BBCPersian.com
  •    راهنما
تاجيکستان
پشتو
عربی
آذری
روسی
اردو
 
به روز شده: 10:21 گرينويچ - پنج شنبه 19 ژوئن 2008 - 30 خرداد 1387
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد   صفحه بدون عکس
'Толибон аз Аргандоб берун ронда шуданд'
 
Сарбози артиши Афгонистон дар Кандаххор
Артиши Афгонистон амалиёти Аргандобро бо пуштибонии нерухои конодои анчом дод
Як макоми аршади давлати дар чануби Афгонистон эълом карда, ки нерухои НОТУ ва афгон афроди мусаллахи вобаста ба гурухи толибонро, ки дар наздикии шахри Кандахор тачаммуъ карда буданд, аз ин махалл берун кардаанд.

Асадуллох Холид, волии Кандахор, ба хабаргинорон гуфтааст, ки дар пайи амалиёти нерухои НОТУ ва артиши Афгонистон дар вулусволии Аргандоб, чангчуёни толибон, ки дар ин вулусволи хузур доштанд, ногузир ба фирор шудаанд.

У гуфт, ки дар чараёни ин амалиёт талафоти сангине ба толибон ворид омадааст, аммо изхороти ин маком холо аз суйи НОТУ таъйиид нашудааст.

Дар ду рузи ахир, садхо хонаводаи сокини манотики атрофи Аргандоб аз бими даргири дар ин манотик хонахои худро тарк карда буданд.

Мардуми махалли, ки аз вулусволии ноороми Аргандоб овора шудаанд, дар мулокот бо намояндагони Созмони Милали Муттахид ва масъулони давлати дар Кандахор хостори дарёфти кумак шудаанд.

Ин оворагон мегуянд, панч хазор хонавода дар асари нооромихои ахири Аргандоб хонахои худро тарк кардаанд.

'Амалиёти хавои'

Морк Лити, сухангуйи НОТУ дар Афгонистон гуфт, ки амалиёти низоми дар Аргандоб бо "муваффакият" ба пеш меравад ва сарбозони афгон ва НОТУ бо муковимати андаке аз чониби чангчуён рубару шудаанд.

У таъйид кард, ки нерухои НОТУ шаби гузашта чандин амалиётхое анчом додаанд, аммо гуфт, ки ин амалиётхо талафоте дар пай надоштааст.

Бо ин хол, волии Кандахор гуфт, ки "садхо" нафар аз чангчуёни марбут ба гурухи толибон дар Аргандоб кушта ва захми шудаанд

Холид мегуяд ин курбониён чандин покистониро низ шомил мешавад

Рузи гузашта як сухангуйи вазорати дифоъи Афгонистон ба Би-би-си гуфт, ки дар натичаи амалиёти хавои дар наздикии шахри Кандахор беш аз бист чангчуйи толибон кушта шудаанд, аммо ин омор аз суйи манобеъи мустакил таъйид нашудааст.

Сарбози конодои дар Кандахор
НОТУ мегуяд амалиёт дар Аргандоб бо муковимати андаке рубару шудааст

Вазорати дифоъи Афгонистон мегуяд худуди сесад то чахорсад чангчу дар вулусволии Аргандоб фаъолият мекардаанд, ки ин афрод кунтрули хадди акал хашт русторо дар ин вулусволи дар даст доштаанд.

Аргандоб дар шимол гарби шахри Кандахор вокеъ аст ва яке аз вулусволихои мухим ва истротежики вилояти Кандахор шумурда мешавад.

Пешравии толибон дар вилояти Кандахор пас аз он гузориш шуд, ки аъзои ин гурух бо хамла ба зиндони маркази дар дохили шахри Кандахор, садхо зиндониро озод карданд.

Макомоти давлати мегуянд садхо тан аз аъзои гурухи толибон, аз чумла шуморе аз фармондехони боздоштшудаи ин гурух дар миёни зиндониён фарори будаанд.

Артиши Афгонистон аз се руз пеш эъзоми неруи кумаки ба Кандаххорро барои огози амалиёти низоми ба хадафи берун рондани толибон аз вулусволии Аргандоб огоз карда буд.

 
 
مطالب مرتبط
اخبار روز
 
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد   صفحه بدون عکس
 
 
   
 
BBC Copyright Logo بالا ^^
 
  صفحه نخست|جهان|ايران |افغانستان |تاجيکستان |ورزش |دانش و فن |اقتصاد و بازرگانی |فرهنگ و هنر |ویدیو
روز هفتم |نگاه ژرف |صدای شما |آموزش انگليسی
 
  BBC News >>|BBC Sport >>|BBC Weather >>|BBC World Service >>|BBC Languages >>
 
  راهنما | تماس با ما | اخبار و اطلاعات به زبانهای ديگر | نحوه استفاده از اطلاعات شخصی کاربران