BBCPersian.com
  •    راهنما
تاجيکستان
پشتو
عربی
آذری
روسی
اردو
 
به روز شده: 10:16 گرينويچ - سه شنبه 24 ژوئن 2008 - 04 تیر 1387
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد   صفحه بدون عکس
Кумаки пизишкони эрони ба Точикистон
 
Амали калб
Ба гуфтаи коршиносон, дар Точикистон хамасола то чахор хазор нафар аз беморон ба амали калби худ ниёз доранд
Як гурухи пизишкони калб аз Эрон ба мудовои ройгони беморон дар Точикистон огоз кардаанд. Тасмим шудааст, ки дар муддати як мох онхо дар шахри Душанбе машгули боз кардани рагхои калб шуда, хамчунин ба маркази амрози калб дар Точикистон тачхизоти вижа эъто кунанд.

Ин дар холест, ки ба гуфтаи коршиносон дар Точикистон хамасола то 4 хазор нафар аз беморон дар Точикистон ба амали калби худ ниёз доранд, вале ба далели гарон будани хазинаи ин кор танхо теъдоди махдуде аз ин афрод имкони анчоми чунин амалро доранд.

Се пизишки калб аз Эрон тасмим гирифтаанд, ба мубталоёни амрози калб дар Точикистон ба таври ройгон хадамоти пизишки ироъа кунанд.



Назар ва пешниходхои худро перомуни ин мавзуъ ба E-mail-и мо ба нишонии dushanbe.office@bbc.co.uk бифиристед

Ин пружа бо сармоягузории хусусии ин гурухи пизишкони эрони сурат гирифтааст. Пруфессур Хусайн Содики, яке аз ин пизишкон, ки худуди 30 сол дар бемористонхои мухталифи Суис амали калб анчом додааст, мегуяд, тасмими кумаки ройгон ба мардуми Точикистон ба далели алокамандиаш ба забон ва фарханги муштараки точикон бо эрониён будааст.

Вай афзуд: «Ман 29 сол дар донишгохи Лозани Суис амалиёти калбро тадрис додам ва чанд соли дигар дар Омрико низ тачрубаи пизишки дорам. Дар соли 1996 бознишаста шуда ба шугли фарханги руй овардам. Дар сафаре ба Точикистон аз вазъи амалиёти калб дар ин кишвар ошно шуда, тасмим гирифтам, ки ба хамтоёни точик кумак кунам. Як соли кабл бо чанд тан аз пизишкони эрони дар Душанбе ройгон чанд амали калб анчом додем. Имсол низ бо пруфессур Булуриён ва Миршохи касд дорем чанд амалиёти ройгон анчом бидихем.»

Пизишкони эрони тасмим гирифтанд, дар бемористони чаррохии калби шахри Душанбе дар як хафта ба сурати ройгон панч амал анчом бидиханд

Окои Содики гуфт, ки карор аст, дар хафтаи чори дар бемористони чаррохии калби шахри Душанбе ба сурати ройгон панч амал анчом бидиханд. Ин гурух то як мохи дигар дар ин бемористон машгули ташхис ва амали беморони калб хоханд буд.

Ба гуфтаи окои Содики, хамзамон онхо ба хамтоёни точики худ нахваи чадид ва муассири боз кардани рагхои калбро омузиш хоханд дод. Зеро дар тачрибаи муосир, ин амал бидуни таваккуфи кори калб ва берун овардани он анчом шуда ва аз тарики ворид кардани тачхизоти вижа аз рагхо сурат мегирад.

Пруфессур Содики дар ин робита гуфт: «Нахваи амалиёти калб дар кишвархои пешрафта такмил меёбад. Ва холо барои боз кардани рагхо калб ниёз ба берун овардани калб вучуд надорад. Гузашта аз ин, нахваи пешини ин амал хеле гарон буд, зеро аз тачхизот ва доруи гаронбахо бояд истифода кард. Кишвари камбизоате назири Точикистон бояд аз нахваи муассир, ки хазинааш камтар аст бояд истифода кунад. Ин нахва амнияти бештари беморонро таъмин мекунад.»

Ба гуфтаи окои Содики хазинаи як чунин амал дар бемористонхои кишвархои гарби худуди 50 хазор юру аст. Гузашта аз ин, пизишкони эрони тачхизоти мудерни олмониро, ки 700 хазор дулор киммат дорад, харидори карда ва онро барои Маркази чаррохии калби Точикистон ба хамтоёни точики худ эъто кардаанд.

Дар хамин хол, Тошпулод Гулмуродов, узви вобастаи Фархангистони улуми Точикистон ва раиси Маркази чаррохии калб ва рагхои хунгард мегуяд, ки пизишкони точик метавонанд чаррохихои мухталиф анчом бидиханд, аммо набудани тачхизоти мудерн ва гарон будани дорухои махсус, ба онхо имкони истифода аз роххои чадиди мудовои беморихои калбро намедихад.

Барои мисол ба гуфтаи окои Гулмуродов пизишкони точик барои боз кардани рагхои калб аз нахваи пешина истифода мебаранд, ки барои анчоми ин чаррохи калб берун оварда шуда ва доруе, ки дар ин амал ба он ниёз вучуд дорад, беш аз як хазор дулор арзиш дошта ва мухлати истифодаи онхо низ хеле махдуд аст.

Вай афзуд: «Дар дахаи 1990 мо тачхизоти вижа барои амалиёти калбро харидори карда будем. Холо бештаре аз он фарсуда ва ё тахриб шудааст. Ба ин далел наметавонем куллия амалиёти калбро анчом бидихем. Мутмаъинам, ки кумаки дустони эронии мо шароитро барои ироъаи хадамоти бештари пизишки барои беморони амрози калбиро фарохам мекунад. Бад-ин тартиб, мардуми точик аз шароити бехтари пизишки дар ин кишвар бархурдор хоханд шуд.»

Тошпулод Гулмуродов, раиси Маркази чаррохии калб ва рагхои хунгард
Окои Гулмуродов муътакид аст, ки бо истифода аз тачхизоти пизишкони эрони шароит барои дармони теъдоди бештари беморон дар Точикистон фарохам хохад шуд

Холо дар Маркази чаррохии калб ва рагхои хунгард дар Точикистон хамасола садхо амали калб анчом мешавад, вале хазинаи амали боз кардани рагхои калб хеле гарон аст ва ба ин далел дар соли гузашта танхо то 6 тан аз ниёзмандон имкон доштаанд, ки маблаги чунин навъи чаррохиро бипардозанд ва тахти амали чаррохи карор бигиранд.

Тошпулот Гулмуродов муътакид аст, ки бо истифода аз тачхизоте, ки пизишкони эрони ба онхо эъто кардаанд, шароит барои дармони теъдоди бештари беморони калб дар Точикистон фарохам хохад шуд.

Ин дар холест, ки гуфта мешавад хамасола шумораи беморони точик, ки барои мудово ба бемористонхои Эрон мурочиъа мекунанд, афзоиш меёбад.

Гузашта аз ин, пизишкони эрони аз чанд сол кабл бад-ин су дар чорчуби як барномаи Созмони хилоли ахмари Точикистон дар шахри Душанбе дармонгохеро фаъол кардаанд, ки куллияи ниёзмандон дар ин дармонгох аз хадамоти ройгони пизишкони эрони ва дору истифода мебаранд.

Тибки иттилоъи вазорати бехдошти Точикистон чанд ширкати пизишкии эрони холо машгули таъсиси дармонгоххои хусуси дар шахри Душанбе хастанд.

 
 
اخبار روز
 
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد   صفحه بدون عکس
 
 
   
 
BBC Copyright Logo بالا ^^
 
  صفحه نخست|جهان|ايران |افغانستان |تاجيکستان |ورزش |دانش و فن |اقتصاد و بازرگانی |فرهنگ و هنر |ویدیو
روز هفتم |نگاه ژرف |صدای شما |آموزش انگليسی
 
  BBC News >>|BBC Sport >>|BBC Weather >>|BBC World Service >>|BBC Languages >>
 
  راهنما | تماس با ما | اخبار و اطلاعات به زبانهای ديگر | نحوه استفاده از اطلاعات شخصی کاربران