аз пайравони салафия дар Русия машгули мардикори ё чустучуи кор хастанд ва дар сурати зарури ба хангоми бозгашти онхо ба Ватан алайхи онхо чорахои фаври андешида хохад шуд. Хайрулло Саидов, додситони вилояти Сугд гуфт: «Харчанд фаъолияти пайравони фиркаи салафия тибки кавонини Точикистон мамнуъ нест, вале ахдофи ин равия хатарнок аст ва онхо пас аз афзоиши тарафдорони худ ва дарёфти маблаг аз кишвархои хорич ба тафрикаандози миёни мусулмонони кишвар хоханд пардохт». Тибки иттилоъи додситони устони Сугд афзоиши теъдоди пайравони фиркаи салафия дар холи хозир дар навохии Зафаробод, Мастчох ва шахри Чкаловск ба назар мерасад. Харчанд таъкид мешавад, ки холо фаъолияти ин фирка дар вилоят заифтар шудааст. Аксари мусалмонони Точикистон пайравони мазхаби ханафия хастанд ва бештари онхо ба суннатгароёни исломи, ки талош мекунанд худро даргир бо масоили сиёси накунанд, эхтиром коиланд. Коршиносон мегуянд пайравони фиркаи салафия бештар моил ба масоили сиёси ва чойгохи фаъоли ислом дар сиёсат хастанд, аз ин ру давлат аз фаъолият ва нуфузи онхо нигарон аст. Дар гузашта давлат мухолифини мазхабии худро ба гароиш ба фиркахои гайримаъмули мазхаби мисли ваххобия муттахам кардааст. Созмонхои байналмилалии дифоъи хукуки башар борхо давлати Точикистонро ба накзи хукукхои мазхабии афрод муттахам кардаанд. |
||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||